Иқтисоди бемор ва аҳзоби сиёсӣ

Иқтисод 24.04.2013 10:56

Ё ниёз ба ҳизби иқтисодӣ

Hizbi siysi 2013Баъди расидан ба истиқлол, Тоҷикистон ба буҳрони ҷиддии сиёсӣ ва иқтисодӣ гирифтор шуд. Аз як тараф бо канда шудани робитаҳои иқтисодии дар замони Шӯравӣ роҳандозишудае, ки ҷумҳуриҳоро бо ҳам вобаста мекард, иқтисод қариб, ки суқут кард ва аз тарафи дигар оғози ҷанги шаҳрвандӣ ва давоми панҷсолаи он кишварро хароб кард. Баъди дарки хатари нобудшавии кишвар ва миллат, мардум ва роҳбарони он бо талошҳои зиёд ба сулҳ расида низоми сиёсиро барқарор  ва кишварро ба оромӣ расониданд ва тӯли 16 соли охир мардум дар фазои ороми зиндагӣ мекунанд. Аммо вазъияти иқтисодӣ тамоман дигар аст.

Дар орзуи Ватан

Тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ блоки иқтисодии кишвар натавониста, ки барномаи дурустеро ҷиҳати рушди назарраси иқтисод таҳия карда, онро дар амал татбиқ кунад. Ҳар иқдоме, ки мешавад, рӯбардорӣ аз дигар кишварҳо, ба хусус Русия ҳаст, ки ба шароити мо созгор нестанд ва натиҷаи дилхоҳ намедиҳанд. Дар натиҷа аксари корхонаҳои аз Шӯравӣ ба мерос монда аз кор монданд ва корхонаҳои нав хеле кам сохта мешаванд. Нишондиҳандаҳои иқтисодӣ то ба ҳанӯз то дараҷаи соли 1990 нарасидаанд. Бекорӣ дар авҷ аст ва аз сабаби набудани ҷои кор тақрибан 1,5 миллион аҳолии қобили меҳнат муҳоҷиратро пеша кардаанд. Имрӯз иқтисоди кишвар асосан дар асоси пулҳои интиқолнамудаи муҳоҷирон рушд мекунад ва вобастаи иқтисоди Русия шудааст. Солҳои дарози муҳоҷират дар кишвари бегона, иқлими сард, корҳои вазнин, дурӣ аз ёру диёр ва фарзандон, мардумро дилгир кардааст. Истифодаи муҳоҷирон барои манфиатҳои сиёсӣ, фишор болои онҳо ҳангоми сар задани ҳар мушкилот дар муносибатҳои Русия ва Тоҷикистон аз ҷониби русҳо аз ҷумлаи ин дилтангиҳост. Ҳар сол қонуну қарорҳои маҳдудкунандаи ҳуқуқи муҳоҷирон қабул кардани Русия, ба монанди иҷозатномаи корӣ, манъи кашидани тамоку ва нӯшидани шароб баъди соати 20.00, бори дигар дар муддати се сол роҳ надодани муҳоҷирон ба қаламрави Русия ҳангоми қарздор будани муҳоҷир аз ширкатҳои мобилӣ ва дигар маҳдудиятҳои озодии муҳоҷирон, онҳоро дилшикаста кардааст ва ояндаи худро равшан дида наметавонанд. Ҳамаи ин сабаб шудааст, ки аксарият дар фикри ёфтани ҷойи кор дар ватан ва тарки муҳоҷират аст ва ниёзи мардум ба рушди иқтисод, пайдоиши корхонаҳои истеҳсолӣ ва пайдоши ҷойи кори муносиб зиёд шудааст.

Аҳзоби сиёсӣ ва мушкилоти иқтисодӣ

Бо дар назардошти ин воқеъиятҳо ҳизбҳои сиёсии кишвар солҳои охир барномаҳои худро бештар сари мушкилоти иқтисодии кишвар ва роҳи ҳали онҳо тартиб дода ба мардум пешниҳод мекунанд. Ҳизбҳои навташкил низ асосан рӯи иқтисод такя мекунанд ва ниёзи мардумро дар ин замина ба назар гирифта, ҳадафи таъсиси ҳизби хешро ҳалли мушкилоти иқтисодии кишвар эълон мекунанд. Бо мақсади ҳали мушкилоти иқтисодӣ ва истеҳсолии кишоварзон чанд сол пештар Ҳизби аграрии Тоҷикистон рӯи кор амад, ки ҳадафи хешро ҳали мушкилоти кишоварзон ва сохтани заминаи мусоид барои рушди хоҷагиҳо унвон карда буд. Аммо дар давоми 7 сол ин ҳизб натавонист, ки барномаи дурустеро барои ҳалли мушкилоти кишоварзон пешниҳод кунад ва ин соҳаи муҳимми иқтисоди кишварро аз мушкилоти фаровон то ҳадде раҳо бисозад. Ҳамзамон Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ пайдо шуда буд, ки мақсади хешро иштирок дар раванди ислоҳоти иқтисодии кишвар ва сохтани заминаи ҳуқуқӣ ва коммуникатсионии мусоид барои рушди иқтисоди кишвар эълом дошта буд. Аммо ин ҳизб ҳам натавонист, ки барномаи дурустеро барои ҳалли мушкилоти иқтисодӣ пешкаш кунад ва воқеъан ҳам ҳиссаи худро дар ҳалли мушкилоти иқтисодӣ бигузорад. Коршиносон беамалии ин ду ҳизби навтаъсисро, ки такя бар иқтисод доштанд, аз ҳад ростгаро будани онҳо медонанд. Дар бисёр маҳфилҳо онҳоро "ҳизбҳои киссагӣ" ҳам меноманд. Чанд ҳизби дигар худро ҳизбҳои мухолиф эълон карда, асосан чапгаро шинохта мешаванд ва аз сабаби паст будани сатҳи дониши сиёсии аксарияти мардум ва боқӣ мондани ҷаҳонбинии сиёсии шӯравӣ дар зеҳни аксарият, ки рақобатро қабул надошт ва рақибонро душман медонист, ин ҳизбҳо аз пуштибонии ҷиддии мардум бархурдор нестанд ва тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ натавонистанд, ки саҳми назаррасе дар қабули қонунҳои дуруст барои ҳалли мушкилоти иқтисодии кишвар ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум гузоранд.

Ниёз ба як ҷунбиш ё ҳаракати воқеъӣ

Дар чунин шароит ниёз барои ташкили як ҳизб ё нируи сиёсии марказгаро ба вуҷуд омадааст, то тавонад бо амалҳои созанда ва вокуниши дӯстона камбудиҳо дар амалҳои Ҳизби ҳокимро фаҳмонад, ки душман нестанд ва танҳо дӯстона камбудиҳоро ошкор мекунанд ва роҳи ҳали дурусти онро пешниҳод мекунанд. Дар баробари ин, ин ҳизби марказгаро бояд дар симои як командаи пурраи дар бар гирандаи донишмандон дар ҳамаи соҳаҳои давлатдорӣ, муаррифӣ карда шавад, на дар симои шахсият. Чунки ҳизбҳои дигар, ки манфиаташон кам аст, аслан дар симои шахсиятҳо шинохта мешаванд ва як шахсият наметавонад миллионҳо ҷонибдор пайдо кунад, аммо команда метавонад. Агар шахсият ҷонибдори зиёд дар ҷомеъаи мо пайдо карда метавонист, Муҳиддин Кабирӣ шахсияти арзанда аст, Раҳматило Зойиров ҳам арзанда аст. Инҳо метавонистанд садҳо ҳазор ҷонибдор дошта бошанд, аммо ҷонибдори зиёд пайдо накарданд.

Чашми умед ба "Тоҷикистони нав"

Ахиран бо дар назардошти ин ниёзҳои ҷомеъа гуруҳи ташаббускоре, Эъломияи худро дар бораи таъсиси як ҳизби марказгаро бо номи "Точикистони нав" пешкаши мардум карданд.

Ташаббускорони таъсиси ҳизби "Тоҷикистони нав" Зайд Саидов, собиқ вазири саноат, соҳибкори муваффақ ва раиси Шӯрои Ҳамоҳангсозии ассот-сиaтсияҳои соҳибкорон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии Тоҷикистон; Шавкат Бозоров, раиси Анҷумани менеҷерони миллии Тоҷикистон; Абдуғанӣ Маҳмадазимов, раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон; Абдураҳим Алиев, раиси Анҷумани истеҳсолкунандагон ва соҳибкорон; Сангинбой Сангинов, узви академияи илмҳои кишоварзӣ; Маҳмудҷон Қосимов, ҳуқуқ-шинос; Ҷамшед Ҳафизов, муовини раиси ширкати "Тоҷиксохтмон-байналмилал"; Мавҷуда Соҳибназарова, рӯзноманигори мустақил; ва коршиноси масоили иқтисодӣ Бахтиёр Баҳодуров ҳастанд.

Зарурияти ташкили ин ҳизбро ташаббускорон дар он мегӯянд, ки ҷомеъаро ноумедӣ барои ояндаи беҳтар фаро гирифтааст. Нируҳои қобили меҳнат ва ақлонӣ торафт кишварро тарк мекунанд. Муҳити имрӯзаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварамон ба як паёми нав, идеяи нав, руҳияи нав, қадами нав, ташаббус ва ташаккули нав ниёз дорад.

Мақсад аз ташкили ҳизби сиёсиро ташаббускорон дар он гуфтанд, ки аз сабаби он ки дар сатҳи ниҳодҳои маданӣ ва  ташкилотҳои ҷамъиятӣ натавонистаанд, таъсири худро ба сиёсатҳо ва қабули қонунҳои аз назари онҳо ба манфиати ҷомеъа буда бирасонанд, мақсад доранд бо ташкили ҳизби нави марказгаро, талош кунанд, ки ниру, зеҳн, тахассус ва талошҳояшонро барои ободии кишвар ва ба ҳамин самт равона сохтани нируҳои созандаи ҷомеъа сарф кунанд.

Албатта зарурати таъсиси ҳизб ва мақсадҳои ворид шудани ин гуруҳ ба сиёсат дар кишвар ҷавобгӯи ниёзҳои имрӯзаи мардум аст. Аммо то куҷо ташаббускорони таъсиси ҳизби "Тоҷикистони нав" муваффақ мешаванд, бевосита ба мардуми кишвар вобаста аст. Соҳибкорон ва иқтисодшиносон агар минбари худро дошта бошанд, хуб аст. Аммо дар ҳоле ки дониши сиёсии мардум хеле паст аст ва ба сиёсат аксарият майл надоранд, ин ҳизб ҳам дар кутоҳмуддат ба монанди дигар ҳизбҳо ягон таъсире дар қабули қонунҳо ва ислоҳи камбудиҳои кишвар расонда наметавонад, дар ояндаи дуртар шояд, аммо на ба ин зудӣ. Ҷаноби Зайд Саидов мегӯяд, ки кӯшишҳо доштанд ва пешниҳодҳое ҳам барои ҳали мушкилоти соҳибкорон ба ҳукумат карда буданд, аз ҷумла ҳангоми қабули "Кодекси андоз", аммо пешниҳодҳои онҳоро нодида гирифтанд ва аз ин рӯ боварӣ доранд бо таъсис додани ҳизб ба порлумон роҳ ёфта манфиатҳои соҳибкорон ва дар маҷмуъ манфиатҳои иқтисодии мардумро ҳимоя кунанд. Аммо дар ҳоле ки мардум хеле кам ба сиёсат таваҷҷуҳ мекунанд ва қонуни интихоботи кишвар ҳам ба манфиати ҳизбҳои дигар нест ва шаффофияти интихоботро ҳеч кас кафолат дода наметавонад, эҳтимолияти роҳ ёфтани намояндагони ин ҳизб ба порлумон хеле ночиз аст. Ба ҳар ҳол, ҳоло ки ниёзи ҷиддӣ ба рақобат дар низоми сиёсии кишвар пайдо шудааст, то ки сабаби пешравии назарраси иқтисоди кишвар бошад, таъсиси чунин ҳизби марказгаро ва муътадилу созанда сари вақтист. Агар воқеъан ҳам тавонанд як командаи хуби дар бар гирандаи донишмандон ва соҳибкорони шинохтаро ташкил кунанд ва барномаҳои ҷиддии ислоҳотӣ ва баромадан аз буҳрони иқтисодиро тартиб дода, онро пешкаши мардум кунанд ва моҳияти онро ба дурустӣ фаҳмонда тавонанд, имкон ҳаст, ки мардум пуштибони онҳо мешавад ва онҳо метавонанд ба порлумон низ роҳ ёбанд ва таъсири худро дар қабули қонунҳо расонда тибқи барномаҳои худ онҳоро ба манфиати иқтисодии мардум қабул кунанд. Аммо ин амалҳо вақти бисёртар мегиранд ва дар гумон аст, ки ҳатто то интихоботи порлумонии 2015 ба мақсад бирасанд. Ба ҳар ҳол оғоз кардани кор ва таъсиси ҳизб қадами аввалин хоҳад буд ва дар оянда қадам ба қадам пешрафт хоҳанд кард.

Иқтисоди бемор ниёз ба табиб дорад

Хулас, дар ҳоле ки иқтисод ба сиёсат сахт вобаста аст ва шароитро барои рушди он, бо қабул ва дар амал татбиқ кардани қонуну қоидаҳои дуруст, ҳукумат ва порлумон муҳайё месозад, ташкили ҳизби сиёсӣ аз тарафи соҳибкорон ва иқтисодшиносон барои таъсир расондан дар қабули қонунҳои иқтисодӣ дуруст ва саривақтист. Аммо барои он ки ҳизби наве бо мақсадҳои ислоҳи мушкилоти иқтисодии кишвар вориди порлумон шавад, бояд аз пуштибонии мардум бархурдор бошад. Бояд барномаҳои мушаххас ва боварибахшеро пешкаши мардум намоянд, то дар нақшаҳои онҳо ояндаи беҳтареро дида тавонанд ва ба онҳо раъй бидиҳанд. Дар акси ҳол бо ташкили ҳизб ҳам наметавонанд ба порлумон роҳ ёбанд ва пешниҳодҳои онҳо боз ҳам нодида гирифта мешавад. Ин дар ҳолест, ки иқтисоди Тоҷикистон рӯз ба рӯз бемортар мешавад ва ниёз ба табибе дорад, ки ҳарчӣ зудтар ба дардаш дармон бубахшад.

                   Меҳр Собириён,

шореҳи иқтисодии "Миллат"

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97