Иттиҳоди Аврупо барои тоза кардани партовҳои радиоактивии Осиёи Марказӣ маблағ медиҳад

Хабари хуб 10.11.2018 13:44

Дар шаҳри Лондони Бритониё 8 ноябр конфронси байналхалқии кумакрасон дар умури поккории партовҳои радиоактивии Осиёи Марказӣ баргузор шуд.

Дар ин конфронс гуфта шуд, Иттиҳоди Аврупо барои мубориза бо партовҳои радиоактивии Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбакистон 10 миллион еврои иловагӣ медиҳад.

Дар ин бор Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Қирғизистон хабар дод. Ба иттилои ин созмон, 10 миллиони иловагӣ изофа ба 16 миллион еврое аст, ки Иттиҳоди Аврупо чанде пеш ҷудо карда буд.

"Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ дар амри безарар кардани партовҳои радиоактивӣ нақши калидӣ дорад. Бештар аз 10 дар се кишвари зикршуда корҳои таҳқиқотӣ сурат гирифтааст", - омадааст дар хабари Иттиҳоди Аврупо.

Конфронси байналмилали кумакрасон бо ташаббуси Қирғизистон ва ҳимояти Бонки аврупоии навсозӣ ва рушд баргузор шуд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97