Ҳар вақт ки дар бораи Амрико сухан мегӯем, пеши назар як мамлакати тараққикарда ҳувайдо мешавад. Низом таҳсил дар ин мамлакат хеле хуб ба роҳ монда шудааст. Донишҷӯёни амрикоӣ хеле бошууранд. Онҳо аз даврон мактабӣ хеле кӯшиш мекунанд то ба як ҷодае бирасанд. Низоми таҳсил ба технологияи иттилоотиву иртиботӣ сахт тавъам ҳаст, ки ин аз таҳсил дар Тоҷикистон хеле фарқ мекунад. Масалан, таҳсил дар Донишгоҳ аз рӯйи низоми кредитӣ ба роҳ монда шудааст. Бисёриҳо дар Тоҷикистон ин низоми таҳсилро намефаҳманд. Мо тоҷикон доим мегӯем, ки барои ин низом мо омода нестем ва ин шояд иштибоҳи бузурги мо бошад ва ҳамин гуна ҳам ҳаст. >
Зеро кредитӣ дар ин ҷо самараҳом хуб додааст. Агар Тоҷикистон низоми таҳсилашро аз макотиби миёна то ба олӣ тағйир надиҳад гумон аст, ки пешрафтҳомон назаррас бошанд. Дар Амрико, донишҷӯ метавонад таҳсили 4-соларо дар се сол ба итмом расонад ва дар ин ҷо шарт нест, ки бо либоси расмӣ ба донишгоҳ биоӣ. Донишгоҳи Болл, ки ман дар ин ҷо таҳсил мекунам, яке аз чунин донишгоҳҳоест, ки нуфузи баланд дорад. Донишгоҳи Болл қариб ними масоҳати Душанбешаҳрро дорад. >
Донишҷӯён соат ва дарси худро худашон интихоб мекунад. Яъне донишҷӯён як ҳафта вақт доранд то устодони худро аз наздик бубинанд ва агар писанд наомад, метавонанд устоди дигареро интихоб кунанд.
Ҳар нафаре хориҷие, ки мехоҳад дар ин донишгоҳ таҳсил кунад, пеш аз ҳама аз ӯ имтиҳон мегиранд ва сатҳи забондонии ӯро месанҷанд, ки то кадом андоза инглисиро медонад, пас ӯ ба таҳсил дар Донишгоҳ ҳуқуқ пайдо мекунад. Аз ҳама чизи ҷолиб ин аст, ки дарсҳо дар ҳар бинои донишгоҳ мегузаранд ва ҳеҷ мушоҳида намешавад, ки донишҷӯён дер карда бошанд. Яъне онҳоро аз як бино ба бинои дигар автобусҳои махсус мебаранд.
Ҳар сол зиёда аз чанд ҳазор донишҷӯ ба ин донишгоҳ меоянд то таҳсили худро дар ин ҷо давом бидиҳад. Шӯру шавқи таҳсил то андозаест, ки ҳатто тобистон метавонӣ дарс бихонӣ, яъне курси тобистона низ вуҷуд дорад. Аммо курси тобистона хеле арзиши баланд дорад, қариб чор ҳазор доллар танҳо барои таҳсили тобистона бояд дар ин донишгоҳ пардохт кунӣ.
Муҳимтарин чизе, ки сатҳи дониши донишҷӯёни Амрикоро боло мебардорад ин умеди онҳо баъд аз анҷоми таҳсилашон мебошад. Онҳо медонанд, ки агар дониши хубро фаро гиранд, ҳатман баъди анҷоми таҳсил аз рӯйи дипломашон зиндагӣ кардан метавонанд. Яъне дар Амрико савод эҳтиром карда мешавад ва қадр дорад. Афсӯс, ки шароит ва сатҳи ҷаҳонбиниӣ дар Амрико ба Тоҷикистон муқоисашаванда нест.
Дар ин донишгоҳ 10 нафар донишҷӯ аз Тоҷикистон дар риштаҳои гуногун таҳсил мекунанд, ки 7 нафари онҳо аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошанд. Худи ман дар факултаи журналистика ДМТ таҳсил мекардам. Муҳимтарин нукта ин аст, ки шароити таҳсил дар Амрико хеле мусоид мебошад. Пӯшидани либос ва ё риояти он аслан, барои маъмурини донишгоҳҳои Амрико як чизи хандаовар мебошад. Дар ин ҷо ҳамаи таваҷҷӯҳ ба сатҳ ва сифати таълим равона шудааст, ки мутаассифона дар мо чунин нест. Як қисм донишҷӯён вақте аз Тоҷикистон инҷо меоянд мафтуни Амрико мешаванд. Воқеан, Амрико кишварест, ки касро мафтун мекунад, вале бояд тоҷик дар фикр мафтункунандагии Тоҷикистон бошад. Хеле муҳим аст, агар дар мо масъалаи аввалаиндараҷаи маориф сифат ва сатҳи таълим бошад. Албатта, донишҷӯёни зиёде аз Тоҷикистон дар Донишгоҳҳои дигари Амрико таҳсил мекунанд. Як қисми онҳоро писарони мансабдорону нафарони воломақоми тоҷик ташкил медиҳанд. мусаллам аст, ки агар онҳо дониши хуб бигиранд, оянда баъзе мансабҳои калидии Тоҷикистон дар дасти онҳост. Афсӯс, ки як қисми онҳо ба таҳсил сахт иштиёқманд нестанд. Яъне гуфтан мумкин аст, ки вазирону мансабдорони ояндаи тоҷик дар Амрико таҳсил доранд. Муҳим ин аст, ки онҳо бояд бо дониши хуб ба Тоҷикистон баргарданд, вагарна ҷойгузини мансабдороне мешаванд, ки моро аз мушкил баровардан наметавонанд.
Сафаралӣ Саидшоев, донишҷӯи донишгоҳи Болл,
Амрико, махсус барои "Миллат"