Ҳамлаи Толибон пас аз конфронси сулҳи Афғонистон дар Маскав

Хабари хуб 10.11.2018 12:31

Мақомоти интизомии Афғонистон мегӯянд, ки дар пайи ҳамлаи ахири Толибон ҳадди ақал 10 сарбоз ва ҳафт афсари полиси ин кишвар ба ҳалокат расиданд.

 Ин ҳамла рӯзи гузашта дар ҳоле рух дод, ки Залмаи Халилзод  фиристодаи Омрико оид ба масоили сулҳ қасди боздид ба минтақаро дорад. Ҳадафи сафари Халилзод ба минтақа ҷалб кардани ҷангҷӯёни Толиб барои пазируфтани музокироти сулҳ  бо давлати Афғонистон мебошад.

Толибон рӯзи 9-уми ноябр соли ҷори дар ноҳияи Хоҷағори вилояти Тахор ба як постгоҳи артиши ин вилоят ҳамла карданд. Дар паи даргирии мусаллаҳонае, ки як соат идома кард, дасти кам 10 сарбоз кушта шуданд.

Абдурашид Башир раиси полиси вилояти Тахор дар робита ба ин даргирӣ гуфт, дар миёни ҷангҷӯён ҳам қурбонии зиёд буд, вале аз додани тафсилоти бештар худдорӣ кард.

Забеҳуллои Муҷоҳид сухангӯи Толибон тасдиқ кард, ки ин ҳамла кори дасти онҳо мебошад.

Бино ба гуфтаи Абдусамад Солеҳӣ, як узви шӯрои вилояти Тахор, дар ин ҳодиса ҳамчунин 7 афсари полис кушта ва се нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Залмай Халилзод, ки дар мақоми сафири Амрико дар Кобул кор кардааст, дар сафараш ба минтақа аз Афғонистон, Покистон, Имороти Муттаҳидаи Араб ва Қатар дидан хоҳад кард ва талош ба харҷ медиҳад то Толибонро  барои нишастан сари мизи музокирот бо давлати Афғонистон водор кунад.

Ин ҳодиса дар ҳоле ба вуқуъ мепайвандад, ки рӯзи гузашта дар Маскав конфронси сулҳи Афғонистон бо ширкати намояндагони Шӯрои олии сулҳи ин кишвар ва намояндагони Толибон баргузор шуд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97