Созмони Шаффофияти Байналмилалӣ шохиси солонаи фасод дар ҷаҳонро интишор додааст. Дар ин шохис Тоҷикистон аз миёни 176 кишвар бо 22 имтиёз дар мақоми 157 қарор гирифтааст.
Дар шохиси дарки фасод дар соли 2011, ки ин созмон интишор дода буд, Тоҷикистон ҳамроҳ бо Украин аз миёни 182 кишвари ҷаҳон дар мақоми 152 қарор дошт.
Ба навиштаи Шаффофияти Байналмилалӣ, имсол мубориза бо фасод дар Тоҷикистон ба таври қобили мулоҳизае заъиф шуда ва ин кишвар дар шохиси дарки фасод панҷ рада пойин рафтааст.
Дар ин мақом Тоҷикистон ҳамдӯши кишварҳое монанди Ангола ва Комбуҷия аст, ки ин амр нишонгари фасоди густарда дар сатҳҳои гуногуни давлати ин кишвар аст.
Бо ин ҳол, вазъи Тоҷикистон нисбат ба бархе аз кишварҳои минтақа, монанди Узбакистону Туркманистон (ҳарду дар радаи 170) ва Афғонистон (174), ки барои решакании фасод тадобири чашмгире анҷом надодаанд, беҳтар арзёбӣ мешавад.
Украин, ки соли гузашта ҳамдӯши Тоҷикистон буд, имсол дар радаи 144 қарор гирифтааст. Қирғизистон, ки соли гузашта дар радаи 164 буд, даҳ рада ҷаҳиш карда ва ба мақоми 154 даст ёфтааст. Ба гуфтаи Шаффофияти Байналмилалӣ, ин кишварҳо дар мубориза бо фасод тавфиқ ёфтаанд.
Дар ҳоле ки Русия дар шохиси ҷаҳонии дарки фасод аз радаи 143 ба радаи 133 гузаштааст, мавқеъияти Ирону Қазоқистон баръакс 13 рада таназзул ёфта ва онҳо акнун бо Русия ҳамдӯш шудаанд.
Чин, аз ҳамсоягони бузург ва аз шарикони аслии иқтисодии Тоҷикистон, дар шохиси имсол панҷ рада пойин омада ва дар мақоми 80 қарор гирифтааст. Ин дар ҳолест, ки қавонини бисёр сахтгиронае дар заминаи фасод дар Чин вуҷуд дорад.
Туркия вазъаш бамаротиб беҳтар шуда ва дар радаи 54 ҷой гирифтааст. Аз миёни ҷамоҳири собиқи Шӯравӣ Эстония дар болотарин рада (32) қарор дорад. Литва, Гурҷистон ва Латвия мутаносибан дар радаҳои 48, 51, 54 қарор дода шудаанд.
Ин чаҳор кишвар аз ҷумлаи ҷамоҳири шӯравии собиқе ҳастанд, ки пеш аз дигарон аз зери султаи Русия берун омада ва худро, ба истилоҳ, ба оғуши Аврупо андохтаанд.
Дар ҳамин ҳол, созмони Шаффофияти Байналмилалӣ мегӯяд, ки имсол аз равишҳои тозае барои радабандии кишварҳо кор гирифтааст. Ба ин далел, ин шохис дар муқоиса бо солҳои пешин баёнгари "тағйироти ҷиддие дар заминаи дарки фасод" дар кишварҳои ҷаҳон нест.
Дар баёнияи матбуотие, ки ин созмон рӯзи 5 декабр интишор дод, омадааст: "Фасод (коррупсия) зиндагии инсонҳоро табоҳ мекунад ва ҷавомеъи инсониро ба ҳам мезанад, пояҳои ҳукумат ва ниҳодҳои давлатиро залил месозад. Ин падида ба норизоятии умумӣ доман зада ва ҷомеъаро бо хатари бесуботӣ ва ошӯб рӯбарӯ мекунад."
Ин созмони байналмилалии бонуфуз афзудааст, ки ҷавомеъ ва мақомоти бисёре аз кишварҳо бояд ба ин падидаи номатлуби иҷтимоъӣ таваҷҷуҳи бештаре бидиҳанд.
Шохиси дарки фасод бар мабнои назарсанҷиҳо ва таҳқиқоти коршиносони ин созмон дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон таҳия мешавад. Дар ҷараёни ин пажӯҳишҳо коршиносон талош мекунанд назарот ва дидгоҳҳои сокинон дар бораи сатҳи фасод дар кишварҳояшонро мушаххас созанд.
Дар садри ин феҳрист кишварҳои Финлонд, Донморк ва Зеланди Нав қарор гирифтаанд. Ин бад-он маъност, ки мардуми ин се кишвар аз ин лиҳоз хотирашон ҷамъ аст ва ҳеч гуна дилвопасие нисбат ба густариши фасод ва хатароти он дар кишварҳояшон надоранд.