"Сомонӣ камарзиш мешавад, муҳоҷирон бар мегарданд?"

Иқтисод 25.12.2014 15:33

Ё зарбаҳои муҳлик аз таҳримҳои Амрико ва Ғарб аллайҳи Русия ва Ирон ба иқтисоди Тоҷикистон

САҲА Тоҷикистонро аз бозгашти эҳтимолии 400 ҳазор  муҳоҷир метарсонад

migrant-tajikРасонаҳо иттилоъ додаанд, ки Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) ҳушдор додааст, ки то поёни соли 2014, ҳудуди 400 000 нафар аз муҳоҷирони кории тоҷик ногузир, аз Русия бар хоҳанд гашт. Ба гуфтаи намояндаи САҲА, ин раванд хатари шиддати иҷтимоиро дар Тоҷикистон бештар мекунад.

Хабаргузории РИА Новости иттилоъ додааст, ки Астрид Торс, комиссари олии САҲА дар умури ақалиятҳои миллӣ дар ҷаласаи Шӯрои доимии САҲА дар Вена гуфтааст, ки то поёни соли ҷорӣ то 400 000 нафар аз муҳоҷирони тоҷик маҷбур хоҳанд шуд, то аз Русия бозпас ба ватан биёянд, ки ин метавонад боиси афзоиши шиддати иҷтимоӣ дар ин фақиртарин кишвари пасошӯравӣ шавад.

Астрид Торс, ки рӯзи 20 ноябр дар ҷаласаи Шӯрои доимии САҲА дар бораи натоиҷи сафари ахираш ба Тоҷикистон гузориш медод, бо такя ба назари ҳамсӯҳбатонаш дар кишвари мо гуфтааст: "Чун масъалаи муҳоҷирони кории тоҷик тақрибан дар ҳар мулоқоти ман матраҳ мешуд. Чанде аз ҳамсӯҳбатонам гуфтанд, ки чунин шумори бузурги муҳоҷироне, ки бар мегарданд, метавонанд боиси эҷоди танишҳои бештаре дар ҷомеъа шаванд."

Астрид Торс ба унвони комиссари олии САҲА дар умури ақалиятҳои миллӣ дар ҳафтаи якуми моҳи ноябр ба манзури ошноӣ ба вазъи ақалиятҳои қавмии сокини Тоҷикистон аз Душанбе боздид карда буд.

 

Садгузории Русия дар роҳи муҳоҷирони Осиёи марказӣ

Ин масъала дар ҳоле аз минбари САҲА, яке аз созмонҳои бонуфуз дар миён гузошта мешавад, ки аз соли нави 2015 дар роҳи сафар ва кору иқомати шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия маҳдудиятҳои бештаре эҷод хоҳад шуд ва ин маҳдудиятҳо, ба назари комиссар Торс, метавонанд сабаби аз Русия азми ватан кардани то 400 000 нафар аз артиши беш аз якмиллионнафарии муҳоҷирони тоҷики муқими Русия шавад.

Аз ҷумла аз 1 январи соли 2015 сафар ва кору иқомати шаҳрвандони тоҷик дар Русия бо шиносномаҳои дохилӣ манъ мешавад ва онҳое, ки то ҳол шиносномаи хориҷӣ нагирифтаанд, маҷбур мешаванд, ба нуқтаҳои шиносномадиҳӣ дар консулгариҳои Тоҷикистон дар шаҳрҳои Маскаву Уфа ва Екатеринбург муроҷиат кунанд ва ё, азбаски навбат дар ин се нуқта алакай хеле бузург шудааст, барои гирифтани шиносномаи хориҷӣ ба кишвар баргарданд. Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, барои боз кардани чунин нуқтаҳои шиносномадиҳӣ дар шаҳрҳои Краснодару Санкт-Петербург ва чанд гӯшаи дигари Русия ҳам ба мақомоти он кишвар муроҷиат кардаанд,  вале бо онки то поёни сол ҳамагӣ чизе бештар аз як моҳи дигар мондааст, ҳанӯз маълум нест, ки ин нуқтаҳо боз хоҳанд шуд ё на?

Ҳамчунин қарор аст, аз аввали моҳи январи соли оянда ҳар муҳоҷири корӣ ба ҳангоми вуруд ба Русия бояд аз забони русӣ, таърих ва ҳуқуқи ин кишвар имтиҳон супорад.

Ин дар ҳолест, ки Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, ки рӯзи ҷумъаи 21 ноябр дар ҷараёни баррасии порлумонии раванди иҷрои "Стратегияи муҳоҷирати кории тоҷикон ба хориҷа дар солҳои 2011-2015" суханронӣ мекард, гуфт, ки бар асоси мушоҳидаҳои солҳои ахир бештари ҷавонон дар минтақаҳои рустоӣ забони русиро тақрибан намедонанд. Ӯ гуфт, ки тибқи иттилоъи манобеъи расмӣ дар соли гузашта 23 ҳазор тан аз ҷавонони зери синни 18 барои дарёфти кор ба Русия рафтаанд, дар ҳоле ки ба забони русӣ наметавонанд гуфтугӯ кунанд.

Дар ҳоле ки ин баҳсҳо дар Тоҷикистон дар ҷараёнанд, мақомоти Русия дар бораи коҳиш ёфтани маҷрои муҳоҷират аз Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи марказӣ хабар медиҳад. Дигар ошкоро мегӯянд, ки ба ҷои ин мардум онҳо муҳоҷирон аз Украинаро мепазиранд.

Константин Ромодановский, раҳбари ФМС рӯзи 20 ноябр  ба хабаргузории ТАСС гуфтааст: "Як тамоюли соли 2014 ба таври қобили мулоҳиза муҳоҷирон аз Осиёи марказиро иваз кардани муҳоҷирон аз Украина шуд. Дар соли 2014 шумори шаҳрвандони Узбакистон, ки ба Русия меоянд, 28 дарсад, аз Тоҷикистон - 18 дарсад ва аз Қирғизистон 13 дарсад кам шудааст."

Коҳиши шумори муҳоҷирони тоҷик дар Русия бар иловаи маҳдудиятҳои нав ба нави Маскав дар роҳи маҷрои муҳоҷират боз асосан аз ҳисоби "рӯйхатҳои сиёҳ"-и афроди мамнӯъулувурудест, ки мақомоти гуногуни Русия ва асосан ФМС тартиб медиҳанд. 

Сумангул Тағоева, вазири меҳнат, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Тоҷикистон низ гуфтааст, ки алакай то поёни моҳи сентябр шумори тоҷиконе, ки аз ҳаққи сафар ба Русия маҳрум шудаанд, аз марзи 200 000 гузаштааст. Расонаҳои Русия аз қавли сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов овардаанд, ки шумори тоҷикҳои мамнӯъулвуруд то поёни сол метавонад ҳатто ба 300 000 нафар бирасад.

Мушкилоти пешорӯйи ноноварони хона

Танҳо соли гузашта тоҷикон аз Русия ба кишвар беш аз 4 миллиард доллар интиқол додаанд, ки баробари беш аз нисфи маҷмӯъи маҳсулоти дохилии кишвар ва 40 дарсад бештар аз ҳаҷми буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2015 мебошад.

Аммо дар соли ҷорӣ интиқоли пул аз Русия коҳиш ёфта ва дар баробари ин, беқурбшавии рубл ба ҳамёни муҳоҷирони тоҷик зарба задааст. Аз як тараф даромад ва пасандозҳои муҳоҷирони меҳнатӣ кам шуд, аз тарафи дигар бо кам шудани доллар дар бозори дохилии мо, қурби арзи миллӣ- сомонӣ паст шуд. Барои муътадил гардондани қурби сомонӣ Бонки миллии Тоҷикистон, маҷбур шуд миллионҳо доллари ИМА-ро ба бозори дохилӣ ба фурӯш барорад. Ин имкон дод, ки пеши роҳи беқурбшавии пули миллӣ гирифта шавад.

Аввалҳои моҳи ҷорӣ дар бозори "Forex" қурби рубли Русия ба 48.50 рубл сари 1 доллари ИМА баробар шуда буд. Вале замони таҳияи ин матлаб хушхабар расид, ки қурби рубл рӯ ба афзоиш дорад. Рӯзи 27 ноябр соати 14.30 ба вақти Душанбе, дар ҳамин бозор қурби рубл нисбат ба доллари ИМА ба 44.9 баробар шуд. (манбаъ: http://www.forex-pf.ru/quote_show.php)

Таҳлилгари "Промсвязьбанк" -и Русия Алексей Егоров ба хабарнигори "РБК", Евгений Калюков гуфтааст, ки сабаби ин боларивиро дар расидани мавсими навбатии андозсупорӣ, ки талабот ба рубл зиёд мешавад ва болоравии нисбии нархи нафт дар бозори ҷаҳонӣ мебинад. (манбаъ: http://top.rbc.ru/finances/24/11/2014/5472e131cbb20f74b d3ede24#xtor=AL-[internal_traf-fic]--[rbc.ru]-[main_body]-[it-em_1]). Нархи нафт дар бозори ҷаҳонӣ аз тақрибан 78 доллари ИМА дар ҳафтаи гузашта ба 80.6 дар таърихи 27 ноябр соати 14.30 ба вақти Душанбе баробар шуд. (манбаъ: http://www.forexpf.ru/quo-te_show.php )

Интизор меравад, ки муҳоҷирони корӣ метавонанд, маоши моҳонаи худро, ки бо рубли русӣ пардохт мешавад, бо доллар иваз кунанд ва ба ватан бифиристанд.

Чанд суол

Ҳоло ҳарчи Бонки миллии Тоҷикистон талош кунад, ки бо вориди бозор намудани долларҳои захира қурби пули сомониро ҳифз кунад, мушкил хоҳад буд ва намешавад дар воқеъ ба коҳиши бо суръати он комилан ҷилавгирӣ намуд. Ҳоло як доллар бар ивази 5, 30 сомонӣ табдил мешавад, ин дар сарофиҳо ё нуқтаҳои мубодилаи асъори расмӣ. Дар асл дар сарофиҳо доллар нест ва ё онро саррофон ба фуруш намегузоранд. Амалан таварруми сомонӣ дигар як амали анҷомшуда аст, ки зарбаи сахте ба пайкари иқтисод расонидааст. Пайомади он бо гузашти чанд ҳафтаи дигар қобили эҳсос хоҳад буд. Худи имрӯз қимматҳо ба ин далел дар бозор боло рафтааст, ки бо таваҷҷуҳ ба собиқаи болоравии қимматҳо дар бозорҳои Тоҷикистон дигар пойин нахоҳад рафт.

Аз суи дигар вобаста ба афзоиши қимматҳо дар бозори ҷаҳонӣ ва навасони пулҳои байналмилалӣ мисли доллар ва рубл, тағйир кардани нарх ва қиммати сомонӣ то ҷое шубҳаовар ва суолбарангез аст. Зеро агар фарз бар ин бошад, ки вобаста ба коҳиши қимати нафт, қиммати доллар дар баробари рубл боло рафта ва ин ҳолл мунҷар ба коҳиши сомонӣ низ шудааст, пас чаро дар бозори дунё ва Русия қиммати нафт аз 120 доллар то 80 доллар дар чанд моҳи гузашта пойин рафта, вале дар Тоҷикистон қиммати бензин аз 5 сомонии соли гузаштаи ҳамин давра ба 6, 80 сомонӣ боло рафтааст?

Аз доллару нафт, ки бигузарем ва ба муҳоҷирон бирасем, суоли асосӣ ин аст, ки оё Тоҷикистон имкони дар оғуши гарм гирифтани ин ҳама муҳоҷирро, ки САҲА ва Вазорати меҳнат, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар борааш хабар додаанд, дорад?

Тоҷикистон аз таҳримҳои Ғарб аллайҳи Ирон чӣ қадар зарар дид? Ва дар ҳоли афзоиш ёфтани таҳримҳои нав ба нав аллайҳи Русия чӣ қадар зарар хоҳад кард?

Чаро дар баробари камқурб шудани рубл зарбаи аслӣ ба пули миллии тоҷикон асар мекунад? Чаро Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбакистон, ки дар маҳдудаи ин ҷуғрофиё ҳастанд, ба андозаи Тоҷикистон осебпазир нестанд?

Ва оё дар ҳолати афзоиши таҳримот аллайҳи Русия Амрико ва Ғарб ҳозир хоҳанд буд, то ҷуброни зарар ба иқтисоди Тоҷикистонро бипардозанд? Ҳоло агар Ғарб бо Русия ҳисоб дорад аламашро қарор аст аз Тоҷикистон бигирад? Оё дар ҳолати рукуди иқтисоди Русия кадом кишваре ҳозир аст то беш аз 1 миллион муҳоҷири тоҷикро мизбонӣ кунад: Амрико, Аврупо ва ё Чин? Кадом яке???!!!

"Миллат"

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97