Маблағгузории илму маориф дар Тоҷикистон зарурист

Иқтисод 02.11.2014 10:43

Investitsiy maorifТаъмини манфиатҳои миллӣ, болобарии сатҳи зиндагии мардум, донишандӯзиҳо дарбораи табиат, техника, инсон ва ҷамъият, таъмини амнияти кишвар вазифаҳое ҳастанд, ки дар замони муосир ҳамчун масъала дар назди илму маориф меистанд.

Дар замони муосир, ки рақобат дар ҳама соҳаҳо шадид аст, бе рушди илму маориф ва тадқиқотхои илмӣ баробар шудан бо кишварҳои пешрафта ғайриимкон аст. Таҷрибаи Руссия ва Арабистони Саудӣ нишон медиҳад, ки ҳатто бо доштани захираҳои бузурги табиӣ, бе рушди илму техника вобастагӣ аз дигарҳо зиёд аст ва иқтисод рақобатпазир нест. Иқтисод, сиёсат,  иқтидори ҳарбӣ ва ғайра танҳо дар ҳолати рушди илму техника ва болоравии сатҳи дониши аҳолӣ рақобатпазир мешавад.

Шурбахтона дар Тоҷикистон илму маориф ин вазифаҳои худро ба таври лозимӣ иҷро карда натавонист. Иқтисоди мо вобаста ба муҳоҷирати корӣаст, ришвахорӣ нисбатан баланд аст, сатҳи дониши аҳолӣ паст аст, яроқу аслиҳаро аз хориҷа дастрас мекунем… Сабаб чист?

Яке аз сабабҳои ин ақибмондагии мо маблағгузории кам ва камсамар дар соҳаи илму маориф аст. Инҷо бояд нахуст ҳаҷми маблағгузориро ба ин соҳа зиёд кард, баъдан тартибҳои нави маблағгузориро ҷорӣ кард.

Дар баробари зиёд кардани ҳачми маблағ барои илму маориф, шаклҳои маблағгузорӣ ҳам бояд мукаммалтар шаванд. Имрӯз дар кишвари мо бартарӣ ба маблағгузории муассисахои илмӣ дода мешавад ва Институтхои илмӣ-тадқиқотӣ ва дигар муассиҳое, ки тадқоқоти илмӣ мебаранд, маблағгузорӣ мешаванд ва командаи ин муассисаҳо дар якҷоягӣ корҳои илмиро иҷро мекунанд.Дар шароити имрӯз ки ҳамкориҳои зичи муассисаҳои илмӣ-тадқиқиотӣ бо корхонаҳои истехсолӣ ба роҳ монда нашудааст, чунин шакли маблағгузори камсамар хоҳад буд. Таҷриба нишон медиҳад, ки барои ба даст овардани натиҷаҳои мусбӣ аз тадқиқотҳои илмӣ, манфиати олимон, давлат ва ширкарҳои истеҳсолӣ бояд дар якҷоягӣ дар назар гирифта шаванд. Дар мисоли Руссия дида мешавад, ки дар замони Шуравӣ  бо як нақшаи мутамарказ олимон барои рушди корхонаҳои истеҳсолӣ тадқиқот  мегузаронданд ва натиҷаи мусбати ин тадқиқот,ҳам ба фоидаи давлат буд, ҳам ба фоидаи корхонаҳои истеҳсолӣ. Давлат олимон ва институтҳои тадқиқотиро бо маблағҳои кофӣ таъмин мекард. Ин низоми корӣ натиҷаи хуб ҳам дод. Бо барҳам хурдани ин низом ва дар алоҳидаги фаъолият кардани илм ва истеҳсолот, баъди пошхурии Шуравӣ ва аз миён рафтани идораи марказонидашудаи давлатӣ, талабот ба тадқиқотҳои илмӣ хеле кам шуд ва аксари мутахассисони баландихтиссос кишварро тарк карданд. Руссия дар соҳаи илм ва ихтироъхои илмӣ аз кишварҳои пешрафта хеле ақиб монд.

Дар кишварҳои ғарб таҷрибаи ҳамкориҳои зичи олимон ва ширкатҳои истеҳсолӣ таҳти назорати давлат, натиҷаҳои хуб додааст ва имрӯз онҳо бо ин низоми кории худ дар истеҳсолот ва навовариҳо пешсаф ҳастанд. Ширкатҳои бузург (BOEING, AIRBUS, IBM, INTEL ва дигар) тадқиқотҳои илмиро маблағгузорӣ мекунанад, олимон барои онҳо кор мекунанд ва навовариҳо ҷорӣ мекунанд. Дар шароити иқтисоди бозорӣ ва тақобати шадид дар бозори ҷаҳонӣ ин ягона роҳест, ки ширкатҳо метавонанд ҳиссаи худро дар бозор нигаҳ доранд. Давлат дар навбати худ барои нигаҳ доштани ҷойҳои корӣ, нигаҳ доштани базаҳои андозсупорӣ ва таъмини рушди иқтисод, ин ширкатҳоро дастгирии хамаҷониба мекунад.

Бинобар ин, дар кишвари мо ҳам бояд ҳатман илм дар истеҳсоли маҳсулот бо навовариҳои худ иштирок кунад, ширкатҳои истеҳсолӣ дар қатори давлат дар маблағгузории тадқиқотҳои илмӣ иштирок кунанд ва давлат аз болои ин назорат барад ва нақшаҳои стратегии рушди иқтисодро дар заминаи ҳамкориҳои олимон ва истеҳсолкунандагон, ки натиҷаи он ба манфиати ҳама хоҳад буд, тартиб диҳад.

Ба гайр аз ин, бояд шаклхои дигари маблағгузорӣҳам ҷорӣ шавад ва вобаста ба хусусияти масъалаҳои таҳқиқшаванда аз онҳо ҳам истифодаи васеъ шавад.

Яке аз ин, маблағгузорӣ ба худи олим аст. Дар асоси боварӣ бар шахсияти олим, кори ӯ маблағгузори мешавад. Мушкилоти таҳқиқшаванда ва роҳҳои амалии он ба уҳдаи худи олим гузошта мешавад. Чунин шакли маблағгузориро дар таҳқиқотҳои фундаметалӣ бисёртар истифода бурдан мумкин аст. Ба хотири он, ки ин шакл нисбати дигар шаклҳо камхарҷтар аст.

Дигар, маблағгузории тарҳҳои тадқоқотӣ аз руи низоми грантӣ. Ин шакл бештар дар тадқоқотҳо дар илмхои корбурдӣ ҷорӣ аст, ки муҳлати иҷрояшон кутоҳ (такрибан то се сол) аст. Таҷрибаи ИМА, ки бо бартарӣ додан ба ин шакли маблағгузории илм, пешравиҳои зиёд дорад, нишон медиҳад, ки бояд аз ин шакли маблағгузорӣ хам васеъ истифода шавад. Барои иҷрои ин зарур аст сарчашмаҳои маблағгузориро ҳам пуратар кард.

Маблағгузорӣ дар рушди илм ва гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ нақши муҳим мебозад. Асосан хароҷот барои ин, дар кишвари мо, аз буҷаи давлат сурат мегирад. Дар баробари ин, бояд шароит мухайё шавад, то ки  ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ширкатҳои истеҳсолӣ ва шахсони алоҳида ҳам дар маблағгузории илм ва тадқиқотҳои илмӣ иштирок карда тавонанд.

Барои рушди босуръати иқтисоди кишвар ва болоравии сатҳи дониш ва зиндагии аҳолӣ, ки бе рушди илм ва навовариҳои илмӣғайриимкон аст, бояд Бунёди  (фонди) рушди илму маорифи Тоҷикистон (БРИМТ) таъсис дода шавад. Чунин бунёдҳо дар кишварҳои дигар вуҷуд доранд ва бо маблағгузории тадқиқотҳои илмӣ дар рушди илм ва технология нақши муҳим мебозанд. (Мисол, дар ИМА, NSF (National Science Foundation) ва дар Руссия, РФФИ (Российский фонд фундаментальных исследований))  Хазинаи ин Бунёд аз ҳисоби буҷаи кишвар, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ширкатҳои истеҳсолӣ, шахсони алоҳида ва ғайра ҷамъоварӣ мешавад.Мудирияти ин Бунёд ҳатман бояд ба уҳдаи олимони ботачриба гузошта шавад.

Самтҳои ҳаётан муҳим барои таҳқиқотро раҳбарони бунёд муайян мекунанд ё худи олимони довталаб барномаи асосонок пешниҳод карда барои гирифтани грант барои гузаронидани тадқиқотҳо талош меварзанд. Интихоби шахс ё гуруҳи олимоне, ки дар масъалаҳои муайяншуда тадқиқотҳои илмӣ мегузарпонанд, танҳо аз тариқи озмун амалӣ мегардад. Дар озмун таҷрибаи кории олимон, натиҷаи корҳои илмии онҳо, нашри мақолаҳои илмии онҳо дар маҷалаҳои илмии дохилӣ ва хориҷиро дар назар гирифта, беҳтаринҳоро барои иҷроӣ тадқиқотҳои илмӣ интихоб мекунанд.Озмунҳо шароит барои рақобати солимро муҳайё месозанд.  Рақобат яке аз омилҳои асосии рушд аст ва имкони поён бурдани ришвахориро дорад.

Бунёд бояд ҳатман маҷалаи илмии худро дошта бошад, ки дар он мақолаҳои хисоботи аз натиҷаи тадқиқотҳои илмии аз ҳисоби бунёд гузаронидашуда ва навовариҳои илмӣ дар ҷаҳон нашр шаванд ва пешкаши мардум ва маблағгузорони Бунёд шаванд.

Қисми асосии маблағхои Бунёд бояд бевосита барои гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ сарф шавад ва ба олимон бирасад. Муассисахои илмие, ки олимон кор мекунанд аз грантҳои ҷудошуда то 15 дарсад метавонанд дастрас кунанд. Ин барои дастгирии ин муассисахо зарур аст ва метавонад омили таҳрикдиҳандае шавад барои ҷалб кардани олимон дар командаи онҳо ва тайёр кардани мутахассисони ҷавон. Грантҳо ки тарики озмун дастрас мешаванд, рақобати солимро миёни муассисаҳои илмӣ ба вуҷуд меорад ва боиси рушди онҳо мешавад.

Аз ҳисоби Бунёд барои тайёр кардани мутахассисони ҷавон стипендияҳо дар мактабҳои миёна ва олӣ ҷорӣ кардан зарур аст.Ҷавонони соҳибистеъдод аз мактабу донишгоҳҳо пайдо карда таҳсили онҳоро дар риштаҳои ҳаётан муҳим, таъмин кардан лозим. Ба хотири таъмини рақобат дар ин ҷо ҳам бояд донишгоҳҳои кишвар стипендияи махсус барои донишҷуёни сохибистеъдод ташкил кунанд ва беҳтаринҳоро аз ҳисоби худ таъмини молӣ кунанд. Ин метавонад обирӯи донишгоҳҳои моро дар миқёси ҷаҳон баланд бардорад.

Хуллас, илм ва маорифи мо нисбати кишварҳои пешрафта ақибмонда хисоб мешавад ва барои рушди он, бояд ислоҳоти ҷиддӣ сурат бигирад. Бо таъсис додани БРИМТ аз дигар сарчашмаҳои дар боло зикршуда ҳам маблағ дастрас карда,  ҳаҷми маблағгузориро ба илму тадқиқотҳои илмӣ ва маориф зиёд карда, бо ҷалби олимони ботаҷрибаи кишвар самтҳои асосии рушд ва шакли маблағгузориро муайян карда, маблағҳоро бо самаранокии баланд сарф кардан зарур аст. Бо дарназардошти воқеъияти бозори дохилӣ ва бозори ҷахонӣ, маҳдудияти маблағ, дастраси ба захираҳои табиӣ  ва сатҳи дониши касбии мутахассисон, бояд бартарӣ ба он самтҳои илм дода шавад, ки имконияти бурдборӣ дар онҳо барои кишвари мо бештар аст. Мисол, бояд мушаххас шавад, ки имрӯз бо ҳамин имконоти молӣ ва сатҳи дониши аҳолӣ, мо аз кадом риштаи илмҳо корро оғоз кунем ва бартариро ба он бидиҳем. Ба риштаи илмҳои табиӣ, техникӣ, тиббӣ, хоҷагии дехот, иҷтимоӣ ва ё гуманитарӣ. Дар дунёе ки ҳама чиз дам ба дам нав мешавад, танҳо бо ҳамин барномарезии мутамарказ ва мақсаднок метавон ба рушди илму маориф расид ва бо кишварҳои дигар рақобат кард.  Танҳо бо ин роҳ мешавад ҳар чи зудтар муҳоҷиронро ба ватан баргардонд ва инҷо бо кор таъмин кард.

Сарчашмаҳои истифодашуда

1. Доклад о состоянии науки в Российской Федерации/ Ассоциация содействия науке - РАСН.http://www.ecolife. ru/zhur-nal/articles/10472/

2. ЗубковаЛ.Д. Финансовое обеспечение развития науки в Российской Федерации (Статья опубликована в журнале "Креативная экономика" № 1 (61) за 2012 год, cтр. 23-28)(http://www.creativeconomy.ru/articles/15297/)

3.Виктор Сергеев.Система финансирования науки и проблема креативности.

Опубликовано в журнале "Компьютерра" №16 от 26 апреля 2002 года

http://old.computerra.ru/offline/2002/441/17635/

4.CергейГуриев. Оценка эф-фективности и качества науки.http://polit.ru/article/2013/05/08/ps_sc20_guriev_science/

Меҳр Собириён Маркази омӯзиши

равандҳои муосир ва оянданигарии илмӣ, АИҶТ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97