Қонунгузориҳо: Ба ҳар ҳодиса қаблан бояд омода буд

Иқтисод 27.09.2012 16:57

hiloli_ahmarТасаввур кунед: Зилзилае рух медиҳад, ё обхезие сар мезанад. Обхезии мудҳиш. Зилзилаи даҳшатнок. Ҳазорҳо манзилро хароб мекунад, даҳҳо ҳазор нафарро бесарпаноҳ мегузорад. Ин даҳҳо ҳазор нафар маҷрӯҳу гурусна ва лолу зору ҳайрон дар зери боми вайрон интизори ёриянд.

Ва дар ҳамин шабу рӯзи нахустини офат, замоне ки ҳама ниҳодҳои ҳукуматӣ дар маҳалли ҳодисаанд, ҳавопаймоҳои хориҷӣ пур аз дорувориву ғизоворӣ ва наҷотдиҳандагону лавозимот ба фурудгоҳ мешинанд. Ва...

Ва он ҷо даҳҳо савол пайдо мешавад: Оё онҳо чӣ гуна ва дар кадом макон раводид хоҳанд гирифт, оё раводиди онҳо ройгон хоҳад буд ва ё на, оё ёриҳои башардӯстонае, ки ба кишвар ворид хоҳанд шуд, аз пардохтҳои гумрукӣ озод хоҳанд буд ва ё на, агар миёни ин ёриҳо маводи махсуси тиббӣ бошад, оё иҷозаи Вазорати тандурустӣ лозим аст ё на ва дар чӣ муддате метавон чунин иҷозаро гирифт, агар миёни ин ёриҳои башардӯстона асбоби алоқа бошад, оё иҷозаи Вазорати мухобирот лозим аст ё на ва дар чӣ муддате метавон чунин иҷозаро дарёфт кард ва ғайра ва ҳоказо ва дигар...

Даҳҳо суол ва як посух

Даҳҳо суол. Даҳҳо суоле, ки Федератсияи байнулмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар даҳ сол боз ба онҳо посух меҷӯяд.

Нахустин қадам дар ин роҳ ҳанӯз соли 2001 гузошта шуда буд ва ҳамон замон ФБҶ СС ва ҲА ба омӯзиши қонунгузориҳои кишварҳои гуногун дар заминаи қабул ва тақсими ёриҳову ёрирасонҳо ва оғоз кард. Он ҳама омӯзишҳо ва таҷрибаҳо ҳангоми офатҳои табиӣ дар кишвар-ҳои гуногун муайян кард, ки дар ин самт корҳои бештареро метавон иҷро намуд. Дар таърихи фаъолиятҳои Федератсияи байнулмилалӣ ҳолатҳое ҳам рух дода буданд, ки ҳавопаймоҳои ҳомили ёриҳои башар-дӯстона дар фурудгоҳи маҳалли ҳодиса мунтазири имзои мақомоти маҳаллӣ меистоданд ва дар ҳамон соатҳо садҳо нафар мардуми офатзаба ба ҳамон дорувориву ғизо ниёз доштанд.

То ки ёриҳо сареъан ба мардуми офатзада бирасанд ва когазбозиҳо ҳарчӣ камтар бишавад, дар соли 2007 Федератсияи байнулмилалӣ дар Ҳамоиши 30-уми байнулмилалии худ "Роҳнамои танзими ёриҳои байнулмилалӣ дар қонунгузориҳои маҳалли"-ро таҳия ва ба киш-варҳо пешниҳод намуд. "Роҳнамо" танҳо маҷмӯъи тавсияҳост, ки кишварҳо чӣ гуна метавонанд қонунгузориҳои худро ҳар чӣ бештар ба меъёрҳои байнулмилалӣ мутобиқтар намоянд, то, агар Худо накарда, ҳодисае рух дод, он кишвар тавонад тамоми ёриҳои воридшударо ба таври муассир танзим намояд.

Кори имрӯзро ба фардо нагузор

Ин корро наметавон ба фардо ё пасфардо гузошт, чун, мутаассифона, офати табиӣ ҳеҷ гоҳ аз инсон намепурсад, ки кай бояд рух бидиҳад. Омор ҳам вақтҳои ахир аз он гувоҳӣ медиҳад, ки шумори офатҳои табиӣ дар саросари дунё дар ҳоли афзоиш аст. Агар дар соли 1989 дар ҷаҳон 149 офат рух дода бошад, дар соли 2009 ин рақам 312 адад будааст. Кофист, ки бо шунидани ин ибораҳо ба тани одам мурғак бидавад: Зилзилаҳо дар Ҳаитӣ, Чилӣ, Туркия, Зеландияи нав, Ҷопон. Обхезиҳо дар Покистон, Шри-Ланка, Австралия, Боливия. Қаҳтӣ дар Сомалӣ.

Ҳеҷ кишваре аз офат дар амон нест ва агар ҳаҷми офат бузург бошад, ҳатто кишварҳои рушдёфтаи ҷаҳон ҳам ба ёрии беруна ниёз пайдо мекунанд. Ҳатмӣ нест, ки мисоли ин гуфтаҳоро аз Гугл биҷӯем, ҳамин Ҷопони дирӯзро кофист, ки ба ёд биоварем. Ва хеле муҳим аст, ки бояд ҳукуматҳои кишвар-ҳои гуногун дарк бикунанд ва таҳлил бикунанд, ки то чӣ андоза қонунгузории онҳо дар ҳолати рух додани офат ба зарардидаҳо монеъа пеш намеорад, балки мусоидат мекунад.

То имрӯз кишварҳое монанди Индонезия ва Перу қонунҳои наву вижае мутобиқ ба "Роҳнамо" қабул кардаанд. Дар ҳоли ҳозир, бист кишвари дигар низ фаъолона қонунҳои худро бо мусоидати фаннии ФБҶ СС ва ҲА ва ҷамъиятҳои миллияшон дубора мурур доранд, то ба "Роҳнамо" мувофиқаш гардонанд. Созмонҳои минтақавие, ба мисли АСЕАН, СОПАК, НАТО, ва ғайра барои таҳияи дастурамалҳои худ ва беҳсозии омодагии қонунии худ ба офат-ҳо аз ҳамин "Роҳнамо" истифода мебаранд. Зарурати он дар чандин қатъномаҳои Созмони милал ҳам қайд шудааст.

Дар Тоҷикистон ҳамин ахиран дар чаҳорчӯби як барномаи Созмони Милал қонунгузориҳои кишвар ҷиҳати мувофиқаташон ба "Роҳнамо" омӯхта шуд. Аз рӯи натиҷаҳои нахустин маълум гардид, ки сарфи назар аз созишномаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ба бархе аз кишвар-ҳои дуру наздик ва сарфи назар аз баъзе созишномаҳои минтақавӣ, дар кишвари мо низ дар ин самт корҳои зиёдеро метавон анҷом дод.

Ва аммо "Роҳнамо"

чӣ мегӯяд?

Ва аммо "Роҳнамо" чӣ мегӯяд? Посухи ин суол дар дасти мост, ва мо ҳатман онро бо Шумо, хонандагони гиромӣ, қисмат хоҳем кард.

Абдулфаттоҳ Шафиев


©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97