Сарбозони тоҷикро дар ҳоли осоиштагӣ кӣ мекушад?!

 

juraboy

Акрам Холиқов, падари сарбоз, ки дар деҳаи Каҷровути ноҳияи ғончӣ зиндагӣ мекунад, дар як тамос ба "Озодӣ" гуфта, ки писарашро субҳи рӯзи душанбе як афсар ва ду сарбоз бо иттифоқи раис ва сарвари милисаи ноҳия ба деҳа оварда, як гирдиҳамоӣ созмон доданд ва гурӯчӯб карда, рафтанд:

 

"Касе ба ман нагуфт, ки чӣ иттифоқ афтодааст? Чаро писари ман ба ҳалокат расидааст. Ягон даъво надорам, рафт ва дигар бознамегардад, зинда намешавад, аммо ман мехоҳам фаҳмам, ки бо ӯ чӣ рух додааст, то хотирам ҷамъ шавад."

 

Ҷӯрабой Ҳомидов, мутаваллиди соли 1991, оиладор ва соҳиби як духтарбача, моҳи ноябри соли 2013 бо хоҳиши худ ба сафи Артиши миллӣ пайваст. Ӯ то лаҳзаи марг дар қисми низомии 07033  и неруҳои ҳавоии вазорати дифоъи Тоҷикистон, мустақар дар фурудгоҳи низомии Айнӣ хидмати ватан мекардааст.

Ба қавли пайвандонаш, рӯзи якшанбеи гузашта ӯ бо як паёмаке (смс) аз модараш хост, ки ба ӯ занг занад, аммо ба занги бадеҳии модар посух надодааст. Тақрибан пас аз чанд занги такрорӣ ӯ гӯширо бардошта, аммо дар ҳолати хастагӣ гуфтааст, ки шаб хоб накардаасту майли истироҳат дорад ва субҳи рӯзи дигар ҷанозаи ӯ аллакай пушти дари манзилашон дар ноҳияи ғончӣ буд.

Фаридун Муҳаммадалиев, сухангӯи вазорати дифоъи Тоҷикистон, марги ин сарбозро таъйид карда ва гуфтааст, ки ҳоло раёсати махсуси вазорат ин қазияро таҳқиқ мекунад.

Акрам Холиқов мегӯяд, ҷасади писараш аз ноҳияи сар ва шикам ҳангоми бозрасии коршиносони суди тиббӣ бурида шуда, аммо дар пушти сари ӯ пайомади зарбаи шадид мушоҳида шудааст ва то қабристон аз тобути ӯ хун ҷорӣ буд.

Пайвандон ин фарзияро, ки Ҷӯрабой Ҳомидов худкушӣ кардааст, дур аз мантиқ медонанд, зеро соҳиби оила ва духтараки дӯстрӯ буд ва баҳонае барои даст ба ҷони худ задан надошт.

Ба ҷои пасгуфтор: Марги мармузи як сарбоз зимни адои хидмат ба Ватан дар Тоҷикистон хабари нав нест. Аммо ин ки Тоҷикистон дигар як кишвари дар ҳоли ҷанг нест, ки битавон марги сарбозонро зимни хидмат ба ватан як амри маъмулӣ донист, низ барои ҳамагӣ маълум аст. Пас чаро дар шароити осоишта сарбози тоҷик кушта мешавад? Кист душмани дар камини мо?!

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97