"БИҲИШТ ЗЕРИ ҚУДУМИ МОДАРОН АСТ"

Модар вожае бо ҷаҳоне аз маънӣ, ки бо зикру ёд кардани он дар пеши чашм на танҳо симои зане, ки моро зодааст, балки оламе аз меҳру муҳаббат ҷилвагар мешавад. Модар маншаи ҳама гуна меҳру муҳаббатҳост ва муҳаббати Ӯ ба фарзанд фаротар аз ҳама муҳаббатҳо ва меҳри бе назираш болотар аз ҳама меҳрҳост. Модар бузургтарин унвоне дар замин, ки танҳо бархе аз занони саодатманд ба он мушарраф мешаванд. Модар мадраса ва мактабест, ки ояндасозони Ватану миллатро тарбият мекунад ва… Паёмбари Худо (с) каромату бузургии модарро дар аҳодиси зиёде ёд карда, таъкид намудааст, ки: "Биҳишт дар зери қудуми модарон аст".

Ҷаннат, ки ризои мо дар он аст,

Дар зери қудуми модарон аст.

Модар такягоҳ ва тасаллидиҳандаест, ки фарзанд ҳар қадар бузургтар шавад ба меҳрубониҳои Ӯ худро ниёзмандтар мебинад ва ба ҳар мушкиле дар афтад, нахуст вожаҳои "ОЧА"-ву "МОДАР" ба забонаш ҷорӣ мегардад.

АҶАБО

Вақте хоре ба пойи фарзанд мехалад, нахуст аз неши он дили модар ба дард меояд, аммо аз решҳову дардҳои модар фарзанд хабаре надорад. Модар шабҳоро дар сари гаҳвораи фарзанд саҳар мекунад, тамоми умрро дар орзуи хушбахтии фарзанд ба сар мебарад, аммо дар баробари ин ҳама бедорхобиҳову меҳнатҳо подоше ба ҷуз саодати фарзанд намехоҳад. Аҷаб қалби бузурге дорад модар, агар фарзанд ҳаррӯз озораш диҳад, боз сипосу шукри Офаридгор менамояду бахти ҷигарбандашро хоҳон мешавад ва ҳаргиз лаб ба шикояте намекушояд.

МЕҲРИ МОДАР

Ҳеҷ меҳре ба меҳри модар баробар шуда наметавонад. Мегӯянд, модари бечорае аз як чашм маҳрум буд ва ин ҳусни ӯро коста мекард. Модар писаре дошт, ки назди дӯстон аз костагии ҳусни модар хиҷолат мекашид ва мехост ҳамеша дур аз модар зиндагӣ намояд. Вақте писар бузургтар мешавад, тарки Ватан гуфта, дар мулки дигаре оила барпо мекунад ва соҳиби чанд фарзанд ҳам мешавад, вале боре аз модар ёде наменамояд. Баъди чандин солҳо модар ба суроғи писар баромада, ӯро пайдо мекунад, аммо… Аммо писар боз аз модар рӯ мегардонад ва ӯро боиси беқадрии худ мешуморад. Модар боз ба хотири хушҳолии фарзанд худро ба наберагонаш муаррифӣ накарда. ба шаҳри хеш бармегардад. Солҳо мегузарад. Писар барои коре аз зодгоҳи худ гузар мекунаду кунҷковона ба манзили падарӣ меравад, то аз ҳоли модари пираш хабаре гирад. Вале хонаро аз нури модар холӣ меёбад. Ҳамсояҳо ба ӯ мегӯянд, ки модар пеш аз оламро падруд гуфтан, барояш номае гузоштааст. Писар номаро кушода мехонад, ки дар он навишта шуда буд: Писарам, маро бубахш, ки бо кӯрии як чашм умре боиси нороҳатии ту гаштам. Аммо бидон, ки вақте зода шудӣ, аз як чашм маҳрум будӣ ва бо маслиҳати пизишкон ман аз як чашми худ даргузаштам, то ҳар ду дидаи туро равшан бинам…

МОДАРАТ БОЗ МОДАРАТ

Як шаба ранҷе, ки модар кашид,

Бо ду ҷаҳонаш натавон баркашид.

Ривоят мекунанд, ки марде барои зиёрати хонаи Худо аз Хуросон модари худро ба дӯш гирифт(пуштора кард)-у оҳанги Маккаи мукаррама намуд. Чун ба Макка расид, ба Абдуллоҳ ибни Умар(р) рӯбарӯ шуд. Аз ӯ пурсид: эй Абдуллоҳ, оё бо ин хидмати худ (аз Хуросон то Макка пуштора овардани модар) ҳаққи модарамро ба ҷо овардаам. Ибни Умар (р) гуфт: Савганд ба Худо, ҳанӯз ҳаққи як лаҳза дарди ӯро ҳангоми вилодат ба ҷо наовардаӣ.

Дар ҳадиси набавӣ омадааст, ки марде ба назди Паёмбари Худо (с) омада, аз ҳама бештару пештар ба кӣ хидмат карданашро пурсон шуд. Паёмбари Худо(с) низ се маротиба дар посухи ӯ фармуданд: "Ба модарат"! Ва бори чаҳорум гуфтанд: "Ба падарат"! Дар Қуръони карим, ки эҳтироми падару модар пас аз шинохтани Худованд ба ягонагӣ зикр шудааст, боз таваҷҷӯҳи хоссе ба модар карда шуда, аз ранҷҳои ӯ ёд шудааст, аз ҷумла: Ба инсон супориш додем, ба падару модараш -модараш дар ҳоле ки заъфе (ранҷе) болои заъф дошт, ӯро бардошта, ду сол ба ӯ шир дод, ки шукргузори Ман ва падару модарат бош, ки бозгашт ба сӯйи Ман аст".

Бирав беш аз Падар хоҳаш,ки хоҳад,

Туро беш аз падар бечора Модар.

Нигаҳдорӣ кунад нуҳ моҳу нуҳ рӯз,

Туро чун ҷон ба бар бечора Модар.

Аз ин паҳлӯ ба он паҳлӯ нагардад,

Шаб аз бими хатар бечора Модар.

Ба вақти зодани ту марги худро,

Бигирад дар назар бечора Модар.

Аз ҳама аҷибтар он ки Модар ин ҳама ранҷу сахтиҳоро бо чеҳраи кушода пешвоз мегирад ва дар анҷоми онҳо миннате намегузорад ва чун овози тифлаки навзод ба гӯшаш мерасад, тамоми заҳмату азобҳоеро, ки тӯли нуҳ моҳ кашидааст, фаромӯш мекунад.

Аз ин рӯ:

Модар, Ту биҳишти ҷовидонӣ, Модар!

Хуршеди баланди осмонӣ, Модар!

Дар чашми Ту нури зиндагонӣ ҷорист,

Сарчашмаи меҳри бекаронӣ, Модар!


Кароматуллоҳи БАДРИДДИН
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97