Барои эҷоди ҷойи кор дар Тоҷикистон чӣ халал мерасонад?

Иқтисод 08.12.2011 11:19

JaMshedI_quvvat____Ҷамшеди Қувват, таҳлилгар:

Аз баҳри тафаккур ва мактаби «куҳна» бигзаред!

Барои ташкил ва эҷод намудани ҷойи кор пеш аз ҳама сиёсати дурусти иқтисодӣ ва механизми дурусти онро бояд фикр намуд. Иқтисоди имрӯзи ҷаҳон бо суръати ниҳоят тез дар ҳоли рушд ёфтан аст ва моро мебояд ашхоси ниҳоят огоҳро сари кор биоварем, то битавонанд дар ин асри пур аз таҳаввулоти иқтисодию техникӣ коре карда тавонанд.

Як нуктаи бисёр муҳимро бояд зикр кард. Ин усул ва тарзи дарсдиҳӣ дар макотиби миёна ва донишгоҳу донишкадаҳост. Қариб ки аз ҳамон қолаби донишандӯзии замони Шуравӣ берун нарафтаем. Ин мактабҳо дар қиёс ба мактабҳои муосир ҳамон «Мактаби куҳна»-и устод Айниро ба хотир меоранд. Ва ба омӯзиши фанҳои дақиқ таваҷҷуҳи ҷиддӣ дода намешавад. Дар донишгоҳу донишкадаҳои техникию иқтисодӣ ҳам ҳанӯз муаллимоне бо ҳамон фаҳмиши куҳнашудаи замони шуравӣ дарс мегӯянд. Замон дигар шуд, таҳаввулоти гуногуни илмию техникӣ дар иқтисодиёти ҷаҳонӣ ба вуҷуд омадааст, ки аз иқтисодиёти замони шуравӣ фарқи зиёде дорад, гарчанде ки ҳама иқтисодҳо ба ҳам бастагӣ доранд. Худи ман, ки таҳсилкардаи Донишгоҳи тиҷоратӣ дар бахши иқтисод ҳастам ва огоҳам, ки фаннҳои иқтисодиро ҳамин муаллимони замони шуравӣ мегуфтанд ва солҳост, ки сарварии кафедраҳои иқтисодиро ҳаминҳо ба уҳда доштанд ва чанд муддати омӯзиш ҳар рӯз ба ғайр аз такрори воситаҳои асосии корхона чизи дигареро наомӯхтаам. Маврид ба зикр аст, ки ҷои ин муаллимонро ҳарчӣ зудтар бояд ҷавонони огоҳ аз илми иқтисоду технологияи муосир иваз бикунанд, то битавонанд барои мутахассисон роҳандозии истеҳсолот бо усули ҷадид ва эҷоди ҷойҳои кории бештарро бо дар назардошти талаботи ҷаҳони пешрафтаи имрӯз дарс бидиҳанд.  

Чаро бештар ман ин ҷо аз иқтисодиёт ёдовар шудам, зеро ки бидуни огоҳӣ аз назарияи иқтисоди муосир ва бо ин иқтисоди ақибуфтода наметавон коре кард ва ҷойҳои нави корӣ эҷод намуд. Барои рӯйи кор овардани мутахассисони варзида бояд шароит фароҳам овард ва маҳз онҳоро рӯи кор овард, то битавонанд ҳадди ақал ин организми фалаҷгаштаи иқтисодиёти моро каме ба ҳаракат дароваранд.

Дигар ин ки хуб аст, агар барои соҳибкорони хурду миёна, то қомат рост намудан ё роҳандозии дурусти фаъолияташон имтиёзот дода мешуд ва андозҳои миёншикан аз аз миён бардошта шавад. Дар ватани мо, ки асосан кишвари кишоварзӣ дониста мешавад, дар ин самт корҳои зиёдеро метавон анҷом дод. Ин кори ҳукуматҳост, ки бештар манфиатдор бояд бошад, ки бештар ҷойи кор эҷод шавад ва барои ин бояд тамоми шароитро фароҳам бисозад, то ки ҳар соҳибкоре битавонад ҳадди ақал як корхонаи хурдеро роҳандозӣ кунад. Аввалтар бо ташкили чунин корхонаҳои хурд метавон бар тани иқтисоди фалаҷгашта ҷон дамонд ва каме ҳам роҳи мавҷи бекориро гирифт.

Ва дигар сабаби бе шуғл мондани мардуми азизи мо ин аз донишҳои техникӣ бебаҳра будан ва кам огоҳ будани онҳо аз он аст. Дигар наметавон танҳо бо шеъру афсона ҷойи кор эҷод кард. Илми шеъру афсона ҳам дигар ба шакли куҳна ба кор намеояд, онро ҳам дар замони муосир бо ёрии дастовардҳои нави технология ба мардум метавон дастрас кард. Имрӯз бояд мо ҳарчӣ бештар ба омӯзиши техникаю технологияи муосир фаро гирифта шавем. Ва чун асри ҳозир асри технологияст аз омӯзиши фанҳои гуманитарӣ дида, беҳтар аст бо фаро гирифтани фанҳои техникӣ бештар ҷавонон ҷалб карда шаванд. То ҷое огаҳ ҳастем, сатҳи дониши техникии мардуми мо ҷавобгӯи ин аср нест. Дар ҳоле ки мардум аз бекорӣ ва набудани ҷойи кор шикоят доранд, даҳҳо мавриде ба назар мерасад, ки дар он мутахассис надорем ва ин ҷойҳои кор барои мудавом холӣ ҳастанд.

Аммо барои эҷоди ҷойи кор қабл аз ҳама набудани барномаҳои мушаххаси иқтисодӣ аз сӯйи ҳукумат, ба хусус аз сӯйи блоки иқтисодии он халали ҷиддӣ мерасонад. Инро танҳо ва танҳо дар сатҳи ҳукумат бо рӯйи кор овардани нируҳои пурэнержӣ, ҷавон ва мутахассис метавон ҳал кард. Дар акси ҳол аз дасти ом чизе барнамеояд. Мардум ҳар кас бо салоҳдиди тавон ва фаҳмиши худ иқтисоди оила - ячейкаи ҷамъиятро бо ҳар восита ба роҳ мондааст. Аммо аксар бидуни нақшаи мушаххас ва бо таваккал кардан ва муҳоҷирати бардавом барои муваққат оилаи худро аз ғуттавар шудан дар баҳри буҳрони иқтисодӣ ҳифз карданд. Акнун ки сутуни иқтисоди хонаводаҳо - муҳоҷират гирифтори мушкил шудааст, роҳи ҳалли он вазифаи аввалиндараҷаи ҳукумат аст, ба хусус блоки иқтисодии ҳукумат.

IslomovvvvvСултонмурод Исломов, профессор, доктори илмҳои иқтисодӣ

Барои ташкил ва эҷоди ҷойи кор беҳавсалагӣ халал мерасонад. Корро надонистани роҳбарҳо халал мерасонад. Аз ҳисоби грантҳою дигару дигар маблағҳо як луқмаи нон гирифтани ҳамон соҳибаш халал мерасонад, чунки агар гранту инвеститсияи хориҷиро барои корхона харҷ кунанд, аз он дуздида намешавад, он бояд фоида биёрад.

Мо, ки аз марҳилаи феодализм омадаем, ҳамон хусусиятҳои феодализм дар тафаккур мондааст. Решаи дигари асосии ақибмондагии иқтисодӣ ин пойбандӣ ба Бонки ҷаҳонист. Узбакистону Белорусия ин корро накарданд, ба Бонки ҷаҳонӣ пойбанд нашуданд, онҳо хостаҳои худашонро ҷорӣ карданд. Аммо мо мутаассифона барномаи хоси миллиро рӯйи даст надорем. Ба хусус бекорӣ дар марҳилае, ки қудратҳо мисли замони шуравӣ мехоҳанд ҷаҳонро боз ҳам тақсим кунанд, бисёр хатарзост.

Бубинед, мавҷи «баҳори араб»-ро, ҳамааш ба хотири тақсими ҷаҳон аст. Тоҷикистон як кишвари бисёр хурд аст, дар мавқеъи ниҳоят хурди ҷуғрофӣ қарор дорад, аз ин рӯ мо бояд ҳарчӣ зудтар дар мавриди эҷоди иштиғол дар дохили кишвар фикр кунем, то кишвари азизамон аз ин тундбодҳову фитнаҳои ҷаҳонгушоӣ дар амин бошад. Баданаи захмини ин ватан тобу тавони ин гуна тундбодҳоро надорад.

ZulfiqoRRRRЗулфиқори Исмоилиён, таҳлилгари иқтисодӣ:

На худ месозанд, на дигаронро мегузоранд

Барои ташкили ҷойи кор дар Тоҷикистон пеш аз ҳама маблағ даркор аст. Мо медонем буҷети давлати мо хеле кам ва заъиф ҳам ҳаст ва аз ин сабаб барои ташкили ҷойи кор ба сармояҳои хоричиӣниёз дорад. Вале намедонам чаро, Тоҷикистони мо дар ин замина ҳеч як иқдоме намекунад. Масалан, ба хотири он ки як сармоягузори хориҷӣ даъват шаваду барои сохтмонҳои ҷадид биёяд Тоҷикистон ҳатман ин масъала ҳал мешавад. Дар Тоҷикистони мо як тенденсия ҳаст, ки на худашон кор мекунанд ва на дигаронро мемонанд, ки ин корро бикунанд. Шояд фикр мекунанд, ин корхонае, ки хориҷиён месозанд дар оянда оё ба нафъи ӯ ҳаст ё не, вале ин ҳама гапи беҳуда аст. Ба хотири он ки ҳар як корхонае, ки дар Тоҷикистон сохта мешавад, масалан бо сармояи хориҷӣ он корхона фаъолият мекунад ва ба буҷети давлати мо пул месупорад. Масалан, шояд як корхонаи оддии хурде, ки як хориҷӣ биёяд дар Тоҷикистон бисозад, битавонад ба буҷети Тоҷикистон аз ҳамон корхонаи алюминиюм бештар фоида биёрад. Вале дар Тоҷикистони мо дар ин бора фикр намекунанд ва ҳамеша ба ин назаранд, ки буҷети мо кам аст, мо заъифем ва аз лиҳози иқтисодӣ имконияти сохтани корхонаҳоро надорем. Дар ҳоле ки кишварҳое ҳастанд, ки аз лиҳози иқтисодӣ худашон имконият надоранд, вале ташкили корхонаҳо, ё масалан, сохтмони онро ба барномаҳои умдаи иқтисодӣ дар ихтиёри ширкатхои хориҷӣ медиҳанд, ки онҳо меоянду месозанд ва барои мардум ҷои кор ташкил мекунанд. Масалан, инфраструктура, зербиноҳо месозанд, ки ин барои пешрафти чомеъа бисёр кумак мекунад. Вале Тоҷикистони мо дар ин бора то ҷое медонам, иқдом намекунанд. Намедонам чаро?!

HoJiMuhammad_UmarovҲоҷи Муҳаммад Умаров, профессор, номзади илми иқтисод:

Дар соҳаи кишоварзӣ эҷоди ҷойи кор дурӯғ аст

Барои эҷоди ҷойи кор дар Тоҷикистон камбуди маблағ сабаби аслӣ аст. Дар ҳоле ки мегӯем, ки дар бахши кишоварзӣ ҷойи кор сохта истодаем, худ дар соҳаи кишоварзӣ ҷойи кор мавҷуд аст ва ҳар қадар одам ҳам бисёр шавад, боз ҳам ҷойи кор пайдо мешавад. Албатта бо зиёд шудани коргарон нируи кор арзон мешавад, яъне маош паст мешавад, зеро нисбат ба нормаҳои қабулшуда дар соҳаи кишоварзӣ миқдори хеле зиёди мардум кор мекунанд.

Имрӯз мо бояд кушиш кунем, ки дар соҳаҳои саноат, нақлиёт, мухобирот, сохтмон бештар ҷойи кор ташкил карда, нируи азими корро аз соҳаи кишоварзӣ ба ин бахшҳо бигузаронем. Аммо дар соҳаи саноат сохтани ҷойи кор маблағи хеле зиёдро талаб мекунад. Ба ҳисоби миёна барои сохтани як ҷойи кор дар саноат дуюним ҳазор (2500) доллар даркор аст, ки Тоҷикистон ингуна қобилият ва нируро надорад. Барои ҳамин кушиш кардан даркор аст, ки роҳҳои гуногуни ташкили ҷойҳои корӣ мавриди истифода қарор бигирад. Баъдан ҳам бояд манбаъҳои буҷетӣ ва ҳам манбаъҳои сармояи хориҷӣ, аз ҷумла ҳам сармоягузории мустақими хориҷӣ, манбаъҳои бонкӣ, манбаъҳое, ки аз аҳолӣ вобастагӣ доранд, масалан, амонатҳои хонаводаҳо ва ғайра мавриди истифода қарор бигиранд.

Шояд омиле, ки халал мерасонад, ин пеш аз ҳама адами сиёсати устувори шуурнокии аҳолӣ аст ва ҳамин гуна сиёсат имрӯз дар Тоҷикистон вуҷуд надорад ва он чизе ки мо месозем ва мегӯем, ки ин гуна ҷойҳои корӣ сохтем, ин ба ҳақиқат мувофиқат намекунад, зеро аслаш ҳамон ҷойҳои кориро таҳқиқ кунем аксари шуғлҳо дар соҳаи кишоварзӣ сохта шудаанд ва дар соҳаи кишоварзӣ сохтани ҷойи кор умуман омори бардурӯғ аст. Аммо шуғли воқеие, ки сохта мешавад, дар сохаи саноат ва соҳаи индустриявӣ аст.

Барои эҷоди шуғл қабл аз ҳам пеши роҳи фасодро бояд гирифт. Фасод ҳам яке аз омилҳое аст, ки ба сохтани ҷойҳои корӣ халал мерасонад.

Умед Сатторов, раиси МХХҲФ "Мушфиқӣ"

Ворид кардани таҷҳизоти нав бекориро аз байн хоҳад бурд

Ман ҳамчун кордиҳанда, ки аз нозукиҳои он огаҳам, фикр мекунам, ки мо бояд барои ворид кардани технологияи муосир қабл аз ҳама боҷи гумрукиро бояд сабук кунем. Ва ҳамчунин барои гирифтани қарз ҷиҳати харидории технологияи нав бояд имтиёзоте аз сӯйи давлат дода шавад. Зеро пешрафти иқтисод аз технологияи пешрафтаву муосир вобаста аст. Дигар бо каланд намешавад рушди иқтисоди ҷаҳонро дарёб кард.

Масалан, мо лизинг гирифтем, ки солона 24 фоиз аст, ин дар арсаи ҷаҳонӣ аз ҳама баландтарин аст ва боҷи гумрукӣ ҳамроҳ бо андозу пардохтҳои иловагӣ бештар аз нархи ҳамон технологияи ворид мешуда аст, ки ин бисёр миёншикан аст. Соҳибкор авлотар медонад, ки бо технологияи фарсудаи дар дохилбуда фаъолияташро роҳандозӣ кунад, то ин ки ин қадар маблағро сарф кунад. Дар ҳоле ки технологияи муосир корро дучанд осон месозад ва ба рушди иқтисод бештар муфид аст.

Агар мушовирони иқтисодии давлат дар ҳамин маврид фикр кунанд ва пурра барои воридкунандагони технологияҳои навтарин андозҳо ва боҷи гумрукиро бардоранд, садҳо нафар барои ворид кардани он иқдом хоҳанд кард. Ин боис мешавад, ки пушти ин дастгоҳҳо даҳҳо нафар бояд кор кунанд. Ҳам онҳое, ки дар муҳоҷират солҳо боз сармоя ҷамъ кардаанд дилгарм мешаванд то ба Ватан дасти холӣ наоянд, ҳам сармояи онҳо тариқи дастгоҳи ҷадид вориди истеҳсолоти кишвар мешавад ва ҳам даҳҳо шуғл барои онҳое, ки дар ватананд пайдо мешавад. Иқтисод ҳам пешрафт мекунад, ҳамватана ҳам дарбадару мусофир намешавад. Мо, гарон ҳам бошад, то ҳадди тавон дастгоҳ ворид кардем ва имрӯз монеъи рафтани чанд нафар ба мардикорӣ шудем. Кам ҳам бошад, беғам аст.

Аммо хуб мебуд, ки андози ягона ҷорӣ мешуду тарзи супурдани он содатар мешуд. Ҳар сол мураккаб шудани андозсупорӣ ҳаваси кордеҳонро камтар мекунад ва монеъи ҷалби кормандони бештар ба истеҳсолот мешавад.

©2008 - 2020 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97