Дардҳои ногуфтаи "духтари президент"

Ё чаро муҳтарам Маликшо Неъматов нагузошт, то ӯ ба президенти кишвар дарди дил кунад?!

(Дар ҳошияи мулоқоти президент бо ҷавонони кишвар)

Javonon va Emomali RahmonШукуфа Шодиева, мутахассиси ҷавон аз Куҳистони Мастчоҳ, ки махсус ба ин мулоқот аз ноҳияи дурдаст омада буд, хост, то оид ба як мавзӯйи хеле муҳим суҳбат намояд, аммо ба ӯ ин имконро надоданд.

Шукуфа аввалин духтаре мебошад, ки аз Куҳистони Мастчоҳ соли 2002 тариқи квотаи президентӣ донишҷӯйи шаҳри Душанбе гардидааст. Ӯ Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистонро бо баҳои хубу аъло тамом карда, ҳудуди 3 сол мешавад, ки дар Куҳистони Мастчоҳ ҳамчун момодоя фаъолият мебарад.

 

Бояд гуфт, ки Куҳистони Мастчоҳ ноҳияи навтаъсис буда, соли 1996 ҳамчун воҳиди маъмурӣ бунёд гардида аст. Куҳистони Мастчоҳ дар миқёси кишвар шояд ягона мавзеъе бошад, ки таваллудхона надорад! Аҳолии ноҳия ҳудудан 22 ҳазор мебошад. Ин ноҳия дар масири дарёи Зарафшон воқеъ буда, тӯли он ҳудудан 170 километрро ташкил менамояд. Агар мо куҳсор будани ин мавзеъро ба назар бигирем, пас тай намудани чунин масофа барои як мошини сабукрав ҳудудан 4-5 соатро ташкил хоҳад дод.

Зиёда аз ин, дар  ҳолатҳои зарурӣ, агар таваллуд кардани бархе аз модарон хавфҳое дошта бошад ва касе дар саргаҳ, болотарин деҳаҳои ноҳия сукунат дошта бошад, пас бояд ин 170 километрро тай намуда, берун аз ҳудуди ноҳия боз 60 километри дигар биравад ва агар фавқулодда ҷон сахт бошад, то ба таваллудхонаи ноҳияи Айнӣ бирасад. Дар ин муддат ҳудудан 6-7 соат вақт сипарӣ хоҳад шуд. Инсоне, ки бе ин ҳам худ дард мекашад… Ва ин ҳам дар шароити роҳҳои хеле бад ва пур хавф. Агар зимистон бошад, пас ҳеҷ итминоне нест, ки чунин модар ин ҳама азобу уқубатро бардошта тавонад. 

Шукуфа вақте донишгоҳро хатм намуд, бо шавқу ҳаваси зиёд барои фаъолият ба ноҳия баргашт. Аммо чун дар ноҳия таваллудхона, ки нест, ҳамарӯза ба мушкилоти сангине рӯ ба рӯ мешуд. Ҳамеша дар "вызов", таваллуд дар шароити хона, масофаи дурру дарози роҳи куҳистон, дар 5- 6 моҳ боду ҳавои барфу боришоту хунук. Вақте баъзе зоймонҳо хавфнок менамуданд, бояд то ба ноҳияи Айнӣ (ҳудуди 100 километр аз маркази ҷуғрофиёии ноҳия - деҳаи Мадрушкат) раҳсипор мешуданд. Ҳатто баъзан то ба Хуҷанд, ки 300 километр масофаи роҳ аст. Ин ҳама машаққат то рафтуомад азоб медод. Вале чун Шукуфа бо иродаву бо ғайрат аст, кӯшиш мекунад, ки ба ин ҳама аҳамият надиҳад. Дар ниҳоят ӯ умед дошт, ки чунин вазъият дер давом намекунад… Зеро ӯ ки маълумоти хуби касбӣ ба даст овардааст, мехоҳад шароите дошта бошад, ки дар худи ноҳия ба ҳама дарди ниёзмандонаш даво бахшад, яъне ба мардум хидмат намояд. 

Чун ноҳия навтаъсис аст ва имконоти саноативу иқтисодӣ надорад, роҳбарияти он ҳамеша мегуфтанд, ки қудрати сохтмони як таваллудхонаро надоранд ва чунин масъала танҳо бо мусоидати бе воситаи ҳукумати ҷумҳурӣ ҳаллу фасл хоҳад шуд.

Бояд гуфт, ки заминаи кадрӣ барои таъсиси чунин як таваллудхона дар ин ноҳияи дурдаст муҳайёст. Пеш аз Шукуфаи навкор, ин ҷо момодояи пуртаҷриба, соҳибмаълумот ва хеле иззатманд Фотима Шоева фаъолият мекарданд. Ҳоло ҳарду дар ҳамкорӣ бо табибони дигар риштаҳо, ки дар ин минтақа кам нестанд, як тими хуби кориеро ташкил менамоянд.  

Пас аз чунин мулоҳизаҳо, ки аз сари Шукуфа мегузаштанд, дере нагузашта президенти кишвар ба ноҳия сафар кард ва яке аз шахсоне, ки дар маросими пешвозгирӣ ҳузур дошт, маҳз Шукуфа буд. Аммо аз чӣ бошад, ки ин масъала дар назди роҳбари давлат гузошта нашуд. Ҳарчанд ӯ дар ин хусус хеле хоҳиши рози дил кардан дошт. Эҳтимол ба ӯ маслиҳат доданд, ки табъи касеро хира накунад, вале натиҷа ҳамин шуд, ки масъала ҳалношуда боқӣ мемонад ва Шукуфа наметавонад донишу малакаи касбияшро барои хидмат ба мардум истифода кунад.

Тавре маълум аст, донишҷӯдухтароне, ки тариқи квотаи президентӣ таҳсил кардаанд, вазифа доранд, ки рафта дар навоҳии худ фаъолият намоянд, барои мардум хидмат кунанд. Шукуфа агар чи ҳанӯз дар рафти таҳсил дар таваллудхонаи №1-и пойтахт фаъолиятро шуруъ карда буд ва баъди хатм устодонаш ҷиддан талаб карда буданд, ки он ҷо бимонад, кори илмӣ-амалӣ бубарад, вале ӯ Куҳистони Мастчоҳро интихоб кард. Ҳарчанд ҳоло назорат дар ин хусус чандон ҷиддӣ нест ва ӯ метавонист ин масъулияти худро сарфи назар намояд. Зеро барои чунин рафтор ӯ далел дорад; шароити корӣ нест! Зиёда аз ин, ӯ мехоҳад ба кори илмӣ машғул шавад. Вале ӯ омадааст, ки ба дарди мардум даво бубахшад. Дар шароити хеле ва хеле бад ба аҳолӣ хидмат намояд. Чунин мутахассис ҳоло дар пойтахт метавонад зиндагӣ ва фаъолияти осуда ва ба роҳате дошта бошад. Аммо бо он, ки ӯ тариқи квотаи президентӣ таҳсил кардааст, набояд якумр зери миннат қарор дошта бошад ва ҳамеша пойбанди шароити бад бимонад.

Акнун мегузарем ба нуқтаи асли матлаб. Вақте ӯ ба вохӯрии роҳбари давлат бо ҷавонон ҳозир мешуд, бо худ аҳд карда буд, ки ҳатман дар ин хусус бо охирин даргоҳи умед дар кишвар- яъне президент Эмомалӣ Раҳмон суҳбат хоҳад кард.

Аммо ӯ намедонист, ки ин мулоқотҳо назокатҳое доранд. Шукуфа фикр мекард, ки чун "духтари президент" ҳаст, яъне бо мусоидати бевоситаи роҳбари давлат соҳиби маълумоти олӣ гардидааст, бо истифода аз фурсат аз Сарвари давлат изҳори ташаккур намуда, ҳамзамон хоҳиш менамояд, то барои хидмат кардан ба халқ ба ӯ шароит фароҳам оваранд. Дар ҳолати баръакс, чун шароит нест, пас мутаносибан масъулият доштан низ мушкил хоҳад буд.

Дар мулоқот, вақте бисёриҳо баромада, бо таърифу тавсиф ва нутқҳои хеле равону суфта сухан мекарданд, Шукуфа ҳавасаш зиёд мегардид ва интизор дошт, ки ҳатман ба ӯ низ сухан мерасад. Зеро ҳеч як суханвари дигаре ӯро таскин дода наметавонист, чун дар суханҳои аксар дард эҳсос намешуд, гӯё ҳеч касе мушкил надошт, ба ҷузъ ӯ. Гӯё ҳамагон омада буданд, то таронаи хушбахтӣ замзама намоянд ва соҳиби туҳфаҳо гарданд.

Ӯ бархост ва дар навбат қарор гирифт. Дар ҳамин ҳол, яке аз мансабдорон, ки баъдан маълум шуд, ӯ раиси кумитаи ҷавонон Маликшо Неъматов будааст, ба ӯ ишора кардааст, ки дар ҷояш бинишинад. Шукуфа, ки ин ҳолатро чандин сол мунтазир буд, тоқат карда натавониста, боз ҳам хост то ба азми худ амал намояд. Ин навбат ишораи мансабдор, мисле ки сиёсат буд, мулоим карда гӯем -фишор, ки мабодо ин сухангӯйи "тасодуфӣ"-е (яъне пешакӣ маслиҳат ношуда) сухани ноҷое гӯяд. Бо ҳамин чанд бор Шукуфаи бечора кӯшиш кард, аммо дар ниҳоят бо ҳама ҷасорат ва ғайраташ ахлоқаш ӯро назди мансабдор мағлуб кард. Умеди ӯ барбод рафт, дилаш аз вохӯрию интизориҳояш сард мешуд. Шояд миёни ҳозирин дарди аз ҳама бузургро маҳз ӯ дошт. Дарди ӯ дарди виҷдон буд, дарди масъулият, балки талоше буд барои муҳайё сохтани шароит барои мардуми як гӯшаи ватан. Аммо ҳайҳот, ки мансабдорони мо натанҳо мушкили моро ҳал наменамоянд, балки баъзан дар ҳал нашудани он нақш мебозанд.

Шукуфа бовар дошт ва ҳанӯз бовар ҳам дорад, ки агар дар назди Ҷаноби Олӣ ин дарди худро мухтасар қисса намояд, ҳатман роҳбари давлат ба ӯ кумак мекунад. Чун ӯ дар дил ҳамеша ба адл ва саховати президент бовар дошт. Барои чунин эътимод далел ҳам буд; маҳз бо мусоидати президент ӯ соҳиби маълумоти олӣ гардида аст. Аз ҷониби дигар, тамошои барномаҳои телевизионӣ ба ӯ асар карда буданд, ки чунин умедро дар дил парварад. 

Рӯзи 24-уми май, вақте ӯ озими Куҳистони Мастчоҳ мешуд, дар роҳ буд, ки ба ӯ занг мезананд ва мегӯянд, ки раиси Кумитаи ҷавонон аз рафтори дирӯзаи ӯ нороҳат буда, мехоҳад бо Шукуфа суҳбат намояд, аммо аллакай дер шуда буд. Зеро ин мутахассиси ҷавон кайҳо 150 километр дур аз Душанбе қарор дошта, ӯро "вызов" интизор буд, то дар кадом як хонае модару тифли ҷонсахтеро наҷот бидиҳад. Аммо агар Шукуфа дар Душанбе ҳам мебуд, дар гумон аст, ки бо ҳама мард сифатияш  ирода ва хоҳиши бо ин мансабдор рӯ ба рӯ шуданро карда метавонист. Зеро нигоҳи  тези роҳбари ҷавонон ҳанӯз пеши назараш намудор буд.

Шукуфа акнун боз дар ҳамон шароите ҳаст, ки то рӯзи 23-юми май қарор дошт. Аммо ҳанӯз ҳам ӯ бо ирода боқӣ монда ва умедро аз даст надодааст, ки тавассути матраҳ шудани ин масъала аз тариқи матбуот, Сарвари давлат ба ҳалли ин мушкил ҳатман мусоидат хоҳад кард. Ӯ ба Президенти худ бовар дорад!

Абдулло ФОЗИЛ, Куҳистони Мастчоҳ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97