"Маршировка": Дарс нахон ҷоно, биё, рақс бикун ҷоно…

marshirovkaaaҚарор буд сар аз 6 феврал ҳудуди 4 ҳазор толибилми макотиби миёнаи шаҳри Душанбе ба "маршировка"-и бахшида ба ҷашни Наврӯзи байнулмилалӣ, ки дар пойтахти Тоҷикистон бо ширкати меҳмонони зиёди хориҷӣ баргузор мегардад, сафарбар шаванд. Аммо сардии ҳаво боиси ба таъхир гузоштани ин амр шуд. На танҳо ин қарор ба таъхир уфтод, балки сар аз 6 феврал барои чанд рӯз кулли мактаббачаҳои кишвар ба далели сардии ҳаво ба таътил фиристода шуданд. Феълан муҳассилин дубораи ба таҳсил баргаштаанд, аммо бо гузашти наздик ба 10 рӯз аз 6 феврал, ҳамоно "маршировка" шурӯъ нашудааст. Тавре дар суҳбат бо нашрияи "Миллат" Зебо Холматова, директори мактаби №90 шаҳри Душанбе изҳор дошт, аз Раёсати маорифи шаҳр ва ҳамчунин аз Ҳукумати шаҳр супориш гирифтааст, ки 40 нафар хонандаро аз шумули духтарон бо қомати баробар ва симои зебо барои "маршировка" интихоб кунад ва мунтазири фармони шурӯъи "маршировка" бошад. Аммо, тавре аз Раёсати маорифи шаҳри Душанбе 14 феврал иттилоъ доданд, ҳоло рӯзи дақиқи оғози "маршировкаҳо" муаяйн нест.

То оғози "маршировка" биёед як саре бизанем ба таъриху таъриф ва ҳусну қубҳи ин падида, ки истифода аз нируи кӯдакон, эъ бубахшед, ҷалби мактаббачагон ба чорабиниҳои ҳукуматӣ чӣ пайомадеро дошта метавонад.

Исмоили Сомонӣ асосгузори "маршировка"

Вазорати маорифи кишвар ҳамроҳ бо Вазорати фарҳанг сарфи назар аз норозигиҳои аксари ҷамъият ба ҷалби донишомӯзону донишҷӯён ба "маршировка" аз 13 сол инҷониб ин анъанаро идома медиҳанд. Нахустин ва пуршукӯҳтарин ҷашни сартосарии кишвар таҷлил аз 1100 солагии давлати Сомониён, аввалин давлати Тоҷикон дар соли 1999 буд, ки ба анъанаи ҷалби мактабиёну донишҷӯён ба ҷашнҳо дар замони истиқлол асос гузошт. Аз он замон то кунун тақрибан соле набуд, ки муҳассилин, ба хусус донишҷӯёни макотиби олӣ аз иштирок дар чорабиниҳои ҷашнӣ канор гузошта шуда бошанд. Ба маҳзи ин ки дар аксари чорабиниҳои ҷашнӣ донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва миёнаи пойтахт ҷалб мешаванд, аммо мактаббачаҳо ва донишҷӯёни вилоёту навоҳии мухталифи кишвар низ аз ин анъана канор намондаанд. Чун ҳар сол таҷлили ҷашнҳо аз як шаҳр ба шаҳри дигар, аз як ноҳия ба ноҳияи дигар кӯч мебандад, ба ин хотир "маршировка" низ ба думболи ин ҷашнҳо мисли меҳмони нохонда дари мактабҳои оливу миёнаи навоҳии кишварро дар ҳар кунҷи он мекубад.

Кофист, ки таҷлили 2700 солагии Кӯлоб дар ин шаҳр, 15 солагии Истиқлол дар Қурғонтеппа ва ба ин монанд ҷашнҳои мухталифро дар манотиқи кишвар ба хотир биорем. Имсол низ қарор аст, таҷлил аз 20 солагии сесияи 16-уми Шӯрои олӣ, ки ҳукумати кунунии кишвар онро барои худ сарнавиштсоз унвон мекунад, дар шаҳри Хуҷанд баргузор шавад. Зимни ҳамаи ҷашнҳои сартосарии кишвар мактаббачаҳову донишҷӯён ба чорабиниҳои ҷашнӣ ҷалб шуда буданд, имсол низ аз эҳтимол дур нест, ки дар таҷлил аз 20 солагии сесияи 16-уми Шӯрои олӣ ва 15-умин солгарди рӯзи Ваҳдати миллӣ муҳассилини макотиби оливу миёна ҷалб гарданд.

Донишҷӯ: "Маршировка" "имтиёз" дорад, Дарс нахонда, баҳо мегирӣ!

Бо сари забонҳо шудани мавзӯи ҷалби мактаббачагону донишҷӯён ба ҷашни Наврӯзи байнулмилалӣ, ки қарор аст имсол бо ҳузури меҳмонони хориҷӣ дар Душанбе таҷлил шавад, дубора ин суол дар зеҳнҳо пайдо шуд, ки билохира "маршировка" ба толибилмон чӣ медиҳаду чиро мегирад.

Чун солҳои қаблӣ Вазорати маориф бо эълони ин қарор ҳамчунин изофа кард, ки "ҷалби муҳассилин ба "маршировка" дар раванди таҳсили онҳо халал ворид намекунад". Ба гуфтаи масъулини ин вазорат, тамринҳо баъд аз соати дарсӣ оғоз мешаванд ва ширкаткунандагон бо нақлиёти ройгон ба тамрингоҳ интиқол дода мешаванд. Гулнора Бобоева, раҳбари Раёсати маорифи шаҳр мегӯяд, тамрини мактаббачаҳо дар назди майдонҳои варзишии мактабҳо баргузор мегардад ва танҳо дар рӯзҳои ахир ба тамрингоҳи марказӣ бурда мешаванд. Ба таъкиди ӯ, ҳамаи ин дар соатҳои берун аз дарс доир мегардад.

Аммо Ситора Ҷӯраева, донишҷӯи Донишгоҳи Миллӣ, ки таҷрибаи иштирок дар "маршировка"-и чанд ҷашнро дорад, мегӯяд, маъмулан тамринҳо аз сари субҳ то нисфирӯзӣ идома мекунанд. Ситора дар чорабиниҳои бахшида ба 80 солагии пойтахт дар соли 2004 ва дар Рӯзи пойтахт дар соли 2005, замони дар мактаби миёна таҳсил карданаш ширкат кардааст. Вай мегӯяд, бархе хонандагоне, ки барои иштирок дар "маршировка" интихоб мешуданд, "хеле хурсанд буданд". Зеро аз тамоми дарсҳо дар тӯли "маршировка" озод мешуданд. Ситора мегӯяд, дар Донишгоҳ низ вақте донишҷӯёнро ба "маршировка" ҷалб мекунанд ҳамеша ваъдаи сабукӣ ва гузашт ба ҳангоми санҷишу имтиҳонҳоро медиҳанд. Ба ҳамин хотир донишҷӯён нисбати дарсҳо бепарвоӣ зоҳир мекунанд ва ҳатман ширкат дар "маршировка" ба раванди таҳсил асари манфӣ мегузорад.

Кӯдакони саргарми "маршировка" гурусна намешаванд?!

marshirovk2222Дар ҳамин ҳол, масъулини Дафтари ҳимоят аз ҳуқуқи кӯдакони Созмони милали муттаҳид дар Тоҷикистон (ЮНИСЕФ) мегӯянд, ҷалби муҳассилини макотиб ба чорабиниҳои ҷашнӣ дар сурате нақзи ҳуқуқи кӯдак шуморида намешавад, ки чунин чорабиниҳо ба саломатӣ ва амнияти онҳо ягон хатаре нарасонад ва ба ҳуқуқи онҳо ба таҳсил ва истироҳату фароғати муносиб дахолат нанамояд. Ҳамчунин ин Созмон изҳори умедворӣ мекунад, ки "ширкати кӯдакон дар чунин чорабиниҳо бояд ихтиёрӣ бошад ва шароити мусоид барои саломатӣ, амният ва ҳифзи кӯдакони ширкаткунанда муҳайё шавад".

Дар бораи ихтиёрӣ будани ҷалби муҳассилин ба ин чорабиниҳо феълан масъулин муҳри хомушӣ бар лаб ниҳодаанд. Вале Ситора Ҷӯраева мегӯяд, ширкат дар "маршировка" на ихтиёрӣ ва ба хоҳиши хонанда вогузор шудааст, балки аз рӯйи мувофиқати қаду қомат хонанда ҳатман ба "маршировка" ҷалб мегардад. Дар сурати саркашӣ кардан бо хориҷ шудан аз мактаб таҳдид мешавад.

Ба "маршировка" афроди бекорро ҷалб кунед!

Заринаи Хушвахт, ҳунарпешаи маҳбубе, ки ногузир хабарнигориро пеша кардааст, мегӯяд, ҳарчанд мухолифи "маршировкаҳо" нест, вале мухолифи ҷалб кардани муҳассилин ба ҳар гуна чорабиниҳо аст. Ба гуфтаи вай, ҳатман ҷалби муҳассилин ба чорабиниҳо ба раванди таҳсили онон халал мерасонад. Заринаи Хушвахт меафзояд: "Бар ивази оне, ки кӯдакон ё донишҷӯёнро аз донишгоҳу мактаб бозгардонидан ё як муддати тӯлоние аз омӯзиши дарсҳояшон дур мондан, беҳтар аст, ки воқеан афродеро масалан, мисли ҳунарпешаҳо, ё афроди бекорро ҷалб кунанд. Ё як эълоне нависанд, ки масалан, ҳар нафаре хост 5 сомонӣ дар як рӯз даромад дошта бошад, метавонад дар ҳамин намоиш ширкат кунад. Ҷавонони бисёре бекор ҳастанд, ки метавонистанд масалан дар 10 рӯз 50 сомонӣ даромад кунанд. Биёянду дар ҳамин "маршировкаҳо" ширкат кунанд; ҳам пул гиранд ва ҳам донишҷӯёнро гузоранд, ки дарсҳояшонро идома диҳанд".

Магар ҳамин "маршировка"-ҳо кадрҳоро корношоям накардааст?!

Бо ин вуҷуд ин ҳама назару далелҳоро дастандаркорони ҷашнҳо нодида мегиранд ва сари ҳарфи худ устувор истодаанд, ки ҷалби муҳассилин ба раванди таҳсил халал ворид накардааст ва нахоҳад кард. Аммо ахиран як эълони Ҳукумати шаҳри Душанбе ин ҳама устувориҳоро ларзонид. Дар ду ҳафтаи қабл дар баробари қарори Вазорати маориф оид ба ҷалби муҳассилин ба "маршировка", ҳамчунин Ҳукумати шаҳри Душанбе эълонеро паҳн кард, ки ҷӯёи афроди таҳсилдида дар хориҷ аз кишвар ва дар замони шӯравӣ таҳсилкарда аст. Ҳукумати шаҳр барои ишғоли чанд курсии холӣ дар ҳукумат озмун эълон кард ва ҳамчунин гуфт, ба чунин афрод дар ишғоли ин курсиҳо имтиёз медиҳад.

Ин як далели раднашаванда аст, ки аллакай расман ба кадрҳои дар дохили кишвар таҳсилдида эътибор қоил намешаванд. Агар ҳам сад дарсад "маршировкаҳо" ба ин сабаб нашуда бошанд, вале онро бояд яке аз сабабҳо баршумурд. Дар ғайри ин сурат, бояд ин назарро ба эътибор бигирем, ки низоми маориф то он ҳад фалаҷ аст, ки ширкати 10 ва ё 20 ҳазор муҳассил мудати 2 моҳу 3 моҳ дар "маршировкаҳо" ва дур мондан аз таҳсил дар низоми маориф ҳеч чизеро тағйир намедиҳад.  

Вакилон чӣ мегӯянд?!

Исмоил Талбаков, намояндаи Ҳизби коммунистии Тоҷикистон дар парлумони кишвар бар ин назар аст, ки мо анъанаи "маршировкаро" аз замони шӯравӣ ба мерос гирифтем, вале дар ин замина аз "ҳад гузаронидем". Ӯ меафзояд: "Аслан ҷалб намудани донишҷӯёну талабагон ба ин чорабиниҳо ду ҷиҳат дорад. Аввалан то як андоза муҳассилинро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва дар оянда барои ривоҷ додани анъанаҳои миллӣ бузург мекунад ва дар дастовардҳои соҳибистиқлолӣ онҳо бевосита иштирок мекунанд ва дар тафаккури онҳо ҳисси ватанпарастӣ, фарҳангпарастӣ, хештаншиносӣ дар амал бунёд мегардад.

Аммо ҷиҳати дигараш ин аст, ки албатта ҷалб намудани донишҷӯёну талабагон ба ин чорабиниҳо ба раванди таҳсил зарар мерасонад. Агар ин тамринҳо берун аз дарс ҳам бошад, вақте ки онҳо ба маршировка машғул мешаванд, дигар имкон пайдо намекунанд, ки ба китобхонаҳо бираванд ва ё дарсҳояшонро сари вақт тайёр кунанд. Ҳамчунин дар хонишҳои иловагӣ ва таҷрибаомӯзиашон мушкилӣ пеш меорад. Барои ҳамин ин ду паҳлуи масъаларо бояд ба назар гирифт.

Дар давраи шӯравӣ ҳамин ҳолат буд. Мо ҳам дар даҳҳаи 70-уми асри гузашта донишҷӯ будем, лекин онҳо бо ин саҳнаҳои калони театришудае, ки ду моҳу се моҳ давом мекунад, ҷашнҳоро таҷлил намекарданд. Дар он давра мо танҳо рӯзҳои 7 ноябр, 1 май бо як парад, бо як маршрути умуми аз майдон мегузаштему бо ҳамин тамом.

Дар ин сатҳи баланди давлатӣ саҳнаҳо таҳия намешуд. Ин ҷо заҳмати зиёд кашидан лозим аст ва барои ин вақти зиёд ҳам меравад. Аз ҳамин нуқтаи назар ин чорабиниҳо аз он чорабиниҳо хеле фарқи зиёд доранд.

Ҳар як давра шароити хосе дорад. Он давраҳо сар аз моҳи сентябр то моҳҳои ноябру декабр тамоми донишҷӯён ба пахтачинӣ мерафтанд. Ҳамин пахтачинӣ ҳам дар он давра чорабиние буд, ки муҳассилинро аз дарс берун мекард, лекин натиҷаи беҳтар шудани иқтисодиёт, афзун шудани истеҳсоли пахта, барои беҳтар шудани шароити зиндагии мардум мусоидат менамуд".

Муҳиддин Кабирӣ, намояндаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар парлумон, дар посух ба суоли мо, ки ҷалб ба "маршировка"-ҳо оё аз рӯйи қонун сурат мегирад, гуфт: "Агар шаҳрвандони Тоҷикистон довталабона дар "маршировкаҳо" ширкат кунанд, ин ҷо дигар қонун ҳеч чиз гуфта наметавонад ва манъ ҳам намекунад. Масалан, агар эълон шавад, ки ҳар нафар бо ихтиёри худ, бидуни музд, дар чунин "маршировкаҳо" ширкат кунад, ин ҳаққи ҳам баргузоркунандагон ҳаст ва ҳам ҳаққи он касоне, ки ширкат мекунанд. Вале агар онҳое, ки хоҳиши довталабона ширкат карданро надоранд, ҳеч кас ҳақ надорад, ки онҳоро ба ин маҷбур созад. Дар ин сурат танҳо роҳи тариқи шартнома ҷалб кардани шаҳрвандон боқӣ мемонад; чӣ хурдсолон бошанд, чӣ калонсолон. Аммо пеш аз ҳама бояд калонсолон инро ба уҳда бигиранд, чунки ҷалб кардани хурдсолон ба ин гуна чорабинӣ барои онҳо хеле азият меорад. Дар маҷмӯъ, беҳтар мебуд, ки афроди ба балоғатрасидаро ҷалб кунанд ва он ҳам тибқи шартнома ва музди муаяйн. Ва ҳатман хоҳиши ширкатдоронро ба назар бигиранд, агар ин бар хилофи хоҳиши ширкаткунандагон сурат бигирад, ҳатман муғойири қонун аст».

Ӯ меафзояд: "Ҷалби шаҳрвандон ба "маршировкаҳо" танҳо хоси Тоҷикистон нест. Бисёре аз кишварҳои дигар ҳам чунин чорабиниҳоро роҳандозӣ мекунанд, ки дар ҷараёни он нафарони зиёде ҷалб мешаванд.

Аммо дар бархе кишварҳо мардум аз тарафи корхонаву идораҳо ба он хотир ба кӯча мебароянд, ки эътироз кунанд. Масалан вақте, ки як корхона маоши кормандонро кам мекунад, иттифоқҳои касаба кормандонро даъват мекунад, ки ҳақталошӣ кунанд ва ба кӯча бароянд. Дар он ҷойҳое, ки корхонаҳо кормандони худро барои "маршировка" ё намоишҳои ҷонибдорӣ ба берун мебароранд, ин бештар дар кишварҳое сурат мегирад, ки он ҷо як каме характери озодӣ вуҷуд надорад, балки дастаҷамъона ба кӯча баровардани мардум аз тарафи мақомот ва идорот сурат мегирад. Мо бояд, ки оҳиста - оҳиста аз ин гуна намоишкориҳо даст бикашем. Агар воқеъан даъват кунем, худи мардум аз рӯйи ҳубби ватан, миллат довталабона бароянд, ин беҳтар аст, аз оне ки мо мехоҳем меҳр ба мардум ва меҳанро аз тариқи ин гуна "маршировкаҳо" ва иҷборӣ болои мардум таҳмил кунем".

Шиори "Ҳама ба пахтачинӣ" ба шиори "Ҳама ба маршировка" иваз шавад!

Албатта таҷлил аз ҷашни ниёкон Наврӯзи хуҷастапайк ба худии худ ҳеч айбе надорад, балки боиси ифтихору сарфарозист. Зеро барои расидан ба ин ҳақ ва таҷлил аз ин иди бостонӣ ва табиӣ тоҷик ҷоннисориҳое кардааст, рӯшанфикрони миллӣ сиҳатӣ ва ҳатто ҷони худро дар роҳи расидан ба ин саодат қурбон кардаанд. Ва месазад, ки аз ин ҷашн бошукуҳу шаҳомат таҷлил кард.

Аммо Наврӯз фарорасии рӯзи нав, хушии нав, зиндагии нав аст. Ва яқин аст, ки рӯзи нав аз оғози нек шурӯъ бояд шавад. Наврӯз оғози пирӯзии сафедӣ бар сиёҳист, некӣ бар бадист. Наврӯз иди некдилон аст. Аз ин рӯ риояти адолат, дар ин Рӯзи нав, аз шартҳои аслии таҷлили он ба шумор меравад. Ҳамчуноне, ки асли як ҷомеаи демкоратӣ ҳам ҳамин риояти адолат аст.

Суоле, ки ин ҷо матраҳ мешавад, он аст; оё ҳамаи онҳое, ки бидуни дарёфти музде, ё музди ночизе рӯзҳои пуршуморе дар сармову гармо ба "маршировка" ҷалб мешаванд, бо хости онҳост? Ба хусус ҷалби мактаббачагон дар даврони таҳсил дар доираи чӣ меъёре барои дарозмуддат ба чунин чорабиниҳо сурат мегирад? Магар ин ҷо мо аз қонуне, ки худ навиштаву ба тасвиб расонидаем, Қонуни ҶТ дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, убур намекунем? Магар ин ҷо мо адолатро риоят мекунем? Магар ин амали мо ба қонуну конвенсиюнҳои байналмилалӣ, ки имзо гузоштаем, муғойират намекунад? Магар ин истифодаи нируи кӯдак маҳсуб намешавад? Магар ба ин хотир набуд, ки мо аз ҷалби дастҷамъонаи кӯдакон ба пахтачинӣ даст кашидем?! Магар пахта беҳтар набуд, ки ҳақмузди онон, ночиз ҳам бошад, пардохта мешуд?! Пас чаро шиори "Ҳама ба пахтачинӣ" - ро ба шиори "Ҳама ба маршировка" иваз кардем?!

Чаро мо барои худамон худ чоҳ меканем? Барои кӣ лозим аст, ки сафи норозиёнро бо ин гуна амалҳои ғайриқонунӣ бештар бисозад? Чаро артиши миллиюннафараи бекорон ба ҳамчунин чорабиниҳо ҷалб намешаванд? Дуруст аст, ки бекорон аслан корёбӣ Русия мераванд. Аммо магар афроди дар ҷустуҷӯйи кор дар Ватан мо кам дорем?! Чаро онҳо барои корҳои мавсимӣ ба чунин чорабиниҳо ҷалб нашаванд, ки онҳоро мо дар кишвар кам надорем?! Охир аз кор дида, таҷлил аз чунин ҷашнҳоро мо дар кишвар зиёд дорем. Пас ҷалби он ҳама мардуми бекор ба ин чорабиниҳо ба қавле "ба як тир ду фохтаро ба нишон гирифтан аст". Иқдом кунед, ҳақ бипардозед ва аз ин нируи корӣ истифода кунед! Ҳатман дар ҳисоботҳои таъмини аҳолӣ ба ҷойи кори муваққат он ба дард хоҳад хӯрд.

"Миллат"

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97