Дастҳо пеши бар: "Хуб шудааст, Ҷаноби олӣ"

Иқтисод 31.07.2012 09:16

аммо 20 сол боз хуб намешавад, чаро?

alimardonov-agro(Бузак, бузак, бимир, ки баҳор наздик нест…)

Ҳар гоҳ вохӯрии Президент Эмомалӣ Раҳмонро бо фаъолони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз тариқи телевизион тамошо мекунам ва аз мӯҳтавои ин вохӯриҳо огоҳ мешавам, афсонаҳои ширини кампири момаам ба ёдам меояд.

Ҳанӯз бача будему ғофил аз маънии зиндагӣ ба афсонаҳои ширин бовар доштем. Ёдам меояд, солҳои шасти асри пор, вақте фасли сарди зимистон оғоз мешуд, барои мо бачаҳо як давраи аҷибу ғарибе, ки моҳҳо мунтазираш будем, фаро мерасид. Дар моҳи пурбарфи зимистон гирди сандалӣ ҷамъ меомадему кампири момаамон як халта пахтаро пешамон мерехт ва худ ба қиссаи афсонаи ширине оғоз мекард. Барои мо аҷиб ин буд, ки духтари подшоҳ пас аз сар намудани чандин мушкилоту монеъаҳо бачаи подабонро ба шавҳар мегирифту ин подабонбача оқибат ба як шахси сарватманду маъруфе табдил меёфт ва ё писари деҳқоне аждари одамхӯрро мекушту духтари подшоҳро ба занӣ мегирифт. Мо ҳар кадом худро дар симои ин қаҳрамонон тасаввур мекардему ба умеде, ки шояд духтари подшоҳро ба занӣ бигирем, мекӯшидем то ба ин қаҳрамонҳои афсонавӣ худро монанд кунем ва гоҳҳо, ки бо ҳамсоли худ дар гирудор мешудем, мутобиқ ба насиҳатҳои ин афсонаҳо имкон медодем, ки рақиб аввалин муштро ба сару рӯямон занад ва бо даҳони пуршори хуну дандонҳои шикаста ба хона бармегаштем. Зеро, вазифаи мо "қаҳрамонҳо" нишон додани хислатҳои бузурги одамиву хоксорӣ буд. То ин ки афсона тамом мешуд, мо аллакай халтаи пахтаро кунҷида, то ба рӯзи дигар ба ёди афсонаи ширине ба хоб мерафтем…

"Хуб шудааст, Ҷаноби олӣ"!

agrar1Ва бист сол аст, ки чунин вохӯриҳо баргузор мегардаду мо ҳамон афсонаҳои ширинеро, ки дар кӯдакӣ шунида будем, мешунавем ва дар тӯли ин солҳо танҳо як чизро мушоҳида менамоем. Муовини Сарвазир Муродалӣ Алимардон, вазирон ва раисони шаҳру ноҳияҳо ба ҳар як супориши Раҳбари давлат ду даст пеши бар гузошта, "хуб шудааст, Ҷаноби Олӣ" гуфта ҷавоб медиҳанд. Гурӯҳе бо хушомадгӯии болохонадоре ба таърифу тавсиф мепардозанду коре карда худро дар назди Президент "ширин" мекунанд. Дар ҳама вохӯриҳо мазмуни суханронии ин ҷанобон яксон аст; имсол нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ анд фоиз зиёд шуда, кишти такрориро ба 101% расонидем ва ғайраву ҳоказоҳо…

Ҳатто Раиси Ҷамъияти матлуботи Ҷумҳурӣ мӯҳтарам С. Валиев изҳор медорад, ки барои ба вуҷуд овардани рақобати бозорӣ мо маҳсулоти заруриро аллакай харидорӣ намуда, нарху наворо дар бозорҳо таҳти назорат қарор додаем, бехабар аз он ки нархҳо бо суръати кайҳонӣ доранд боло мераванд ва маҳсулоти бо ҳазор ранҷ парвардаи деҳқонро дигарон бо нархҳои гарон дар бозорҳо мефурӯшанд. Деҳқон аслан имконияти роҳ ёфтан ба бозорро надошт ва дар ояндаҳои наздик ҳам дошта наметавонад. Ин ки гӯё гӯшаҳои деҳқон фаъолият доранд, ҷуз фиреби назар чизе нест. Борҳо аз телевизион тамошо кардаем, ки деҳқон шикоят бурда ва гуфта, ки ӯро дар кунҷи касногузари бозор ҷой додаанд, ки имконияти фурӯхтани маҳсулоташро надорад.

Ин бор гапи президентро мегиранд ё боз…

Вохӯрии Президент бо раисони шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва фаъолон, ки  дар таърихи 19 июли соли ҷорӣ дар шаҳри Ваҳдат баргузор гардид, намунае аз намоишномаҳои солҳои пешин буд. Ҳатто Сарвари давлат зимни мулоқоташ бо роҳбарон гуфт, ки ман шуморо на бад-он хотир вазифа додам, ки аз он суистифода намоеду бо карру фарр зиндагӣ карда ва ба намоишкорӣ машғул шавед. Шумо бад-он хотир намояндаи Президент дар шаҳру ноҳияҳо ҳастед, ки мушкилоти мардумро осон намоед, онҳоро қабул кунед ва арзу додашонро бишнавед, то сатҳи зиндагиашон беҳтару хубтар гардад. Ба Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент Бахтиёр Худоёров ва Прокурори Генералӣ Шерхон Салимзодаи Одина мушаххас вазифа дод, ки аз ин ба баъд нисбати онҳое, ки аз мансаб ба нафъи шахсии худ истифода менамоянд, чораҳои мушаххас андешида, ба ҷавобгарӣ кашида шуда, ин гуна роҳбарони нолоиқ аз кор озод карда шаванд.

Хуб, ин шояд яке аз роҳҳои осон кардани мушкилоти мардум бошад. Аммо, андухтаҳое, ки солиёни зиёд ба мушоҳида мерасад, собит сохта, ки садоқати вазирон, раисони шаҳру ноҳияҳо барои чанд лаҳзаяке нисбат ба Президенту мардум асту халос. Ҳамин, ки Президент рафт, вазъ боз ҳамон "Аҳмади порина" боқӣ мемонад. Раисон ва роҳбарони ташкилоту идораҳои давлатӣ дар мошинҳои қимматбаҳо, ки на камтар аз 45 ҳазор доллари амрикоӣ нарх доранд, бо карру фарр аз назди мардум гузашта, вориди кабинетҳои салқину муҷаҳҳази худ мешаванд. Мо медонем, ки ин Ҷанобон дар идораҳои давлатӣ тамоми шароитро барои истироҳаташон омода намудаанд. Гӯё бисёр монда мешаванд, ки дар дохили кабинет, боз кабинетҳои дамгирӣ бунёд карда, ҳар вақт хоста бошанд ба роҳат барои чанд соате, ки ҷоиз бидонанд, болои диванҳои нарму мулоими хориҷӣ баромада дам мегиранд. Чунин як шароитро роҳбари баландрутбаи давлатӣ дар кишвари пешрафтаи Ҷопон надорад. Бовар мекунед ё на, агар ҷопониҳо бифаҳманд, ки роҳбарону раисони мо утоқҳои махсуси дамгирӣ доранд, шояд аз ханда гурдакаф шуда бимиранд. Зеро, дар кишвари мо ҳаргиз роҳбарон асабҳои худро маҷбур ба кор кардан водор намесозанд. Агар ин тавр нест, чаро рӯзгору зиндагии мо рӯз ба рӯз мушкилтар мегардад ва инсон ҳаргиз наметавонад лаҳзае фориғ аз гирудори зиндагӣ ба истироҳату тафриҳ бипардозад.Одат шуда, ки Ҷанобони муосир субҳ ҳар вақте хоста бошанд, ба кор меоянд ва ҳар вақте мехоҳанд баромада мераванд ва гоҳҳо ба мушоҳида мерасад, ки аксаран баъди нони нисфирӯзӣ умуман ба кор намеоянд ва ё баъди соати панҷи баъди зуҳр бо сару рӯи варами хоболуда ҳозир мешаванд. Ҳадди касе, ки пишакашонро пишт бигӯяд, фавран бо "хоҳиши худаш" аз кор озод карда мешавад.

Муҳофизи "бардагону ғуломон" лаб во намекунад

Бист сол аст, ягона муҳофизатчии синфи "коргару деҳқон" (ҳоло бардагону ғуломон) Иттифоқҳои касаба аз фаъолият бозмондааст ва агар вуҷуд дошта бошад ҳам, онро раис таъйин менамояд ва дар маҷмӯъ Раиси калони ин ташкилоти дар ҷаҳон бо нуфуз Муродалӣ Солеҳов парвои одаму оламро надорад ва муҳим ҳам нест, ки синфи меҳнаткаш ба чӣ мушкилоте рӯ ба рӯ аст. Дар тӯли бист сол надидаем ва нашнидаем, ки оқои М. Солеҳов оид ба пуштибонӣ ва беҳбудии сатҳи зиндагии меҳнаткашон аққалан лаб во намуда, суханаке гуфта бошад.

Спектакли кишоварзӣ

Вақте сухан дар бораи вазъи кишоварзӣ меравад, ҳамеша дар назди Президент намоишномаи қаблан омода ва таҳияшуда хеле хуб дар иҷрои "ҳунармандон"-и варзидаи собиқадор намоиш дода мешавад. Аммо ин ҳама боз ҳам ба хотири як намоиши дигар аст, ки ҷанобон назди Президент "очко" мегиранд ва барои дар вазифа истодан сад бор дуқаду сеқад шуда вафодории худро бори дигар нишон медиҳанд. Мутаассифона, барои як кӯр ҳам маълум аст, ки ин ҳама ба ҷуз фиреби назар ва хокпошӣ ба сиёсати аграрии давлат чизи дигаре нест. Агар ин тавр нест, пас чаро як дона тарбуз, ки маҳсули дасти деҳқонони мост, имрӯз то ба 20 сомонӣ расидааст ва дар бозорҳо хеле камёб шудааст. Барои он ки мо нархи тарбузро дар бозорҳои Русия бифаҳмем, ба интернет муроҷиат карда, маълумот ба даст овардем, ки як кило тарбуз баробар ба 12 рубли русӣ будааст ва як тарбузи 5 кг бо пули мо 4 сомониву 25 дирамро ташкил медиҳад. Сабаби асосии камчинии харбузаву тарбузро коршиносон дар он мебинанд, ки чун солҳои пешин ин маҳсулот ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва аз он ҷо ба Покистон содир карда мешавад ва касе парвои онро надорад, ки талаботи бозори дохилӣ дар чӣ вазъ аст. Ин дар ҳолест, ки ҷумҳурии ҳамсоя Узбакистон содироти як дона бодаранги худро аз қаламраваш ба берун иҷозат намедиҳад. Ин гуфтаро мусофироне, ки чанде қабл аз сафари хидматӣ бо роҳи заминӣ аз Узбакистон вориди Тоҷикистон шудаанд, таъйид карданд. Онҳо гуфтанд, ки ҳангоми убур аз марзҳои вилояти Сурхондарё барои савғо панҷ донагӣ харбузаву се-чаҳор килогӣ помидори гӯштӣ гирифтем ва ҳамин, ки ба бунгоҳи сарҳадии Сариосиё расидем, сарҳадбонон харбузаву помидорҳоямонро мусодира карда, ҳушдор доданд, ки танҳо ба хотири меҳмон будан парвандаи ҷиноӣ намекушоем. Баъдан фаҳмидем, ки маҳсулоти ғизоиро аз қаламрави ин ҷумҳурӣ баровардан худ ҷинояти шадид будааст.

Ваъдахилофонро аз бойгонии ТВТ пайдо хоҳед кард

Боиси таассуф аст, ки дар тӯли бист сол инони раҳбарии раъият дар дасти як гурӯҳ шахсон қарор гирифтааст ва ин ҷанобон ҳар тавре хоста бошанд, мувофиқи салоҳдидашон амал мекунанд. Ба қавли дигар дар вазифаҳо худро "сварка" кардаанд ва рӯзгори мардум бо "шарофати" онҳо сол ба сол сангинтару мушкилтару печидаву буғранҷтар гардидааст. Порсол ин ҷанобон ба Президент ваъда дода буданд, ки истеҳсоли картошкаро ба 800 ҳазор тонна расонида бозори дохилиро пурра таъмин менамоянд. Аммо, дидем, ки ҳанӯз дар аввалҳои тирамоҳ бозорҳои моро картошкаи ширини покистонӣ пур кард ва аз картошкаи лазизи ватанӣ ному нишоне намонда буд. Имсол бошад, ҷанобон бо овози баланд мегӯянд, ки истеҳсоли картошкаро ба як миллион тонна хоҳем расонид ва на танҳо талаботи истеъмолии бозори дохилиро таъмин менамоем, балки қисмати изофиашро ба хориҷ содир хоҳем кард ва Тоҷикистонро кишвари содиркунандаи картошка муаррафӣ хоҳем намуд. Беҳтарин орзуст, агар "Зиндагиро орзу ширин накунад"… Шахсан ба ҳеҷ ваҷҳ бовар надорам, ки бо чунин дасту панҷа ва бо ин роҳбарон мо як миллион тонна картошка истеҳсол намоем…, (маъзарат, агар «переписка» шавад, истеҳсоли картошка ба як миллиону 20 кг ҳам мерасад). Банда ба ҳамин боварам, ки мо дар дурӯғгӯӣ ва ваъдабозӣ хеле моҳиру таҷрубадор шудаем. Зеро, мо ин амалро ба хубӣ иҷро карда метавонем!!!

Дарахт дар як ҷой сабз мешавад, вазирон не

Мегӯянд, ки "дарахт дар як ҷой сабз мешавад". Ин воқеан дуруст аст, вале ин ҳикмат ба инсонҳо ҳеҷ рабте надорад. Дарахт дарахт асту инсон инсон. Маҳз ҳамин ҳикматро раисони мо барои худ чун панде ибратомӯз қабул кардаву солиёни дароз аст, ки ҳеҷ намехоҳанд пой аз рикоб бардоранд, навобаста аз он ки аз иҷрои вазифаҳои хеш баромада метавонанд ё на. Банда мутмаинам, ки агар ин ҷанобон чанд солаки дигаре инони раъиятро ба даст бигиранд, мулк воқеан харобу валангор хоҳад шуд. Ин бад-он хотир аст, ки дар тӯли ин солҳо натавонистанд кореро ба субут бирасонанд, магар дар ду-се солаки дигар аз уҳдааш баромада метавонанд?

Агар президент мебудам, командаи ваъдахилофро иваз мекардам

Пас суоли матраҳ ин аст, ки чи бояд кард, то мулк ободу раъият хушбахт бошанд? Мушкилоти ин гиреҳ боз ҳам дар дасти Президент аст ва он ҳам бояд ба таври таъҷилӣ командаашро, ки аз ноуҳдабароии хеш солҳост дарак медиҳад, дар ҳама соҳаҳо иваз намояд. Дар бахши кишоварзӣ агар раиси хоҷагии овозадор Маҳмадалиев ва ё раиси ноҳияи Рӯдакӣ С. Тағоевро, ки собиқаи беш аз 30 солаи роҳбариву хоҷагӣ доранд, ба вазифаи вазири кишоварзӣ бигуморад, фикр мекунем, ки вазъи кишоварзӣ беҳтару хубтар ва маҳсулот фаровону бозор арзон мегардад. Чаро мо маҳз ҳамин ду нафарро ном бурдем, шарҳ ин аст, ки аввалӣ ҳанӯз дар давраи раисиаш дар замони шӯравӣ маъруфу машҳур гардида буд ва дуввумӣ аз овони ҷавонӣ дар деги хоҷагидорӣ ҷӯш задаву марди хирадманд ва корозмудаву шикастанафсу кордон аст. Боз ҳам тасмим дар дасти Президент аст ва агар ман мебудам, валлоҳ, ки яке аз ин вузарову роҳбаронро ба истиснои ду-се нафар барои тафриҳу истироҳат мефиристодам. То замоне собиқадорони коммунистмаъоб дар сари қудратанд, деги касе ранг намегирад ва миллат ҳамчуноне, ки ҳаст, сатҳи зиндагиаш бадтару худаш ҳақиру хортар мегардад. Ин коммунистмаъобҳо замоне як системаи бузурги дунявиро бо тақаллубкориву изофанависиашон аз байн бурда ва иқтисодашро ба хок яксону ғорат намуда буданд. Ҳамчунон рафторро бо ҳамон шаклу шева дар замони соҳибистиқлолӣ истифода менамоянд ва бо овардани фоизҳои подарҳаво дар робита бо иҷрои нақша бағали мардумро бо чормағзи пуч пур мекунанд. Дар афкори ин гурӯҳ ҷанобон ақидае ҷо шуда, ки роҳбар бояд ҳатман иқтисодчӣ ва ё муҳосиб бошад. Ин ҷо нуктае аст, ки зери он нукта чанд асроре нуҳуфта аст. Яке аз онҳо ба ақидаи банда ин аст, ки ашхоси чунин маълумот дошта дар "ҳисобу китоб" "моҳир" буда, ба зудӣ қилро аз хамир ҷудо карда метавонад ва ё ба ибораи дигар роҳҳои ғасбу ғорати сармояи мардумро медонанд ва фикр мекунам шарҳи ин ваҷҳ зарурате надорад.

5 чиз аст, ки мулкро вайрон мекунад

Вақте мо дигар ба фисқу фасод хӯ гирифтаем, ҳатман зиндагиву кору борамон рӯ ба касодӣ хоҳад овард, ки ин худ боиси бебаракативу фасоди ҳаёти ҳамарӯзаамон мегардад.

Фармудаи бузургон он аст, ки 5 хислати сокинон кишварро ба бало мубтало мегардонад; агар дар сарзамин фисқу фуҷур равнақ гирад, агар дар бозорҳо, дар тарозу задани ҳаққи муштариён ривоҷ ёбад. Дар кишвар хушксолию камбизоатӣ падид ояд, чун закоти мол дода нашавад боиси камии борон гардад. Агар байни қавм бо фармудаҳои Худову Расул аҳде бошаду шикаста шавад, боиси чира гаштани душман аз ғайри мусалмон шавад. Агар имомҳои қавӣ фармудаи Худоро барои худ дастур насозанд, онро бо дигарон талқин накунанд, низоъ байни худашон сар бизанад.

Ростӣ ин бадбахтист, вақте аксаран мехоҳанд муфту ройгон фоида ба даст биоваранд. Имрӯз, ки ҷавонон аксаран бекоранд ва ихтисоси зарурӣ намегиранд, маҳз дар фикри ба даст овардани музди бедарди миён меуфтанд ва ин амалро онҳо аз бузургони худ меомӯзанд ва вақте бача бо маблағе ва ё фоидае вориди хона мегардад, бузургони хонадон аслан сарчашмаи даромадро аз эшон намепурсанд, ки ин худ тела додани ҷавон барои муртакиби як ҷурм аст. Ба қавли дигар ҷавонон аллакай фаҳмидаанд, ки бо меҳнати ҳалол соҳиби иззу ҷоҳ ва сарвату неъмате намегарданд ва дар тақлид бо ворисони миллат манбаъҳои даромаднокеро ҷӯста, аз бузургони худ ибрат мегиранд.

Тухмдузд оқибат шутурдузд шавад

Дар ҳикояте омадааст, ки бачаи тухмдузд оқибат шутурдузд шудаву ба маҳкама меафтад. Ҳангоме ки ҳукми буридани дасташро мебароранд, мегӯяд, дасти модари маро бибуред, зеро чун тухмҳои дуздидаи маро дар хурдиам мегирифт, сано мегуфт ва маро ба ин роҳ дилгарм сохт. Мардаки дигаре барои ба полиз даромадани гӯсола говро ҷазо медиҳад ва дар посух ба завҷааш мегӯяд, ки ба полиз даромаданро гӯсолаи навзод аз модараш омӯхтааст.

Мо имрӯз бо аъмоли хеш барои ҷавонон ва баъдинаҳо меросе аз худ боқӣ гузошта истодаем ва онҳо низ бо зеҳнҳои ҷавонии хеш шояд пиндоранд, ки аъмоли мо дурусту нофеъ аст, ки зуд ва ҳатман онро қабул мекунанд.

Ва дар охир барои рафъи хастагӣ ҳикоятеро меоварем, ки шояд пандомӯз бошад…

Ҳикояти рӯз

Соҳиби "Равзаи хулд" мавлоно Маҷдуддини Хофӣ мегӯяд, ки рӯзе дар шаҳри Язд вазъ мегуфтам ва дар ҳаққи падару модар сухан мерафт. Пире бархосту гирён шуд ва гуфт:

 -Мавлоно, чӣ мефармоӣ дар ҳаққи фарзанде, ки риши падар бигираду чӯб бар сари падар бизанад?

Гуфтам:

- Аз падар чӣ омӯхтааст?

Гуфт:

- Хар ба кироя додан.

Гуфтам:

- Ҷурм (гуноҳ) аввал аз тарафи падар аст. Агар ӯро дар хурдӣ ба мактаб мефиристодӣ то илму адаби шариат меомӯхт ва сӯҳбат бо солеҳон медошт, ба падар ин беҳурматӣ намекард ва таъзими падар воҷиб медошт. Аммо аз кӯдакӣ думи хар гирифтан одат карда буд ва чӯб задан хӯ карда. Лоҷарам (ноилоҷ) риши падар, ки гирифтааст, пиндоштааст, ки думи хар мегирад ва чӯбе, ки ба сари падар задааст, пиндоштааст, ки ба сари хар мезанад.

Ба ҳар ҳол, банда чунин як тарзу шеваи зиндагӣ ва корбариро шояд ҳеҷ вақте фаҳмида натавонам ва барои ман беҳтар ҳамон афсонаи ширини момаам аст, ки барои чанд лаҳзае маро ба дунёи тахайюлу орзуҳо мебурд, аз ин ки дар фиреби назар бошаму бо дурӯғу риё умр ба сар бибарам.

Бузак низ дигар фаҳмида, ки ба ин зудӣ баҳор нахоҳад омад!

Беихтиёр девони Ҷалолиддини Балхиро боз кардаму чашмам ба байте бархурд, ки воқеан дигар ҳеҷ чизро нафаҳмидам.

Замин зан, Осмон шӯ, мемирад фарзанду мегиряд,

Ман ин занрову ин шӯро, намефаҳмам, намефаҳмам.

Ибодуллоҳи Оқилпур

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97