ҶАВОНОН ЧАРО АЗ СИЁСАТ МЕГУРЕЗАНД?

Ба назар чунин мерасад, ки ҷорзании "ҷавонон ояндаи моанд" танҳо рӯи коғазу суханрониҳост. Аммо дар асл, ҳеҷ гуна ғамхориву бовар ба қудрати ҷавонон дар Тоҷикистон дида намешавад. Бо таваҷҷуҳ ба ин нукта метавон ба он иддао кард, ки саҳми ҷавонон дар роҳи ояндасозию бунёдкорӣ ва дар умури давлатию ҳукуматдорӣ хеле бориз аст ва ҳукуматдоронро боястӣ, то ба тарзу шеваи ҷиддӣ ин масъаларо пайгирӣ намоянд. Имрӯз ҷомеаи кишвар ба қудрат ва тавоноии ҷавонони тоҷик дар доман задан ба таҳаввулоти иҷтимоӣ, маъракаҳои сиёсӣ ва умури давлатдорӣ чи гуна менигарад ё баҳо медиҳад?

Аксар коршиносон бар ин боваранд, ки ҷавонони кишвар дорои қудрату потенсиали зиёд ҳастанд, аммо ба назари эшон маҳдудиятҳои сатҳи ҷомеа имкон намедиҳад, ки ҷавони тоҷик рушд кунад, озод бошад. Ба назари рӯшанфикрон сурат гирифтани таҳаввулоту дигаргуниҳо маҳз бо ширкати ҷавонон алоқаманд аст.

Хилватшоҳи Маҳмуд сармуҳаррири ТВ "СМТ" майдонро барои ҷавонон танг мебинад ва рафтани онҳо ба кӯйи ҳиҷратро асоситарин далел унвон мекунад.

-Назари хушбинона дорам, - мегӯяд Хилватшоҳи Маҳмуд, - аммо имкону потенсиал ва бархе аз мушкилоти сиёсӣ имкон намедиҳанд, то ҷавонони тоҷик дар ҳалли масоили мубрами рӯз ва самтгириҳои ҳаёти воқеъии ҷомеъа нақши боризе дошта бошанд. Агар амиқан ба сохтори мақомоти гуногуни давлат назар андозем, дар ҳайати ин тим ҷавонон (синни 22-40) ангуштшуморанд, дар порлумон низ ва дар мақомоти дигар ҳам. Интихоботи ахири порлумониро бубинед, оё ҷавоне баранда шуд? ...Ва ҳоло на ҳар ветеран (собиқадорони 55-66 сола) омода аст, ки курсиро барои нафари тозаинтеллект ва ҷавону боҳуш вогузор кунад. Ба замми ин, тӯли 17-18 соли ахир ин қишри ҷомеа (манзур ҷавонон - Ф.А.) камтар таваҷҷуҳ ба омӯзиши илмҳои дақиқ ва назарияи сиёсату иқтисод доранд, мухоҷиратро асоси зиндагӣ қарор додаанд.

Аммо инҷо коршиноси масоили сиёсӣ. Ҳикматуллоҳи Сайфуллозода бар хилофи назари Хилватшоҳи Маҳмуд иддао мекунад, ки саҳми ҷавонон дар ҳоли ҳозир дар мубрамтарин мавзӯоти рӯз эҳсос мешавад. Ба бовари ӯ, интихоботи порлумонии гузашта нишон додааст, ки қишри ҷавони кишвар дар майдони сиёсат хеле фаъол будаанд:

- Таҷрибаи таърих баёнгари он аст, ки ҳеҷ таҳаввулоти чашмгир дар гӯшаву канори олам бе ширкати ҷавонон сурат нагирифтааст. Албатта, мисоли он ҳам ҳар хел будааст, муташаккил ва ғайримуташаккил. Вале дар умум рух додани таҳавулот дар як ҷомеъа бе ширкати ҷавонон номумкин аст. Банда ба ин назарам, ки иддае аз ҷавонони огоҳ ва дилсӯзи миллат то ҷое рӯйи саҳна матраҳ ҳастанд. Гарчанде дар берун рафти мушкилоти бисёре аз масоил аз ҳамдигар фарқ доранд ва фаҳмашон низ дигаргуна аст, таваҷҷуҳи яке агар фарҳангисозии ҷомеъа бошад, дигаре роҳи наҷотро дар сиёсат мебинад ва дигару дигар.

Воқеан интихоботи гузашта нишон дод, ки фаъолияти ҷавонони огоҳ дар садади шаклгирист, ҳарчанд, ки давраи ибтидоӣ дар самти бедорист ва ҳамакнун ғайриқаноатбахш аст. Агар дар ин ва ё он ҷанбаи интихобот ба ҳар шакле ширкат доштанд ва умеду ноумедиҳоро кашф карданд, муҳим сари мақсади ягона омадан аст. Яъне то интихоботи навбатӣ чӣ бояд кард ва бо кӣ буд, бовар аст, ки ҷавонон дар таҷрубаи интихоботҳои паси сар кардаашон дар оянда тасмими корагар хоҳанд гирифт.

ФИРОРИ ҶАВОНОН АЗ МАҚОМИ РОҲБАРӢ

Ҳангоми сӯҳбат бо бисёре аз ҷавонон маълум гашт, ки гуё аксари ҷавонон аз сиёсат мегурезанд. Аммо хонандаи нуктасанҷ бояд дарк кунад, ки ин каноргириву фирор аз майдони сиёсат нест, балки аз равишу шеваи хосу печидаи раҳбарони сиёсиcт, ки замина ва пояи барномаҳои марбути ҷавононро фароҳам намекунанд ва шояд ҳам мекунанд, аммо ноқис.

Мушкили бузурги таҳдидкунанда ба ҷавонон ин аст, ки онҳо худ намедонанд, ки мушкили аслияшон чист ва роҳи ҳалли он чи гуна аст? Бино ба ақидаи бархе аз коршиносон маърифати сиёсии ҷавононро наметавон баҳои хуб дод, ҳарчанд дар баъзе сӯҳбатҳои алоҳида эҳсос мешавад, ки сатҳи иддае аз ҷавонон то ҷойе таҳаввулот пайдо кардааст. Аммо ин ба назари коршиносон наметавонад баёнгари он бошад, ки тафаккур ва мавзеъгирии ҷавонон боло рафтааст. Онҳо медонанд, ки дар ҷомеаи Тоҷикиситон чӣ таҳаввулоте ва ба истилоҳ чӣ "бозиҳо"-е ҷараён дорад. Мавлонҷон Исмоилов, сокини шаҳри Хуҷанд иддаъо мекунад, ки зиндагии ҷавонон самти дурусте надорад ва мегӯяд, натиҷаҳои беадолатонаи интихобот тавонист муҷиби адами эьтимоди ҷавонон ба ҳукуматдорону Порлумони Тоҷикистон бошад. Ӯ мегӯяд:

- Дуруст аст, ки хеле аз онҳо дорои чунин самт ҳастанд, вале аксарият як дурнамо доранд, яъне таъмини зиндагии аҳлу хонаводаи хеш, на ба сиёсат даст задану на бар кори дигар. Акнун баъди ин интихобот, ки бисёриҳо таҳаввулоти бузургеро интизор буданд, умедвориҳои ҳам ҷавонон ва ҳам калонсолон ба чунин коргузории ҳукумат барҳам хурд. Ҳама медонанд, ки кӣ ғолиби интихобот мешаваду, кӣ соҳиби ҷойи кори хуб мешавад, кӣ ба сафари хориҷа меравад. Албатта, ҳамон фарзандони "крыша" доштагиҳо.

Вокеан, такя накардани дастандаркорони ҳукумати мо ба нируи ҷавонон ҳеҷ гоҳ ба манофеи миллату ҷомеа нахоҳад буд. Албатта он ҳама маъракаҳои сиёсие, ки дар дохилу хориҷи кишвар баргузор мешаванд, ба ҷавонои мо бидуни шак дарси сиёсат меомӯзанд ва кам нестанд шумори он ҷавононе, ки моили ширкат дар майдони сиёсии ҷомеа ҳастанд, лек дастгириҳо ва роҳнамоиву ҳавасмандкуниҳо ба таври андак мушоҳида мешавад. Як далели гурехтан аз сиёсат ин ҳарос аз печидагиҳои сиёсиcт, ки имрӯз ба унвони мисол ҳамин натоиҷи интихоботи гузашта барои аксари онҳо беҳтарин дарс буд, ки дар сӯҳбат бо мо аксар таъкид доштанд. Каюмарси Ато, хабарнигори родиёи "Озодӣ" бар хилофи чунин зовия садо баланд мекунад ва мегӯяд, ки имрӯз ҷавонони кишвар гароиши шадиде ба сиёсат дошта, ба масъалаҳои сарнавиштсози кишвар чун интихобот бетараф нестанд, лекин таваҷҷуҳи хукумат дар ин росто кам андар кам эҳсос мешавад:

- Фикр мекунам, чунин як арзёбӣ, ки кулли ҷавонон худро аз сиёсат дар Тоҷикистон канор мегиранд, сад дар сад дуруст нахоҳад буд. Зеро гурӯҳе аз ҷавонон ҳастанд, ки мехоҳанд вориди сиёсат шаванд ва аз ин тариқ дар Тоҷикистон ба ислоҳот даст зананд. Масалан, интихоботи порлумонӣ як нуктаро барои мо рӯшан кард, ки гурӯҳи ҷавонҳо аз пеши худ ба ҳизби Наҳзати исломӣ омаданд ва пешниҳод карданд, ки дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ барои ин ҳизб кӯмак мекунанд. Ҳамчунин пеш аз ин интихобот гурӯҳи донишҷуён хостори мулоқот бо раҳбари ҲНИТ Муҳиддини Кабирӣ шуданд. Баъдан, фикр мекунам, ҷанги дохилии Тоҷикистон ба истилоҳ "алови чашм"-и аксариятро гирифтааст.

БЕСАВОДӢ -МАРГИ МИЛЛАТ, САДГУЗОРИИ СУНЬӢ-ЗАРБАЕ БА МИЛЛАТ!

Хато намекунем агар бигӯем, ки шумори ҷавонони соҳибмақом ва дорои ҷойгоҳи назаррасе дар вазоратхонаҳову Порлумон ва дастгоҳҳои болоии кишварҳои дигар кам нестанд. Дар Тоҷикистон ин ҳақ бениҳоят маҳдуд аст. Аммо ин ҳама саддгузориҳои сунъӣ то ин муддат ба нафъи кишвар ва миллат набудааст. Имрӯз дар кишварҳои хориҷ садҳо ҷавонони тоҷик таҳсил мекунанд, ки албатта дидгоҳу маърифаташон болотар аст. Агар онҳо бо бинишу назари тоза ва маърифати баланди сиёсии худ омада вориди порлумону вазоратхонаи мо бишаванд, оё метавон ба беҳбудии ҳаёти ҷомеаи ҷавон ва кишвар умед баст? Дар ин маврид Каюмарси Ато хушбин аст:

- Ҳоло дар кишварҳои хориҷи дуру наздик ҳазорҳо ҷавон таҳсил мекунанд, ки биниши муосир доранд ва бо омадани онҳо ва ворид шуданашон ба идораҳову сиёсати Тоҷикистон ин вазъ тағйир хоҳад хӯрд.

Аммо Далери Ғуфрон, як рӯзноманигори ҷавон паҳлӯҳои осебпазириро дар камсаводӣ мебинад. Хилватшоҳи Маҳмуд гум кардани ҳувияти миллӣ ва асолати тоҷикиро асоситарин зарба ба ҷавонон медонад. Абдуқодири Абдукаҳҳор, рӯзноманигори дигар адами таваҷҷуҳ аз сӯйи мақомоти қудратиро муҳимтарин далел барои осебпазирии ҳаёти ҷавонон мехонад.

БА ҶОИ ОХИРНАВИШТ

Бояд аз имрӯз вазирону раисону роҳбарони ояндаи ҷомеаи худро аз дохили ана ҳамин қишр пайдо ва тарбият кард ва бештари сармоягузориҳо, кӯмакҳо ва таваҷҷуҳу эътиборотро бар масоили тарбияти мутахассисони варзида аз шумули ҷавонон равона кард.

Аммо осеб ё худ мушкилоте, ки ҷомеаи ҷавони тоҷикро таҳдид мекунад, ин мушкилоти фарҳангӣ мебошад, чун мебинем, ки имрӯз таҳоҷуми фарҳанги Ғарб лаҳза ба лаҳза ба ҷавонон таҳдид мекунад ва бояд нисбати ин масъала бетараф набуд. Он ҳама талошҳое, ки ҳукумати кишвар барои ҷавонон мекунад, нокифоя ҳаст ва ҳукуматро лозим аст, беҳтарин ва бузургтарин ҳаракотро ба самти ҳалли мушкилоти ҳаматарафаи ҷавонон равона кунад. Ба хусус бунёди марокизи фарҳангии алтернатив дар баробари дискоклубҳову интернет-кафеҳо ва таблиготи густарда барои боло бурдани маънавиёти ҷавонон бо равишҳои мудерн ва пешрафта на аз роҳи насиҳатгӯйии шахшуда ва асримиёнагӣ.


Фирдавси АЪЗАМ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97