Оё ҷавонони имрӯза воқеъан ояндаи миллатанд?

Jamshedi quvvatҲанӯз аз замони шӯравӣ ибораи забонзадаи «ҷавонон ояндаи давлат», (ин ибора дар замони истиқлол  ба «ҷавонон ояндаи миллатанд», табдил шуд), ки бештар аз забони курсинишинон садо медод, дар ёдам ҳаст. Алъон ҳам мансабдорон, ки ҷавононро бо оянда дилпур ва мутмаъин сохтанианд, аз ин ибора истифода мекунанд. Албатта, агар ба маънои зоҳирии ибора таваҷҷуҳ шавад, бешак дуруст аст, ки чун калонсолон умрашон ба ҷое мерасад ва ногузир ба суроғи марг мераванд ва ҷавононанд, ки ҷойи онҳоро ишғол мекунанд. Ин як амри табиъӣ ва ногузир аст.

 

Вале дар ин фурсат мехостам ба маънои усулии ибора, ки ҷавонон на танҳо маҷозан ояндаи миллат бошанд, балки бояд созандагони ҳақиқӣ ва воқеъии миллат, соҳиби ин сарзамин, нигаҳбони марзу буми кишвар, муҳофизи обрӯ ва ҳаёву номуси занон, зиндакунандаи анъана ва урфу одатҳои гузаштагон ва дар маҷмуъ посбони номусу нангу ори тоҷик бошанд ва битавонанд тоҷикро чун як миллати мутамаддин мутадайин муаррифӣ кунанд, таваҷҷуҳ дошта бошем. Дар такия бар ҷавонони имрӯза, саҳеҳтараш ба насли баъд аз пошхӯрии шӯравӣ тарбиятёфта ва рӯи кор омада, мехостам чанд суолеро мавриди баҳси хонандаи азиз қарор бидиҳам. Оё ба амсоли чунин ҷавонон мешавад кишваре озода ва кишваре, ки тобеъву дармонда ва дастнигари дигарон набошад, сохт? Оё мешавад ба онҳо бовар кард ва ин ҳама амонатро, ки иборат аз миллату забону фарҳанг аст, ба онҳо ба амонат супурд? Оё аз уҳдаи ҳифзи амонат хоҳанд баромад ва бо он муқаддасот хиёнат нахоҳанд кард? Ва оё мешавад ба касоне, ки дар равияи фарҳангҳои ғайритоҷикӣ тарбият мегиранд, ба онҳо бовар кард ва инони сарнавишти миллатро ба дасти онҳо супурд? Оё ояндаи як кишвари соҳибистиқлолро, ки навоҳи ва ҳаволиаш ҳаммарз бо кишварҳоест, ки то ҳанӯз дар бархе ҷойҳо ҳатто хати марзаш муайян нашуда, бо итминон ба онҳо вогузошт?

Чун дар рӯ ба рӯи ҷашни ҷавонон қарор дорем, ҳарчанд, ки мехостам ба хотири нозук ва ҳассоси онҳо нарасида бошам, вале намешавад аз воқеъият гурехт. Аз бархӯрди ҳамарӯза ба ҷавонон, ин ҳам ҷавонони пойтахт, ҳар касе ба натиҷа мерасад, ки ояндаи миллатро ба онҳо супурдан ва бовар кардан шубҳанок ба назар мерасад. Бетаваҷҷуҳӣ ба хондану мутолиъа, гӯш надодан ба ҳарфи муаллимон, итоъат накардани падару модар, бекоргардии бе зарурат, дашному ҳақоратҳои фаҳшро ҳар замон ба забон овардан, густохӣ кардан дар баробари калонсолон, бештари авқоти худро дар маконҳои дулхушӣ ва дискоклубҳо (албатта онҳое, ки аз ҷиҳати молӣ каму беш таъминанд) гузаронидан, гувоҳӣ аз ояндасоз набудани насли ҷавон медиҳад. Дар муқоиса бо замони шӯравӣ, чунин рафтору аъмоли ҷавони имрӯза, авбошӣ маҳсуб мешавад. Дар ҷавонони имрӯза ин рафторҳои ношоиста ба як аъмоли муқаррарӣ табдил ёфтаанд. Аллома Иқбол менигорад:

Ҷавононро бадомӯз аст ин аср,

Шаби Иблисро рӯз аст ин аср.

Ба домонаш мисоли шуъла печам,

Ки бе нур асту бе сӯз аст ин аср.

Он чи моро ба тирарӯзӣ, ноумедӣ ва бовар надоштан ба ояндаи нек, дорад таҳрик медиҳад, ин дар руҳияи фарҳангҳои бегона тарбият ёфтани ҷавонон аст. Чизе, ки дар асри ҳозир миллатҳоро ба нестӣ мебарад, асолатбохтагӣ аст. Маъориф ва мактаби миллате, ки ҷавононашро дар руҳияи дӯст доштани фарҳанги миллӣ, забон, урфу одат, пӯшиши либоси худӣ, эҳтиром доштан ба бовару эътиқодот тарбият ва ташвиқ насозад, мушкил аст ба итминони комил ба ояндасозии ҷавононаш бовар кард. Доранд ҷавононро ба тақлидҳои беҷо ба фарҳангҳои ғайр савқ медиҳанд.

Тавассути Интернет ба суоле аз гуруҳи ҷавонони тоҷикистонӣ дар Маскав, ки дар робита ба вохӯрии ҷавонон ба президенти кишвар аст, гӯш андохтам. Суолаш бадин маъно буд: «Ман Абдуллоев Абдулло шаҳрванди ҷумҳурии Тоҷикистон, дархосте доштам барои сарвари давлат то агар ҳадди ақалл имкон бошад, дар ҳар як ноҳия ва шаҳрҳо нуқтаҳое ташкил кунанд, ки барои омӯзонидани забони русӣ, қонун, қоида ва маданияти дигар миллатро омӯзонанд…». Қазоваташро ҳаволаи хонандаи азиз мекунем. Вақте ки ҷавонон ба ҷойи омӯхтани фарҳангу маданияти худ, ташвиқу тарғиби маданияти ғайрро пеш мегузорад, вақте ки омӯхтани забони бегонаро бар забони худ тарҷеҳ медиҳад, оё умеди сарбонӣ ва созандагии миллатро мешавад аз онҳо кард ва ба онҳо супурд. Пешрафт ва навовариҳои мамолики пешрафта, ҷавононро ҳамчун саробе ба фиреби худ мекашад ва худ доранд ба дасти худ теша ба фарҳанг, забон, урфу одат ва либоспӯшии худ мезананд. Ҳамдӯш гаштан ба пешравиҳои онҳо на аз роҳи тақлид ба фарҳангу ойини онҳо, балки аз роҳи омӯзиши илму техноложӣ даст хоҳад дод. Ба қавли Иқболи лоҳурӣ:

Қуввати Афранг аз илму фан аст,

Аз ҳамин оташ чароғаш равшан аст.

Тарк аз худ рафтаю масти Фаранг,

Заҳри нӯшин хӯрда аз дасти Фаранг.

Бандаи Афранг аз завқи намуд,

Мебарад аз ғарбиён рақсу суруд.

Нақди ҷони хеш дарбозад ба лаҳв,

Илм душвор аст, месозад ба лаҳв.

Аз таносонӣ бигирад саҳлро,

Фитрати ӯ дарпазирад саҳлро.

Илму фанро эй ҷавони шуху шанг,

Мағз мебояд, на малбуси Фаранг.

То замоне, ки ҷавонон дар руҳияи эҳтиром кардан ва бузургу бартар доштани фарҳангу ойини худ тарбият нагиранд, омӯзиши забони модариро аз дигар забонҳо боло надонанд, таълиму тарбия ва ба омӯзиши дастовардҳои илмию техникӣ даст наёбанд, мушкил аст ояндаро бо онҳо тасаввур кардан ва дидан.

Шахсан ман аз рафтор ва аъмолу кирдоре, ки аз ҷавони имрӯза мебинам, ба ояндаи Тоҷикистон чандон хушбин нестам. Ба ҳар сурат ин рӯзро табрик мегӯям!

Ҷамшеди Қувват

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97