«Тсел» зиқ нашав, танҳо нестӣ!

Иқтисод 03.03.2017 18:21

Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон рӯзи 20 январ зимни нишасти хабарии давраӣ дар шарҳи ҷаримаи 155-миллион сомонии ширкати Тсел аз сӯи ин ниҳод гуфтааст, ин маблағ дар пайи санҷиш муайян шуда ва пурра дуруст мебошад. Ӯ афзудааст, ки ҳоло ҷонибҳо дар робита ба ин масъала вориди баҳси додгоҳӣ шудаанд ва пас аз ҳукми додгоҳ, ин маблағ ба фоидаи будҷа ситонида хоҳад шуд.

 Ба гуфтаи раиси Кумитаи мазкур, «Тсел» танҳо ширкате нест, ки ҷарима шудааст ва дар пайи санҷиш дар соли гузашта, ширкати "Билайн" 151,3 миллион сомонӣ ва "Мегафон" 155 миллион сомонӣҷарима шудаанд. Ӯ мегӯяд, ки ҳардуи ин ширкат ҳам вориди баҳси додгоҳӣ шуда ва мағлуб гаштаанд.

Ин манбаъ афзудааст, «чун хулосаҳои Кумитаи андоз дуруст буд, додгоҳ низ онро тасдиқ кард ва ин маблағҳо ба фоидаи будҷа ситонида мешаванд.» Вай гуфт, пас аз ҳукми додгоҳ, ширкати "Мегафон" маблағро пурра пардохт кард ва "Билайн" ҳоло 80 дарсади маблағро пардохт намудааст.

Ахиран ширкати мобилии “Telia Sonera”-и Шветсия -молики ширкати мобилии «Тсел» дар Тоҷикистон, бо нашри як изҳорот гуфт, мақомоти андоз ин ширкатро 155 миллион сомонӣ, муодили 20 миллион доллар ҷарима бастаанд. Ин ширкат дар изҳороти расмиаш дар сомонаи хеш, ки санаи 17 январ нашр шудааст, мегӯяд, ки мақомоти андози Тоҷикистон дар пайи як санҷиш, ки давраи аз моҳи майи соли 2015 то июни соли 2016-ро дар бар мегирифт, ширкати «Тсел»-ро ба пардохт накардани андоз муттаҳам кардаанд. Тибқи изҳороти “Telia Sonera”, мақомоти андози Тоҷикистон ин ширкатро ҳоло муваззаф кардаанд, ки 155 миллион сомонӣқарзу ҷаримаҳоро пардохт кунад.

“Telia Sonera” -молики ширкати мобилии «Тсел» дар Тоҷикистон мегӯяд, мақомоти андоз ин ширкатро 155 миллион сомонӣ, баробар ба 20 миллион доллар ҷарима бастаанд.

Дар изҳороти “Telia Sonera” омадааст, мақомоти андози Тоҷикистон даъвои худро бар асоси “даромадҳои наандӯхта” пеш овардаанд. Яъне даромадҳое, ки ширкати «Tcell» метавонист бигирад. Аммо ширкати «Tcell» мегӯяд, дар Кодекси андози Тоҷикистон чунин мафҳум вуҷуд надорад.

Емил Нилсон, ноиби президент ва раҳбари тиҷории минтақаи Авруосиёи ин ширкат дар шарҳи ин вазъият гуфтааст, ки "мо аз ин ҳолат хеле нигарон ҳастем ва ба эътиқоди мо, ин талаб ғайри қобили қабул аст."

Ширкати “Telia Sonera” мегӯяд, ки барои қиёс он маблағе, ки мақомоти андоз аз онҳо талаб доранд, аз даромадҳои ширкат дар соли 2015 бештар аст. Ба гуфтаи “Telia Sonera”, ин талаби мақомоти андози Тоҷикистон ширкати «Тсел»-ро таҳти фишори шадиди молиявӣқарор медиҳад.

Зимнан моҷарои қарздории «Tcel»l аз андоз пас аз оне сар зад, ки ширкат дар моҳи сентябри соли равон эълон кард, 60 дарсади саҳмияҳояшро ба Бунёди Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) бифурӯшад.

То кунун Бунёди Оғохон 40 дарсади саҳмияҳои ин ширкатро дар даст дошт. Масъулони ширкати «Telia Company» он замон гуфтанд, ки тасмими фурӯши саҳмияҳои «Тсел» бо ҳадафи қоҳиш додани ҳузури онҳо дар бозори АвруОсиё гирифта шудааст. Мақомоти Telia Soneria мегӯянд, ки «Тселл» ё Индиго Тоҷикистон, дар маҷмӯъ, 66 миллион доллар нарх дорад ва 60 дарсади саҳмияҳояш ба 39 миллион доллар баробар аст, ки ҳоло Бунёди Оғохон бояд пардохт кунад.

Аммо бо сар задани ин қазия қарздорӣ аз андоз фурухтани саҳмияҳо, ки қарор буд то анҷоми соли 2016 амалан сурат бигирад ба таъхир афтод. Ширкати “Telia Sonera” мегӯяд, маълум нест ин доду ситад кай сурат мегирад, чунки ба дархости онҳо мақомоти Тоҷикистон (манзур Кумитаи андоз) ҳанӯз посух нагуфтааст.

«TeliaSonera» моҳи марти соли 2010 вориди бозори телефонҳои мобил ва Интернети Тоҷикистон шуд ва бо харидории ширкатҳои “Индиго Тоҷикистон” ва “Сомонком” ба ҷои онҳо бренди Tcell-ро ҷорӣ кард.

«Tcell» баъди 5 соли фаъолият дар ин бозор бо тақрибан 3,3 миллион муштарӣ баъди “Вавилон”, ки теъдоди корбаронашро 3,5 миллион нафар мегӯяд, дар ҷои дуюм меистад. Дар маҷмӯъ дар бозори мухобироти Тоҷикистон 4 ширкати бузург амал мекунанд, ки умдатаринҳояш баъди “Вавилон” ва «Tcell» ширкатҳои русии “Мегафон” ва «Beeline» мутаносибан бо 1,8 ва 1,3 миллион муштарӣ мебошад.

Бознашр аз нашрияи "Миллат" №3 аз 26.01.2017

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97