«Боварӣ ва ҳамкорӣ» сазовори боварӣ аст

Иқтисод 11.12.2014 16:04

bovari va hamkori- Нуринисо Сангиновна, чанд рӯз қабл Ташкилоти "Боварӣ ва ҳамкорӣ" панҷумин соли фаъолияташро таҷлил кард. Дар бораи ин роҳи пуршебуфарози тайкардаатон чӣ ҳарфе барои гуфтан доред, оё ба он ҳадафе, ки ҳангоми таъсис додани ташкилот доштед, расидед ё на?

- Ҷойи таъкид аст, ки пеш аз таъсис додани ин ташкилот  идеяҳои зиёдеро нисбат ба паст кардани бӯҳрони иқтисодӣ ва беҳтар кардани шароити иҷтимоии мардум дар сар доштам, чунки аз аввал бо шароити зиндагии мардум дар деҳот хуб ошноӣ доштам. Умуман, вақте ки корро шуруъ кардем, барои  бозори молиявии кишвар ин фаъолияти нав буд. Чунки он замон аксарият гумон мекарданд, ки ташкилотҳои хурди маблағгузоре, ки дар ноҳияҳои дурдаст фаъолият мебаранд,  фақат ба гирифтани грантҳо ва расонидани кумакҳои башардӯстона машғул ҳастанд. Ин аст, ки изҳори нобоварӣ аз он мекарданд, ки агар қарзҳои тиҷоратӣ бигиранд ва онро рӯи кор оранд, оё ин қарзро баргардонда метавонанд ё не. Яъне хавф зиёд буд. Шояд аз ин сабаб бошад, ки баъзеҳо ҳатто рӯи рост мегуфтанд, маблағи зиёд ҷудо кардан лозим нест. Соли 2009 бо қарори Бонки милли Тоҷикистон, ширкати яке аз бонкҳои бузурги ҷумҳурӣ "Агроинвестбонк" ва дастгирии техникии GIZ Агентии Рушди Олмон, Агентии Рушди Нидерландия ҳамчунин дар асоси лоиҳаи вақти АМФОТ "Фонди дастгирии ташкилотҳои хурд ва миёнаи қарздиҳанда", ба фаъолият шуруъ намудем. Агар бигӯям, ки корро бо 700 ҳазор доллари амрикоӣ шуруъ намудем, хато нахоҳам кард. Дуруст аст, ки GIZ Агентии Рушди Олмон ва Агентии Рушди Нидерландия барои харидани таҷизот, маоши кормандон ва дигар корҳои техникӣ 100 ҳазор долларӣ ҷудо карданд. Албатта, дар ҳама ҷо дар қадами нахуст душвор аст, аммо мо душвориро ҳам он қадар ҳис накардем, чунки кормандон ва коршиносони GIZ Малика Иброҳимова, Фирӯза Сафарова, Фарҳодҷон Раҳбаров, мушовири лоиҳа Михаил Шенайдер дар паҳлӯи мо буданд. Ёдам меояд, вақте ки барои аз қайд гузаштан ба Вазорати адлия мерафтам, кормандони лоиҳаи GIZ пешниҳод намуданд, ки номи ташкилотро "Боварӣ" гузорем, аммо чун ба Вазорати адлия рафтам, онҳо гуфтанд, ки бо ин ном ташкилоти дигаре аз қайд гузаштааст ва онҳо наметавонанд, ки ду ташкилотро бо як ном аз қайд гузаронанд. Гуфтам, ки агар ин хел бошад, ба "Боварӣ" "ҳамкорӣ" илова мекунем. Ҳамин тавр номи ташкилоти мо "Боварӣ ва ҳамкорӣ" шуд. Боварие, ки тӯли панҷ сол воқеан ҳам ба боварии мардум сазовор гашт ва ташкилотҳои хурди қарзи ҳамкориҳои судмандро бо он ба роҳ монданд. Шиоре, ки панҷ сол пеш,  назди худ гузошта будем, ин Боварӣ, Ҳамкорӣ ва Рушд буд.  Агар байни мо ва бонкҳо, байни мо ва мизоҷонамон  ҳамдигарфаҳмӣ ва боварӣ бошад, ҳангоми баҳисобгирии хидматрасонии молиявии мо шаффофият бошад, ҳатман ҳамкорӣ мешавад, агар ҳамкорӣ шавад, хидматҳои молӣ расонда мешавад, агар хидматҳои молиявӣ дуруст ва аз рӯи стандартҳои байналхалқӣ пешниҳод гарданд, умед ба ояндаи нек ва рушди устувори иқтисодии кишвар зиёд хоҳад шуд.  Алакай дар ин фурсати кӯтоҳ рушди ҷамъияти худ, инкишофи  ташкилотҳои хурдро назаррас мебинем.

- Ҳоло дороии ташкилот чӣ қадар аст?

- Тавре хотирасон кардам, корро бо 700 - 800 ҳазор доллар шуруъ намуда будем, ҳоло дороии ташкилоти "Боварӣ ва ҳамкорӣ" нӯҳ маротиба афзудааст, яъне сармояи мо шаш миллион сомониро ташкил медиҳад. Аслан, "Боварӣ ва ҳамкорӣ" қарзҳои чаканаро ба мардум пешниҳод намекунад,  танҳо ба додани қарзҳои яклухт ба ташкилотҳои маблағузории хурд машғулем. Ташкилотҳои маблағгузори хурде, ки бо мо ҳамкорӣ мекунанд, мизоҷони мо мебошанд. Ин ташкилотҳо дар 60 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ хидматгузории хурди молиявиро  ба мардум дастрас мекунанд. Дар давоми панҷ сол шумораи ташкилотҳое, ки бо мо ҳамкорӣ доштаанд, афзуд. Айни замон  23 ташкилоти маблағгузори хурд бо мо робитаи хуби судмандро ба роҳ мондаанд. Ин ташкилотҳо вақте ки тоза ба фаъолият шуруъ намуда буданд, сандуқи қарзиашон ҳамагӣ 200 ҳазор долларро ташкил медод. Шукр, ки имрӯз сандуқи қарзии баъзеашон чор - панҷ маротиба афзудааст. Ин маънии онро дорад, ки онҳо барои мардум, барои аҳолии деҳот панҷ  маротиба зиёд қарзҳоро пешниҳод намудаанд.

bovari va hamkori 3- Оё дар таҷрибаи панҷсолаи кориатон ташкилотҳое буданд, ки аз "Боварӣ ва ҳамкорӣ" қарз гирифтанд,  аммо аз ӯҳдаи додани қарз набаромаданд?

- Бале, ин тавр ҳам шуда буд. Аниқтараш ду ташкилоте буд, ки қарз гирифтанд, қарзро дар мӯҳлаташ баргардонданд, аммо дигар хоҳиши қарз гирифтан накарданд. Ба назарам идоракунии сандуқи қарзӣ ба онҳо хеле душвор буд, чунки ин ташкилотҳо дар ноҳияҳои дурдаст буданд, яке дар ноҳияи Дарвоз ва дигаре дар Рашт. Шояд ин ташкилотҳо дар таҷрибаи корӣ бо кредитҳои яклухт сару кор надоштанд, ин аст, ки  идоракунии молиявӣ барои онҳо хеле душвор буд. Ба ҳар ҳол тавонистанд, ки қарздор намонанд ва қарзро баргардонанд.

- Ташкилотҳое, ки ба ташкилот барои қарз муроҷиат мекунанд, ягон нақша ё бизнес -план пешниҳод мекунанд?

-  Бале, онҳо лоиҳаи бизнес - плани худро, нақшаи худро дар давоми он мӯҳлате, ки бо ин қарз фаъолият кунанд, пешниҳод менамоянд. Масалан, агар қарзро барои ду сол гирифтани бошад, нақшаи кориашро барои ду сол тартиб медиҳанд. Агар барои як сол гирифтан хоҳанд, нақшаи яксола пешниҳод мекунанд. Баъдан, мо ин нақшаҳоро омӯхта, месанҷем, чуноне ки мегӯянд, "одамизод шири хом хӯрда аст", агар насанҷидаву наомӯхта ба онҳо қарз диҳем, зиндагӣ пастиву баландии худро дорад, шояд ба ягон камбудие роҳ диҳанду бо маблағи калон кор карда натавонанд. Дар воқеъ талабот дар бозор аст, лекин дар таҷриба, дар фаъолияти ҳаррӯза ҳар кас метавонад бо душвориҳое рӯ ба рӯ гардад, ки онҳоро ҳал карда натавонад. Бинобар ин, хавфҳое, ки доранд, меомӯзем, бармекашем ва баъдан ҳаҷми маблағи қарзро тасдиқ мекунем. Аз рӯи тартибот ва меъёрҳое, ки Бонки миллӣ тасдиқ намудааст, ба ташкилотҳои маблағгузори хурд на зиёда аз 300 ҳазор доллар қарз дода метавонем. Ғайр аз ин он меъёре, ки Бонки миллӣ  бароямон тасдиқ намудааст, инчунин сармояи ташкилоти худро низ ба инобат гирифтанамон лозим аст. Албатта, ин ҳам як меъёри иқтисодӣ аст, ки аз 20 фоиз зиёдтар нисбат ба сармояи танзимшавандаи ҷамъият қарз дода наметавонем. "Боварӣ ва ҳамкорӣ" ташкилоте мебошад, ки сармояи он ин қадар калон аст, ҳамагӣ 6 миллион сомонӣ маблағ дорем. Бинобар ин қарзҳое, ки пешниҳод мекунем тақрибан ҳудуди 230 ҳазор долларро дар бар мегиранд.

- Имкони дар оянда ба бонк табдил додани Ташкилот аст, чунки чуноне ки мебинем, баъзеҳо ин таҷрибаи ҷамъияти "Боварӣ ва ҳамкорӣ" ро надоранд, лек зуд ба бонк табдил меёбанд?

- Мақсади асосии мо ҳамин аст. Бо рушди бештари "Боварӣ ва ҳамкорӣ" чунин имконе пайдо мешавад, аммо инро тезондан хуб нест, инчунин набояд ақиб рафт. Он  ҳамчун як механизми  иқтисоди бозоргонӣ худаш ба ҳамин дараҷа пухта мерасад. Вақте ки  сандуқи қарзии "Боварӣ ва ҳамкорӣ" ё сармояи танзимшавандаи он оҳиста - оҳиста зиёд мешавад, ҳолате мешавад, ки мо ба қарзгирандагон аз 100 доллар зиёд дода наметавонем. Бояд ҳамин меъёри Бонки миллӣ иваз шавад, ё ин ки мо сохтори худро иваз кунем. Аммо шахсан ман боварӣ ва умед дорам, ки ташкилоти "Боварӣ ва ҳамкорӣ", насиб бошад ба бонк табдил меёбад. Он вақт ба ғайр аз хидматрасонии яклухт шояд хидматрасонии чаканаро ҳам ба роҳ монем. Умуман, ба роҳ мондани хидматрасонии гуногун талаботи замон аст ва мо аз замона қафо монданӣ нестем. Имрӯз дар дигар давлатҳо хидматрасонии ипотекӣ ё лизингӣ пеш рафтааст, умед аст, ки мо ҳам ин корро дар ҷумҳурии худамон ба роҳ мемонем. 

Вақте ки душворӣ пеш меояд, кӯшиш мекунем, ки ба зону назанем. Имрӯз дар Тоҷикитсон низ кадрҳои болаёқат хеле зиёд шудаанд, мушовирони хуби соҳаи бонкӣ дорем. Ин суханонро ба он хотир мегӯям, ки аз шароит ва имконият бояд дар якҷоягӣ истифода барем. Ҳоло вақти ба мардум бештар кумак расондан, расидааст. Ба масъалаи ипотека ва фоизҳои он бояд дар якҷоягӣ  ҷиддӣ машғул шавем, то мардум ба воситаи ин қарз тавонанд, ки ба манзил дастрасӣ пайдо кунанд.

bovari va hamkori 1- Умуман бо пешниҳоди маблағҳо ба ташкилотҳои хурди қарзӣ, таҳлил мекунед, чӣ қадар аҳолӣ соҳиби ҷойи кор шудааст?

- Хеле афсӯс мехӯрам, ки солҳои пеш чунин таҳлил накардем, лекин соли равон таҳил намудем ва рақамҳоро ҷамъбаст намуда, муайян кардем, ки танҳо дар 10 моҳи соли равон шариконамон аз 23 ташкилоте, ки бо мо ҳамкорӣ доранд, зиёда аз 4 ҳазор нафарро ба кор фаро гирифтаанд. Ин ташкилотҳо бо худтаъминкунии мизоҷони худ, бо ба соҳибкории хурд ҷалб намудани мизоҷони худ, ҷойҳои кориро нигоҳ дошта тавонистанд ва дар ин росто ҷойҳои кори нав низ фароҳам овардаанд. Нақша дорем, ки минбаъд ҳатман ин ҳисоббариро давом диҳем ва онро таҳлил кунем. Душвории асосии  ташкилотҳои маблағгузории хурде, ки дар ноҳияҳо фаъолият мекунанд, ин барномаҳои электронии баҳисоббарӣ аст. Бояд гуфт, ки ин барномаҳо аксаран дар давлатҳои муосир кор карда мешаванд ва  нархи хеле гарон доранд. Ташкилотҳои маблағгузори хурд ё кишварҳои дар ҳоли рушд қарор дошта, кам андар кам ба ин барномаҳо дастрасӣ пайдо карда метавонанд. Хушбахтона, ҳоло ҷавонҳое пайдо шудаанд, ки дар дохили Тоҷикистон чунин барномаҳоро таҳия карда истодаанд ва нархашон нисбатан арзон аст. Ҳоло, кӯшиш ба харҷ дода истодаем, ки ҳамаи ташкилотҳои маблағгузори хурдамон бо чунин барномаҳо фаъолият карда тавонанд. Ин меҳнати сангинро талаб мекунад, аммо кӯшиш мекунем, барои мизоҷони мо душвор бошад ҳам, ин ҳисоббариро ташкил карда тавонанд, он вақт ба ҳукумат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳисоби дақикро пешниҳод карда метавонем. Ҳар як мизоҷи қарзгирандаи ташкилоти маблағгузори хурд дар соҳаи тиҷорат тақрибан 1,5 ҷойи корӣ фароҳам сохтааст. Медонам, ки 70 фоизи қарзгирандагони Тоҷикистон ба зиммаи ташкилотҳои маблағгузории хурд вогузор шудаанд. Дар рафти фаъолият кӯшиш мекунем, ки бештар аз стандартҳои маъмулии дигар кишварҳо истифода барем. Ва як беҷмаркет ҳам аст байни ташкилотҳои маблағгузории хурди ҷаҳон, як  платформаи миксмаркет доранд ва ҳамаи ҳисоботҳои худро ба он ҷо равона мекунанд. Аз ҳамон ҷо мебинем, ки чӣ навоварихо аст. Таҷриба гирифтану онро дар амал тадбиқ намудан ҳама вақт ба манфиати кор аст. Масалан, аввалин агентие, ки ба мо кумаки техникӣ расонд, GIZ буд, инро Агентии Рушди Нидерландия идома дод. Баъдан бо номи Доменик Лосеф мушовире аз Фаронса омад. Доменик вақте ки тадқиқот гузаронд, исбот намуд, ки талабот дар бозори молиявии Тоҷикистон ба ташкилотҳои қарздеҳ зиёд аст ва мо метавонем, ки на ҳамчун лоиҳа, балки чун сохтори мустақил фаъолият барем. Доменик доим мегуфт, "Худро ҳамчун ташкилоти миллӣ эҳсос кунед ва вақте саҳҳомонро аз дигар давлатҳо даъват мекунед, саъй намоед, ки 51 фоизи саҳм дар ҷониби Тоҷикистон монад.  Саҳми зиёди худро ба онҳо нафурӯшед, бигузор сармояатон афзояд, лекин 51 фоиз дар Тоҷикистон монад. Нисбати ин шахс эҳтироми зиёд дорам. Медонед, агар имрӯз ба сандуқи қарзии "Боварӣ ва ҳамкорӣ" нигоҳ кунем, аксари маблағҳо баробар тақсим шудаанд, байни вилоятҳои Суғд, Хатлон, Душанбе ва ноҳияҳои атрофи шаҳр, яъне дар ин ҷо шароити минтақаҳоро низ ба назар гирифтан мумкин. Масалан, пештар гуфта гузаштем,  ду ташкилоти хурд аз Рашт ва Дарвоз дигар хоҳиши гирифтани қарзро накарданд. Ин аз он дарак медиҳад, ки захоир ва имконияти маҳалро низ ҳангоми додани қарз ба назар гирифтан лозим. Албатта, мехостам, ин ташкилотҳо наҳаросанд, амал кунанд. Наҳаросидан омилест, ки боиси афзун гардонидани сандуқи қарзӣ, афзун гардонидани фаъолият бо мардум мегардад. Бояд ташкилотҳои хурди қарзӣ дарк кунанд, ки ин амалиётро таъмин карда метавонанд. Воқеан, аксарият медонанд, ки маҳз дар ин минтақаҳо хидматрасонии молиявии бонкҳо ба мардум нисбатан камтар  аст. Сохторҳои маблағгузории хурд бештар дар он минтақаҳое кор мекунанд, ки дар он ҷо қарздиҳӣ камтар аст. Ин аст, ки ташкилотҳои маблағгузории хурд дар он ҷойҳо афзалият доранд. Ҳангоми супоридани ҷоизаҳо ҳам дар ҷашни панҷ солагии ташкилот, вақте ки таҳлил кардем, ташкилоти қарзии хурди "Ворух" ҳарчанд дар як деҳоти дурдасти Исфара наздики сарҳад ҷой гирифта бошад ҳам, фаъолияти хубе нишон додааст, бо мардум хуб кор мекунад ва бозори истеъмолиро бо ба роҳ мондани соҳибкорӣ дар байни мардум ғанӣ мегардонад. Ё ташкилоти "Чилучорчашма" дар  ноҳияи дурдасти Шаҳритус. Чӣ натиҷаҳои хубе доранд, ин ташкилотҳо. Асос, ки намеҳаросанд ва боварии мардумро сазовор гаштаанд.

bovari va hamkori 2- Ягон ташкилоти "ноздона"доред? 

 - На,  ҳамаи мизоҷони худро дӯст медорам, ҳамаашон бароям беҳтаринанд. Чун рейтингро гузарондем дар байни ташкилотҳо,  панҷ ташкилотро интихоб намудем. Хеле душвор буд, мехостем, ки ҳамаашонро интихоб кунем, аммо рейтинг, рейтинг аст, ва ҳатман бояд касе бурд кунад ва касе бохт. Масалан, яке аз ташкилотҳое, ки  нисбаташ зиёд эҳтиром дорам ва он дар ҷашн ҷоиза гирифт, ҷамъияте дар вилояти Хатлон мебошад, Ин ташкилот дар 26 ноҳияи вилоят фаъолият мебарад ва аҳолии камбизоатро фаро гирифтааст. Қарзҳои онҳо аз 1000 доллар шуруъ шуда то 1, 5 ҳазор долларро дар бар мегиранд,   яъне мардуме, ки ба ин қарз мӯҳтоҷ аст, ин қарзро мегирад. Мардуме, ки пул дорад, барои гирифтани қарзи хурд талош ҳам намекунад. Он мардуме, ки дар ин ташкилотҳо кор мекунанд, яъне кормандонашон аз 50 нафар ҳам зиёданд, баҳри паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ талош меварзанд. Ман назди ин ташкилот ва дигар ташкилотҳое, ки фаъолияти хуб доранд, сари таъзим фурӯ меорам. Умуман, Сарвари давлат ҳамасола дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии кишвар ба фаъолияти ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ ишора мекунад ва саҳми онҳоро дар рушди иқтисоди кишвар мусбат арзёбӣ мекунад. Пас, мо бояд кӯшиш ва талоши бештар ба харҷ диҳем, ки ин боварӣ ва эътимодро аз даст надиҳем.

- Ташаккур барои суҳбат.Муваффақ бошед.

- Сабз бошед!

Суҳбати М. Соҳибназар

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97