ИМА тарҳи нави бизнеси кишоварзӣ дар Тоҷикистонро оғоз кард

Хабари хуб 14.11.2018 14:50

14 ноябри соли 2018 Агентии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон лоиҳаи нави панҷсола таҳти унвони “Рақобатпазирии соҳаи кишварзӣ дар Тоҷикистон”-ро ба таври расмӣ оғоз намуд.

Кевин Коверт намояндаи муваққатии сафорати Америка  ва Раҷабалӣ Раҷабов муовини Раиси вилояти Хатлон бештар аз 170 иштироккунандаи маросими ифтитоҳи  ин лоиҳа, аз ҷумла намояндагони ҳукумати Хатлон, бахши хусусӣ, тоҷирон ва соҳибкорони маҳаллиро хайра мақдам гуфтанд.

Лоиҳа, ки USAID онро сармоягузорӣ мекунад, барои тақвият бахшидан ба рақобатпазирии соҳаи кишоварзӣ, махсусан дар бахши маҳсулоти ширӣ ва боғдорӣ, ҳавасмандкунӣ ба рушди иқтисодӣ, афзоиши шуғли аҳолӣ ва беҳтар кардани шароити зисти деҳқонон роҳандозӣ карда мешавад. USAID дар ин бахшҳо дастгирии густурда ироа намуда, бо деҳқонон ва соҳибкорон барои беҳтар кардани самаранокии меҳнат тавассути пешниҳод намудани технология, таҷрибаҳои идоракунӣ ва робитаҳои бозории беҳтар ҳамкорӣ мекунад, то ин ки соҳаи кишоварзии тоҷик ҳам дар бозори дохилӣ ва ҳам дар бозори байналмилалӣ рақобат карда тавонад.

Лоиҳа дар 12 ноҳияи Хатлони ҷануби ғарбӣ (Хуросон, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Ёвон, Кӯшониён, Яхч, Леваканд, Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷайҳун, Дӯстӣ, Қубодиён, Шаҳритус ва Носири Хусрав) мутамарказ мешавад, ки дар ин ноҳияҳо фаъолиятҳои амнияти ғизои USAID аз соли 2012 тавассути барномаи ҷаҳонии ИМА оид ба коҳиши камбизоатӣ “Озуқа барои оянда”, ташаббусе барои беҳтар кардани соҳаи кишоварзӣ ва озуқа дар саросари ҷаҳон, амал мекунанд. 

Лоиҳаи “Рақобатпазирии соҳаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон” бар дастовардҳои зиёди барномаи ҷомеи “Озуқа барои оянда” такя мекунад, то ки деҳқонон ва соҳибкорони тоҷик фаъолиятҳои бизнеси худро ба сатҳи болотаре бардоранд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97