Ҷавонон чаро масҷид мераванд, театр не?

Чун бо падарам дар мавзӯъи театру кино сӯҳбат кардем, ӯ даврони ҷавониашро ба хотир оварда гуфт: "Ҳар гоҳе мо ба тамошои филм ё намоиши театрӣ мерафтем, агар филм дар соати 10 сар мешуд, баъди баромадан аз кинотеатр боз назар сӯйи эълонҳо мекардем, ки ҳамин филм кай дубора ба намоиш гузошта мешавад, то дубора низ онро тамошо бикунем ва ҳатто соати саршавии маротибаи сеюми филмро низ муайян мекардем.

Ана агар ҳамин нуктаро аз мардуми даврони Шӯравӣ пурсон шавӣ, қариб ҳама якранг посух медиҳанд ва он чиро мегӯянд, ки айни ҳол дар боло хондӣ. Дар он замон мардум ҳама ташнаи театру синамо буданд. Ҷавонон, донишҷӯён, шогирдони макотиб, хулоса қариб ҳама пас аз   машғулиятҳои дарсиву кор ва ташвишҳои рӯзгор, инчунин дар лаҳзаҳои бекориву фароғат рӯ меоварданд сӯи театру кино ва он рӯзҳоро барои худ фаромӯшнашаванда арзёбӣ мекарданд". Он вақт ҷавонон камтар ба масҷид мерафтанд, ё умуман намерафтанд, ба қавле Худо фаромӯш буду ҳама банди тамошои кинову театр буданд. Имрӯз ҳама рафтан ба театрро қариб фаромӯш кардаанд.

"МАН, КИ МЕХОҲАМ БА ХОНАИ ХУДО БИРАМ"…

Аммо аз масҷидравии ҷавонон имрӯз бархе бонги изтироб мезананд, ки аксари ҷавонони тоҷик муллобачаву масҷидраву намозхон шудаанд. Дар рӯзҳои ҷумъа масоҷиди пойтахт лабрези ҷавонон аст. Ман намедонам, шояд ин хуб аст, ки ҷавонони мо Худошинос шудаву тоату ибодат ва қарзи бандагии хешро ба ҷой меоваранд, вале… Вале чаро ҷавонон аз рафтан ба тамошои намоишҳои театрӣ худдорӣ мекунанд. Чаро дирӯз аксари ҷавонон рафтан ба тамошои кинову театру маконҳои фарҳангу фароғатро авло медонисту имрӯз дар ниҳоди ҳамсолони мо он ҳама завқу шӯру шавқ мурдааст? Чаро ҳамеша вақте мо як роҳро интихоб мекунем, роҳҳои дигарро ба рӯйи худ мебандем? Қаблан масҷидро дар бубастем (албатта ба зӯрӣ), алъон дари театру синаморо (ғайриихтиёр) бар рӯйи худ барбастаем? Иллати ин ҳама чист? Суолест матраҳ, ки ба он бояд зеҳнҳои ҷомеа посух бигӯянд?

"АГАР МАЙХОНА НАРАМ, КУҶО БИРАМ…"

Мардуми кулли кишварҳои ҷаҳон театрро саҳнаи зиндагӣ шумурда, аз тамошои намоишномаҳо барои худ донишу маърифат бармедоранд. Онҳо театрро ҷои муқаддас медонанд ва барои рафтан ба он ҷо ҳеҷ монеае сади роҳи онҳо шуда наметавонад. Театр барояшон макони тафреҳу ахлоқу андеша аст ва дар он саҳнаҳое, ки намоиш медиҳанд, маънии зиндагии худро меҷӯянд ё дармеёбанд. Вале дар шароити феълӣ мардуми мо, аз ҷумла ҷавонон ба тамошои намоишҳои театрӣ чандон завқманд нестанд. Агар ба онҳо ройгон ҳам билет бидиҳанд, ба театр намераванд, донишҷӯёнро аз дарсҳо иҷборан билет фурӯхта ба кино равона мекунанд, вале ҳавсалаи онҷо рафтанро надоранд, намехоҳанд. Банда борҳо ба тамошои намоишҳои театрӣ рафтаам ва шоҳиди он гаштаам, ки толори театр ягон бор пур аз тамошогар ба назар намерасад. Ба ғайр аз худи ҳунармандон ва чанд тани дигар аз доираи мардуми аҳли хирад ва баъзе аз ҷавонони ташнаи театр дигар касеро намебинӣ ва толори театрҳо ҳамеша холӣ аст. Аз сӯи дигар маълум нест, ки ҷавонон бештари вақти худро бо кадом машғулият сипарӣ мекунанд ва чаро хоҳишманди рафтан ба театру синамо нестанд ва дар ҳамин бора ҳам сӯҳбате доштем бо чанд тан аз ҷавонон: Абдунасими Раҷаб, донишҷӯйи курси 4-уми факултаи журналистика дар ин бора гуфт: "Ман дар тӯли 20 соли умри хеш ду маротиба ба театр рафтаам. Сабаби нарафтани ҳамсолонамро ба театр дар он мебинам, ки имрӯзҳо дар театрҳо намоишҳои ҷолиб ба саҳна гузошта намешавад. Инчунин ҷавонони имрӯза шояд барои тамошои як намоиш ва ё як саҳна шавқу завқ надоранд. Аммо ба кинотеатр ягон маротиба нарафтаам, чунки ҳар филмеро тамошо кардан хоҳам "диск" харида, тамошо мекунам ва рӯзҳои истироҳатамро ба хондани китобҳои бадеиву илмӣ мегузаронам."

МЕХОҲАМ КИНО РАВАМ, АММО АЗ ҲАМСОЯ МЕТАРСАМ

Моҳира Сафарова, донишҷӯи дигари ДМТ мегӯяд: "Ба фикри ман баъди солҳои зиёд, ки дар кишвар нобасомонӣ буду мардум гирифтори мушкилоти иҷтимоъӣ буданд, ба театр рафтанро то ҷое фаромӯш кардаву ба ин чиз одат кардаанд. Ростӣ, барои ман ҳам ба театр ва ҳам ба кино рафтан писанд аст, лекин имкон намешавад, ки ҳар рӯз он ҷо равам. Аз сабаби он ки ҳам кор мекунаму ҳам дарс мехонам, вақтам намерасад, ки дар ҳамаи намоишномаҳо иштирок кунам. Рӯзҳои истироҳат имкон камтар аст, чунки ба ноҳия назди волидайн меравам ё ин ҷо ба тамиз кардани манзили зистам машғул мешавам. Баъд як чизи дигар, ки бисёриҳо киноро ҷои махсуси вохӯриву мулоқотҳои ошиқона маънидод мекунанд, иддае ҷавондухтарон аз рафтан ба кинотеатрҳо ҳарос мекунанд, яъне аз тӯҳмати беасос ва гумонҳои бади ҳамсоя ва наздикон метарсанд."

Дар театр нишастан ба кас ҳаловати маънавӣ мебахшад ва мардум аз як намоиш ба худ ҳолати рӯҳафзоеро пайдо мекунанд. Аммо намедонам чаро таваҷҷӯҳи ҷавонони мо нисбат ба театр ба кино бештар аст. Дар ҳоле ки филмҳоро тавассути дискҳо, (агарчӣ дар саҳнаи калон тамошои он ҳаловате дигар дорад) тамошо кардан мумкин аст, вале намоишҳои театрро наметавон тавассути ДВД тамошо кард.

КӢ ФИЛМҲОИ ФАҲШРО МЕХОҲАД; МАРДУМ Ё…

Мо низ барои бештар иттилоъ пайдо кардан дар бораи он ки чи гуна филмҳоро кинотеатрҳо пешкаши мардум мекунанд, сӯи Кохи Ҷомӣ равон шудем. Аз касе чизе пурсон нашуда, танҳо рӯйхати филмҳоро аз назар гузарондем ва аз эълонҳое, ки он ҷо овезон буд, маълум шуд, ки теъдоди бештари филмҳо хориҷӣ будаанд, ба хусус филмҳои амрикоӣ. Инчунин дақиқ кардан мумкин аст, ки дар ҳақиқат мардуми мо дӯстдори филмҳои хориҷие мебошанд, ки фаҳшу беҳаёиро намоиш медиҳанд, ки ин хоси минталитети мардуми тоҷик нест ва албатта масъулини кинотетрҳо низ талаботи онҳоро ба назар гирифта, чунин филмҳоро ба намоиш мегузоранд. Агар филмҳои тоҷикӣ ҳам нишон доданӣ шаванд, тамошогарон камтар мераванд. Ба гуфтаи баъзе соҳибназарон, агар ба театр ё филмҳои истеҳсоли худӣ ҷавонон таваҷҷуҳ надошта бошанд, маънияш ин аст, ки аҳли эҷод чизе барои ҷалби онҳо надорад ё насохтааст. Ортиқи Қодир, ҳунарпешаи маъруфи тоҷик дар сӯҳбат ба мо гуфт, ки мардуми ҷаҳони мутамаддин ҳаёташонро бе театр тассавур карда наметавонанд. Театр барои онҳо макони муқаддас, оинаи ҳаёт ва мактаби донишу маърифат аст. Имрӯз шаҳрҳои Маскаву Санкт-Петербург, Одесса ва амсоли инҳо шаҳрҳои театрианд ва барои мардуми ин шаҳрҳо театр дарси зиндагӣ маҳсуб меёбад. Мавсуф зикр намуд, ки имрӯз дар муҳити Тоҷикистон, хусусан дар шаҳри Душанбе фазои театрӣ қариб, ки нест, завқи мардум ва ҷавонони мо бештар ба чизҳои пасти кӯчагӣ, ба ҳунарҳои сабуки эстрадӣ бештар аст.

"АРАБШО", "ҒАРИБШО" ВА ВОЙ АЗ НАСЛИ ФАРДО

Ба гуфтаи Ортиқи Қодир, имрӯз гурӯҳҳое ҳастанд бо номи "Хандинкамон", "Ғарибшо" ва инҳо бачаҳои боистеъдод ҳам ҳастанд, аммо барномаҳои ҳу¬нарии онҳо барои як лаҳза ва барои хандондан аст. Ӯ мегӯяд: "Дар барномаҳои эшон масъалаи ҳикмату тарбия хеле заиф аст. Баъзе аз мардуми мо ана ҳамин чизҳои сатҳи кӯчагиро театр пиндоштаанд ва ҳар гоҳ ки як идда ҷавонони моро иҷборан ба театр меоранд, онҳо дар намоишномаҳои фоҷиавӣ ханда меҷӯянд, ба ҳунарпешагон луқмапартоӣ мекунанд, чунки онҳо бо ҳамон чизҳои кӯчагӣ ба мисли гапфурӯшиҳои гурӯҳи "Арабшо", ки дар ҳаҷви онҳо бештар таҳқир аст ва ба ном намоишҳояшон маъниҳои қа¬беҳ дорад, то ҷое одат кардаанд ва дар ҳамин рӯҳия тарбия шуда истодаанд, ки ин бисёр хатарбор аст, зеро агар кор ҳамин гуна идома ёбад, мо баъди 15- 20 сол наслеро мебинем, ки завқу дарку тафаккураш мурдаву ахлоқаш костааст. Худо аз ин офат миллати шарифу китобдӯсту фарҳангсипоси моро нигаҳ дорад! Ман фикр мекунам, як иллат ва доғи ҷомеаи мо ин аст, ки имрӯз мактабу маориф дар сатҳи хеле паст қарор дорад ва Гитлер ҳам гуфтааст, ки "ҳар миллатеро нобуд кардан хоҳӣ, аввал маорифашро бӯғӣ бикун."

МАРДУМРО ЗӮРАН БА ТЕАТР НАОРЕД!

Имрӯз мо медонем, ки таъсири мактаб дар роҳи тарбияи атфол коста шуда, таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ дар ҳаққи муаллим ба қадри кофӣ нест. Он таваҷҷуҳи хосае, ки дар даврони пешин буд, имрӯз аз байн рафта, қадру манзалати муаллим - тарбиятгари наслҳову замонҳо паст шудааст. Ва як чизро бояд гуфт, ки ҳамаро ба театр ҷалб кардан ва ба зӯрӣ бурдан нашояд, зеро театр барои табақаи хосон аст, барои мардуми тарбиятдида ва аҳли адабу хирад аст. Ортиқи Қодир бо таассуф мегӯяд: «Театр барои ҳама нест, аз ҷумла барои он мардуме, ки тарбиянадидаанд, ба хусус барои иддае аз ҷавонон, ки онҳоро зӯракӣ ба тамошои намоишҳои театрӣ меоранд ва дар саҳнаи муқаддаси театр онҳо аз хираду маъонӣ фарсахҳо дур ба ҷойи ором нишастану гӯш кардану лаззат бурдан, беадабӣ мекунанд. Завқи ҷавонон ба он сатҳе нест, ки худ талош бикунанд ва биёянд ба театр, аз ин рӯ ба театр мардумро иҷборан меоранд, вақте мардумро иҷборан ба театр меоранд, маълум аст, ки ӯ барои тамошо ва қабулу дарки намоиш омода нест, завқаш комил нест, барои ҳамин дар вақти намоиш агар фоҷиа ҳам бошад, он бехабар механдад ва ба рафти намоиш халал мерасонад. Ҳарчанд борҳо ҳам таъкид мекунем, ки театр чизи зинда аст, он тасвир нест, синамо нест, лекин меоянду бисёр халал мерасонанд, ки боиси нороҳатии мо ҳунармандон ва паст шудани сифати намоишнома мегардад. Тамошогар ҳам як рукни намоишнома ҳаст, бояд ба ҳамон фазову муҳит дохил шавад. Агар як рукни театр вайрон бошад, намоиш комил намешавад».

ЧОРА ЧИСТ? РОҲ КУҶОСТ?

-Театр як манбаъ ва макони ахлоқ аст ва ҷавонони мо ин нуқтаро ҳанӯз дарк накардаанд, аз ин рӯ ба тамошои намоишҳои театрӣ завқ надоранд, зеро чуноне гуфтем, театр ҷойи аҳли завқу дарк аст, на ҷойи бебасару бехабарон. Ҳар як намоиши театрӣ як китоб аст ва фикр мекунам аз баъзе амри маъруф таъсираш қавитар бояд бошад, чунки театр чизи зинда аст. Агар синамои мо тасвир бошад, театр ин намоиши зинда аст, ки худи тамошогар бе ихтиёр ба он муҳит ва фазо ворид мешавад ва як ҷузъи ҳамон намоиш қарор мегирад. Иллати асосии холӣ будани толорҳои театр ин паст будани завқи мардум, нокомил будани вазъи таълиму тарбия дар кишвар аст. Имрӯз кишвари мо ба бӯҳрони ахлоқӣ гирифтор аст ва барои мо имрӯз ислоҳоти густурдаи фарҳангӣ зарур аст, то тавонем мардумро аз ин бӯҳрон берун кашем,- гуфт дар анҷоми сӯҳбаташ Ортиқи Қодир.

Ба эътиқоди иддае аз соҳибназарон дар кишвари мо пас аз касби истиқлол дар соли 1992 алоқамандони ҳунари театрӣ батадриҷ коҳиш ёфтаанд, ҳарчанд дар ин муддат ҳеҷ яке аз театрҳои пойтахт фаъолияти худро муттавақиф накардаанд. Ва бояд гуфт, ки дар замони Шӯравӣ мардум бештар озими театр мешуданд ва театрҳои кишвар дар он замон аз маҳбубияти бештари ҷавонон бархӯрдор буд. Аммо имрӯз театр тамоман тамошогар надорад.

Аммо чора чист, ки мардум дубора рӯ ба театр биоваранд? Шумо чӣ мегӯед?

 

Ниҳонӣ ҚАДАМОВА

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97