Назарсанҷӣ

Шумо аз хидматрасонии кадом ширкати мухобиротӣ қаноатманд мебошед?

МегаФон Тоҷикистон - 14.4%
Вавилон мобайл - 65.4%
Тселл - 14.7%
Билайн - 3.7%
ТК мобайл - 0.6%
Тоҷиктелеком - 1.2%

Камбудӣ ва бартарии моликияти шахсӣ ва моликияти давлатӣ

Иқтисод 20.11.2014 16:13

economika-picДу шакли асосии моликият вуҷуд дорад - моликияти давлатӣ ва моликияти шахсӣ. Дар навбати худ моликияти шахсӣ ба моликияти фардӣ, моликияти гуруҳӣ (саҳҳомӣ, кооперативӣ, оилавӣ) ва моликияти давлатӣ ба моликияти ҷумҳуриявӣ ва моликияти ҳукуматҳои маҳаллӣ ҷудо мешавад.

Ҳарду шакли моликият бартарӣ ва камбудиҳои хоси худро доранд. Бо дар назардошти ин камбудиҳо ва бартариҳо, дар ҳар кишвар вобаста ба замон ва талаботҳои иқтисодӣ ба яке аз ин шаклҳои моликият бартарӣ дода мешавад ва аз он бо мақсадҳои муайян пуштибонӣ карда мешавад. Албатта, қобили қабул нест, ки як шакли моликият ҷорӣ карда шаваду шакли дигараш мамнуъ бошад. Таҷрибаи Шуравӣ нишон дод, ки танҳо бо моликияти давлатӣ намешавад заминаи рушди иқтисодро барои муддати дароз таъмин кард. Шикасти иқтисодии ин абарқудрати собиқ баёнгари он аст, ки аз ҳарду шакли моликият дар ҳолатҳои муайян бояд истифода кард. Кишвари Чин сари вақт бо иҷозат додани моликияти шахсӣ дар қатори моликияти давлатӣ тавонист иқтисоди худро дар як муддати кӯтоҳ яке аз пешгомҳои ҷаҳон созад. Боз ҳам қабул нест, ки дар ҳама соҳаҳо танҳо моликияти шахсӣ бошад. Чунки дар ин ҳолат адолати иҷтимоӣ риоя намешавад.

Пӯшида нест, ки мақсади асосии соҳибкорон-гирифтани фоидаи бештар дар муҳлати кӯтоҳтарин аст ва мақсади асосии давлат таъмини адолати иҷтимоӣ ва таъмини амнияти мардум ва кишвар аст. Бинобар ин соҳибкорон сармояи худро асосан ба соҳаҳое равон мекунанд, ки сармояи камтар талаб мекунанд ва муҳлати баргардиши пул дар ин соҳаҳо камтар асту фоидааш бештар. Ба монанди: соҳаи савдо ва хизматрасонӣ, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, соҳаи саноати сабук ва ғайра.

Давлат, дар навбати худ, аз рӯи мақсадҳои муайян сармояи миллиро ба соҳаҳое равон месозад, ки дар онҳо муҳлати баргардиши сармоя дурру дароз аст ва даромад аз онҳо камтар асту сармояи бузургро талаб мекунанд. Ин соҳаҳое ҳастанд, ки аз сабаби манфиати молиявии кам доштанашон соҳибкорон ба он таваҷҷуҳ надоранд, аммо ин соҳаҳо зарурати иҷтимоӣ ва амниятӣ доранд ва берушди ин соҳаҳо рушди иқтисоди кишвар номумкин аст, чунки ин соҳаҳо заминасози рушди иқтисодии ҳар як кишвар ҳастанд. Ба монанди: соҳаи энергетика, роҳсозӣ, комплексихарбӣ- саноатӣ, маориф, илм ва дигарҳо.

Вобаста ба шароити пешомада дар корхонаҳо,зарурати гузаштан аз як шакли моликият ба шакли дигар пеш меояд. Мақсади гузаштан аз як шакл ба дигар шакли моликият асосан ду чизаст. Яке, иқтисодӣ ва дигару, иҷтимоӣ. Мақсади иқтисодӣ- таъмини рушди босуръати корхонаҳо, болобарии ҳосилноки имеҳнат ва дар маҷмӯъ болоравии ММД ва рушди мунтаззами иқтисоди миллӣ ба шумор меравад. Мақсади иҷтимоӣ-таъмини адолати иҷтимоӣ, тақсимоти баробари захираҳои табиии кишвар, дастрасии баробари мардум ба маҳсулоти ҳаётан муҳим, наҷоти корхонаҳои дар ҳолати муфлисшавӣ қароргирифта ба хотири нигаҳдории ҷойҳои кори шахрвандон ва дар маҷмуъ таъмини баробарии нисбӣ дар ҷомеа мебошад.

Бартарии моликияти шахсӣ дар он аст, ки раҳбарон ҳангоми қабули қарорҳо бароиҳалли масъалаҳои пешомада озод буда, тамоми маҳорати худро барои расидан ба натиҷаи хубтар истифода мекунанд, бе тарс аз рондашудан ё танбеҳ гирифтан. Аз болои сармояи худ назорати ҷиддӣ мебаранд ва шабу рӯз сари пешравии кор андеша мекунанд. Ин боиси он мегардад ки манфиатнокии корхонаҳои хусусӣ аз корхонаҳои давлатӣ бештар мешавад.

Камбудии моликияти шахсӣ дар он аст, ки нобаробарии иҷтимоиро зиёд мекунад, фарқ миёни бою камбағал зиёд мешавад, як қисми ками аҳолӣ аз ҳисоби аксарият моли бисёр ҷамъ мекунанд ва соҳибмулкон дар ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ масъулият ҳис намекунанд. Ин боиси афзоиши ноадолатӣ, норозигии мардум ва бесуботии кишвар мегардад.

Бартарии моликияти давлатӣ дар он аст, ки давлат, ки масъули ҳалли мушкилоти ҷамъият аст, фоидаи софи корхонаҳоро барои ҳалли мушкилоти мардум равона мекунад, на барои сохтани қасрҳо ё харидани онҳо дар лаби кадом як баҳр ва харҷи он дар қиморхонаҳо. Аз ҳисоби соҳаҳои сердаромад, давлат риштаҳои ҳаётан муҳими ҷамъиятиро маблағгузорӣ мекунад.  Нақшаҳои дарозмуддати иқтисодиро бо назардошти манфиатҳои миллӣ тартиб дода, иҷро менамояд. Иқтидори истеҳсолии корхонаҳоро бо назардошти манфиатҳои миллӣ истифода мекунад. Умуман, давлат моликияти худро барои расидан ба мақсадҳои иҷтимоии худ истифода мебарад. Ин боиси тақсимоти нисбатан баробари захираҳои табиӣ миёни аҳолӣ мегардад.

Камбудии моликияти давлатӣ дар он аст, ки раҳбарон ҳангоми қабули қарорҳо барои ҳалли масъалаҳои пешомада озод нестанд, коргарон ба рушду пешравиҳои корхона таваҷҷуҳи кам доранд, назорат аз болои сармоя нисбатан сустаст ва роҳҳои ғорати амвол зиёд мешавад. Ин ҳама боиси кам шудани манфиатнокии иқтисодӣ дар корхонаҳои давлатӣ мегардад.

Умуман, дар кишварҳое, ки қонунҳо дуруст кор намекунанд ва сатҳи ришвахорӣ зиёд аст, моликияти давлатӣ хеле кам самар мешавад. Албатта дар чунин кишварҳо моликияти шахсӣ ҳам ҳоли хуб надорад, аммо соҳибмулкон бо назорати ҷиддӣ ва кордониву таҷрибаи худ самаранокии корхонаҳои худро зиёд мекунанд.

Дар зимни чунин муқоиса, саволе пайдо мешавад, ки: Дар шароити имрӯза кадом шакли моликият барои Тоҷикистон муфидтар аст?

Тоҷикистон, ки ба гурӯҳи кишварҳои ақибмонда дохил мешавад ва дар шохисҳои байналмиллалии фасод ҷойгоҳи паст дорад, беҳтар аст ба ҷуз аз соҳаҳои аҳамияти стратегӣ дошта, дигар дар ҳама соҳаҳо шароити корро барои соҳибкорон фароҳам сохта, бо ҷорӣ намудани қонунҳои иқтисодии дуруст ва низоми андозбандии шаффоф ва одилона ба моликияти хусусӣ бартарӣ бидиҳад. Хусусан, ба моликиятҳои гурӯҳӣ (ширкатҳои саҳҳомӣ, кооперативҳо, иттиҳодияҳои истеҳсолӣ) таваҷҷуҳи бештар дода шавад. Дар корхонаҳо ва иншоотҳои стратегии миллӣ ҳам беҳтар аст, саҳҳоми мудириятӣ худи давлат бошад ва боқимонда саҳмияҳоро ба дигарон фурӯшад. Яъне зиёда аз 50 дар сади саҳмияҳоро дар дасти худ бигирад ва тасмимгири асосӣ давлат бошад, то ки ба қабули қарорҳои зидди манфиатҳои миллӣ ва манофеи умум роҳ надиҳад. То ки қисме аз аҳолии меҳнаткашу кордон дар роҳи рушду шукуфоии ин корхонаву иншоотҳо кушиш ба харҷ дода, аз болои кори масъулон назорат баранд.

Бо моликияти сирфдавлатӣ дар шароити Тоҷикистон самаранокии корхонаҳо паст хоҳад буд. Бинобар ин, беҳтар аст бо сода ва осон кардани ҳуҷҷатгузорӣ барои ташкил ва сабти ном кардани корхонаҳои хусусӣ (саҳҳомӣ, оилавӣ ва ғайра), таъмини шароит барои рақобати солим дар бозор бо мубориза зидди монополистон, дастгирии амалии соҳибкорон ҳангоми ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ бо роҳи додани қарзҳои имтиёзноки дарозмуддат ва дигар имтиёзҳо, кам кардани андозҳо ва паст кардани фоизи онҳо, шароити хуби кори барои соҳибкорон фароҳам оварда шавад. Ин боиси пайдо шудани корхонаҳои зиёди хурду миёна мегардад, ки асоси иқтисоди миллиро ташкил карда, бо пули андози аз онҳо ҷамъшуда давлат метавонад мушкилоти иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷомеаро ҳал бикунад ва манфиатҳои умумро ҳимоян амояд.

Маврид ба зикр аст, ки агар дар кишвар аз болои иҷроиши қонунҳо назорати ҷидди набошад ва конунҳо бе чуну чаро иҷро нашаванд, ягон шакли моликият натиҷаи хуб дода наметавонад. Дар корхонаҳои давлатӣ ғоратгарӣ, ришваситонӣ, истифодаи ғайри мақсадноки маблағҳо, танбалӣ ва беаҳамиятӣ сади роҳи муваффақият мешаванд. Дар корхонаҳои хусусӣ гурез аз андозсупорӣ бо роҳи кам нишон додани даромад, порадиҳӣ, санҷишҳои зиёди боасосу беасоси мақомот ва дигар омилҳо корхонаҳоро муфлис месозад ё ба буҷаи давлат маблағи кам ворид мешавад, ки боиси иҷро нашудани нақшаҳои иҷтимоиву иқтисодии давлат мешавад.

Бинобар ин, пеш аз ҳама бояд қонунҳои дурусти иҷрошаванда қабул ва ҷорӣ шаванд. Баъд аз болои иҷроиши ин қонунҳо назорати ҷиддии босамар бурда шавад. Заминасози ҳама пешравиҳо ва бурдбориҳо, дар кадом шакли моликияте ки набошад, танҳо ҳамин иҷроиши пурраи қонунҳо мебошад.

Дар навбати худ, ин пешравиҳои иқтисодӣ дар таъмини амнияти ҷамъиятӣ нақши худро доранд. Бадбахтона, солҳои охир пайвастани ҷавонони тоҷик ба гурӯҳҳои тундрави террористӣ зиёд шудааст, ки ба амнияти миллӣ хатар дорад. Таблиғгарони ин гурӯҳҳои тундрав бештар дар кишварҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ ақибмонда ва сатҳи пасти омӯзишу парвариш дошта, фаъол ҳастанд ва ба ваъдаҳои беасоси болобаланди худ ҷавонони бекор ва бесаводро ба доми худ афтонда аз онҳо барои расидан мақсадҳои ғаразноки худ истифода мекунанд. Яке аз роҳҳои мубориза бо ин гурӯҳҳои тундрав фароҳам овардани шароити хуби омӯзишӣ ва корӣ барои аҳолӣ аст. Дар баробари пешравиҳои иқтисодӣҷойҳои корӣбарои шаҳрвандон таъмин мешавад, ки онҳо думболи кори  худ  рафта, дигар туъмаи ҳизбу ҳаракатҳои тундрав намешаванд. Бо ғанӣ гардидани буҷаи кишвар дар натиҷаи кори босамари корхонаҳо, маблағгузорӣ дар соҳаи омӯзишу парвариш зиёд мегардад ва сатҳи дониши ҷавонону наврасон зиёд гардида ҷаҳонбинии онҳо васеъ мегардад. Онҳо дигар ба доми таблиғгарони тундрави мазҳабӣ намеафтанд ва ба ояндаи худ ба боварӣ нигоҳ карда, пайи касбомӯзӣ ва боло бурдани маҳорати касбии худ мераванд.

Меҳр Собириён

Маркази омӯзиши равандҳои муосир

ва оянданигарии илмӣ, АИҶТ

©2008 - 2017 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97