Китобхонаи миллӣ ва хонандаи сарсон

biblioteka

Ё китобхонаи «Фирдавсӣ» бо низоми «раводид»

Банда донишҷӯйи соли 3-юми Донишгоҳи Славянии Русияву Тоҷикистон ҳастам. То замони бархӯрд бо мушкил ман барои дарсҳои амалӣ дар китобхонаи донишгоҳамон омодагӣ мегирифтам.

 

Рӯзе дар дарс устодамон супориши корҳои амалиро барои дарси оянда ба мо дода гуфт: "Китобҳоро оид ба ин мавзӯҳо метавонед аз китобхонаи Фирдавсӣ дарёфт намоед".

Субҳи рӯзи дигар, тақрибан соатҳои 11 бо умеди иҷрои кори амалӣ, роҳ сӯи китобхонаи Фирдавсӣ гирифтам. Дафтарчаи имтиҳонотии худро ҳам бо худ гирифтам. Ҳангоми ворид шудан дар ин даргоҳ, дар қабулгоҳ, се бону мизоҷонро қабул мекарданд. Азм кардам, ки бо яке аз он бонувон, ки ба сол нисбат ба дуи дигар бузургтар менамуд ва ба назарам ботаҷрибатар бояд мебуд, сӯҳбат кунам. Ба ӯ "салом" дода гуфтам, ки мехоҳам вориди китобхона шавам. Гуфт, ки шиносномаатонро пешниҳод кунед, ман шуморо узви китобхона мекунам.

Гуфтам, ки мутаассифона шиноснома надораму бо худ дафтарчаи имтиҳонотамро овардаам. Аммо дар ҷавоби ман гуфт, ки ғайр аз шиноснома чизеро қабул нахоҳам кард. Тақрибан 10-12 сония хомӯш истода боз гуфтам, агар ягон роҳи дигар бошад, пас бигӯед, чунки ман шиносномаи худро дар деҳаамон фаромӯш кардаам.

Баргашту мисле ки ман ношунаво бошам, бо садои баланд гуфт: "Бе ғайр ай паспорт, ягон чи намешава, и приказ ай боло омадагияй!!!"

Ростӣ, аз суханони «баланди» як коргари даргоҳи фарҳанг хеле нороҳат шуда, ба ӯ гуфтам, ки "баланд ҳарф назанед, чунки ман кар нестам". Дар ҷавоб ӯ гуфт: "Не кар маюм, барои ҳавай баланд гав мезанум". Ин ҷо буд, ки хашмгин шуда, баргашта ба ӯ гуфтам: "Наход, ки роҳбари китобхонаи Миллӣ чунин одамонеро дар қабулгоҳ мегиранд, ки онҳо каранд?!"

Воқеан аз он гуфтаҳои худ, ки дар сари қаҳр баён кардам, то ҳол мешармам. Аммо оё он бонуи кордор аз бархӯрди нодурусти худ дар сари иҷрои вазифа, он ҳам дар даргоҳе муқаддас ҳамчун китобхонаи Миллӣ намешармида бошад?!

Аммо аз ин ҳам бигзарем, магар роҳи осон ё содатари ҷалб кардани хонанда ба китобхона вуҷуд надорад? Магар шарт аст, ки мисоли қуюди шабгардӣ шиноснома дар даст ба суроғи китоб бояд биравем? Агар ҳам зарурати доштани шиноснома вуҷуд дорад, оё ноумед бозпас фиристодани хонандаи ноилоҷ теъдоди хонандагони ин даргоҳро коҳиш намедиҳад?

Шахсан аз роҳбарони китобхонаҳо эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки дар ҳолати набудани шиноснома донишҷӯёнро бо ҳуҷҷатҳои донишҷӯиашон узви китобхона кунанд. Бархӯрди корманди қабулгоҳи китобхонаи Миллӣ боз мани донишҷӯро ба як зина поён кард. Аммо ман танҳо нафаре набудам, ки бидуни шиноснома он ҷо ҳузур доштам. Балки чандин нафари дигар ҳам рӯҳафтода аз ин даргоҳ бозпас мегаштанд. Бо ақидаи ман дар замони ҳозир кам донишҷӯ баҳри илмомӯзӣ сӯи китобхона меравад. Аз ин рӯ ӯро бо тарзи намуна бояд қабул кард.

Дар ҳоле ки донишҷӯёро гунаҳкор мекунанд, ки онҳо кам ба китобхонаҳо мераванд. Ин гила ҳам бар ҷост, лекин гумон мекунам, ки роҳбарони китобхонаҳо тартиби узв шудан ба китобхонаҳоро бояд осон кунанд. Яъне ба ғайр аз шиноснома бо билети донишҷӯӣ ва бо дафтарчаи имтиҳонот, ки он ҳам ҳуҷҷат маҳсуб меёбад, донишҷӯёнро аъзо қабул кунанд. Шояд бо ин усул сафи донишҷӯён барои узв шудан ба китобхонаҳо зиёд шавад.

Зарифи ЗАФАРдонишҷӯи сарсон

P.S. Номаи бародари донишҷӯ Зафарро гирифтему ҳамин гуна бархӯрд бо ҳамкоронамон дар тобистони имсол дар китобхонаи Лоҳутӣ бар ёд омад. Айнан ҳамин гуна бархӯрд, вале ба фарқ аз ин китобхона дар китобхонаи Лоҳутӣ ҳатман шиносномаатро "гарав" бояд гузорӣ. Ҳарчанд дар бораи ҳуҷҷати муҳим будани шиноснома ба зани китобдор мефаҳмондем, ҳеч қабул надошт. Иддаъо дошт, ки китобҳо зиёд гум шудаанд ва гузоштани шиноснома ҳатмист, ҳеч ҳуҷҷати дигар ба дард намехӯрад. Пешниҳоди супурдани гаравпулӣ ба ҷойи чанд китоби даркориро ҳам кардем, суд накард. Ноилоҷ шиносномаро ба гарав гузоштему чанд китобро барои хондан гирифтем. Аммо чун шиноснома зуд-зуд ба кор меояд, дигар барои китоб гирифтан беҳтар донистем китобхонаи Лоҳутиро ба боди фаромӯшӣ бисупорем.

Аз ин рӯ ба андешаи инҷониб беҳтар мебуд, ки зани кордори китобхона бархӯрди муадабонатаре бо донишҷӯ мекард ва чун бори аввал буд, ки ин донишҷӯ ӯро муроҷиат кардааст, роҳнамоӣ мекард ва барои навбати дигар аз ӯ дархости ҳатмии шиносномаро мекард.

Ба ҳар сурат шояд масъулони китобхонаҳо аз ноилоҷӣ барои ҳифзи китобҳои нодир аз ин усули шадид кор мегиранд. Бо ин усул шояд битавон китобҳоро ҳифз кард, аммо табъи хонандаи бе ин ҳам ангуштшуморро бояд ба эътибор гирифт. Аз ин рӯ шояд ин роҳи ягона ва намунавии ҳифзи китобҳо ва ҳам хонанда набошад, беҳтар аст, ки ин даргоҳҳо ба тарзи нави коргузорӣ бигузаранд ва аз усулҳои мудерн ва содатаре кор бигиранд. Бе ин ҳам кишвари мо кишвари серхонанда нест. Не?!

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97