Назарсанҷӣ

Шумо аз хидматрасонии кадом ширкати мухобиротӣ қаноатманд мебошед?

МегаФон Тоҷикистон - 14.4%
Вавилон мобайл - 65.4%
Тселл - 14.7%
Билайн - 3.7%
ТК мобайл - 0.6%
Тоҷиктелеком - 1.2%

«Ашан» ба ҷойи завод

Иқтисод 08.07.2016 11:14

Чаро ҳамсояҳо корхона месозанду мо «саққахона»?

Тавре иттилоъ доред, ҳафтае қабл бузургтарин фурӯшгоҳ бо номи «Ашан» дар Душанбе ифтитоҳ ва мавриди истифода қарор гирифт, ки масоҳаташ 5 ҳазор метри мураббаъро дар бар мегирад.

 Маънии «Ашан» аз фаронсавӣ «Заминаи болоВерхние поля» маънидод шудааст. Фурӯшгоҳи «Ашан» аз бузургтарин шабакаҳои хурдафурӯшии (чаканафурӯшӣ) ширкати хонаводагии Мюле маҳсуб ёфта, аз марказ-кишвари Фаронса роҳбарӣ мегардад. Ин ширкат дар соли 1961 дар Рубе, шаҳристони наздик ба Лиля таъсис ёфта, феълан раҳбарии ширкатро раиси феълии он Жерар Мюле бар уҳда дорад. «Ашан» даромади ҳангуфте аз ҳисоби хурдафурӯшӣ ба даст меоварад, ки аз ҷумла гардиши колои ин ширкат 44.4 млрд евро тахмин зада шуда, кормандони ширкати мазкур дар тамоми кишварҳое, ки фаъолият дорад 262 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Мо дар ин ҷо мехоҳем чанд нуктаеро, ки аз мушоҳидаҳо бардошт намудаем, рӯи коғаз оварда, назари мардумро дар ду-се рӯзи фаъолияти ин ширкати бузурги тозатаъсисёфта бингорем. Нахуст бояд таъкид дошт, ки ҳар кори хайре, ки ба фоидаи мардум ва ин сарзамин оғоз меёбад, бояд аз тарафи мардум ва ҷомеаи маданӣ ё шаҳрвандӣ дастгирӣ биёбад. Ин ки як бинои муҳташаме дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ ёфт, ба зебогии шаҳр зебогие эҳдо намуд ва боисти шукргузорист, ки бо эъмори биноҳои ҷадиду замонавӣ симои шаҳр зебову пероста мегардад. Сониян, дохили фурӯшгоҳ ҷавобгӯи талаботи замон буда, маводу масолеҳи мухталиф ҳар кадом дар рафҳои худ қарор дошта, муштарӣ бидуни мушкилӣ маводи лозимиашро пайдо ва ба аробачаҳо бор карда назди хазина меравад, ки дар чанд лаҳзаи кӯтоҳе пурра ҳисобӣ шуда, пас аз пардохти маблағ аз фурӯшгоҳ берун мешавад. Ҳавополоҳо бидуни тавақкуф кор карда, ҳавои биноро муътадил нигоҳ медоранд.

Аммо, ҳолоте ба мушоҳида расид, ки ростӣ ҳар инсоне, ки заррае ба ин мардум ва ба ин ватан меҳру алоқа дорад, қалбашро мефишорад ва ба ҳоли ин мардуми бечора войу-вой мегӯяд. Дар ду-се рӯзи аввали фаъолияти ин фурӯшгоҳ ончунон мардуми зиёд ба ин ҷо меомад, ки фикр мекардӣ имрӯз ё фардо мамлакатро гуруснагӣ фаро мегирад. Даромадгоҳ пур аз мардум буд, кормандони фурӯшгоҳ ба хотири харҷу марҷ нашудан дар дохили фурӯшгоҳ иҷозати дохил шудани харидоронро намедоданд, то он вақте ки харидорони дохили фурӯшгоҳ берун наоянд. Аз харидорон вақте мепурсидем, ки чаро мехоҳед аз ин ҷо маводи заруриро бихаред, аксаран посух медоданд, ки нарх нисбатан дар ин ҷо арзон аст. Масалан зане мисол овард, ки дар мағозаи пеши хонааш, микрорайони 104 як кило шакар 7 сомонӣ аст, аммо дар ин ҷо бо 6 сомонӣ фурӯхта мешавад. Дигарӣ мегуфт, ки орду равған ҳам дар ин ҷо хеле арзон аст. Ҳамин тариқ мо дохили фурӯшгоҳ шудем ва маводи мавриди ниёзи аввалияи мардумро пайдо намуда, ба нарху навои он таваҷҷуҳ намудем. Воқеан дидем, ки нархи шакар 6 сомонӣ аст, хеле хурсанд шудем ва гуфтем шукр аст, ки тоҷирони боимоне ҳам будаанд, ки дасти мардумро мегиранд. Ин замон дидем, ки зане дар аробача 40 бастаи шакарро пас оварда онҳоро дар рафи шакар ба шакли аввала гузошт. Аз ӯ суол кардем, ки чаро ин корро кардӣ, магар сифати шакар хуб нест? Гуфт, вақте нархро дидам, хурсанд шудам, ки нисбат ба мағозаҳои шаҳр як сомонӣ арзон аст, чун ба хазина расидам, аз эшон фаҳмидам, ки шакар на 6 сомонӣ, балки 6 сомонию 60 дирам аст. Гуфтам, беҳтар аст аз пеши хона бихарам, ки на роҳкиро дораду на дарди сари зиёдатӣ. Ҳоло шумо ба ин навишта таваҷҷуҳ фармоед, рақами 6 хеле калон навишта шуда, 60 дирам ноайён дар қисмати рости нарх бо рақами хеле хурд навишта шудааст. Яъне, 6 60, ки агар дуруст таваҷҷуҳ накунӣ, онро нахоҳӣ фаҳмид. Он зан афзуд, ки ҳамаи мавод дар ин ҷо дар муқоиса бо мағозаҳои шаҳр аз 20 то 30 дирам тафовут доранд, ки арзиши аз як кунҷи шаҳр ба ин фурӯшгоҳ омаданро надорад.

Марде, ки мағозаи хӯрокворӣ доштааст, гуфт, ки ба хотири арзон харидани маводи хӯрока ба ин ҷо омадааст, ҳоло мебинам, ки аз ин ҷо фоидае бардошт намекунам, бо дасти холӣ ба хона бармегардам. Беҳтар аст бо тоҷирони худамон ҳамкориро идома диҳам, ба ҳар ҳол онҳо худиянд ва ба таври ғайринақдӣ ба мо маводи хӯрока барои фурӯш медиҳанд. Ҳар вақт савдо кардем, маблағи онҳоро бармегардонем. Чанд тан аз занон ҳам гуфтаҳои эшонро тасдиқ карданд.

Хулоса, рӯзҳои баъдӣ дидем, ки теъдоди мардум дар фурӯшгоҳ нисбат ба рӯзҳои аввал хеле кам мешавад. Вақте аз як тан аз кормандони «Ашан» сабаб пурсидем, гуфт ки харидорон шояд баъд аз хатми кор биёянд. Ба ҳар ҳол пас аз кор мо дубора дохили ин бино шудем, вазъ ҳамоне буд, ки гуфтем.

Тавре зикр намудем, ҳар сохтмоне, ки дар пойтахт бино мешавад, бояд аз он мардум ва иқтисоди кишвар манфиате бардошт намояд. Аввалан, макони ин бино дар кунҷе аз шаҳр қарор дорад, сониян таъсису сохтмони фурӯшгоҳҳо дар кишвар чизи наве нест, ки қобили таҳсину таъриф бошаду дар кулл манфиати умдае расонад. Фоидаи ин фурӯшгоҳ танҳо барои як нафар аст, ки он ҳам шахсе аз хориҷ. Ин ки то 470 ҷойи корӣ муҳайё мегардад, монанд ба ҳамон маълумотҳоест, ки ҳамасола аз омор мешунавем ва агар ҳамаи инро дар тӯли 23 сол ҷамъ кунем, ба хулосае бояд омад, ки Тоҷикистон дигар шахси бекоре надорад ва аз кишварҳои дуру наздик ба ин ҷо ба кор омадаанд.

Тавре аз маълумотҳо бармеояд, дар замони Шӯравӣ ба нақша гирифта буданд, ки дар ҷойи ҳамин фурӯшгоҳ бояд корхонаи умумишуравии тасфияи тамоми анвои сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ (завод для фильтров ГСМ) ва дар Қирғизистон корхонаи «Автомшрадиатор»-ро месохтанд ва тамоми ҷамоҳири Иттиҳоди Шуравӣ аз Тоҷикистон дастгоҳҳои тасфиявӣ (софкунанда)-ро барои маводи сӯхти тамоми навъи техника аз «Запорожец» сар карда то нақлиёти бузургҳаҷми боркашонӣ харидорӣ менамуданд. Мутаассифона, бинои ин корхона бунёд гардид, вале бо сабаби камҳавсалагии роҳбарони вақти ҷумҳурӣ худи корхона сохта нашуд. Аммо дар Қирғизистон корхонаи «Автомшрадиатор» сохта шуд, ки ҳоло тамоми кишварҳои пасошӯравӣ аз он ҷо радиаторҳоро барои тамоми анвои техника харидорӣ менамоянд ва ин ҷумҳурӣ ба яке аз содиркунандагони бузурги радиаторҳо табдил ёфтааст. Хеле ҷойи таассуф аст, ки агар корхонаи тасфияи маводи сӯзишворӣ таъсис меёфт, бо боварии комил метавон гуфт, ки дар ин ҷо на камтар аз 1000 мутахассис на ба сифати фурӯшанда ва на коргари кироии хориҷиён кор мекард ва кишвари мо ба содиркунандаи яке аз таҷҳизоти арзишдору серхариди филтрҳо табдил меёфт.

Мутассифона, дар Тоҷикистон расм шудааст, ки бояд дар ҳар ҷои холигии пойтахт ва собиқ корхонаҳои саноъатӣ маркази тиҷоратӣ, клуби сақазанӣ, тарабхона, биноҳои маишатӣ, ошхонаҳои ғайристандартӣ ва амсоли онҳоро бисозем. Шояд мо надонем, аммо шахсе инҳоро мебинад, гумон мекунад, ки дар Тоҷикистон дигар проблемае намондааст. Мардум мушкилоти зиндагиашонро ҳал кардаанд, бояд ҳама вақти худро ба маишату айёшӣ сарф намоянд.

Ҳоло ҳам вақт аст, ки минбаъд шахсоне, ки дар тақсимоти замин ҷиҳати сохтмону эъмори ҳар биное дар шаҳри Душанбе ва умуман ҷумҳурӣ ҳастанд, аз ақли комил кор бигиранд. Мо тоҷир зода нашудаем, тиҷорат барои гуруҳи хурд аст ва моро мебояд дар соҳаҳои фановарию техноложӣ мағзи сар об кунем. Ҷои тардид нест, ки як коргари фаннӣ сад баробар боақлтару зирактар аз даҳҳо фурӯшандаву коргари кироист. Ва ҳеҷ гоҳе ҷаноби Жерар Мюле аз Фаронса омадаву барои мо кореро, ки манфиате ба миллату кишвар дошта бошад, анҷом нахоҳад дод. Сониян, ин ҷанобон бояд тибқи оинномаашон, ки зикр кардаанд, нархро нисбат ба тамоми фурӯшгоҳҳои хурду миёнаи ҷумҳурӣ то 20 дарсад пойин меоварданд, ки накарданд. Аз тарафи дигар онҳо бояд бо корхонаҳои ватанӣ, хоҷагиҳои дехқонии кишвар оид ба харидории маҳсулоти ватанӣ аз картошкаю пиёз то тамоми анвои зироатҳо, маҳсулоти макаронӣ, наботу шакару ҳасибу тухму дигар маводи ғизоӣ ва либосаву пойафзол шартнома мебастанд ва бо нархи арзон ба мардум пешниҳод менамуданд.

Шахсан фаъолияти «Ашан»-ро дар давоми чанд рӯзе, ки мушоҳида менамоям, ҷуз зоҳирфиребӣ дарнаёфтем. Ба ҳар ҳол сабр мекунем, то замон худ воқеиятҳоро бармало созад.

Ибодуллоҳ Оқилпур

©2008 - 2017 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97