Нерӯи барқи «Роғун» нахуст ба шаҳри Душанбе интиқол меёбад

Хабари хуб 16.11.2018 11:50

Қоҳир Расулзода нахуствазири Тоҷикистон гуфт, ки хатҳои интиқоли барқ аз шаҳри Роғун то Душанбе омодаи коранд ва нерӯи барқи дар ин нерӯгоҳ тавлидшуда, дар рӯзи ифтитоҳи он аввал ба Душанбе ва дар ҳамин рӯз ба тамоми Тоҷикистон интиқол дода мешавад.

Вай ин суханорро зимни мусоҳиба дар телевизиони давлатии «Тоҷикистон» дар робита ба суоли рӯзноманигори ин шабака мабни ба ин ки нахустин киловатҳои дар нерӯгоҳи барқ обии «Роғун» тавлидшуда ба куҷо интиқол хоҳад шуд?- изҳор дошт.

Қозҳир Расулзода гуфт, ки аз нерӯи барқи истеҳсолшуда дар рӯзи ба истифода додани нерӯгоҳ тамоми аҳолии Тоҷикистон бархурдор хоҳанд шуд.

Вай дар идома афзуд, мо барои чархаи аввалро ба истифода додан, бояд аввал хатҳои баланшиддати 500-киловатаро сохта ба истифода медодем ва ин корро кардем ва дар ҳоли ҳозир хатҳои баландшиддати интиқоли барқ аз Душанбе то Роғун омодаи кор аст  ва аз тарафи Ҷаноби Олӣ ба истифода дода хоҳанд шуд.

Нахуствазири Тоҷикистон дар хотимаи суханонаш гуфт, нури Роғун аввал ба Душанбе мерасад ва аз Душанбе ба дигар минтақаҳои Тоҷикистон расонида мешавад, яъне дар рӯзи ба истифода додани Роғун нерӯи барқ ба ҳар як хонадони мардуми тоҷик дастрас мегардад.

Маврид ба зикр аст, ки имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи президент таҷлил мешавад. Дар ин рӯз Тоҷикистон аввалин агрегати нерӯгоҳи "Роғун"-ро ба истифода медиҳад

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97