Коҳиши назарраси нархи нафт ва қурби рубли Русия

Иқтисод 07.11.2014 17:11

 

ва таъсири он ба иқтисоди Тоҷикистон

 

volytaҲафтаи сипаришуда нархи нафт дар бозори ҷаҳонӣ аз 90$ барои ҳар бушкаи навъи "Brent", пасттар шуд, ки аз июни соли 2012 то ин сатҳ паст нашуда буд. Ин пастшавӣ мунтазам чор моҳи ахир идома дорад.  Мутахассисон сабаби ин поёнравии нархи нафтро дар кам шудани талабот бар он, дар баробари сустшавии рушди иқтисод дар Арупо ва кишвархои осиёи медонанд. Дар баробари ин ОПЕК ва ИМА истихроҷи нафтро зиёд карданд, ки ин таклифотро дар бозор зиёд карда аст. Дар натиҷа нархи нафт дар бозори чаҳонӣ такрибан ба 89$ дар охири ҳафтаи гузашта баробар шуд. (манбаъ: http://news.mail.ru/economics/19795846/?frommail=1)

 

Коҳиши нархи нафт ба рубли Русия зарбаи сахт зад ва ҳафтаи гузашта қурби он бори аввал аз 40 рубл сари 1 доллари ИМА гузашта ба 40.46 рубл сари 1 доллар расид. Ин беқурбшавӣ ҳанӯз аз баҳори соли ҷорӣ сар шуда буд, ки бо ноором шудани вазъият дар Украина, пайвастани Қрим ба Федератсияи Русия ва ҷорӣ шудани таҳримҳои ғарб алайҳи Русия рост омад. Коҳиши нархи нафт, ки даромад аз истихроҷ ва фурӯши он яке аз сарчашмаҳои асосии ғанисозии буҷаи Русия ба шумор меравад, беқурбшавии рубли Русияро зиёдтар кард. Дар натиҷа аз аввали сол то имрӯз қурби рубл тақрибан 20 дарсад коҳиш ёфт.

 

Ин пастшавии қурби рубли Русия ба иқтидори харидории аҳолии Тоҷикистон ҳам таъсири манфӣ расонида аст. Бештари аҳолие, ки аз ҳисоби муҳоҷирони кории дар Русия буда зиндагӣ мекунанд аз ин беқурбшавӣ зарар мебинанд. Дигар бо музди меҳнате, ки муҳоҷир мегирад, намешавад он ҳаҷми маҳсулотеро харидорӣ намуд, ки дар оғози сол имкони харидорияшро доштанд. Қурби рубл нисбат ба сомонӣ ҳам то ба 1.27 сомонӣ барои 10 рубли Русия омада расид, ки дар охирҳои моҳи январи соли ҷорӣ он баробар ба 1.47 сомонӣ буд. Яъне ҳаҷми буҷаи оилаи муҳоҷир ҳам тақрибан 14 дарсад коҳиш ёфта аст, ки ин монеи болоравии сатҳи зиндагии онҳо мешавад ва коҳиши мизони фақрро дар кишвар то дараҷае мушкил мегардонад.

 

Албатта, ин раванди пастшавии қурби рубли Русия доимӣ нест ва имрӯз ё фардо муътадил мегардад. Шояд баландтар ҳам шавад. Чунин ҳолатҳо дар кишварҳои дорои иқтисоди рӯ ба рушд зиёд дида мешавад. Ҳарчанд имрӯз дигар ҳоҷат барои фавран иваз кардани рубл ба дигар асъор нест. Чунки зарар аллакай расид. Аммо дар оянда беҳтар аст, ки муҳоҷирон пасандозҳои худро на бо рубли Русия, балки бо дигар асъори нисбатан муътадил, аз ҷумла доллари ИМА, нигаҳ доранд. Ин хатари коҳиши арзиши пасандозҳоро камтар мекунад. Албатта ҳама намуди пул дар давоми сол то дараҷае арзиши худро аз даст медиҳад, аммо доллари ИМА нисбат ба бисёре аз арзҳои дигар таварруми камтар дорад. Имрӯз дар кишвари мо шароити мусоиди иваз кардани рубли Русия ба дигар арзҳо вуҷуд дорад.

 

Интизор меравад, ки дар баробари коҳиши нархи нафт, нархи сӯзишворӣ дар Марказҳои фурӯши сӯзишворӣ ҳам коҳиш ёбад. Аммо то имрӯз нархи сӯзишворӣ ба ҷои поён рафтан боло рафтааст ва аз 4.80 сомонӣ барои 1 литр бензини навъи АИ-92, ки чанд моҳ пештар буд, то ба 6.2 сомонӣ боло рафтааст. Сабаби ин болоравӣ дар кам шудани захираи сӯзишварӣ ва таклифот дар бозори маводи сӯхт, дар натиҷаи таъмири мавсимии корхонаҳои коркарди нафти Русия аст. Пас аз ба кор даромадани ин корхонаҳо, интизор меравад нархи сӯзишворӣ дар кишвари мо ҳам боз коҳиш ёбад.

 

Меҳр Собириён

 

Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва

оянданигарии илмӣ, АИ ҶТ

©2008 - 2020 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97