Роҳҳои валангори Куҳистони Масчоҳ монеъи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ

Иқтисод 14.07.2013 13:03

aschoh roh02Табиат бо кумаки ашхоси масъулиятношинос Куҳистони Мастчоҳро зери таҳрими иқтисодӣ мегирад.

Дар баробари абарқудратҳо табиат низ метавониста аст, бо ҳодисаҳои мухталифи худ, аз қабили заминҷунбӣ, боришоти дурудароз ва пуршиддати барфу борон, лағжиши куҳ ва ғайра, кишварҳо ва минтақаҳои хурду  бузурги онҳоро зери таҳрим бигирад.

 Дар рӯзҳои наздик ба ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ сафар карда будам. Ронандаи мо шахси бисёр чусту чолок дар баробари касби худ ронандагиро хеле хуб балад буд. Агар мо дар соҳили баҳру уқёнусҳо зиндагӣ медоштему ин дӯсти мо касби маллоҳиро пеша мекард, бешубҳа дар  ҳаққи ӯ ибораи «гурги баҳрӣ»-ро истифода мекарданд. Ба вуҷуди ин ҳама қобилияту маҳорат, ӯ дар ин сафар дар дил танҳо бими  убур аз қитъаи роҳи ду сол пеш зери об мондаи назди деҳаи Рарзи ноҳияи Айниро дошт ва ҳар замон аз ронандагоне, ки дар ин роҳ рафтуомад доштанд  ва аз бархе ошноён ба воситаи телефон вазъияти ин мавзеи роҳро мепурсид. Ниҳоят яке аз ронандагон ба мо маслиҳат дод, ки агар бо мошини сабукрав дар сафар бошем хуб аст, ки аз «роҳ»-и вақти зери об мондани роҳи асосӣ кушода шуда, истифода кунем. Мо аз рӯи дастури ӯ амал намуда, бо ҳамин роҳ рафтем. Ин роҳ, ки аз байни заминҳо ва боғҳои деҳаи Рарз мегузашт, аз роҳи мошингард будани он танҳо пайи чархҳои мошинҳои пешгузашта дарак медоданд. Бар зами ин ҷо -ҷо поёнобҳои боғу заминҳо онро шуста рӯи он аз худ «нишона»-е гузошта рафтаанд, ки барои рафтуомади мошинҳои боркаш бисёр хатарнок гардида аст. Дар бозгашт ба Душанбе кори мо омад кард. Ҳавои андаке сард ва гоҳ- гоҳ боронӣ боиси паст шудани сатҳи оби рӯдхонаи Зарафшон гардид ва мо аз ин мавзеъ бе ягон мушкилӣ гузаштем.

Дар вақти гузаштан аз ин ҷо саҳлангорӣ ва бемасъулиятии роҳсозон зуд ба чашм мерасад. Онҳо ду соли пеш баъди лағжиши куҳ роҳҳоро аз сари нав сохта буданд. Тирамоҳи ҳамон сол мо аз ин ҷо мегузаштем ва дидем, ки оби дарё дар ин ҷо хеле орому сокит гузашта, шакли куллро гирифта буд. Роҳсозон мебоист вақти кам шудани об ҳамон сол пеши дарёро аз харсангҳо ва регу шағали  ба он афтода тоза мекарданд ва як чанд шахпораро метаркониданд, дар он сурат об дар инҷо  ҷамъ намешуд ва роҳ боз дубора зери об намемонд.

Кӣ медонад, рӯзҳои гармои дар пеш истода оби ин  рӯдхонаи шӯху ноором боз чи қадар зиёд гашта, ин роҳро то чанд муддат дар «тасарруф»-и худ нигоҳ медорад? Ё ин ки чи қадари ин роҳро шуста вайрон мекунад? Дар айни замон касе аз масъулону дастандаркорон парвои инро надоранд. Вақте ки роҳ тамоман аз байн раваду доду фиғони роҳгузарон баланд шавад ва аз ин ҳодиса, расонаҳои хориҷӣ огаҳӣ ёбанду иттилоъе паҳн кунанд, он гоҳ онҳо ба худ омада, аз пайи кор мешаванд.

Баъди чанд вақт картошкаи ноҳияи Масчоҳ ва чанд рустои ноҳияи Айнӣ, ки аз ин роҳ истифода мебаранд,  барои ба фуруш баровардан мерасад. Агар роҳсозон ҳамин тавр бемасъулиятии худро идома бидиҳанд, кӣ кафолат дода метавонад, ки кишоварзони ин минтақа маҳсулоти истеҳсолкардаи худро пурра ба фурӯш бароварда метавонанд?

Неъмат Неъматзода

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97