Насли таҳсилкарда дар хориҷ дар чӣ замине кишт хоҳанд кард?

Русия барои таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон дар муассисаҳои оливу касбии ин кишвар 342 бурсия ҷудо кардааст. Ин бурсияҳо танҳо барои донишгоҳ ва коллеҷу омӯзишгоҳҳои ин кишвар ихтисос дода шуда, ҳанӯз шумори квотаҳо барои довталабон дар филиалҳои донишгоҳҳои Русия дар Тоҷикистон эълон нашудааст.

 Соли 2015 Русия барои шаҳрвандони Тоҷикистон 685 бурсия ихтисос дод, ки ҳам ба муассисаҳои олии Русия ва ҳам намояндагии ин муассисот дар Тоҷикистон равон шуда буд.

Интихоби довталабон ба­рои таҳсил дар донишгоҳҳои Русияро Маркази барномаҳои байналмилалии Вазорати илм ва маорифи Тоҷикистон ва на­мояндагии илм ва фарҳанги Русия дар Душанбе ба дӯш доранд.

Бино ба гуфтаи масъулини Тоҷикистон, кишвари мо аз ҷониби Русия он ихтисосҳоеро дархост мекунад, ки барои иқтисоди кишвар зарурӣ ме­бошанд. Ба таъкиди ӯ, бо назар­дошти ҳамин дархости ҷониби Тоҷикистон, Русия имсол ба­рои шаҳрвандони кишвар бештар бурсияҳои таҳсил дар соҳаи тиб, риёзӣ ва амнияти иттилоотӣҷудо кардааст.

Ба иттилои Маркази барномаҳои байналмилалии Вазорати маориф, дар ҳоли ҳозир дар тамоми минтақаҳои кишвар нуқтаҳои бақайдгирӣ таъсис ёфтааст. Довталабо­ни тоҷик метавонанд барои ширкат дар озмуни дарёфти бурсияҳо пас аз 19 марти соли равон имтиҳон бисупоранд. Гуфта мешавад, барои ширкат дар озмун, донистани забони русӣ зарур аст ва имтиҳонот дар шакли тестӣ баргузор мешаванд. Таҳсили афроде, ки аз озмун мегузаранд дар донишгоҳҳои Русия ройгон аст ва вобаста ба сатҳи дониши худ ҳуқуқи моҳона (стипендия) низ дарёфт хоҳанд кард.

Маркази барномаҳои бай­налмилалии Вазорати маориф ва илм иттилоъ медиҳад, ки Русия бо ихтисоси то ду ҳазор бурсия барои шаҳрвандони Тоҷикистон пешсаф аст. Довта­лабони таҳсил дар хориҷ, ба хусус Русияву Белорус ва Чинро бештар интихоб мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, иддае аз ҷавонони довталаб ба шаффоф будани раванди имтиҳонот дар Марказҳои тестӣ шакк доранд.

Зимнан, тибқи омори расмӣ, феълан дар донишгоҳҳои хориҷӣ бештар аз 30 ҳазор донишҷӯи тоҷик таҳсил меку­нанд. Ва танҳо дар як соли ахир 5 ҳазор ҷавон аз Тоҷикистон ба­рои таҳсил ба хориҷа рафтаанд.

Соли гузашта, ҳатто бархе аз донишгоҳҳои Тоҷикистон маҷбур шуданд, ки бо сабаби набудани довталабон аксари курсҳои шартномавии худро бубанданд.

Бо вуҷуди афзоиши довта­лабони таҳсил чӣ дар хориҷ ва чӣ дар дохили кишвар, ҳанӯз ҳам бархе аз соҳаҳои кишвар ба камбуди кадрҳои баландих­тисос эҳтиёҷ доранд. Мутахас­сисони ватанӣ аксар ҷавобгӯйи меъёри тахасуси хеш нестанд ва мутахассисони дар хориҷ таҳсилдида намехоҳанд, ки бо маоши андак дар Тоҷикистон кор кунанд. Аз ин рӯ зарур аст, то масъулини тоҷик дар бораи таъмини ин мутахассисони бар­тар ба ҷойи кор дар Ватан фикр кунанд. Зеро:

Худо он миллатеро сарварӣ дод,
Ки тақдираш бо дасти хеш бинвишт,
Ба он миллат сару коре надорад,
Ки деҳқонаш барои дигарон кишт.

 

«Миллат»

©2008 - 2018 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97