Канда шудани роҳи оҳан ҳодисаи фавқуллода ё хатари афзоиши нарх думбола дорад?

Иқтисод 02.12.2011 10:15

OhannҲаракати қаторҳо дар масири "Термиз-Қӯрғонтеппа" кай ба роҳ монда мешавад? Чаро маълумоти дақиқе рӯи даст надорем?

Аз таърихи 17-уми ноябр инҷониб ҳаракати қаторҳо дар масири Тирмиз-Қӯрғонтеппа қатъ шуда, ҳеч як аз мақомоти марбутаи вилояти Хатлон оид ба сабабҳои ин қазия маълумоти дақиқ надоранд. Сироҷиддин Тағоев, сардори истгоҳи Қӯрғонтеппа ба "Миллат" гуфт, ки қаблан ҳафтае ду маротиба қатори мусофирбар Кӯлоб-Маскав-Кӯлоб аз ҳудуди минтақаи Қӯрғонтеппа ҳаракат мекард. Вале аз сабаби тахриб шудани пули роҳи оҳан дар мавзеи Ғалаба-Амузанги Ҷумҳурии Узбакистон, ҳаракати қаторҳо дар масири Тирмиз-Қӯрғонтеппа-Кӯлоб қатъ шудааст.

Оид ба сабабҳои қатъ шудани ҳаракати қаторҳо дар ин масир Саидқул Ёдгорӣ, муовини сардори Хадамоти боркашонии роҳи оҳани Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, ҳамин қадар гуфт, ки сабаб пули роҳгузар дар минтақаи Ғалаба-Амузанг аст, ки "трещина" додааст. Ба гуфтаи ӯ ҳамтоёни узбакистонӣ корҳои сохтмониро дар мавзеи ҳодиса идома дода истодаанд. Аммо ӯ дар бораи теъдоди вагонҳои дар ин минтақа гир шуда маълумоте надорад.

То кунун ҳеч як аз расонаҳои ин кишвар аз ҷойи воқеа иттилое пахш накардаанд. Алъон ҳамин маълумот муайян шудааст, ки аз Тирмиз то сарҳади ҷанубии Тоҷикистон ягона пул роҳи оҳан ҳамин минтақа Ғалаба-Амузанг аст. Блогнавис- Ёдгора Норбутаева бо истифода аз барномаи Google Earth муайян кардааст, ки баландии ин пул аз сатҳи об 8 метр ва дарозии пул 25 метрро ташкил медиҳад. Аз болои ин пул як қатор роҳи оҳан мегузарад.

Масъулини соҳаи роҳи оҳани вилояти Хатлон мегӯянд, ки ҷониби Узбакистон оид ба эҳтимоли дар рӯзҳои наздик аз нав барқарор кардани минтақаи хароб шуда, иттилое надодаанд. Тибқи баъзе маълумотҳо айни ҳол беш аз 300 адад вагонҳои борбар, ки бояд ба вилояти Хатлон интиқол меёфтанд, дар ҳудуди Узбакистон гир карда шудаанд.

Бинобар гуфтаи Хайриддин Бобоҷонов, мудири шӯъбаи нақлиёт, алоқа ва роҳҳои ҳукумати вилояти Хатлон, дар ин вагонҳо асосан маводи сӯхт, масолеҳи сохтмонии тахта, симинт ва гандуму дигар маводи ғизоӣ мебошанд. Мутаассифона то имрӯз масъулини Хадамоти боркашонии роҳи оҳани Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба сабабҳои канда шудани пули роҳи оҳан дар мавзеи Амузанги Узбакистон ва рафти барқарорсозии роҳи оҳан маълумотҳои дақиқе рӯи даст надоранд.

Роҳбандӣ қимматиро ба думбол дорад

ohanАйни замон аз гир шудани вагонҳои пурбори соҳибкорони хатлонӣ дар қаламрави Узбакистон арзиши ҳамагуна маводу маҳсулот боло нарафтааст, аммо дар ояндаи наздик ин мушкилӣ ба бозорҳои минтақа таъсир хоҳад расонид. Дирӯз дар бозори маркази Хатлон шаҳри Қӯрғонтеппа нархи 1 халта орд нисбат ба саннаҳои пеш аз ҳодисаи Амузанг 4 сомонӣ боло рафта буд. Соҳибкор Рустами Амирҷон иброз медорад, ки ҳар рӯзи гир шудани вагонҳои пурбор бар зарари соҳибони бор мебошад. Зеро онҳо аз ҳисоби маблағҳои бонкӣ ба соҳибкорӣ машғул шуда, аз гир шудани вагонҳои онҳо дар Узбакистон ҳар рӯз фоизи ин маблағҳо меафзояд.

Аз сабаби он ки вагонҳои пурбор сари вақт ба Хатлон нарасиданд, тоҷирон каме нигаронӣ доранд, ки баъди холӣ шудани анборҳои онҳо нархи орд каме боло хоҳад рафт. Зеро имрӯз барои таъмини бозорҳои Хатлон орд аз Хуҷанду Душанбе тариқи мошинҳои боркаш интиқол дода мешавад, ки харроҷоти он назар ба орде, ки тариқи вагонҳо оварда мешавад, зиёдтар аст.

Муҳаммадалӣ як нафар аз дукондорони бозори шаҳри Қӯрғонтеппа мегӯяд: "Вақте ордро аз тариқи қатор ба Хатлон интиқол медиҳанд, барои як халта орд 10 сомонӣ харроҷот мешавад. Аммо вақте ин маҳсулотро аз Хуҷанд ба Қӯрғонтеппа аз тариқи мошинҳои боркаш интиқол медиҳанд, ба ҳар халта орд 20-25 харроҷот мешавад".

Тибқи иттилои Сарраёсати омори Хатлон агар дар таърихи 8-уми ноябри соли ҷорӣ дар бозори маркази вилоят 1 кг орди воридотии истеҳсоли Қазоқистон 2,40 сомонӣ нарх дошт, 28-уми ноябр арзиши як килограмм орд 10 дирам боло рафтаасту халос. Тибқи маълумотҳои оморӣ айни замон арзиши маводи сӯхти бензин ва сӯзишвории дизелӣ бетағйир мондааст. Ҳамчунин болоравии нархи масолеҳи сохтмонӣ низ дар бозорҳои маркази вилояти Хатлон мушоҳида намешавад. Аммо дар ин муддат қурби асъор дар бозорҳои Хатлон аз 4,80-4,81 то 4,85-4,87 боло рафтааст.

Аммо ронандагони мошинҳои мусофирбар иброз медоранд, ки дар муқоиса ба аввали моҳи ноябр имрӯз нархи як литр бензин баробари 20-30 дирам боло рафтааст.

Ба гуфтаи соҳибкорони минтақаи Қӯрғонтеппа айни замон захираи маводи ғизоӣ дар анборҳои тоҷирони бозорҳо кам шуда истодааст. Агар дар ҳафтаи оянда мушкили ҳаракати қаторҳо дар масири Тирмиз-Қӯрғонтеппа ҳалли худро наёбанд, эҳтимол аст нарху навои ғизо боло равад.

Қаблан намояндаи Узбакистон пешниҳод карда буд, ки аз тариқи Душанбе ворид кардани вагонҳои пурбор барои Хатлон имкон дорад. Аммо соҳибкорони хатлонӣ иброз медоранд, ки агар вагонҳои пурбори онҳо аз масири Тирмиз-Душанбе ворид карда шавад, барои интиқоли маҳсулоти онҳо бо воситаи мошинҳои боркаш аз Душанбе то Қӯрғонтеппа харроҷот дучанд мешавад, ки ин ба нархи ин маҳсулот дар бозорҳо бетаъсир намемонад.

Ҷамоли Сайф

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97