Назарсанҷӣ

Дар кадом мактаб мехоҳед фарзандатон таҳсил кунад?

Маркази миллии тестӣ: Ба тақсимот роҳ ёфтан, ин маънои донишҷӯ шуданро надорад!

markazi test

 

Ё ихтисосҳои табиӣ ва техникӣ имсол талабгори кам доштааст

     Саҳни Маркази  миллии тестӣ (ММТ) бо вуҷуди гузаштани чанд рӯзе аз эълони натоиҷи имтиҳоноти қабул пур аз мардум аст.

     Довталабон ва волидону наздикони онҳо ин ҷо гирди ҳам омадаанд. Гурӯҳе аз натиҷаҳои эълоншудаи тақсимоти довталабон норозӣ ҳастанд ва аз шеваи кори марказ шикоят мекунанд, бархе мехоҳанд худ натиҷаҳои бадастовардаро бубинанд ва бо масъулин рӯ ба рӯ суҳбат кунанд.  

      Масъулини Маркази миллии тестӣ бино бар нофаҳмиҳои зиёд аз сӯи довталабони ноком ба суолоти «Миллат» посух мегӯянд:    

     Довталабон миёни мафҳумҳои роҳ ёфтан ба озмуни тақсимот ва аз рӯйи яке аз интихобҳо гузаштан сарфаҳм намераванд. Миёни ин ду фарқи калон аст. Ва дар ягон матлаби интишоркардаи худ Марказ вобаста ба натиҷаҳои имтиҳонҳо, ки аз рӯйи он довталаб ба озмуни тақсимот роҳ ёфтааст, боре ҳам ибораи ба озмун гузаштанро истифода накардааст. Агар мафҳуми роҳ ёфтан ба озмуни тақсимотро бори дигар шарҳ диҳем, маънояш гирифтани холҳои гузариш, яъне, баҳои мусбат аз фанҳои имтиҳонӣ ва роҳ ёфтани довталаб танҳо ба озмуни тақсимот аст. Ҳамин тариқ, ба озмуни тақсимот роҳ ёфтан ҳоло маънои донишҷӯ шудан, ё ҳадди ақал ба яке аз ихтисосҳои интихобкарда гузаштани довталабро надорад.Солҳои пешин мафҳуме буд бо номи комиссияи мандатӣ. Ва вобаста ба натиҷаҳои аз имтиҳонҳо бадастовардаи довталаб дар кори комиссияи мандатӣ се ҳолат вуҷуд дошт. 

        Ҳолати якум; довталаб аз ин ё он фанни имтиҳонӣ баҳои манфӣ (ғайриқаноатбахш) мегирифт ва ба озмуни тақсимот роҳ намеёфт.

        Ҳолати дуюм; довталаб баҳои мусбат мегирифт ва ба озмуни тақсимот роҳ меёфт.

        Ҳолати сеюмду зерҳолат дошт:

        А) Довталаб аз комиссияи мандатӣ бинобар пасттар будани баҳоҳояш аз фанҳои имтиҳонӣ намегузашт;

        Б) Довталаб бинобар баландтар будани баҳоҳояш аз фанҳои имтиҳонӣ дар комиссияи мандатӣ ҳамчун довталаби муваффақ  дониста мешуд.

        Тартиби гузаронидани озмуни тақсимот дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ низ ба ҳамин роҳ монда шудааст. Ба ҳамин тариқ, роҳ ёфтани довталаб ба озмуни тақсимот ҳанӯз маънои дохил шуданро надорад.

         Тавре довталабон ва дигар алоқамандони имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ иттилоъ доранд, тақсимоти довталабон ба ихтисосҳои интихобкарда тибқи тартиби муқарраргардида бо назардошти шумораи ҷойҳои нақшавӣ, теъдоди довталабон дар ҳар як ихтисоси муайян, авлавияти интихобҳои довталабон дар асоси баллҳои бадастовардаи онҳо гузаронида мешавад.

        Аз сабаби он ки шумораи ҷойҳои нақшавӣ кам (маҳдуд) ва шумораи довталабони ба озмуни тақсимот роҳёфта дар ихтисосҳои муайян метавонад зиёдтар бошад, аз рӯйи чунин ихтисосҳо танҳо довталабоне мегузаранд, ки балҳояшон нисбат ба дигарон баландтаранд ва шумораи довталабони аз рӯйи ихтисос гузашта ҳеҷ гоҳ аз шумораи ҷойҳои тибқи нақшаи қабул барои ин ихтисос ҷудогардида зиёд шуда наметавонад.

        Агар мафҳуми бали гузаришро шарҳ диҳем, бали гузариш дар ихтисос пешакӣ маълум набуда, ҷамъи балҳои аз ҳамаи субтестҳои қисми (компоненти) А (имтиҳони умумӣ), қисми (компоненти) Б (имтиҳони ихтисос) ва аз ҳисоби имтиёз ё коэффитсиент (дар сурати доштани чунин имтиёз) бадастовардаи довталабе аст, ки аз рӯйи натиҷаҳои озмуни тақсимот дар доираи ҷойҳои тибқи нақшаи қабули донишҷӯён ҷудошуда ба ихтисоси муайян аз ҳама охир тақсимот мешавад. Бали гузариш дар ихтисосе, ки супоридани имтиҳонҳои эҷодӣ ё маҳорати махсусро талаб мекунад, ҷамъи балҳои аз ҳамаи субтестҳои имтиҳони қисми (қисмҳои) (компоненти (компонентҳои)) дахлдор, имтиҳони эҷодӣ ё маҳорати махсус ва аз ҳисоби имтиёз (дар сурати доштани он) бадастовардаи довталаби аз рӯйи ихтисоси мазкур аз ҳама охир тақсимшуда ба ҳисоб меравад. Бали гузариш пешакӣ муайян нест ва он дар ҳар як ихтисос танҳо пас аз озмуни тақсимоти довталабон маълум мешавад. Ба ҳамин тариқ, бали гузариш муқаррар карда намешавад, балки онро довталаби аз ҳама охир аз рӯйи ихтисоси муайян гузашта муайян менамояд.

       Масалан, дар як ихтисос 20 ҷой ҳаст, шумораи довталабони ба озмуни тақсимот роҳ ёфта 200 нафар ва аз ин 200 нафар 20 нафари бали баланддошта мегузаранд ва ҳамон бали нафари 20-ум бали гузариш ба ҳисоб меравад. Воаста ба озмуни ҳар як ихтисос, яъне чӣ қадар довталабонихтисосроинтихоб кардаанд, балҳои гузариш гуногун мешаванд. Табиист, ки дар баъзе ихтиссҳо шумораи довталабон зиёд аства бали гузариш дар онҳо низ баланд мешавад. Ва дар он ихтисосҳое, ки шумораи довталабон камтар ё баробар ба шумораи ҷойҳои тибқи нақшаи қабул ҷудошуда аст, бали гузариш нисбатан паст мешавад. Зеро дар чунин ихтисосҳо озмун вуҷуд надорад.

     Дар ин хусус марказ борҳо таъкид карда буд, ки ҳар довталаб бояд вобаста ба донишаш ихтисосҳояшро интихоб намояд ва барои чунин ихтисосҳое, ки шумораи довталабонашон баробари шумораи ҷойҳои нақшавӣ аст, кофист, ки холҳои гузаришро ба даст оранд ва донишҷӯ шаванд. Яке аз шартҳои муваффақияти довталаб низ дуруст интихоб кардани ихтисос бо назардошти сатҳи дониш аст. Чунин довталабон дар озмуни тақсимот муваффақ хоҳанд шуд.

     ММТ мегӯяд: Тибқи омор, ба озмуни тақсимот 50 ҳазору 614 нафар роҳ ёфтанд ва дар озмуни тақсимот 35 ҳазору 922 нафар донишҷӯ шуданд. 14 ҳазору 699 нафари дигар дар ин озмун муваффақ нашуданд. Айни замон иҷрои нақшаи қабул ба донишгоҳҳои кишвар ҳудуди 76 дар садро ташкил медиҳад ва ҳудуди 24 дар сади ҷойҳои нақшавӣ холӣ мондааст. Ҷойҳои холӣ ҳам бештар аз ҳисоби ихтисос ва донишгоҳҳое аст, ки аз сӯи довталабон камтар ва ё аслан интихоб нашудаанд. Бештари ихтисосҳое, ки ҷойҳои холиашон боқӣ мондааст, ба кластери 1, ихтисосҳои табиӣ ва техникӣ рост меоянд. Аз рӯи донишгоҳҳо бубинем агар, дар донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн, Донишгоҳи давлатии Хоруғ, тарбияи ҷисмонӣ ва ба ҳамин монанд, Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат камтар интихоб шудаанд.

Дар мавриди эҳтимоли тақсимоти такрорӣ дар ММТ мегӯянд, ки ҳоло чунин қароре нест, дар сурати қабул шудани он, ҳатман тавассути телевизион эълон хоҳанд кард. Дар ҳоли ҳозир чунин пешниҳодҳо ҳаст ва он дар ҳоли баррасӣ шудан аст.

   P.S.: Аммо он чи ин ҷо нигаронкунанда аст, он аст, ки ихтисосҳои зарурӣ, аз қабили табиӣ ва техникӣ талабгори андаке доштааст. Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон ба чунин мутахассисон бештар ниёз дорад. Мутаассифона, дар Тоҷикистон ҳамагӣ ё бонкдор шудан мехоҳанд, ё ҳуқуқшинос. Шояд таблиғи «қасрҳову виллаҳо ва мошинҳои гаронбаҳои аз сӯи хешовандон туҳфашуда» ба мансабдорон, боис шуда, ки фарзандони хонаводаҳои фақиртарин ҳам орзуи ҳуқуқшинос шуданро кардаанд. Вагарна маоши мутахассисони соҳаи техникӣ беҳтар аз маоши мақомоти додситониву додгустариву додгоҳҳост. НЕ?!

 «Миллат»

 

 

 

 

©2008 - 2018 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97