АРЗИШҲОИ ДАВРОНИ ҶАВОНИИ ШУМО КАДОМҲОЯНД?

Муҳаммад ФАРМОНЗОДА, донишҷӯйи соҳибкор, 23-сола

Бо истифода аз ин фурсати муносиб ҳамаи ҷавонони кишварро бо ин рӯзи некашон табрик мегӯям! Айёми ҷавонӣ ҳасостарин, арзишмандтарин ва муҳимтарин давраҳои зиндагист. Барои дарк кардани ин лаҳзаҳои тиллоӣ инсон бояд жарфтар фикр бикунад, то ба умқи ин айём бирасад. Рушду пешрафт, камбудиву ноқисии зиндагии ҳар фард ин аз чи гуна сипарӣ кардани айёми ҷавонист. Агар инсони худшиносу Худошинос давраи муҳими ҳаёташро огоҳона гузаронад, бидуни шак аз муваффақтарин фард дар ҷомеа хоҳад буд.

Дар ин лаҳзаҳои нотакрор бештар сари дарёфти улуми нофеъ бояд фикр кард, зеро доштани илм барои шинохти дурусти арзишҳои миллию динӣ кумак хоҳад кард. Ҷавоне, ки дар ин айём ин шинохтро дорад, пас бо итминон метавонам ҳадс бизанам, ки фардест дорои дидгоҳи ҷадид. Арзишҳои даврони ҷавонии ман, ин гирифтани таҳсилоти дуюм дар самти дипломатист, зеро ҳар фард новобаста аз ихтисосаш бояд ин улумро донад, зеро барои хидмат ба миллат доштани ин фарҳанг муҳим аст.

Ҳамчун як нафар ҷавон-шаҳрванди Тоҷикистон маро хеле нигарон кардааст, ки қисми аъзами ҷавонону наврасон аз пай омӯзишу тахассус нашуда, ба корҳои ношоиста даст мезананд, ки падидаи нохуберо думбол дорад. Барои бедор кардани ин қишри муҳими ҷомеа бояд Ҳукумати Тоҷикистон барномаҳоеро рӯйи даст бигирад, то ҷавонони миллат дар оянда парчамбардори илми тоҷик гарданд, варна бо ин муносибату равише, ки алъон дида мешавад дар гумон аст, то ин миллат фарзандони ҷонфидоро ба даст биорад. Аммо саволи матраҳ ва аслӣ низ ин аст, ки то куҷо ҷомаеи мо барои бароварда кардани ниёзҳои насли ҷавон ва худи ман шароит фароҳам кардааст. Агар ҷавони амрикоӣ фикри дигаре дорад, ҷавони тоҷик ин фикрро надорад. Аксари ҷавонони моро як фикр азоб медиҳад, дипломро гирифта чӣ тавр зиндагӣ кардан. Яъне Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳоест, ки дар он бо маош танҳо 10 рӯз зиндагӣ кардан мумкин аст. Аммо мо умеди саотмандии миллатро дорем. Орзуву ормони ман ин расидани ҷавонони миллат ба истиқлоли фикрист!!! Расидан ба истиқлоли фикрии миллати шарифи тоҷик бояд ҳадафи ҳар як фарзанди Тоҷикистон бошад!

Фирдавси АЪЗАМ, пажӯҳишгар, 25-сола

Чун инсон пой ба олами ҳастӣ мегузорад, давраҳои мухталиферо паси сар мекунад, ки даврони ҷавони яке аз пурнишоттарини онҳост. Ба андешаи ман доштани андешаи тозаву созанда ва андешаи муҳим будан барои ҷомеа, фаъол будан дар ҳама гуна ҳаводиси ҷомеа, чун неруи мутаҳҳарик дар канори ҷомеа будан, яке аз арзишҳои ин даврон ва аз вижагиҳои ҳар як ҷавон аст. Сармоя ва арзиши аслии ҳар як ҷавон ва худи ман бояд ақлу ҳисси масьулиятшиносӣ, тавону қудрат ва имконоти пешомада бошад. Ақл бояд контрол шавад ва нагузорем, ки то дигарон фикру ақлу андешаи созандаи моро олуда кунанд. Чун агар мо ин контролро дошта бошем, фикр мекунам беҳтарин ва саҳеҳтарин роҳе хоҳад буд дар корбурди ин даврон. Ва бояд мутазаккир шуд, ки табиати инсонӣ дар даврони ҷавонӣ аз қобилият ва қудрати бештару беҳтаре бархурдор аст, ки дар сурати корбурди чунин арзишҳо ва вижагиҳо метавон ин давронро ба таври махсусе сипарӣ намуд.

Ҷавонон дорои шӯру нишоти вижае ҳастанд ва ҳамвора мекӯшанд то дар иҷтимоъ тозаву нав ҳузур ёбанд. Банда низ дар ин даврони сабзшуданҳову барпохестанҳо чун соири ҷавонон бештар сари он чизҳое андеша мекунам, ки барои ҷомеаи замони худ дархӯр буда, саҳим бошам ва тавонам таҳаввулоте ақалан дар ягон самтро ба вуҷуд оварам. Албатта ин як чиз, дигар самте, ки ман рӯйи он кор мекунам, ин аст ки аввалан ҷойгоҳи вижаи худро дар ҷомеа соҳиб бошам ва дар ватани хеш соҳиби кору пешаи хуб бошам. Ҳарчанд медонам, ки имрӯз аксар ҷавонони мо ҷавонии худро дар муҳоҷират пешвоз мегиранд ва дар ҷустуҷӯи кор дар хориҷ ҳастанд, аммо ман мекӯшам ва мехоҳам то Русия ва умуман мафҳуми "кор дар хориҷ"-ро дар ватани хеш бунёд кунам. Аммо баъзан эҳсос мекунам, ки чизе маро азият медиҳад ва дармеёбам, ки он адами таваҷҷуҳи худи ин табаъа ба ин даврони шукуфоии умр аст.

Амирҷон НУРОВ, аспиранти ДМТ, 24-сола

Аслан ҷавонони Тоҷикистон қариб ҳар кадом дар сар фикру масъалаҳои гуногун доранд, ва аксари онҳо дар бораи ҳафтаи ҷавонон чизе намедонанд, чун ба ин масъала шинос нестанд. Дар мавриди худ ҳамнро гуфтниам, ки чун ман аз ҷавонӣ масъулиятҳои гуногуни ҷамъиятии марбут ба ҷавононро бар дӯш дошта, аз ин рӯ нисбат ба ҳаёти ҷавонони кишвар хеле иттилоъ дорам. Арзишҳои даврони ҷавонии ман пеш аз ҳама солим будан ва зистан аст. Чун ин омилҳо заминаи асосӣ барои фаъолияти минбаъада хеле муҳиманд. Дигар арзишҳо дар даври ҷавонӣ барои ман ин ҳамчун як нафар фарди ватандӯст ва хидматгор ба миллату ватани хеш пайдо намудани карераи шахсӣ аст. Ва фикр мекунам бисёр ҷавонони хирадманди тоҷик низ ҳамин чизро мехоҳанд. Ва бешак ин як амри табиӣ аст. Ҳамзамон мехоҳам илова кунам, ки чун аспирант ҳастам ва машғули пажӯҳиши илмӣ, аз ин рӯ дар сар фикри онро дорам ки тавонам сари вақт рисолаи илмии хешро ба охир расонида, онро дифоъ намоям. Ҳадафи асосӣ дар дурнамои 2- 3 соли оянда дар ҳаёти ман маҳз ҳаминҳо мебошанд. Дар охир тамоми ҷавонони кишварро бахшида ба Ҳафтаи ҷавонон табрик менамоям.

Давлат САЙИДОВ, муваққатан бекор, 27-сола

Даврае мо хондем давраи ҷанги дохилӣ буд. Арзишҳое мисли хондан, ва одами хуб шудан набуд. Баро ҳамин нахондем, гаштем дискотека ба дискотека ва аз пушти дигар корҳо. Фазои мо фазои хуб набуд. Фикр мекунам, ки насли мо аксарияташ ҳамин гуна хастанд. Мо насли ҷангзадае будем, ки моро нашъаҷалобӣ, нашъакашӣ, ВИЧ/СПИД, муҳоҷират ва таҳқирҳо таҳдид мекарданду мекунанд.Шояд агар мехондем, боз хубтар мешуд, кӣ медонад!?

Акмал ҚАДАМОВ, донишҷӯйи Донишгоҳи шаҳри Ню-Йорк (The City University of New York), 24-сола

Даврони ҷавонӣ аз ҳама айёми серҳаракатию талоши инсон барои ба ҳадаф расидан аст. Муҳимтарин рукни ин давр ин озодии инсон дар тамоми равандҳост. Инсон озодона фикр мекунад ва озодона талош мекунад. Қувва дигар ҳадяе, ки дар ин давр аз ҳама нуктаи баландро касб мекунад ва онро бояд ба кор бурд, ки баъдан он заиф шудан мегирад. Ин қувваро чи дар хониш ва чолиш тавре ба кор бурд то роҳи ба қуллаи мурод расидан кӯтоҳтар гардад. Ватандӯстӣ, меҳнатдӯстӣ ва ободкорӣ аз роҳҳои асосиеанд, ки дар ин давр дар қалби ҷавони мо рушд мекунад, вале на ҳама аз ин роҳҳо роҳгузар мешаванд.

Дар ин даврон дар бораи 5 чизи муҳим фикр мекунанд ва ман ҳам фикр мекунам; Тақвияти касб, оила, сарват, сайёҳати олам ва панҷум чизе, ки чун сир онро наметавонам гуфт.

Барои амалӣ шудани ин ҳадафҳо боз бояд аз он қуввае ба кор бурд, ки дар ин давр дорем. Дар тақвияти касб метавон хизмат ба ватан кард, дар ташкили оила хизмат ба ҷамъият, дар дарёфти сарват беҳбудии шароити оила ва дар сайёҳати олам шояд инсон тавонад кӯмаке ба олам ё инсоният расонад. Албатта ин ҳама орзую ҳадафҳо ҳаст ва он чизе ки дар бораи он фикр мекунем, аммо амалишавии ин боз талоши зиёдро металабад ва инчунин шароити амалишавиро. Ба ҳамаи ҷавонони кишвар қувваи тавоно ва талошро металабам.

Шоҳин САМАДӢ, сухангӯйи сафорати Тоҷикистон дар Русия, 26-сола

Арзишҳои ҷавонӣ иваз мешаванд, аммо арзишҳои зиндагонӣ ивазнашавандаанд. Арзиши умри ман ин фарҳангу адабиёт ва ба воситаи ин ду нигоҳ доштани забони ноби тоҷикист. Умедворам, ки мо ҷавонони тоҷик, ин корро карда метавонем. Бештар бояд ба фикри фоидае овардан ба кишвари азизамон Тоҷикистон ва халқи меҳнаткаши тоҷик бояд бошем.

Ворис, шоир, 47-сола

Ба худ ва ба оянда сахт бовар доштем. Ба "Ватанам СССР, Гулшанам СССР" он қадар содиқ будем, ки танҳо аз гирифтани номаш дар чашмонамон шӯълаи вафодорӣ дар мегирифт. Нишоне, ки акси Ленин дошт бо он, ки ба пеши бар мезадем, рӯҳамонро қавӣ ва ба корамон ҷиддият мебахшид. Моро созандагони коммунизм мегуфтанд ва мо ҳам ба ин бовар доштему худро хушбахтарин ҷавонони дунё меҳисобидем... СССР-ро ягона наҷотбахшандаи башар аз ҷанголи капитализм меҳисобидем. Муаллимон пайваста инро ба мо таблиғ мекарданд. Ҳатто гузаштагони худро, ки то Инқилоби Уктабр зистаанд, золим, хурофотпараст, чиркин, баднафс... ба мо муаррифӣ мекарданд. Мо дӯстдорони Дохундаву Ятимҳое будем, ки нависандагони пролетарӣ бо ҳарорат дар бораашон менавиштанд. Мо сарват намехостем, сарвати мо "ғояҳои бузурги партия ва комсомол" буд. Моро бовар мекунониданд, ки рӯзе кулли миллатҳои СССР бо забонашон аз байн мераванд, мо ба шумори халқи "Бузурги Рус" медароем. Дорои забони ягона ва миллати ягона мешавем.

Бузургтарин фарзанди башар бароямон Ленин маҳсуб мешуд. Муаллими таърихамон мегуфт, ки Ленин дар ҳаёташ боре ҳам хато накардааст. Мо қарсак мезадем. Муаллим аз хушбахтӣ моро навозиш мекард, офарин мегуфт. Ман, ки дар оилаи рӯҳонӣ зиндагӣ мекардам боре ба муаллим гуфтам: падарам мегӯянд, ки бузургтарин марди таърих Муҳаммад (с) аст. Чеҳраи муаллим тағйир ёфт, ба ғазаб омад. Маро назди тахтаи синф баровард. Ба сарам дод зад: падари туя нони Ҳукумати Советӣ мезанад...

Мо воқеан ба СССР содиқ будем. Ҷонамонро барои он дареғ намедоштем. Ҳатто ба пахтачинӣ мисли аскарҳо саф ороста, сурудхонон мерафтем:

Пахта-пахта ҷон пахта,

Рӯида чун гулдаста...

Шаъну шарафи мо КПСС буд. Мо гӯё барои ҳифзи ҳамин шаъну шараф зода будем.

Бикамоҳ ЗОҲИДОВА, чорӯбзан, 53 - сола

Дар вақташ шароити хондан буд, нахондем, акнун 20 сол аст, ки рӯбандагӣ мекунам. Аз ин рӯ, духтаронамро ҳамеша таъкид мекунам, ки хонанд то мисли ман аз ҷорӯбзанӣ халос шаванд. Дар даврони мо чодардӯзӣ буд, фикри ба ҷавони бехтарини аскарирафта расидан буд, туй буд, байтбарак буд. Боз чӣ бигӯям дилам гум мезанад барои он даврон, даврони мо сад бор беҳтар буд, дар колхоз кор мекардем, маош мегирифтем барои худамон ҳам мерасид барои падару модарамон ҳам.

Шамъуни НАЗАРЗОД, донишҷӯйиДонишгоҳи Ал-Аҳзари Миср, 38-сола

Ҳадафҳои ҷавонии ман ҳамин буд, ки баъди адои хизмати ҳарбӣ дар артиши Русия ба донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ дохил шавам ва шудам. Аммо ҷанги дохилӣ ҳадафҳои моро ноком кард. Ба мушкилоти зиёде дучор шудем. Замони хонандаи мактаби миёна будан, орзу доштам, ки мисли муаллимонам Эраҷ Ширинов ва Диловар Сафаров паҳлавони номдор ва як фарзанди обрӯманди диёр бошам. Ҳарчанд, ки натавонистам ин орзуро комилан амалӣ кунам, аммо ба ҳамааш шукрона мекунем. Ду дафъа ҳоҷӣ шудем, аз ислом баҳравар шудем ва аз тақдири худовандӣ розием.

Муҳиддин КАБИРӢ, раиси ҲНИТ, 44 – сола

Давраи ҷавонии мо давраи пурталош буд ва ба даврае рост омад, ки Иттиҳоди Шӯравӣ аз ҳам мепошид ва кишвари мо вориди як марҳалаи нав, марҳалаи истиқлол мегашт. Ва давраи ҷавонии мо ҳам ба солҳои охири Шӯравӣ рост омад ва ҳам дар солҳои аввали истиқлолият. Мо, воқеан як насли пур аз арзишҳо, ангезаҳо ва талошҳо барои озодӣ, истиқлолият ва худшиносӣ будем. Ман, вақте ки ҷавонони имрӯзаро ба ҷавонони вақти худамон муқоиса мекунам аз замин то осмон фарқ аст. Агарчӣ ҳеч гуфтание алайҳи ҷавонон ва насли имрӯза надорам, вале афсӯс мехӯрам, ки ҷавонони мо ҳама гуна ангезаро дар худ ҳабс кардаанд ва онҳо ҳеч умеде ва талоше баҳри оянда надоранд. Як насли сархаму гаправанд, аз як тараф ин хуб аст, агар аз рӯйи одоб мебуд. Мутаассифона, ин бештар аз рӯйи тарс аст. Ин сархамию гаправӣ ҷанбаи одобаш камтар асту бештар ҷанбаи тарсу умед надоштан ба оянда аст ва ин моро каме нигарон кардааст. Ба ҳар сурат тағйироте дар ҷомеа ҳаст, ба хусус ин чанд соли ахир, ки фикри ҷавононро каме дигар кард ва хусусан интихоботи ахир, ки мо худ шоҳид будем. Ва ҷавонон бо як шӯру шавқ вориди интихобот шуданд, вале боз ҳам афсӯс, ки насли калонсол умеди ҷавононро аз ширкат дар раванд ва ҳаёти сиёсӣ то ҳадде шикаст ва аксаран онҳо аз равандҳои сиёсӣ ноумед шуданд. Ба ҳар сурат мо фарқро байни насли имрӯзаву насли мо, яъне ҷавонони он вақта зиёд мебинем ва ба хусус дар масоили арзишҳо, ки он вақт пул, мол, сарват ва карйера чандон арзише надошт. Мо бештар атрофи андешаҳои озодӣ, ҳуқуқ, худшиносӣ ва истиқлолият баҳс мекардем.

Ҷӯра ЮСУФӢ, рӯзноманигор, 53-сола

Пеш аз ҳама хондан, донистан ва худро нишон дода тавонистан арзишҳои муқаддаси мо буданд. Дар китобхонаи Фирдавсӣ то вақте моро намеронданд, менишастем. Театри Лоҳутӣ муқаддастарин маконе буд, ки ҳафтае 1-2 бор ҳатман ба тамошо мерафтем. Маҳфилҳои устодон Мирзою Боқӣ, Мӯъминшою Лоиқу Бозору Гулрухсорро интизорӣ мекашидем. Аз ин бузургон дарси худшиносиву бедорӣ меомӯхтем. Ва, албатта, ишқу рақсу суруду мусиқӣ ҳам буд ва Аҳмад Зоҳири нотакрор, Ҷӯрабеку Зафару Одина, Тоҷиддину Муқаддасро гӯш мекардем. Аслан, ғаме ҷуз ғами ишқ ва дарде ҷуз дарди миллат надоштем...Ёдаш ба хайр бод ҷавониро, ки ҳанӯз зикри хайраш ҷавон медорад дили моро!

Ҳанифа ХОҶАЕВА, хабарнигор, 25-сола

Баъди хатми мактаб дар бораи дохил шудан ва ҳатман маълумоти олӣ гирифтан фикр мекардам. Дар давоми таҳсил дар Донишгоҳ ҳамеша барои кори хуб ёфтан кӯшиш мекардам ва роҳҳояшро меҷустам. Кори нағз ҳам ёфт шуд. Солҳо паси сар шуданд. Акнун фикр дорам, ки бояд оила барпо кард, оилаи хушбахт. Соҳиби тифлакони дустрӯ шуда ва ба онҳо шароити хондан, зистан фароҳам овард.

Тимур МУҲАББАТОВ, варзишгар, ғолиби ҷойи дуввуми мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбои ҷангӣ, 38-сола

Ба номи худованди раҳмону раҳим. Дар даврони мо ҷавонҳо бештар ба варзиш майл доштанд. Аксарият ба гуштӣ иштиёқи зиёд доштанд ва дар намудҳои гуногуни ин варзиш тамрин мекарданд ва ман ҳам аз ин зумра будам. Ният доштам, ки паҳлавонии худро дар майдонҳои ҷаҳонӣ нишон бидиҳам. Шукри Худо ба ҳар коре, ки майл будааст мешудаст. Дар мусобиқаи ҷаҳонии самбои ҷангӣ ба гирифтани ҷойи дуввум шарафёб шудам ва дар шаҳри Ҷалолободи Қирғизистон ҷоизадори мусобиқаи "Ҷанги бидуни қоида" (Бой без правиле) гардидам. Арзишҳоии он давр аз арзишҳои имрӯза хеле зиёд фарқ мекарданд. Мо серғайраттар будем. Арзишҳои мо номус ва ғурур буд, имрӯз воҳиди муайянкунандаи арзиши ҷавонӣ пул гардидааст.

Раъно БОБОҶОНОВА, мудири кафедраи журналистикаи ДД Хуҷанд, профессор, 39-сола

Шояд аз нигоҳи имрӯза бисёр примитив бошад, вале дар бораи хондан, маълумоти олӣ гирифтан ва ҳуқуқшинос шудан фикр мекардам. Аз нигоҳи ман дар он замон шахси бомаърифат ва мутахассис ҷойгоҳи худро пайдо мекард. Ман дар синфи 8 мехондам ва дар китобхонаи шаҳри Чкалов аъзо шудам, ки ин боиси хурсандӣ буд. Тобистони ҳамон сол 45 китоб хондам ва бо он фахр мекардам ва ба монанди ин комёбиҳо буд. Яъне арзишҳо дастрас буданд. Ҳар кас кӯшиш мекард, ки нисбат ба дигарон дар зоҳир хоксортар бошад, вале дар хондан муваффақ ва соҳибобрӯ мешуд. Масалан, ҳеҷ кадоме аз ҳамсолони ман кӯшиши тез шавҳар кардан надошт ва агар аввалин шуда ба шавҳар медоданд, ин боиси шармдориву муқовимат мегардид, ба касе ки хизмати аскарӣ нарафтааст, издивоҷ намекарданд. Ин арзишҳо моро ҳамеша хуш медоштанд.

Сайфулло САФАРОВ, муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ, 57 – сола

Давраи ҷавонии мо пеш аз ҳама бо саршавии раванди худшиносии миллии тоҷикон пайваста буд. Давраи донишҷӯӣ ва унвонҷӯйи мо асосан барои таҳияи нақшаҳои истиқлолхоҳӣ сарф шудааст, ки дар яке аз китобҳои профессор Шарофиддин Имомов-ҳоло сафири Тоҷикистон дар Афғонистон дар мавзӯи бедории миллӣ таъкид шудааст. Он ҷо номи насли истиқлолхоҳ ва худшиносӣ мо хуб таҳлил шудааст. Ва орзуи мо он чи буд, ки ҳоло дорем. Барои мо минбаъд ҳам таҳкими истиқлолият чун беҳтарин арзиши сиёсӣ боқӣ хоҳад монд. Шояд, аз ҳамин сабаб даъвоҳои бехабарон ва танқидҳои беасоси баъзеҳо, ки раванди муборизаҳои моро надониста мушкилоти онро нодида мегиранд ба мо сахт мерасад. Албатта, мо мехохем, ки бародарон ва фарзандони мо хеле озодманишу озодафикр бошанд, вале вақте ки нисбати давлати миллии худ беэҳтиромӣ мекунанд ва камсаводии хешро нишон медиҳанд, инро мо дастгирӣ намекунем. Мо барнома ё стратегияи худро доштем ҳам дар Пажӯҳишгоҳи фалсафа ва ҳам берун аз он (дар хобгоҳи аспирантҳо дар кӯчаи Нахимов) ва аз рӯйи он амал мекардем. Ин барнома аз идеяҳои зиндагардонӣ ва ба воқеият табдил додани чиҳатҳои зери фишори сиёсиии асрҳо аз байн рафтаи ҳувияти миллии тоҷикон буд.

Ба назарам ҳоло ин раванд дар сиёсати Президенти кишвар хеле хуб инъикос ёфта истодааст. Аз ин рӯ, мо насли хушбахти замон, фарзанди халқи қаҳрамон ва аз паси истиқлолият ва худшиносии миллати хеш равон ҳастем. Ин арзишҳо барои ҷавонони имрӯз ҳам ба назари шахсии ман ҳоло қиммати хешро аз даст надодаанд ва аз рӯҳияи шогирдонам медонам, ки онҳо низ аз пайи ин гуна ғояҳои созанда ҳастанд.


Пурсиши
Аъзамшоҳи ҚӮКАНШОҲ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97