Аз дидани филмҳои тоҷикӣ ҳам мардум мегирянд

taj-filmё боз ҳам дар орзуи нависанда

Салом бар аҳли эҷоди нашрияи «Миллат». Ман як тан аз ихлосмандони рӯзномаи шумо ҳастам. Пас аз мутолиаи мақолаи «Дар орзуи филмноманавис» маҷбур шудам, ки қалам ба даст гирифта, нигаронии худро изҳор намоям.

Дар он мақола бародар Ҷаҳонгири Рустам аз сатҳи пасти филмҳои тоҷикӣ ҳарф зада, филмҳои туркиро васф кардаву боло гузоштаанд. Филмҳои истеҳсоли туркӣ амсоли «Ҳомиён»- у «Меҳвари ҳақиқат» бешак дар сатҳи баланди ҳирфаӣ ба навор гирифта шудаанд, аммо филмҳои истеҳсоли ватанӣ ҳам бад нестанд. Мо урфу одати худро дорему туркҳо анъанаву суннатҳои хешро доранд. Агар аз ҳамин ҷиҳати масъала нигоҳ кунем, филмҳои тоҷикӣ бад нестанд. Масалан ҳамон филмҳои «Дар орзуи падар», «Беҳуда хорам мекунӣ» ва «Умеди охирин» филмҳое ҳастанд, ки ба урфу одат ва зиндагии имрӯзи мо алоқаманд мебошанд. Дар ҷомеъаи кунунии мо афроди бадхислате чун ҳамсари Шоҳназар (аз филми «Дар орзуи падар») кам нестанд ва фикр мекунам хеле зиёданд. Филми «Беҳуда хорам мекунӣ» то як андоза ҳақиқат дорад, яъне он ҷо воқеъияти рӯзгори имрӯзии мо тасвир шудааст. Агар нигоҳ кунем дар пойтахт қариб расму суннатҳои миллӣ аз байн рафтаанд ва тақлид ба ғарбиён бештар шудааст, вале дар деҳоти кишвар одатҳои бобоӣ шукр то имрӯз роиҷанд. Ҳамин тарафи масъала дар ин филм инъикос ёфтааст. Филми «Беҳуда хорам мекунӣ» ҷанбаи тарбиявӣ дорад, масалан пас аз дидани ин филм мо ба дарки он мерасем, ки пулу молу сарват наметавонад мояи хушбахтии инсонҳо бошад. Ман худ шоҳиди он будам, ҷавоне пас аз тамошои он лаҳза, ки яке аз қаҳрамонҳои филми «Беҳуда хорам мекунӣ» бо номи Нозанин ба марг мерасад, гиря мекард. Яъне агар барои нокомиву фоҷеаи Йигиту устод Аливу дигар қаҳрамонони филмҳои туркӣ мардуми мо гиря карда бошанду мутаассир гардидаанд, аз дидани лаҳзаҳои ғамноки филмҳои тоҷикӣ ҳам ҳазину ғамин мешаванд. Агар мо тоҷикон худ филмҳои истеҳсоли кишварамонро танқид кунему паст занем, пас аз бегонаҳо чӣ ҷойи гила кардан аст. Мушкилот дар соҳаи мазкур ҳаст, ки инро мо инкор намекунем. Албатта як- ду нависандаи чирадаст, ё филмноманависи хуб пайдо мешуд, ки ҳадди ақал дар як сол се ё чаҳор филми хуб ба навор мегирифтему пешкаши мардум месохтем, дигар ҳоҷати гап набуд. Андешаи ман ҳам ҳамин аст, ки дар ҳақиқат имрӯз синамои тоҷик ба филмноманависи кордону ботаҷриба сахт ниёз дорад. Хуб мешуд, ки як филмномаи олӣ менавиштанду аз рӯйи он филми ҷолибу дидание рӯйи навор меоварданд ва ба хориҷи кишвар онро паҳн менамуданд. Ҳам даромади зиёди молӣ ба даст меовардему ҳам обрӯи миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ хеле боло мерафт. Вале чӣ метавон кард, ки:

Кори ҳар буз нест, хирман кӯфтан,

Гови нар мебояду марди кӯҳан.

Агар мо тоҷикон тақлиди ноҷо ба дигарон кунем, ҳеч гоҳ ба кӯйи мурод нахоҳем расид. Дигарон бояд ба мо тоҷикон тақлид бикунанд, аз мо биомӯзанд, зеро мо соҳиби фарҳангу тамаддуни бостонӣ ва ғанӣ ҳастем.

Наврӯз САТТОРОВ, донишҷӯйи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97