Назарсанҷӣ

Шумо аз хидматрасонии кадом ширкати мухобиротӣ қаноатманд мебошед?

МегаФон Тоҷикистон - 14.4%
Вавилон мобайл - 65.4%
Тселл - 14.7%
Билайн - 3.7%
ТК мобайл - 0.6%
Тоҷиктелеком - 1.2%

Шарҳи «Барқи тоҷик» барои маҳдудияти барқ дар фасли сармо

Иқтисод 15.10.2015 12:31

barki-tochik

Баробари фаро расидани фасли сард дар Тоҷикистон дар интиқоли барқ маҳдудият ҷорӣ  мешавад, ки ин ҳам барои мардум ва ҳам хоҷагии халқи мамлакат душворӣ ва ногувориҳои хеле зиёдро пеш меорад. Вале вобаста ба махсусияти низоми энергетикии кишвар ин тадбир ногузир аст ва аз ноилоҷист. Гап сари он аст, ки дар фасли зимистон захираи асосии гидроэнергетикии Тоҷикистон обанбори Норак ба ҳисоб меравад. Вақте маҷрои дарё кам мешавад, моро лозим меояд, ки аз ҳисоби ҳамин захира барқ истеҳсол намоем. 

Вақте дар фаслҳои гарм маҷрои дарёи Вахш зиёд аст, неругоҳи Норак аз ҳисоби маҷро кор мекунад ва оби зиёдатӣ дар обанбор барои тирамоҳу зимистон  захира мешавад. Мутобиқи ҳисоботи оморӣ, дар фаслҳои гармо ва серобии дарё ба обанбори Норак дар ҳар сония то 2000 метри мукааб об ҷорӣ мешавад. Масалан,  28 июли соли  2009 ҳамчун рӯзи серобтарини маҷрои Вахш ба қайд гирифта шуд, ки ба обанбори Норак 2243 метри мукааб об дар як сония ворид шуд.  Дар давраи зимистон воридоти об то ба 100- 150 мукааб метр.сония кам  мешавад ва бо сабаби он, ки  барои пурра кор кардани НБО-и Норак то 1200 мукааб метр.сония об зарур аст, лозим меояд аз  оби захиравӣ, яъне обанбор  истифода бурд. Дар ин давра ҳар сантиметр об дар ҳисоб аст, чунки аз нуқтаи 910 метр то нуқтаи 857 метр, ки сатҳи фоиданок ба шумор меравад, мо ҳамагӣ 53 метр захираи об дорем ва фақат аз рӯи ҳисоби дақиқ, сарфакорона ва мақсаднок истифода бурдани он имконият медиҳад, ки мо аҳолӣ ва иқтисодиёти худро ба баҳор расонем.

Дигар илоҷ нест. Вақте мо шомили низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ будем, ба ҳамсояҳо умед бастан мумкин буд. Он вақт ҳар сол дар давраи тирамоҳу зимистон аз Туркманистон 1-1,2 миллиард кВт.соат барқ харидорӣ менамудем ва аз Ӯзбекистон то 600 миллион кВт.соат барқ гирифта, тобистон ба қадри 900 кВт.соат бармегардондем. Моҳи октябри соли 2009, дар оғози фаро расидани сармо моро аз Низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ ҷудо карданд ва алҳол дигар ягон имконияти аз хориҷ гирифтани барқро надорем. Фақат самараи рушди соҳа ва тадбирҳои дигари фаврӣ буданд, ки мо ҳам аз буҳрони энергетикӣ раҳо шудем ва ҳам таъминоти барқро, ҳатто нисбат ба он овоне, ки аз хориҷ барқ мегирифтем, беҳтар намудем.

Баъзеҳо фаҳмидан мехоҳанд, ки: ин қадар неругоҳҳои хурду бузург, Маркази барқу гармӣ сохта шуду чаро то ҳол маҳдудият боқӣ мондааст? Бале, агар сухан дар бораи вазъи умумии системаи энергетикии кишвар равад, ҷои баҳс нест, ки дар солҳои истиқлолияти давлатӣ дар кишвари мо соҳаи энергетика хеле рушд ёфт. Дар ин муддат даҳҳо неругоҳҳои хурду бузург ва Маркази барқу гармидиҳӣ ба истифода дода шуданд, ки ин иқтидори энергетикии кишвари моро ба миқдори 1040 мегаватт ё худ, ба қадри 24 фоизи иқтидорҳои аз замони шӯравӣ то имрӯз истифодашаванда афзун сохт. Овардани ҳамин факт басанда аст, ки дар се-чор соли охир норасоии неруи барқ, ки дар фасли сармо дар кишвар 4-5 миллиард кВт.соатро ташкил медод, зиёда аз ду баробар коҳиш ёфт. Солҳое буд, ки маҳдудият аз моҳи сентябр шуруъ мешуд ва он тамоми кишвар, аз ҷумла шаҳри Душанбе ва марказҳои вилоят ва шаҳрҳои саноатиро низ фаро мегирифт. Дар айни замон, мо маҳдудиятро танҳо аз нимаи дуюми даҳаи аввали октябри соли 2015 сар карданием. Шаҳри Душанбе, марказҳои вилоятҳо ва шаҳрҳои саноатӣ бемаҳдуд барқ мегиранд.

Боз инро ҳам хотиррасон бояд намуд, ки дар давраи истиқлолият талабот ба барқ низ сол то сол зиёд мегардад. Дар ин давра шумораи аҳолии кишвар зиёда аз ду баробар афзоиш ёфта, садҳо ҳазор оилаҳои нав барпо гаштанд, садҳо ҳазор манзили истиқоматии нав бунёд шуданд. Фақат дар давоми солҳои 2013-2014-ум 2 миллиону 100 ҳазор метри мураббаъ манзил ба истифода дода шудааст. Илова бар ин, дар ин давра 17 320 корхонаву коргоҳи нави истеҳсоливу хизматрасонӣ ба кор оғоз карданд, ки ин ҳама истеҳсоли неруи барқи иловагиро тақозо доранд.

Тибқи таҳлилҳои оморӣ, агар то  соли 1990 аз тарафи аҳолии ҷумҳурӣ дар як сол 1,0-1,1 млрд.кВт.соат неруи барқ истифода мешуд, пас солҳои охир ин нишондиҳанда ба 3,8-4,0 млрд.кВт.соат дар як сол баробар шудааст.

Дар фасли зимистон инчунин шаҳри Душанбе ба истифодабарандаи азими неруи барқ табдил меёбад. Агар дар шароити муқаррарӣ аз тамоми барқе, ки ҳар рӯз дар миқёси ҷумҳурӣ истеҳсол мегардад, 12 фоизашро сокинон ва корхонаву муассисаҳои пойтахт гиранд, дар фасли сармо ин таносуб 30 фоизро ташкил медиҳад. Барои мисол, агар шаҳри Душанбе дар моҳи июл ҳар шабонарӯз ба то 5–5,5 миллион кВт.соат неруи барқ гирад, дар моҳи декабр 13-14 миллион кВт.соат неруи барқ мегирад.

Вобаста ба он, ки сокинони пойтахт аксаран дар биноҳои баландошёна зиндагӣ мекунанд ва барои онҳо барқ ягона воситаи пешбурди рӯзгор, воситаи рӯшноӣ, гармӣ ва пухтупаз ба шумор меравад, бо дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ШСХК «Барқи Тоҷик» ҳамасола кӯшиш менамояд, ки пойтахт бе маҳдудият бо барқ таъмин бошад. Фақат аз истеъмолкунандагон хоҳиш дорем, ки аз барқ сарфакорона истифода баранд ва хаққи истифодаи онро сари вақт ва пурра пардохт намоянд. Агар ҳар хонаводаи сокини шаҳри Душанбе тӯли як шабонарӯз ақаллан як чароғ кам истифода барад, имкон аст, ки бо неруи барқи аз ин ҳисоб сарфашуда тамоми шаҳрро даҳ  рӯз бо барқ таъмин кард.

Дар ҳама гуна шароит, агар дар давраи маҳдудият ҳар қадар барқ сарфакорона истифода шавад, таъминот хубтар мегардад.

Бе шубҳа, сарфакорона истифода бурдани барқ омили аз ҳама муҳим барои беҳ шудани таъмини барқ дар давраи маҳдудият ба шумор меравад. Тавре ки маълум аст, дар ин давра меъёри барқи ба ин ва ё он ноҳия ва маҳал ҷудошуда  бо ченаки киловатт.соат ҷудо карда мешавад. Ширкати “Барқи Тоҷик” ҳангоми интиқоли барқ мунтазам ин меъёрро риоя менамояд, вале бо сабаби аз меъёр зиёд истифода бурдан, миқдори соати барқ гирифтан  дар ин ва ё он ноҳия ва маҳал кам мегардад. Лозим аст, ки дар ин давра мо бояд дар хона ва корхонаҳои худ “маҳдудият”-и худиро ворид ва риоя намоем. Барои мисол, баъди ба тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагии истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия», аз  24 апрели соли 2009  ва пурра ба истифодаи лампаҳои каммасраф гузаштан, дар ҷумҳурӣ  ҳар сол то 0,8-1 миллиард кВт.соат неруи барқ сарфа гардид.

Дигар омили беҳдошти таъминот пурра ва сари вақт пардохт намудани барқи истифодашуда мебошад. Барқ маҳсулот аст, барои он ки ин маҳсулот такроран истеҳсол гардад ва мо бо он таъмин бошем, бояд ҳаққи онро, ки нася дода мешавад, пардохт намоем. Хотиррасон бояд намуд, ки дуздидани барқ як дуздии оддӣ нест. Онҳое пул ё ҷавоҳирот медузданд, ба як корхона, ташкилот ё оила зарар меоранд. Барқдуздӣ маънои ғорати тамоми ҷомеа, даст халондан ба кисаи давлатро дорад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, системаи  энергетикии Тоҷикистон, Неругоҳҳои барқии кишвар, алалхусус Неругоҳи азими Норак, ки таҳти фишори 20 тонна вазн шабонарӯз машғули коранд, дар нияти онанд, ки мардум бо барқ бештар таъмин гарданд, вале  чанд ҳаромхӯр, ки аксаран худро аз дигарон ҳатто болотар метарошанд, ин ҳамаро сарфи назар намуда, барқро медузданд. Аз ин лиҳоз, онҳо дуздони оддӣ не, шахсони барои тамоми ҷомеа хатарноканд.

Ин дар ҳолест, ки дар айни замон нархи барқ дар Тоҷикистон нисбат ба тамоми давлатҳои олам, аз ҷумла мамолики пасошӯравӣ арзонтарин аст. Барои муқоиса нархи ҳар  киловатт.соат неруи барқ барои аҳолӣ дар Қазоқистон 14 сент, Арманистон 8,8 сент, дар Туркманистон 7,1 сент  ва дар Ӯзбекистон  6 сентро ташкил медиҳад. Дар мо нархи ҳар  киловатт.соат неруи барқ барои аҳолӣ 2 сентро ташкил медиҳад.

Тавре ки дар боло гуфтем, маҳдуд намудани интиқоли барқ. албатта, душвориву ногувориҳои зиёд меорад. Вобаста бар ин, хоҳем - нахоҳем ҳар сол дар овони ҷорӣ намудани маҳдудият ҳар хел овозаҳо ва фарзияву тахминҳое, ки қисме аз онҳо супоришиянд, қисме махсус барои норозигӣ барангехтан ва раҳгум андохтани ҷомеа қасдан паҳн  мешаванд, пайдо мегарданд. Солҳои пеш, вақте мо шомили Системаи ягонаи электроэнергетикии Осиёи Марказӣ будем, дар ин давра овоза паҳн мешуд, ки барқро ба Ӯзбекистон мефурӯшанд! Акнун вақте мо берун аз Системаи ягонаи электроэнергетикии Осиёи Марказӣ фаъолият дорем,  сафсатаҳое бар амсоли - барқро ба Покистон ва обро ба Ӯзбекистон фурӯхтанд!  - пайдо шуданд.

Дуруст аст, ки онҳое, ки аз вазъи воқеӣ огоҳанд. ба ин хел афсонаҳо бовар намекунанд ва тири муаллифони ин овозаҳои супоришӣ ба ҳадаф намерасад. Фақат ҳаминро бояд қайд намуд, ки мо дар фаслҳои гарм ба миқдори хеле зиёд барқи зиёдатӣ дорем ва як қисми онро мувофиқи имконият ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Қирғизистон  мефурӯшем. Аз вақте дар кишвар маҳдудият оғоз меёбад, барои нигоҳ доштани бозори энергетикӣ ва ҳифзи иншооти энергетикӣ ҳамчун шиддати муҳофизавӣ дар хатҳои интиқоли барқ  ба миқдори хеле кам ба ҶИА барқ интиқол дода мешавад. Баъзе ба минтақаҳои он тарафи марз бо Афғонистон, ки чароғон ҳастанд, нигоҳ мекунанд ва мегӯянд, ки гӯё ширкати "Барқи тоҷик" ҳамчунон ба Афғонистон барқ содир мекунад. Ин нодуруст аст; Афғонистон аз кишварҳои дигар, аз ҷумла Эрон барқ мегирад ва бештар аз иқтидорҳои дизелӣ истифода менамоянд.

Ба Покистон интиқол додани барқ аз ҳарзае беш нест, чунки барқ танҳо тавассути ноқил интиқол меёбад ва мо дар айни замон то Покистон хатти интиқоли барқ надорем.

Ҳақиқати ҳол ҳол ҳамин аст, ки ҷорӣ намудани маҳдудият дар айни замон тадбирест аз ноилоҷӣ. Дар ин давра маҳдуд намудани барқ фақат ба хотири  сарфаи ҳар қатра об аст, то ки дар рӯзҳои сард мардум бештар бо барқ таъмин бошанд.

Аз ҷахду талоши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз рушди ҳарсолаи соҳа ва аз рӯи лоиҳаҳое, ки амалӣ шудани онҳо дар муҳлатҳои кутоҳтарин дар мадди аввали назар гирифта шудаанд, метавон хулоса баровард, ки солҳои наздиктарин норасоии барқ дар Тоҷикистон дар фаслҳои сард барҳам хоҳад хӯрд ва тавре ки мутахассисон пешгӯӣ менамоянд, кишвари мо на танҳо ба истиқлолияти комили энергетикӣ ноил хоҳад шуд, балки ба кишвари интиқолдиҳандаи барқ табдил хоҳад ёфт.  Барои он ки дар кишвари мо маҳдудияти барқ пурра лағв гардад, боз андак муддати дигар лозим аст. Ба он хотир, ки неругоҳҳои бузурги барқӣ на дар як-солу ду сол, балки тӯли даҳсолаҳо бунёд меёбанд.                             

Маркази  матбуоти

ШСХК “Барқи Тоҷик”        

©2008 - 2017 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97