Дӯст доштани зиндагиро аз Ривоҷиддин биомӯзед

RivojiddinРивоҷиддин 23 сол дорад. Фарзанди бузурги хонадонашон аст. Се хоҳар ва як додар дорад. Падараш дар Русия дар сохтмон ва таъмири хонаҳо кор мекунад. Қиссаи маъмулии аксари хонадонҳои тоҷик? Давомашро аллакай медонед? Яъне, мехоҳед, бигӯед, ки Ривоҷиддин низ ба Русия меравад ва ё хоҳад рафт ва дар назди падараш шогирд меистад? Иштибоҳ мекунед.

Ин ҳама ҳарф метавонист дили одамро танг бикунад, агар табассуми самимона дар лаб ва дурахши нури умеду итминон дар чашмони Ривоҷиддинро намедидед. Мегӯяд, ҳеч заррае ба дилсӯзиҳо ниёз надорад, чун мард аст ва мардона сарнавишташро қабул кардааст. Мегӯяд, ҳеч заррае ба “ой, бечора”-гӯиҳо ниёз надорад, чун Раззоқ болои сараш аст: “Пас аз хатми мактаби миёна имкони молӣ надоштем, ки ба мактаби олӣ дохил шавам ва танҳо дар корҳои хона ёрӣ медодам. Ҳанӯзам аксари корҳои хона бар дӯшам аст. Харид барои рӯзгор ва нигоҳубини додару хоҳарон ва модар низ ба дӯшам аст. Ва акнун дар дилам шӯълаи умеде барои имкони касб омӯхтан ва кор кардан ҳам медурахшад”.

Ва акнун дар дилаш шӯълаи умеде барои касбу кор медурахшад. Ин шӯъла аз куҷо рӯшан шудааст?

“Писарамӯямро боре дидам, ки гуфт дар як маркази нави Ҳилоли Аҳмар дарсҳои бепул мехонад. Чун фаҳмидам, ки ин ҷо компютер низ дарс медиҳанд, як василаи ҷомаи амал пӯшидани орзуи деринаам пайдо шуд. Омадам, қабулам карданд, дарсам медиҳанд. Қаблан, компютерро рӯшан карда наметавонистам, дар ин бист рӯз насби Виндовзро низ омӯхтам, куҷо монад кор бо Ворду суханбозӣ дар Одноклассникиву Скайп”- мегӯяд Ривоҷиддин.

Ривоҷиддин аз гуруҳи саввуми баҳрагирандагони Маркази иттилоотӣ-омӯзишӣ барои муҳоҷирон ва аҳли хонадони онҳост, ки Федератсияи байнулмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар шаҳри Қурғонтеппа боз кардааст. Ин марказ, ки аз ҷониби Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон идора ва аз ҷониби Бунёди умумирусиягии СпидИнфосвяз маблағгузорӣ мешавад, то имрӯз ду гуруҳи ҳар кадоме иборат аз чаҳор бастаи 12-нафариро бо дарсҳои комилан ройгони кор бо компютер, забони русӣ, ва ҳуқуқҳо дар муҳоҷират фаро гирифтааст. Оре, иштибоҳ накардам, дарсҳои комилан ройгон. Ягон дирам намесупуред. Танҳо масрафе, ки мекунед, роҳкироятон аст.

Ривоҷиддин ҳамин масрафро ҳам намекунад. Аз деҳаи дуре тӯли ним соат бо дучарха ба Марказ меояд. Падараш барои Ривоҷиддин як рӯзону (лаптоп) низ харидаву додааст. Рӯзонуе, ки ба зудӣ буҷаи хонаводагии Ғафуровҳоро аз ҳисоби суҳбат бо Скайп сарфа мекунад. Рӯзонуе, ки фардо Ривоҷиддинро донишманди хуби роёна мекунад ва барояш василае барои дарёфти рӯзӣ мегардад. Ҳамон гуна, ки ҳамин дониши роёнаӣ ҷавони ҳамсоли Ривоҷиддин – Фирдавс Толибовро омӯзгори кор бо роёнаи ҳамин марказ кардааст.

Дар лаби Ривоҷиддин табассум ҳукмфармост. Дар чашмонаш итминон ҳувайдост. Дар дилаш умед сокин аст. Ӯ ба ояндаи неки худ бовар дорад. Намунаи боризи муҳаббат ба ҳаёт аст. Браво, Ривоҷиддин. Муваффақ бош!

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97