Ҷойгоҳи Тоҷикистон дар бозори нанотекноложии ҷаҳон

Иқтисод 04.12.2014 14:53

nanotech 010813Асри ХХ1 асри маҳсулоти нанотекноложӣ аст. Ширкатҳои бузурги ҷаҳонӣ ва кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон инро ба хубӣ дарк карда, бо харҷи миллиардҳо доллари ИМА, дар ин ҷодаи илми муосир, бо ҷалби олимон ва мутахассисони ботаҷриба ва сохтани озмоишгоҳҳои бузург бо таҷҳизоти гароннарх, тадқиқотҳои илмӣ мегузаронанд. Дар рафти сохтани маҳсулоти нанотекноложӣ, бо дасткорӣ дар сатҳи атомҳо ё дар ҳаҷми нано-яъне 10-9 метр ё худ аз миллиард як ҳиссаи метр, моддаҳо ва низомҳои сифатан нав пайдо мекунанд, ки имкони сарфаи зиёди захираҳои энергетикӣ ва моддиро медиҳанд. Истифодаи ин моддаҳо ва низомҳо дар истеҳсолот, маҳсулоти истеҳсолшударо сифатҳои нав мебахшад ва  рақобатпазир месозад. Ширкатҳое, ки ба ин текноложиҳо дастрасӣ пайдо мекунанд, даҳсолаҳо ҷойгоҳи худро дар бозори ҷаҳонӣ аз даст нахоҳанд дод.

Акнун суол ин аст, ки Тоҷикистон бо ин имкониятҳои нақди моддӣ ва ақлоние, ки дорад, чӣ ҷойгоҳеро дар бозори нанотекноложии ҷаҳон дошта метавонад?

Албатта, сохтани озмоишгоҳҳои бузург бо таҷҳизотҳои гароннарх ва бо ҷалби олимон ва мутахассисони ботаҷриба гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ дар сатҳи атомҳо, имкониятҳои бузургеро фароҳам меорад. Аммо ин равандест, ки хароҷоти бузурги молиявию зеҳниро талаб мекунад. Барои мисол дар оғози корҳо дар соҳаи нанотекноложӣ Русия барои пеш бурдани корҳои илмӣ дар ин соҳа 4 миллард доллари ИМА барои 4 сол ва барои сохтани озмоишгоҳҳо ва муҷаҳҳаз кардани онҳо бо таҷҳизотҳои гароннархи лозимӣ боз як миллиард доллар ҷудо карда буд. Ба ҳисоби миёна бо ин мақсад дар ҳамон замон ИМА 1.5 миллиард, Иттиҳоди Аврупо 1.2 миллиард ва Ҷопон 1 миллиард дар як сол харҷ мекарданд. (манбаъ: ttp://protown.ru /information/ hide/4471. html).

Имрӯз бо он имконоти молие, ки кишвари мо дорад, мо имкон надорем, ки озмоишгоҳҳои гаронбаҳо созем ва дар ин бозор ҳамчун истеҳсолкунанда ҷойгоҳ пайдо кунем. Аммо ин маъно онро надорад, ки аз дастовардҳои нанотекноложӣ ба мо манфиат намерасад. Дар фарқият аз фановариҳои ҳастаӣ ва кайҳоншиносӣ, ки абарқудратҳо аз онҳо манфиатҳои бузург мегиранд, вале дар иқтисоди мо нақше надоранд, нанотекноложӣ ба монанди фановариҳои компютерӣ метавонанд нақши бузурге дар рушди иқтисоди мо дошта бошанд.

Дар бозори маҳсулоти нанотекноложии ҷаҳон мо ҳамчун истеъмолкунанда аз дастовадҳои он истифодаи васеъ карда метавонем. Таҷрибаашро то имрӯз дорем. Худи ҳамин чароғҳои каммасраф, ки  гузаштани сартосарии кишвар ба он боиси сарфаи зиёди қувваи барқ гардид, маҳсули нанотекноложӣ аст, ки баъди кашфи светодиодҳо дар натиҷаи тадқиқотҳои нанотекноложӣ, дастрас шуданд (манбаъ: http://www.fabrikamisli.ru/page/141/ , матлаби раҳбари "Институти Курчатов, М. В. Ковалчук). Ҳамчунин истифода аз дигар маҳсулоти дастраси нанотекноложӣ, боиси сарфаи захираҳои моддӣ ва энержӣ дар корхонаҳо ва хоҷагиҳо мегардад.

Масъалаи асосӣ дар назди ҷомеаи мо имрӯз ҳамин аст, ки аз хусусиятҳои маҳсулоти тайёри нанотекноложӣ бохабар бошем ва истифодаи онҳоро дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ ба роҳ монем. Бо истифодаи маҳсулоти нави нанотекноложие, ки имконияти сарфаи энержиро медиҳанд, ба монанди чароғҳои каммасраф, энержиро сарфа кунем. Имконияти истифодаи босамари маҳсулоти нанотекноложиро дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, тиб, алоқа, сохтмон ва дигар дуруст омӯхта, сари вақт аз онҳо баҳрабардорӣ кунем. Ин метавонад арзиши аслии маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзии моро поён бурда, дар бозор рақобатпазир гардонад. Дар тиб имкони муолиҷаи бисёре аз бемориҳоро фароҳам меорад ва дигар имкониятҳое, ки бояд омӯхта шаванд ва дуруст истифода  шаванд.

Истифодаи дуруст ва саривақтӣ аз дастоварҳои нанотекноложӣ нахустин вазифаест, ки дар назди ҷомеаи мо барои ояндасозии кишварамон меистад. Шояд дар оянда бо пайдо шудани имкониятҳои молӣ, дар натиҷаи рушди иқтисод имкони сохтани озмоишгоҳҳо пайдо шавад ва ҷойгоҳе дар бозори нанотекноложии ҷаҳон дошта бошем. Ё дар якҷоягӣ бо дигар кишварҳо (масалан, кишварҳои порсзабон) даст ба тадқиқотҳо зада, бо дастоварҳои худ ба бозори ҷаҳонӣ бароем. Барои аз истеъмолкунанда ба истеҳсолкунанда табдил ёфтан, зарур аст, ки ҳар чӣ зудтар тасмим бигирем ва дар қадами аввал мутахассисони ҷавонро омода кунем. Мутахассис агар бошад шояд маблағгузорони ғайридавлатӣ таваҷҷуҳ зоҳир кунанд ва дар сохтани озмоишгоҳҳо саҳмгузорӣ кунанд. Ин як роҳи дигари расидан ба мақсад хоҳад буд.

Дар робита ба ҳамин мавзуъ, дар Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 5 ноябри соли 2014 таҳти унвони "Нанотекноложӣ ва ояндасозии Тоҷикистон" маҳфили илмӣ-фалсафии "Ҷаҳони андеша" баргузор шуд.

Гузоришгари маҳфил физикдон, корманди Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии АИ ҶТ, мутахассиси соҳаи астрофизика ва атмосфера Номвар Қурбонов дар бораи мафҳуми нанотекноложӣ, вазъияти ҳозираи он ва имкониятҳои бузурги он дар оянда суханронии муфассал кард.

P.S.: Ин оғози кор буд, умед аст, ки дигарон низ ба ин раванд мепайванданд ва ҳамроҳ даст ба кор мешаванд, то кишвари азизамон дар ояндаи начандон дур дар баробари кишварҳои пешрафта қарор бигирад. Ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳанд!

Меҳр Собириён Маркази омӯзиши равандҳои муосир

ва оянданигарии илмии АИ ҶТ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97