Таҳоҷуми фарҳанги бегона ва ҷунуни ҷавонӣ

javonon va kinoРавоншиносон бар он ақидаанд, ки дар вақти наврасӣ шуъури инсон пурра инкишоф наёфта дар натиҷаи таълим ва намоиши филму саҳнаҳои бадахлоқӣ зиён дида, дар такрори онҳо қодир мегардад. Дар ҷомеаи имрӯза зери таъсири фарҳанги бегона бо ҳар восита ба шуъури насли наврас таъсири гуногун расонида мешавад. Таъсирасонӣ бештар ба воситаи филму килипҳо ба насли наврас расонидан ба мақсади аҷнабиён мувофиқ мебошад.

Дар филмҳои замони шӯравӣ ангезаҳои шаҳвонӣ ками дар кам дида мешуд, ки ҳатто одамони хушахлоқ ҳангоми пахши лаҳзаи бӯсу канор дар филмҳо нигоҳашонро аз экран меканданд. Ин тарбияи баланди мардум буд ва аз он далолат мекард, ки мардум бо шарму ҳайё буд.

Баъди пош хурдани давлати шӯравӣ яку якбора филму клипҳои хориҷӣ бе мамоният ба кишвари мо дохил шуда, ба равони тамошочии ноомӯхт таъсири манфӣ расонид. Ҳатто клипҳои бархе аз овозхонони ватанӣ дар пайравӣ бо овозхонони хориҷӣ ба навор гирифта шуда, дар онҳо низ ҷиҳатҳои манфӣ, ки ба тарбияи насли наврас таъсири манфӣ мерасонад ва берун аз ахлоқу арзиши миллӣ аст, дида мешавад.

Аз ҷиҳати дигар боиси таасуф аст, ки ноболиғону наврасон имрӯзҳо метавонанд бе мамоният аз бозору дӯконҳои наворфурӯшӣ дискҳои тарғибкунандаи фаҳшоро харидорӣ намоянд. То ҳол барои назорати ноболиғон на волидайн ва на дигар муассисаҳои таълимӣ дар ин ҷода масъулияти ҷиддиро ҳис намекунанд. Натиҷаи беназоратии нашру пахши филму клипҳои хориҷӣ ба он оварда расонидааст, ки ҳамакнун на танҳо наврас, балки нафарони солманд низ дар амалҳои ғайриахлоқӣ даст мезананд. Ба ин монанд дар телевизион нафарони солмандро намоиш медиҳанд, ки бо чунин амали ғайриахлоқиашон аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқук дастгир карда мешаванд. Агар бо диди таҳлил ба ҳар як ҳодисаи ғайриахлоқии ҷинояткорон назар андӯзӣ маълум мегардад, ки намоиши филмҳои хориҷӣ ба психологияи онҳо таъсир расонида айнан амали қаҳрамони филмро ба ҷо овардаанд.

Тавре, ки маълум аст, дар давлатҳои хориҷӣ, ҳатто Амрико барои ҷавонон ва ноболиғон филмҳо муайян шудааст, ҳатто  дар шабакаҳои телевизионии худ онҳо сабту наворҳо ва филмҳои бадахлоқиро барои омма ба тамошо намегузоранд, зеро онҳо оқибати зиёни онро ба шуъури шаҳрвандон таҳлил карда ва эҳсос мекунанд.

Мо мардуми Тоҷикистон ба ҷаҳон худро мусалмон муаррифӣ карда, таъриф мекунем, ки беш аз 90 фисад дар дини ислом мебошем. Вақте ба маъвизаи рӯҳониёни кишвар гӯш фаро медиҳӣ ва ҳангоми саволу ҷавобҳо пай бурда мешавад, ки аллакай таъсири манфии филмҳои хориҷӣ ба зершуъури миллати мо расонида шудааст. Зеро онҳо саволҳое медиҳанд, ки айнан дар филмҳои истеҳсоли давлатҳои хориҷ намоиш дода мешавад.

Филмҳо ба ҳангоми наворбардорӣ барои аудуторияи хос дар назар гирифта мешаванд, ҳатто дар муқаддимаи бархе аз ин филмҳо бо рақами синну соли тамошочӣ ишора ҳам карда мешавад. Аммо вақте ки худи волидайн назорат накунанд, дар ин сурат ноболиғон мафтуни муқовамаи диск гардида, бо он нархи дастрасе ки ҳастанд, аз он харидорӣ мекунанд.

Албатта барои баланд бардоштани маърифат ва ахлоқи шаҳрвандон ҳамарӯза бояд чораҳо андешид, ҳарчанд ки имрӯз мо имкони истеҳсоли филмҳоро надорем, аммо метавонем бо пурзӯр кардани назорат дар ин самт ва бо филмҳои олии пурмаънову пурмазмуни бо забонҳои форсӣ-тоҷикӣ, форсӣ-дарӣ ва русӣ тарҷумашуда ин халоъро пур созем. Аз ҷониби дигар дар худи ҳар як хонавода назорат аз ҷониби волидон пурзӯр бошад, фарзандон имкони тамошои наворҳо ва филму клипҳои ғайриахлоқиро надошта бошанд, оянда ахлоқи мардум беҳтар мегардад.

Сафаралӣ Мирзоалӣ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97