На президентро гӯш карданду на Тураҷонзодаву на Убайдуллоевро

Иқтисод 03.09.2011 17:05

"Тамоми шаҳр аз сӯхтори бозори "Корвон" дар ташвишанд. Аммо ба ҳоли харидороне, ки ҳар рӯз аз нарҳхои бозор месӯзанд, касе парво надорад."

Наҷмиддини Шоҳинбод, нависанда

На гапи Президент таъсир карду, не насиҳати Тураҷонзода

the-green-bazarИнак аз нисф бештари моҳи шарифи Рамазонро мардуми мусалмону рӯзадори кишвар пушти сар гузошт. Ва ин рӯзҳои бисёр гарму дароз буданд, ки мардуми рамазонӣ онро бо азобу сангиниҳо сипарӣ мекард. Дар остонаи оғози ин моҳи саид зимни табрикоти Рамазониаш президент Эмомалӣ Раҳмон аз тоҷирону савдогарон ва табақаи сарватманди кишвар дархост намуд, ки аз хайру караму сахо кор бигиранд, то раҳмати илоҳӣ насибашон гардад. Ҳамчунин шаҳрдори Душанбе низ раисони тамоми бозорҳои пойтахтро ба ҳузури хеш хонд ва ба онҳо дастур дод, ки дар самти боло нарафтани нархи маҳсулот кӯшиш бикунанд. Ҳатто гуфта шуд, ки барои савдогарони бозорҳоро ба сари адлу инсоф овардан шаҳрдорӣ хостааст, ки аз нуфузи уламои дин истифода бикунад. Ва дар муроҷиати Рамазонии хеш ба мардуми мусалмони тоҷик раиси Шӯрои уламои дини Тоҷикистон Қорӣ Сайидмукаррам ва рӯҳонии саршинос Эшони Нуриддинҷони Тураҷонзода низ аз тариқи нашрияи "Миллат" хостори арзонии нархи молу маҳсулот ба хусус анвоъи ғизоӣ шуданд, то хонаводаҳои рӯзадору сербачаи тоҷик битавонанд барои ифтори хеш бо нархи дастрасу арзон хӯрдание харидорӣ намоянд.

"Аз муллову инсоф на пай асту на Ҳайдар"

Банда ҳар рӯз баъди анҷоми кор барои бачаҳои рӯзадорам чизе харидан вориди бозори "Саховат" мешавам. Вале аз инсофу адлу диёнат хабаре нест. Гӯё ин ҳама барои савдогарони ин бозор бегона аст. Ва муллоҳоеро ҳам, ки бояд дар бозор бошанд ва инсофи гумшуда ва гӯркардаи мардумро барояшон кофта медоданд ва азоби Худоро ба ёди бозорнишинон меоварданд, надидам. Ва дар рӯзи аввали ин моҳи шариф нархҳо боло рафтанд. Барои як хонадоне, ки ҳафт нафар рӯзадор дорад, ҳар бегоҳ қариб се кило ангур, ки имрӯзҳо як килои он вобаста ба сифат аз 3 то 7 сомонӣ нарх дорад, зарур аст, то ба қадри ҳол мева бихӯранд. Дар бораи харбузаву тарбуз, ки як донааш аз 7 то 15 сомонӣ арзиш дорад, ҳоҷати гап нест, зеро имкону тавони ҷайби мардум ба он намерасад. Ва як хонаводаи маъмулии тоҷикро дар ин моҳи муборак барои фақат ангур харидану хӯрдан, 450 сомонӣ доштан зарур аст. Ва оё мардуми камбизоати тоҷик бигзарем аз себу шафтолуву харбуза ҳадди ақал имкону қудрате доранд, ки ангур харидорӣ кунанд? Бо бовари комил мегӯям, ки не, ин имкону қудратро надоранд. Ва агар нархи ангур, ки аз Нораку Регар, Ҳисору Роҳатӣ вориди Душанбе мешавад, 2 сомонӣ мебуд, фикр мекунам бачаҳои рӯзадори як марди тоҷик шикамсерӣ аз ин меваи биҳишт мехӯрданд ва ҳам савдогарони бозорҳо зиёне намедиданд ва баракс бад- ин васила дастархони ахирати хешро обод мекарданд.

Ҳама "заложник"-и чор савдогар

Ва акнун суъол ин аст, ки чаро ин тоҷирону савдогарон, ин занҳову мардони бозорнишини мо аз Худову аз ҳеч банда наметарсанд? Гӯё ба ҷуз ғами пур кардани ҷайби хеш бо роҳи ғорати ҷайби мардум дигар ғамеву коре надоранд. Ва намедонам, ки чаро ба ин тоифа мардуми савдогари бозорнишин, на таҳдидҳои масъулини давлату шаҳрдории Душанбе таъсир мекунаду на амри маъруфу наҳйи мункари уламои дини ҷумҳурӣ ва на таъкиду хоҳишҳои сардори давлат. Аз шаҳрдори Душанбе сар карда то муфтиву Эшони Нуриддинҷону муллоҳои Ҳизби наҳзати ислом ва ҳам президент Эмомалӣ Раҳмон аз савдогарони бозорҳо хостанд, ки ақаллан дар ҳамин моҳи саиди Рӯза ба хотири дарёфти ризои Худо нархи молу маҳсулот, бахусус маводи ғизоиро пойин бубаранд, то мардуми камбизоату рӯзадори кишвар имкон дошта бошанд, ки анвоъи ғизоиашонро осон харидорӣ намоянд, вале ба назар чунин мерасад, ки ин мардуми бозорнишин ҳарфи касеро ба ҷаве намегиранд. Ва ана ҳамин аст, ки Ҳукумат бо тамоми нирӯву абзори таъсиррасонаш дар илоҷи кори савдогарон ва танзими нарх дар бозорҳо ноилоҷ ва номуваффақ боқӣ мондааст. Ва ба қавли маъруф, ки ҳатто Эмомалӣ Раҳмон ҳам ба ин нукта ишора карда буд, мардум ҳама "заложник"- и савдогарони бозор шудаанд. Фикр мекунам барои ҳукумат, ки илоҷи кори хавфноктарин тӯдаи мардум- террористону тундравонро меёбад, ба роҳи рост ҳидоят намудан ва фаҳмонидани ҳадду андозаи хешро ба савдогарони саркашу ногапшунаву худонотарси бозорҳои пойтахт ва кулли кишвар ҳич душворӣ набояд дошта бошад. Мубориза бо ҳаннотони бозорҳо, ки имону инсофро аз даст додаанд, набояд камтар аз мубориза бо авбошону террористону тундгароён дониста шавад. Дар бозорҳо низ барои ғорат кардани ҷайби мардум савдогарон силсиламафия таъсис додаанд, яъне як гурӯҳи муташаккили ба назар маъмулӣ, вале дар асл ғоратгар амал мекунад ва ҳар анвоъи ғизоӣ, ки вориди бозор мешавад, зуд таҳти назорати онҳо мегузарад.

"Спикулянт"-ҳои бозор "гург" шудаанд

Ёд дорам чанд сол қабл ҳамроҳи як дӯстам аз ноҳияи Ҷиргатол 15 тонна картошка оварда, вориди бозор намудем. Дар бозор ҳамон замон картошка 2 сомониву 20 дирам арзиш дошт ва мо тасмим гирифтем, ки маҳсулоти овардаамонро, ки арзон дарёфт намуда будем, бо қимати 1 сомониву 50 дирам ба савдо барорем. Ва ҳамин тавр мо дар зарфи ним соат як тонна картошкаро бо ҳамин нарх савдо кардем, вале ду тан аз маъмурияти бозор ва ҳам чанд савдогари дигар, ки "гург"-и бозор номашон бурданд, пеши мо омада бароямон таъкиду таҳдид карданд, ки маҳсулотамонро бо нархи дар бозор роиҷ буда, яъне 2 сомониву 20 дирам бифурӯшем ва ё дар акси ҳол бозорро тарк намоем. Ва мо ноилоҷ белро ба равиши об гузоштем ва чун дар шаҳри якчашмаҳо афтода будем, маҷбур як чашми хешро кӯр кардем. Ва баъдтар фаҳмидем, ки онҳое ҳам, ки бо нархи 1 сомониву 50 дирам аз мо он як тонна картошкаро харидорӣ кардаанд, ҳама ҳаннотону майдасавдогарони ҳамон бозор будаанд, на мардуми бечораву оддӣ. Хонандаи азиз, акнун ба фаҳми силсиламафияи дар бозорҳо амалкунанда расидӣ, ки нигорандаи ин сатрҳо ҳам замоне муддати 10 рӯз узви он мафиё будам. Ва донистӣ, ки он мафиё якҷо бо масъулини бозор амал мекунад. Ва ман бояд болотар мегуфтам, ки дар қимматии нархи маҳсулоти бозорҳо танҳо савдогарон гунаҳкор нестанд, балки маъмурони бозорҳо ҳам мусичаи бегуноҳ нестанд.

Соҳибони бозор аз Худо наметарсанд

Аз як савдогари биринҷфурӯш пурсидам, ки чаро аз Худо натарсида дар ин моҳи шариф қимат мефурӯшад, гуфт, барои он ки соҳибони бозор аз Худо наметарсанд ва нархи ҷойро ҳеч пойин кардан намехоҳанд. Ва маҷбурам маҳсулотамро қиммат бифурӯшам. Хуб, бигирем шакару рӯғанро, ки аз хориҷ ва аз тариқи постгоҳҳои гумрукӣ вориди кишвар мешавад ва то ҷову макони зарурӣ расидан аз назари гумрукчиву духтури санитару корманди бозрасии автомобилии сарсахтона дар ҳамин тамузи тобистон ҳам дар сари роҳ истода ва аз назорати масъули идораи стандарту сертификату боз намедонам кадом як масъули дигар мегузарад ва соҳиби бор маҷбур аст, ки барои халосӣ аз ин ҳама дарди сар як лутфу меҳрубонӣ ё хайру садақае кунад ва баъдан ин ҳама хайроти кардаашро аз ҷайби харидори бечора ҷуброн намояд, вале ҳамин ангури Роҳатӣ ва пиёзу кашнизи колхози Россия, қулфинайи Теппаи Самарқандӣ, ширу чакаи маҳаллаи Оли Сомону Гулбутта аз кадом постгоҳи гумрукӣ мегузаранд, ки нархашон аз ҳамон маҳсулоти аз Истаравшану Панҷу Қумсангир ворид шуда камӣ надорад?! Пас чаро масъулини бозорҳо аз болои нархи меваву сабзиҷот ҷиддӣ назорат намекунанд? Террористон агар ба амнияти давлату ба пойдории ҳукумат хатар эҷод кунанд, ин савдогарони инсофгумкарда бо истифода аз фориғболӣ ва бемасъулиятии маъмурони бозорҳо ба буҷаи хонаводаҳо ва ба ҷони мардуми камбағали тоҷик зарбаи ҷонкоҳ мезананд. Дар ҳоле ки ҳам террористон ва ҳам савдогарони бозорҳо аз Худо наметарсанд, ба амнияти давлат ва рӯзгори мардум хатар эҷод мекунанд, пас давлат бояд бо ин ду тоифа муборизаи беамон бубарад. Ва фикр мекунам ҳам террорист ва ҳам савдогари бозор аз пеши худ ин ҷуръатро надорад, ки ба ҷони мардум ҷабр кунад, ё ҳомию пуштибони зӯре доранд, ё магар ягон омиле онҳоро ба ин гуна тундравӣ ва нотарсӣ таҳрик додааст.

Агар давлат бихоҳад, метавонад!

Пас, агар давлат воқеъан мехоҳад, ки мардум осуда зиндагӣ кунад ва дар ин шабу рӯзи мушкил дастархони он бечора хӯрдание дошта бошад, бояд иллату асбоби ин ҳама ноҷӯриҳо ва болоравии рӯзафзуни нархро биҷӯяд. Ва агар дар самти пойин бурдани нархҳо таъкиду хоҳишҳои сардори давлат, тадобиру иқдомоти шаҳрдорӣ, аз гӯру қиёмат тарс додани рӯҳониён, дар бозорҳо гардондану амри маъруф кардани муллоҳо натиҷаи дилхоҳ надодааст, пас роҳҳои дигарро бояд ҷӯст. Бародари журналистам Раҳматкарими Давлат нақл кард, соли 1934 дар Олмон, ки Адолф Ҳитлер тоза ба қудрат расида буд, нахустин метрополитен- роҳи зеризаминӣ боз мешавад ва тӯли як моҳи аввали фаъолияти ин роҳ аксари мардум навобаста ба таъкиду хоҳишҳои масъулини метрополитен ва шаҳрдорӣ пул додан намехостанд ва ройгон равуо мекарданд. Ин хабар ба гӯши Ҳитлер расид ва амр кард, ки фардо субҳ бо боз шудани метрополитен сад тан шаҳрванди саркаш ва ройгон аз метрополитен истифода кардаро дастгир намуда, мардумро гирд оваранд ва дар пеши чашми ҷамъият қатл кунанд. Ва ин амри Ҳитлер субҳи дигар анҷом шуд ва инак аз он рӯз 77 сол мегузарад ва дигар ҳеч олмоние то имрӯз андешаву хаёли аз метроплитен ройгон истифода карданро ҳатто ба гӯшаи хотираш намеоварад. Албатта бо нақли ин ҳодисаи аҷиб ва пандомӯз банда гуфтанӣ нестам, ки фардо субҳ 50 нафар савдогари қимматфурӯшро дар бозори "Саховат" ва 50 тани дигарро дар бозори "Шоҳмансур" якҷо бо чанд масъули ин бозорҳо дар пеши чашми мардум тирборон кунем, ҳарчанд шояд бо ҳамин масъалаи танзими нарх дар бозорҳои ҷумҳурӣ роҳи ҳалли худро барои ҳамеша пайдо мекунад ва қиммати шакар аз 7 сомонӣ ба 3, орд аз 130 сомонӣ ба 80, ангур аз 5 сомонӣ ба 2 сомонӣ пойин меравад. Гӯшти гов бо нархи 15 сомонӣ ҳама ҷо пур хоҳад шуд. Ва мо медонем, ки дар Тоҷикистон ба ҳукми қатл моратория эълон шудаву аз нигоҳи қавонини ҷаҳонӣ ин пешниҳод қобили қабул нест ва ҳам шояд ин роҳи мубориза бо террорист савдогарони бозорҳо набошад ва масъулини ҳукумат аз тадобири муассиртару одилтар кор бигиранд, ҳарчанд мардум имрӯз чунон аз ин ҳама нодорӣ, мушкилоти рӯзгор, беинсофии савдогарону бепарвоии масъулин ва ноуҳдабароии бозордорон аз ҷони ширин сер шудаанд, ки барои мисол агар нисфи бозорнишинони "Саховат"- ро барои дар ҳамин моҳи мубораки Ислом итоат накардан, ба дастури улулъамр ва беэътиноӣ нисбат ба хоҳиши муфтии кишвар ҳадди шаръӣ, масалан сад тозиёна бизананд, як шаҳри калон табли хурсандӣ хоҳад зад. Ва ҳамин дилсардии мардум аз бозордорону савдогарони бозорҳост, ки ҳар бор маконе дар бозор оташ мегирад, мегӯянд ки "Худо нишон дод, беинсофҳоро". Ва касе афсӯс намехӯрад, ки молу дӯкони як ҳамватани мусалмон ба коми оташ рафт, ба ҷуз соҳибони бору колову хешу табори онҳо. Барои он савдогарону ҳаннотон ва маъмурони молиёт, ки беинсофона ва бо усули ғоратгарона даст ба ҷайби ҳар мусалмоне мезананд ва аз Худову рӯзи ҷазо андеша намекунанд, ояи 86- и сураи Юнусро гӯшзад кардан мехоҳам:

"Нафъу фоидае, ки Худованд ҳалол сохтааст, беҳтар аст шуморо, агар мӯъмин бошед." Ва Худованди маннон дар чандин ояҳои каломи мубораки хеш камфурӯшӣ ва хӯрдани ҳаққи мардумро наҳй кардааст. Таваҷҷӯҳ намоед ба ин ояҳои муборак, "Ҳалокат бод бар касоне, ки аз тарозу ҳаққи мардумро мекоҳанд(1), оё намедонанд ин ҳақхӯрон, ки зинда карда мешаванд(4), дар қиёмат (5)." Сураи Мутаффифин. Ва Худои бузург номаи аъмоли ин тоифаи ҳақхӯрро дар Сиҷҷин дохил кардааст ва Сиҷҷин тибқи гуфтаи муфассирони Қуръон китобест дар зери ҳафт қабати замин, ки номаи аъмоли инсонҳо ва ҷинҳои кофир дар он сабт мешавад. Ва ҳар савдогари ҳаромхӯр, корманди гумруку масъули идораи санитарӣ ва стандарту сертификат ва ҳанноти бозор бояд бидонад, ки агар ба молу ҷони мардум ҷабр мекунад ва аз роҳи ҳаром рӯзгори хешро сомон мебахшад, бегумон номаи аъмолаш дар Сиҷҷин дохил аст. Худо нигаҳ дорад!

Ба қавли шоир:

Бо тарозуе, ки ҳоло фанди мардум мекунӣ,

Рӯзи фардо номаи аъмоли ту бармекашанд.      

Аз болоравии нарх гурез нест, аммо чора ҳаст

Ба гуфтаи коршиносон солҳои охир баланд рафтани нархҳо дигар барои касе тааҷҷубовар нест. Рӯз то рӯз боло рафтани нарх, алалхусус нархи маводи озуқа эҳсос мешавад, ки ин сабабҳои зиёд дорад.

1. Тағйирёбии иқлим бойиси он шуд, ки дар баъзе манотиқи ҷумҳурӣ ва кишварҳои хориҷи дуру наздик хушксолӣ омад ва ин ба кам шудани ҳосил сабаб гардид. Маълум аст, ки агар дар Русия ва Қазоқистон ҳосили хуби ғалла ба даст наояд, баланд рафтани нархи орд дар Тоҷикистон эҳсос мешавад.

2. Ба замми ин дар мо қисми зиёди замин дар дасти деҳқони асил нест ва ин неъмати пурарзиш, яъне заминро ба ном деҳқонон ва хоҷагиҳои деҳқонӣ аз худ кардаанду ба таври бояд онро кор фармуда наметавонанд.

3. Дар системаи андозсупории кишвар қариб 20 навъи андоз роиҷ аст, ки ин омил ҳам бегумон бойиси боло рафтани нархи маҳсулоти ғизоӣ дар бозорҳо мегардад. Ва бори ин ҳама мушкилӣ ва гаронии нархро мардуми бечораву миёнҳол мекашад ва албатта барои савдогару соҳибкор будани ин андозҳо камтар гаронӣ меорад, зеро онҳо масрафоти хешро аз ҷайби мардум ҷуброн мекунанд.

4. Сабаби дигари гаронии нархи маҳсулот ин набудани истеҳсолоти худӣ ва аз хориҷи кишвар ворид шудани он мебошад. Ва бояд зикр кард, ки бо вуҷуди он ки тухми мурғ дар дохили кишвар истеҳсол мешавад, вале нархи он аз тухме, ки аз Ирон ворид мешавад, қариб фарқе надорад.

5. Иллати дигари гарон будани нархҳо ин рушд ёфтани монополия дар системаи савдо мебошад. Яъне агар фурӯши орд дар дасти Бекмат бошад, фурӯши картошкаву пиёз дар дасти Тошмат ва соҳиби шакару рӯған Ёрмат аст. Ва касе дигар ҳақ надорад, ки бе иҷоза ва бе мувофиқати ин магнатҳо аз дохилу хориҷ маҳсулот оварда савдои онро ба роҳ монад.

6. Ва дигар он аст, ки олимони соҳаи кишоварзӣ бо деҳқонон камтар кор мекунанд, яъне алоқаи илм бо истеҳсолот ба чашм намерасад.

Менигарему меравем ё…

Барои коҳиш додани нарх дар бозорҳо дигар пешниҳоду гуфтание намонд. Он қадар сари ин мавзӯъ гуфтаанд ва акнун ба назар чунин менамояд, ки бояд рӯзгори мо ҳамин гуна бошад. Ва тағйироте, дигаргуние, беҳбудие, сабукие, осоние дар ин самт ва дар рӯзгори сангини мардуми нодор нашуд. Ва акнун мардум илоҷе ба ҷуз "шод бояд зистан, ношод бояд зистан" надоранд. Мардуме, ки ҷонсахтона нисфи Рамазони шарифро нимсеру нимгурусна пушти сар кард, ними боқиро ҳатман намурда ва мурда- мурда месипарад. Вале он супоришу дастур, тақозову ҳоҳиш аз савдогарону бозордорон, ки нархҳоро боло набаред, он таъкиду таҳдиди дар ҳоли болоравии нарх ва ба мардум ҷабр намудан аз мансаб сабукдӯшкарданҳо, оё рӯзе амалӣ мешаванд?! Ё менигарему меравем? Мардум ба чунин зиндагӣ одат карда ва маъмурони бозору соири идораҳо он қадар таъкиду таҳдиду хоҳиш дидаву шунида, ки мисле дигар мижаашон хам намехӯрад. Вагарна чаро шаҳрдор гаштаву баргашта таъкид мекунад, ки дар фикри мардум бошед, нархҳоро боло набаред, ярмаркаву намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ созмон додаву мехоҳад як зарра сангинии рӯзгори одамонро сабук созад, вале ин маъмурони масти мансаб парво камтар доранд. Барои тоҷики рӯзадори камбизоат дар ин моҳи босаъодат сабру имон ва ҳам барои он савдогари беинсофи бозор адлу диёнат мехоҳам. Сардорони моро тавфиқу инсоф бидиҳад ва бештар дар ғаму андешаи мардум бошанд, ва рӯзе шавад, ки мардум ҳам мисли онҳо гӯшту харбузаву шафтолуро дар як моҳ як бору ду бор не, балки ҳар ҳафтаву ҳар рӯзу ҳар вақте бихоҳанд, харидорӣ намоянд. Ва Паёмбари акрам гуфта, "Ин раво набувад, ки ту сер бошӣ ва бародари мусалмони ту гурусна" Воқеъан чӣ панди хубе! Оё панд мегирем?

С. Толибшоҳ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97