Пул бошад, дар ҷангал шӯрбо ҳам ёфт мешавад

Иқтисод 09.01.2014 13:44

Ё 10 кишваре, ки ба василаи пул метавон шаҳрвандии онҳоро ба даст овард

Чӣ тавр метавон ба кишвар сармоягузорони тавоноро ҷалб кард, амволи ғайриманқули солҳои сол бекорхобидаро ба савдо зад, ё ҳамин гуна одӣ карда бигӯем, будҷаи кишварро чӣ тавр пур кард? Чанд кишвар аз Урупо ва Амрика роҳи бағоят ба худ хоси ҳалли ин мушкилотро пайдо кардаанд, яъне ба маҳзи фурӯш гузоштани шаҳрвандӣ. Табиист, ки дар ин маврид, сухан дар бораи мустақиман фурӯхтани шиносномаҳо  намеравад, аммо дар бораи сармоягузорӣ ба иқтисодиёт ва бар ивази он бо тарзи содда ва хос гирифтани шаҳрвандӣ ин ҷо метавон ҳарф зад. Ҳеч ҷои тааҷҷуб нест, ки ин гуна барномаҳо мақбулияти хосеро касб мекунанд, зеро баъзе шиносномаҳо имкон медиҳад, ки дар аксари кишварҳо дар миёни онҳо кишварҳои Мувофиқатномаи шингенӣ низ вуҷуд доранд, бидуни раводид шахс тағйири макони зист намояд. Бинобар иттилооти консалтингии "Henley Estates, Slon" шумо метавонед пули зиёдеро харҷ карда, аз 10 кишвари зерин паспорти дуввумро ба даст оваред:

Бритониёи Кабир, Испаниё, Португалия, Латвия, Канада, Кипр, Малта, Сент-Киттс ва Невис, Антигуа ва Барбуда, Ҷумҳурии Доминикан, ИМА

 

Бритониё

londonДар соли 1994 ҳукумати Бритониё барномаи "Сармоягузор"-ро роҳандозӣ кард, ки вазифаи он аз ҷалб кардани шахсони сарватманди хоҳиши гирифтани шаҳрвандии Бритониёро доштаи сармоягузор иборат буд. Барои гирифтани шаҳрвандии ин кишвар "ҳама-гӣ" 1 миллион фундстрелинг кифоят аст. На камтар аз 750  ҳазор фунд сармоягузор бояд ба иқтисодиёти Бритониё (дар сурати облигатсияҳои давлатӣ, қоғазҳои пурқимат ва саҳмияи ширкатҳо)  маблағгузорӣ мекунад. Бар иловаи ин 250 ҳазор фундро бояд барои хариди амволи ғайриманқул дар қаламрави Шоҳигарии Муттаҳида харҷ кунад ва ё ба ҳисоби ҷории яке аз бонкҳои Бритониё гузорад. Баъди ин сармоягузор бо хонаводаи худ бар асоси қонун дар Бритониё имкони зиндагӣ ва корро пайдо карда метавонад. Бо гузаштани 5 сол хонавода барои зист сабти ном гардида, баъди як сол соҳиби шаҳрвандӣ мегардад. Барои одамони доротар имконияти зудтар гирифтани шаҳрвандӣ низ мавҷуд аст. Дар шароити 5 миллион фунд сармоягузорӣ намудан дар муддати 4 сол ва дар ҳолати 10 миллион фунд сармоягузорӣ метавон дар се сол шаҳрвандии ин кишварро ба даст овард.

Испаниё

spainКишвареро, ки соли 2008 аз буҳрони иқтисодию молиявӣ азият мекашид, ҳеч гоҳ сармоягузории иловагӣ бар иқтисодиёти он ба зарари кор набуд. Дар ихтиёри давлат 700 ҳазор хона асосан манзилҳои нав сохта шуда ва амволи  ғайриманқули ба гарав гузошта мавҷуд буд. Аммо шаҳрвандони худи кишвар барои харидорӣ кардани ин миқдор амволи ғайри манқул маблағ надоштанд. (Дар моҳи сентябри соли 2013 сатҳи бекорӣ дар ин кишвар қариб ба 26,6%  баробар буд.) Дар чунин шароит ҳукумати Испаниё тасмим гирифт, ки барои ба миқдори бештар аз 500 ҳазор евро харидорӣ кардани амволи ғайри манқул ба шаҳрвандони хориҷӣ омодааст, ки асноди иҷозаи иқомат дар Испаниёро пешниҳод намояд. Ба ғайр аз ин, асноди иҷозаи иқоматро дар ҳолати 2 миллион евро маблағгузорӣ кардани облигатсияҳои давлатӣ ба муддати 5 сол ва ба миқдори 1 миллион евро сармоягузорӣ кардани саҳмияҳои ширкатҳои испанӣ, ё ин миқдор маблағро дар суратҳисоб гузоштан метавон ба даст овард. Баъди ба миқдори зарурӣ харидорӣ кардани амволи ғайри манқул, ё ки сармоягузорӣ намудан бар иқтисодиёти Испаниё барои дархосткунанда кофӣ аст, ки ба консулгарии Испаниё дар ҳудуди мамлакати худ муроҷиат кунад ва дар муддати 10 рӯз иҷозаи иқоматро бигирад. Аммо шаҳрвандиро сармоягузор фақат метавонад аз рӯи қоидаи умумӣ баъди 10 сол ба даст оварад.

Португалия

portugalДар Португалия дархосткунандагони тобеияти дуввумро обу ҳавои муътадили субтропикӣ, нишондиҳандаҳои болои сатҳи зиндагӣ ва тавоноии ҳаракати озодона дар саросари кишварҳои узви тавофуқномаи Шинген метавонад ба худ ҷазб кунад. Дар соли 2013 аз ҷониби давлат як  барнома бо номи ""Golden Residence", ("Маҳали иқомати тиллоӣ") роҳандозӣ шуд, ки ба шаҳрвандони хориҷӣ имкон медиҳад, ба таври сода иҷозаи иқоматро ба даст оваранд. Барои ин кор бояд ба маблағи 500 ҳазор евро моликият ҳаридорӣ намуда, онро то муддати 5 сол ба фурӯш нагузошт ва ё ба андозаи 1 миллион евро ба иқтисодиёти Португалия сармоягузорӣ кард. Баъди ин аллакай дар навбати аввал вориди ин кишвар гардидан метавон ба мудати як сол муҳлати иқомат гирифт ва метавон минбаъд онро тамдид кард. Аммо шаҳрвандиро чунин иқоматкунанда метавонад баъди 6 соли зиндагӣ дар ин кишвар ба даст оварад. Бар асоси ин барнома давраи ҳатмии будубош дар соли аввал ҳамагӣ 7 рӯз буда, дар солҳои минбаъда 14 рӯз аст.

Латвия

latviaМувофиқи таҳрири нави қонуни Латвия  "Дар бораи шаҳрвандӣ", ки аз моҳи октябри соли 2013 амалӣ гардид, шаҳрванди хориҷӣ ба ивази сармоягузорӣ ҳуқуқ дорад, ки иҷозати иқоматро дар ин кишвар  ба даст оварад. Барои ин кофист, ки як чанд амволи ғайриманқулро ба ивази 50 то 100 ҳазор лат (71 144 - 142 288 €) вобаста бо минтақаҳо харидорӣ намояд ва ҳамчунин ба  муассисаҳои қарздиҳии кишвар на кам аз 200 ҳазор лат (284 576€)  сармоягузорӣ  кунад. Ҳамчунин ба фонди асосии капиталии корхонаҳои Латвия (ҷамъиятҳои саҳомӣ, ё ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд) на камтар аз 25 ҳазор лат (35 572€) дар шароите, ки ин муассиса ба будҷаи кишвар на камтар аз 20 ҳазор лат (28 458€) бояд дар муддати 1 сол маблағ гузаронад, сармоягузорӣ намояд. Шумораи барномаҳои корбурдӣ барои иҷозаи иқомат маҳдуд аст.Онҳо дар сол ҳамагӣ 900 адад ҷудо карда мешаванд. Ба даст овардани шаҳрвандии ин кишвар чандон сода нест. Хоҳишмандони гирифтани шаҳрвандиро зарур аст, ки аз забон ва таърихи Латвия имтиҳон супоранд ва далели муддати 5 соли охир иқомати худро дар ин кишвар исбот карда тавонанд. То декабри соли 2012 шумораи умумии хориҷиёне, ки имконияти ба ивази сармоягузорӣ гирифтани иҷозаи иқоматро доштанд, ҳамагӣ аз 4892 нафарро ташкил медоданд. Аксари онҳо шаҳрвандони Иттифоқи Шӯравии собиқ мебошанд.

Канада

canadaИмконияти ба даст овардани  шаҳрвандиро барои сармоягузорӣ Канада низ фароҳам кардааст, ки яке аз маконҳои дӯстдошта барои муҳоҷирон аз кишварҳои муштаракулманофеъ мебошад. Ба хотири он ки канадагӣ гардӣ, мувофиқи ин барнома ту исбот намоӣ, ки таҷрибаи касбу кор дорӣ ва сармояи ту на камтар 1,6 миллион доллари канада (қариб 50 миллион рубли русӣ) аст ва ин дороии ту ба таври қонунӣ ба даст омадааст, сипас ба иқтисодиёти Канада 800 ҳазор доллари канадагӣ (қариб 25 миллион рубли русӣ) сармоягузорӣ бояд кард. Дар веб сайти расмии давлати Канада на танҳо сармоягузорӣ чӣ гуна истифода мешавад (тақсими сармоягузории молиявӣ ба минтақаҳо, рушди иқтисодиёт ва омода намудани ҷои кор ва ғайра) оварда шудааст, балки инчунин дар бораи замонати баргардонидани маблағи сармоягузорӣ шуда, баъди гузашти 5 сол ва се моҳ низ гуфта мешавад. Ягона бадии кор ин аст, ки муддати баррасии ариза метавонад то ду сол идома ёбад. Барномаи вижаро барои сармоягузорон музофоти Квебек пешниҳод менамояд. Шароити он дақиқан ҳамон аст, аммо сармояи гузоштаи тоҷик танҳо барои рушди иқтисодиёти Квебек равона карда мешавад ва муддати баррасии ариза низ ин ҷо на бештар аз як сол аст.

Кипр

cyprusОбу ҳавои баҳрии хафиф, узвият дар Иттиҳодияи Аврупо ва имкони сафари озодона дар сар то сари қаламрави кишварҳои Шинген севвумин ҷазираи бузургро дар Баҳри миёнзамин барои хуб гузаронидани ҳаёт хеле ҷаззоб намудаанд. Ин кишвар дорои барномаи пешниҳоди шаҳрвандӣ ба сармоягузорон аст. Кофист, ки барои амалӣ гаштани мақсади худ дар маҷмуъ ҳадди ақал 5 миллион евро амволи ғайриманқул харидорӣ намоед. Ин чиз муҳим аст, ки давраи сармоягузориҳо бояд бештар аз се сол бошад. Агар сармоягузор барои баргашта гирифтани сармояи худ тасмим гирад, шаҳрвандӣ метавонад лағв шавад .Ҷаззобияти бештарро муҳлати барнома касб кардааст: Марҳилаи дарёфти гузарномаи ҷадид се моҳ тӯл мекашад.

Малта

maltaШаҳрвандии Малта имкониятҳои бештареро фароҳам мекунад; сафари бемонеъа ба кишварҳои узви  мувофиқатномаи Шенген, сафари бидуни раводид ба 160 кишвари ҷаҳон, аз он ҷумла Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва кишварҳои узви Иттиҳодияи Урупо ҳамчунин имконияти зиндагӣ дар ҷазираҳои Баҳри миёназамин бо зерсохторҳои тавсиаёфта, ҳавои нарм ва дараҷаи  поёнии ҷурм ва ҷиноят. Сарфи назар аз пофишориҳои мухолифини рост парлумони Малта дар ноябри соли 2013 лоиҳаи қонуни атои ҳақи шаҳрвандиро барои шаҳрвандони хориҷие, ки 650 ҳазор евро сармоягузорӣ мекунанд, тасдиқ намуд. Ғайр аз дархосткунандагон аъзои оилаи он метавонанд аз 18 ҳазор то 65 ҳазор пул супорида шаҳрвандии ин кишварро гиранд. Ҷолиби таваҷчуҳ ин аст, ки инҷо сухан дар бораи ҳеҷ гуна маблағгузорӣ нарафта, ҳамин тавр дар бораи фуруши шаҳрвандӣ меравад.Ба ҳамин тариқ давлат ҳарсола фурӯши қариб 200-300 гузарномаҳоро барои сармоягузории барномаи вижа; "Сандуқ барои наслҳои оянда" дар назар дорад.

Сент-Киттс ва Невис

saintkittsandnevisСент-Киттс ва Невис, як кишвари ҷазиравии кӯчак воқеъ дар баҳри Кариб, яке аз аъзои Кишварҳои  муттаҳидаи Бритониё аст ва онро  маликаи Бритониё роҳбарӣ мекунад.  Ҳанӯз соли 1984 давлат барномаи "Шаҳрвандӣ аз тариқи сармоягузорӣ" -ро ба роҳ монд, ки ба дархосткунандагони  "тобеъоти дугона" ва хонаводаи онҳоро иҷозат медиҳад аз тариқи сармоягузорӣ барои ба даст овардани гузарнома  дар шароити нисбатан матлуб  дар муддати замони ниҳоят кӯтоҳ шаҳрвандии ҷазираи кӯчакро ба даст оваранд. Шаҳрвандии ҷазираи на чандон калон ба шумо имконият медиҳад, бидуни виза аз 131 кишвари ҷаҳон, аз он ҷумла, Кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо, Канада, Сингапур ва дигар кишварҳо боздид намоед. Барои ба даст овардани он на камтар аз 400 ҳазор доллар сармоягузрӣ намудан барои хариди амволи ғайриманқул  барои худ дар ҳудудии ҷазира кофист, ё ин ки 250-300 ҳазор доллар (вобаста ба шумораи аъзои хонавода)  ба Бунёди  хайрияи рушди саноати қанд сармоягузориро анҷом бояд дод. Барнома чунин афзалиятҳоро дорост. Дар муддати кутоҳ ( ҳамагӣ дар чанд моҳ ) гузарнома  ба даст оварда мешавад. Иқомати доимӣ дар ҳудуди ҷазира талаб карда намешавад.

Ҷумҳурии Доминикан

dominicanҶумҳурии Доминикан  барномаҳои худро барои ҷалби сармоягузорони хориҷӣ низ дорад.Ин кишвар дар миёни ҷаҳонгардон чун кишвари ҷазиравии баҳри Кариб хело машҳур аст. Барои сармоягузорӣ ба иқтисодиёти кишвар шаҳрванди хориҷӣ ва хонаводаи он метавонад шаҳрванди комили Ҷумҳурии Доминикан шаванд. Сармоягузорӣ дар шакли гузаронидани мустақими пул ба ҳисоби давлат сурат гирифта, барои шахсони танҳо аз 100 ҳазор доллар ва барои довталабони ду фарзанди ноболиғдошта 200 ҳазор долларро дар бар мегирад. Агар аъзои оила бештар бошанд барои ҳар яки онҳо ба таври иловагӣ 50 ҳазор доллар супурда мешавад.

Муҳлати баррасии пешниҳодот аз 5 то 14 моҳ идома меёбад. Агар ҳамаи асноди пешниҳод гардида дуруст бошанд, сармоягузор соҳиби шиноснома мешавад ва метавонад бидуни виза ба 50 кишвари ҷаҳон, аз он ҷумла Британияи Кабир ва Шведсария сафар кунад.

ИМА

usaСарфи назар аз он ки довталаб  барои гирифтани визаи оддии туристӣ хеле сайъю талоши зиёде анҷом медиҳад ИМА яке аз маҳбубтарин кишвар барои муҳоҷират аст. Бо ин ҳол барои сармоягузорони сарватманд гузинаҳои дигар  вуҷуд дорад. Сармоягузор бо маблағгузории ҳадди ақал 500 ҳазор доллар ва эҷоди 10 ҷои кори қонунӣ  метавонад,  бо умеди "корти сабзи" Иёлоти Муттаҳида бошад. Green Card - Корти сабз ҳуҷҷати эътирофкунандаи шахс буда, сабти иқомат дар Иёлоти Муттаҳидаро  тасдиқ мекунад.  Барои он ки соҳибони Корти сабз минбаъд шаҳрвандиро соҳиб шаванд, бояд дар ин кишвар бештар аз 5 сол зиндагӣ кунанд, забони англисӣ, таърих  ва системаи ҳуқуқии ИМА-ро донанд ва омодаи савганд ба садоқат ба ин кишвар бошанд.

Антигуа ва Барбуда

barbudaЯке аз кишварҳои дигари ҷазираи дар ҳавзаи Кариб бо иқлими гарми тропикӣ  аз барои сармоягузорӣ шаҳрвандиро пешниҳод мекунад. Ин барнома бар асоси таҷрибаи Сент-Китс ва Невис фароҳам  шудааст. Барои ба даст овардани шаҳрвандӣ ба Хазинаи миллии рушд  ҳадди ақал 250 ҳазор доллар ирсол намудан шарт аст, ё ин ки дар ҳудуди давлати ҷазираӣ ба арзиши ҳадди ақал 400 ҳазор доллар манзил харидорӣ намояд. Ягона фарқи ин барнома аз барномаи монанд дар Сент-Китс ва Невис иборат аз ин аст, ки довталаби шаҳрвандӣ бояд ҳадди ақал 7 рӯз аз кишвар дар як сол дидан кунад. Мӯҳлати ба даст овардани паспорт ниҳоят кӯтоҳ буда, дар 4-6 моҳ анҷом меёбад ва сармоягузор метавонад бидуни виза ба 129 кишвари ҷаҳон аз он ҷумла Амрико, Канада ва кишварҳои Иттиҳодияи Урупо сафар кунад.

Шарҳи «Миллат»:  Баъди хондани ин мақола ҳар кас чӣ сарватманд ва чӣ камбағал ба қадри «ҳиммати худ» ба андеша меравад. Сарватмандон шояд барои гирифтани гузарномаи ин кишварҳо ба аҳли хонавода ва наздикон маслиҳату машварат намоянд. Нодорон бошанд оҳи сарде кашида шояд рӯзномаро як сӯ ҳаво бидиҳанд.

Аммо манзури мо аз чоп кардани ин матлаб ҳидояти мардум барои тарки ватан кардан ва ҷустуҷӯи ватани нав нест. Зеро ватан яктост, Тоҷикистон яктост. Бо доштани чанде аз пулу пайса метавон ба осонӣ шаҳрвандии ҳар кишвареро аз ҷумлаи ин даҳгона дарёфт кард, аммо бар ивази ҳеч сарвате наметавон ҷойи ватани аслиро пур кард. Аз ин рӯ беҳтарин роҳ табдил додани Тоҷикистон ба як кишвари идеал аст, ки ҳар шаҳрванди дигар кишвар орзуи дарёфти табаъияти Тоҷикистони азизро бикунад. 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97