Дар ҷануби Тоҷикистон даҳҳо зан, ки ба фақру нодорӣ гирифтор будаанд, аз ҳар порча замини зархез самаранок истифода бурданд ва дар ниҳоят зиндагии худро беҳ сохтанд.
Давлатпочо Атоева, сокини 62-солаи ҷамоати 20 солагии ноҳияи Вахши вилояти Хатлон яке аз занҳои кишоварзи фаъоле дар ноҳия мебошад. Ӯро бо кори кишоварзиаш мешиносанд ва қадр мекунанд. Замини зиёд надорад, танҳо дар 15 ҳисса замини назди ҳавлиаш чаҳор гармхонаи хуб сохтааст, ки ҳамасола помидору бодиринг, қаламфури ширин ва дигар зироатҳое, ки хоси гармхона ҳастанд, парвариш мекунад.
Бояд гуфт, ки ин деҳқонзан солҳои 1994-1995 кишоварзиро шурӯъ кардааст. Беш аз даҳ сол мешавад бо лоиҳаҳои мухталифи USAID, ки кишоварзонро кумак мекунад, робитаи муштарак дорад. Дар соли 2017 аз Лоиҳа оид ба кишоварзӣ ва обёрӣ дар доираи ташаббусӣ “Озуқаворӣ ба хотири оянда” 30 ҳазор тухми ниҳоли помидору бодирингро ройгон дастрас карда, дар гармхонаҳояш парвариш мекунад.
Давлатпочо Атоева соли 1992 дар ҷанги шаҳрвандӣ падари чаҳор фарзандашро аз даст медиҳад. Он замон писари хурдиаш ҳамагӣ як сол умр дошт. Ин фоҷеа зиндагии ӯро ба кулли тағйир дод ва зиндагии ширинаш якбора талху сангин шуд. Маҳз фақру нодорӣ ва набуди ҷойи кор дар деҳа ӯро маҷбур кард, то дар ҳар ваҷаб замини назди ҳавлиаш зироат кишт кунад.
Вай мегӯяд, дар соли 2017 барои лавозимоти гармхонаҳо аз қабили ангишт, тафдон барои алов, доруҳои миниралӣ ва доруҳо бар зидди хашароти зараросон 5 ҳазор сомонӣ харҷ кардааст. Баъди ба фурӯш баровардани ниҳолҳои парваридааш 24 ҳазор сомонӣ фоида ба даст овард. Ӯ ҳар ниҳоли парваридаашро 50 дирамӣ мефурӯшад. Ниҳолҳои имсолаи Давлатпочо Атоева нашъу намои хуб дошта, умед аст, ки фоидаи хуб ба даст меорад.
Хонум Атоева мегӯяд, парвариши ниҳолҳо хеле нозук мебошад, ки на ҳар шахс тавони нигоҳубини онҳоро дорад. “Худи имсол ташкилоти “Тава” ин тухумҳоро ба як деҳқонзани дигар дода буд. Он кас аз уҳдааш набаромад. Сипас ба ман оварда доданд. Барои ин ниҳолҳо порӯи махсус лозим аст, ки ҳамасола онро аз мардуми вилояти Суғд мехаридем. Аммо ҳозир ташкилоти “Обёрӣ ва кишоварзӣ” тарзи омода кардани поруро ба мо омӯзонд. Ягона зане ҳастам дар ноҳия, ки порӯро тайёр мекунам.”
Агар чӣ деҳқонон кори саҳроиро аз моҳи март шурӯъ мекунанд, вале Давлатпочо Атоева алакай як маротиба ниҳолҳои қаламфури ширинро, ки дар гармхона парвариш мекунад, ба фурӯш баровардааст. Соли аввал аст як навъ зироате, ки ҳоло дар Тоҷикистон хеле маъмул ва харидоронаш зиёд аст, шинонда аст. Тавре, ки мегӯяд, арзиши ин навъи зироат аз зироатҳои қаблӣ гаронтар аст.
Ҳеҷ заҳмат бе подош нахоҳад монд. Давлатпочо Атоева соли 2000 барои гирифтани гранти президентӣ бо маблағи 16 ҳазор сомонӣ сарфароз гардид, ки барояш мояи ифтихор аст.
Суҳроб Рустамов, писари калонии Давлатпочо Атоева ду соли ахир аст, ки муҳоҷиратро тарк кардаасту бо модараш деҳқонӣ мекунад. Ӯ кишоварзиро нисбатан хуб медонад, зеро дар хона назди ҳамсару фарзандонаш қарор дорад. “Дар шаҳри бегона кор кардан хеле душвор аст, рӯзе мешавад, ки бе ҷои кор ва бе маош мемонем. Хеле сард аст, саломатиатро аз даст медиҳӣ.”
Ҳоло Давлатпочо Атоева нақша дорад, ки дар зодгоҳаш аз ҳисоби худ як сехи дузандагӣ барои ҷалби духтарони деҳа ба духтани либосҳои миллӣ сохта ба истифода диҳад. То кунун вай аз даромади кори кишоварзиаш ду мошинаи дарздузӣ харидааст.
Тибқи иттилои расмӣ дар вилояти Хатлон беш аз 3 ҳазор зан аз Лоиҳаи амнияти озуқаворӣ то ҳол кӯмаки молӣ ва омӯзишӣ гирифтаанд.
Амонҷон Муҳиддинов, хабарнигори мустақил