Ифтитоҳи намоишгоҳи доимии маҳсулоти Эрон дар Душанбе

Иқтисод 23.11.2018 08:48

Ширкати “Алмос” бо роҳандозии намоишгоҳи доимӣ дар шаҳри Душанбе молҳои тавлиди Эрон дар Тоҷикистонро муаррифӣ ва барои дастрасии онҳо ба тоҷирони тоҷик мусоъидат мекунад.

Алимардон Мақсудов муовини раиси ширкати “Алмос” дар суҳбат бо радиои Озодӣ бо баёни ин ки дар ин намоишгоҳ барои муштариҳо маҳсулоти беш аз 30 ширкати Эронро пешниҳод кардаанд, гуфт, дар оянда нақша дорем, ки маҳсулоти бештар аз Эрон ворид кунем, аммо афсӯс, ки ҳоло ҷои намоишгоҳамон хурд аст.

Вай дар идомаи сӯҳбат афзуд; “Мо як навъ миёнарав байни соҳибкорони тоҷик ва ширкатҳои эронӣ ҳастем. Соҳибкорон аз бозорҳои бузурги Душанбеву минтақаҳои дигари Тоҷикистон ба намоишгоҳ омада, намуди маҳсулоти хостаашонро фармоиш медиҳанд. Мо бо тавлидкунандаи ин маҳсулот дар Эрон дар тамос шуда, қарордод имзо мекунем. Вақте маҳсулот то ба марзи Узбекистону Тоҷикистон расид, соҳибкор маблағи онро пардохт мекунад".

Феҳристи маҳсулоти ширкатҳои эронӣ дар ин намоишгоҳи доимӣ аз пойафзоли кӯдаконаву калонсолон, маҳсулоти ороиши манзилу маводи сохтмонӣ шуруъ шуда, то доруву таҷҳизоти барқиро дар бар мегирад. Маҳсулоти ин ширкатҳо мустақим аз тавлидкунанда вориди бозори Тоҷикистон мешавад.

Харидорон, ки дар гузашта аз молу маҳсулоти тавлидоти корхонаҳои эронӣ зиёд истифода бурдаанд, ба сифату қимати аксари ин молҳо шубҳа надоранд.

Олуфтамоҳ Саидова як сокини шаҳри Душанбе рӯзи панҷшанбе гуфт, “масалан, қошуқу чангакҳои истеҳсоли Эрон хуб аст. Нархаш ҳам дастрас. Дар баробари асбоби рӯзгор боз маҳсулоти ғизоӣ ҳам меоварданд, хуб буд. Арзонтар.”

Феълан дар бозорҳои Тоҷикистон молу маҳсулоти тавлидоти Эрон, хусусан, маводи ғизоӣ хеле кам ба назар мерасад. Дар гузашта маводи ғизоии Эрон дар таъмини сокинони Тоҷикистон мавқеи муҳим дошт.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97