Назарсанҷӣ

Шумо аз хидматрасонии кадом ширкати мухобиротӣ қаноатманд мебошед?

МегаФон Тоҷикистон - 14.4%
Вавилон мобайл - 65.4%
Тселл - 14.7%
Билайн - 3.7%
ТК мобайл - 0.6%
Тоҷиктелеком - 1.2%

Дарвозаи ягонаи коммутатсионӣ билохира таъсис ёфт

Иқтисод 31.01.2016 01:23

 

jreg

Ё чашм ба кисаи бе ин ҳам тиҳии муҳоҷирони корӣ дўхта шуд

Пас аз чанд соли баҳс ахиран бо як қарори Ҳукумати Тоҷикистон “Маркази ягонаи коммутатсионӣ” таъсис ёфт. Тибқи ин қарор акнун тамоми иртибототи кишвар бо хориҷа ва баракси он аз тариқи ҳамин марказ ё дарвоза убур мекунад. 

Қарор дар мавриди таъсиси ин марказ рӯзи 31−уми декабр ба имзо расида, ва танҳо акнун он ба ширкатҳои мухобиротӣ ва интернетрасон дастрас шудааст.

Бино ба иттилои Кумитаи андози Тоҷикистон Маркази ягонаи коммутатсионӣ дар равзанаи ягонаи ширкатҳои фаъол дар Тоҷикистон ба сабт расидааст.

Ҳанўз соли 2006 ин тарҳ аз сўи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, ки Хадамоти алоқа зертобеъи он буд, пешниҳод шуда буд ва боиси баҳсҳои тӯлонӣ миёни ширкатҳои мобилӣ ва ин вазоратхона шуд. Аммо барандаи ин баҳс ширкатҳои мухобиротӣ шуданд ва таҳти фишори созмонҳои байналмилалӣ, ки ин барномаро талоши таҳкими назорати мақомот бар бозори мухобирот арзёбӣ карданд, ҳукумати Тоҷикистон таъсиси ин марказро бар хилофи қонунҳои кишвар хонда буд.

Аммо ҳоло бидуни ҳич сару садое ин тарҳ қонунӣ шуд. Хадамоти алоқаи Тоҷикистон бидуни ҳич шарҳе ба расонаҳо гуфтааст, ки маркази ягонаи мухобиротӣ билохира таъсис ёфтааст.

Коршиносон ҳадс мезананд, ки шояд мақсади асосии Хадамот аз таъсиси ин марказ ба даст овардани даромади бештар аз гуфтугӯҳои байналмилалӣ ва маҷрои интернет аст.

Гуфта мешавад, ки солона бо Тоҷикистон аз хориҷ 100 миллион дақиқа гуфтугeи телефонӣ анҷом мешавад ва ҳудуди 30 миллион дақиқа аз Тоҷикистон ба хориҷ аз тариқи телефон гуфтугў сурат мегирад.

Қабл аз таъсиси дарвозаи ягона низ чор ширкати бузурги мобилӣ бо дархости Хадамоти алоқа ногузир, ҳар кадоме 5 миллион дақиқа гуфтугӯи байналмиллалиро аз тариқи “Тоҷиктелеком”, ширкати давлатии вобаста ба Хадамоти алоқа анҷом медоданд. Акнун бо таъсис ёфтани маркази ягона тамоми гуфтугӯҳои байналмиллалӣ аз тариқи “Тоҷиктелеком” сурат мегирад ва низ суди бештаре ба дасти ин Хадамот меояд.

Бино бар муқаррароти Хадамоти зиддинҳисории Тоҷикистон, нархи як дақиқа гуфтугӯҳои байнналмилалӣ дар Тоҷикистон набояд аз 12 сент камтар бошад.

Ин дар ҳолест, ки беш аз 1 миллион нафар аз аҳолии Тоҷикистон дар муҳоҷирати корӣ дар хориҷ аз кишвар қарор доранд. Ва ин қишри аҳолӣ аксар барои ҷустуҷўи кор ва дарёфти ризқ тарки кишвар кардаанд. Ҳоло Хадамоти алоқа бо таъсиси Маркази ягонаи комутатсионӣ аз ҳар дақиқа гуфтугӯи байналмилалӣ ният дорад беш аз 1 сент “ҳаққуззаҳма” биситонад, ки бегуфтугў ин аз кисаи ҳамин муҳоҷирони корӣ хоҳад буд.

Ширкати “Тоҷиктелеком”, ки қасд дорад тамоми гуфтугӯҳои байналмилалиро аз дарвозаи худ  рад кунад, аз ин ҳисоб ҳудуди 2 миллион доллар  даромад хоҳад дошт. Бар замми ин. тамоми трафикҳои интернет низ аз тариқи Маркази ягонаи комутатсионӣ хоҳад гузашт ва айни ҳол маълум нест, Интернет то чӣ ҳад гарон хоҳад шуд.

©2008 - 2017 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97