Бозорёбӣ: Покистон ва Роғун

Иқтисод 12.08.2011 10:30

ROGHUN va POKISTON 08Оё Покистон Роғунро намехоҳад? Оё ин ҷумҳурии исломии ба мо наздик аз хариди барқи Роғун дар оянда сарпечӣ мекунад? Оё Тоҷикистон харидори муҳимтарини барқи Роғунро аз даст додааст? Оё Покистон дар таниши обу барқи Тоҷикистону Узбакистон аз мавзеъгирии Тошканд ҳимоят мекунад? Оё мақомоти Исломобод зери таъсири дипломатсияи Узбакистон қарор гирифтаанд? Оё дипломатсияи Тоҷик дар Исломобод шикаст хӯрдааст? Оё Узбакистон барои Покистон Роғун месозад?

 

Инҳо маҷмӯи саволоте ҳастанд, ки баъди бемайлӣ нишон додани Покистон дар ҳимоят аз тарҳҳои энержии Тоҷикистон матраҳ шудаанд ва дар ин мақола талош мешавад, ба қадри имкон ба он посух дода шавад.
Покистон дар пайи савдо ва  Тоҷикистон дар ғами  барқ
Дар авоили моҳи ҷорӣ ҳайати беш аз 100 нафарии тоҷирони бонуфузи покистонӣ барои анҷоми як ҳамоиш ё форуми тиҷории 3 рӯза ва омӯзишу кашфи фурсатҳои рушду тавсеъаи тиҷорату бозаргонӣ дар Тоҷикистон вориди Душанбе шуданд. Дар форуми тиҷории мазкури сатҳи баланд ҳайати бонуфузи тоҷирони тоҷику покистонӣ бо ҳам дар фазои орому зебои Душанбе фурсатҷӯӣ намуданд. Дар мусоҳибаҳои телевизиёнӣ ҷониби Покистон изҳори хушҳолӣ мекард, ки ояндаи рушду тавсеъаи тиҷорату савдоро бо Тоҷикистон хеле рӯшан мебинад.
Муҳимтарин дастоварди ин ҳамоиш имзои созишномаҳо ва мувофиқати тарафайн бар ин буд, ки гардиши молу коло байни Тоҷикистону Покистон аз 20 миллион то 300 миллион доллари амрикоӣ боло биравад. Инчунин 5 тафоҳумномае дар масоили саноат ва дигар соҳаҳо ба имзо расид.
Аммо дар барномаи ин ҳамоиш ҷо наёфтани масоили тарҳҳои энержӣ ва сармоягузорӣ барои рушди онро соҳибназарон ва расонаҳои ғайри давлатии Тоҷикистон хуб напазируфтанд ва онро ба гунаҳои мухталиф шарҳ доданд. Аз ҷумла ба ин маъно, ки Покистон зери таъсири Узбакистон қарор гирифта, дигар аз мавзеъгирии Тоҷикистон дар масоили обу энержӣ пуштибонӣ нахоҳад кард ва инвесторони бонуфузи покистонӣ дар сармоягузории тарҳҳои барқи обии Тоҷикистон бемайлӣ нишон медиҳанд.
Паёми Оқил Оқилов, нахуствазири Тоҷикистон ба тоҷирону сармоягузорони покистонӣ дар форуми мазкур, низ таъкиди асосӣ рӯйи масъалаи энержӣ дошт. Оқилов аз инвесторони покистонӣ хост, ки дар тарҳҳои энержӣ сармоягузорӣ намоянд.
Аммо ин даъвати нахуствазири Тоҷикистон чандон истиқболи гарм наёфт ва дар посух роҳбари ҳайати Покистон Сенатор Ҳоҷӣ Ғулом Алӣ бештар рӯйи масъалаи коммуникатсия ва адами мавҷудияти хатти парвози собит ва набуди роҳҳои автомобилгард байни ду кишвар сухан гуфт. Бо ин ҳама тарафи Тоҷикистон ваъда дод, ки масъалаи хатти парвозро ҳал хоҳанд намуд ва рӯйи ин масъала низ мувофиқа намуданд, ки арзиши фуруд омаданро барои ҳавопаймо дар фурудгоҳ тахфиф медиҳанд. Интизор меравад, хатти парвози мустақим ва собиту ҳамешагии ширкати ҳавопаймоии "ПИ - АЙ - ЭЙ" (PIA)-и Покистон ба Душанбе боз шавад.
Бо ин ҳама тавофуқу созишҳои тиҷоратӣ байни ду кишвар саволи муҳимме, ки матраҳ мешавад ин аст, ки чӣ омиле боис шуд, ки Покистон дар ҳимояти тарҳҳои энержии Тоҷикистон бемайлӣ нишон диҳад? Ва оё воқеан ҳам Исломобод зери бори Узбакистон рафтааст?
Узбакистон ва ё Ҳиндустони болооб?

Вақте Покистон нохост садои баланди ҳимояти худ аз тарҳҳои энержии Тоҷикистонро паст намуд ва мароқи собиқаи худро дар сармоягузорӣ ва ворид намудани барқи Тоҷикистону Қирғизистонро камранг намуд, боварҳое дар ҷомеаи Тоҷикистон ба вуҷуд омаданд, ки Исломобод зери бори Тошканд рафтааст.
Дар моҳи феврали соли ҷорӣ Вазири хусусигардонии Покистон Саид Навид Қамар дар иҷлоси комиссияи муштараки ҳамкориҳои давлатӣ дар Душанбе ҳимояти кишвараш аз тарҳи САSA-1000-ро эълом дошта буд. Дертар хабарҳое пахш шуданд, ки Узбакистон ваъда додааст, ки дар сурати дасткашии Покистон аз харидории барқ аз Тоҷикистон дар рӯдхонаи Своти Покистон се нирӯгоҳи барқи обӣ бо иқтидори 1315 MW месозад ва зоҳиран ду кишвари поёноби Туркманистон ва Қазоқистон низ дар сохтмони ин нирӯгоҳҳо саҳми молиявӣ мегиранд. Сохтмони нирӯгоҳҳои мазкур аз як сӯ нирӯи маҳаллии арзонро фароҳам намуда, аз сӯйи дигар фурсати обёрии баъзе аз заминҳои бекорхобидаро дар водии Свот фароҳам мекунад. Вале ба гузориши телевизиёни Ал-ҷазира баъди пахши ин хабар мардуми минтақаи Свот аз сохтмони нирӯгоҳ изҳори норозигӣ кардаанд, зеро дар сурати сохта шудани нирӯгоҳ бархе аз заминҳои корами онҳо зери об мемонанд.

Оё ин танҳо далели по ба ақиб кашидани Покистон аст?

Зоҳиран инҷо масъалаи дигари муҳимме низ боис шудааст, ки Покистон дар масъалаи вуруди нирӯи барқ ва харидории он аз Тоҷикистону Қирғизистонро ба оҳистагӣ ва эҳтиёти бештар дунбол кунад. Иддае аз таҳлилгарони покистонӣ ҳимоят аз мавзеъи Тоҷикистон дар таниши обу энержии Тоҷикистону Узбакистонро сабаби заъфи мавзеъгирии Покистон дар масоили обиии Покистон бо ҳамсоякишвараш Ҳиндустон арзёбӣ намудаанд. Сухан сари нирӯгоҳи Кишанганга дар водии Гурези Шимоли Кашмир меравад, ки кишвари Ҳинд онро соли 1994 оғоз намудааст, ки иқтидораш 330 MW мебошад ва қарор аст дар соли 2014 сохтмони он ба итмом бирасад.
Покистон бо сохтмони ин нирӯгоҳ бо Ҳиндустон мушкил дорад ва ба ақидаи бархе таҳлилгарони покистонӣ ҳимояти Покистон аз Тоҷикистон дар масъалаи тарҳҳои энержӣ мавзеъгирии Покистонро ҳамчун кишвари поёноб дар муқобили

Ҳинди болооб заъиф месозад.

Таҳлилгари покистонӣ Холид Мустафо дар рӯзномаи маъруфи The News -и покистонӣ дар матлабе навишта; "ворид намудани барқ аз Тоҷикистон мавзеъгирии Покистонро дар додгоҳи Арбитратӣ дар муқобили Ҳинд заъиф месозад. Илова бар ин кишварҳои поёноби Осиёи Миёна бими онро доранд, ки бо сохта шудани нирӯгоҳи Роғун бо танқисии об рӯ ба рӯ мешаванд".
Аз тарафи дигар покистониҳо бар ин ақидаанд, ки ҳимояти Покистон аз воридоти барқи Тоҷикистон танишҳои обу энержӣ байни кишварҳои поёноб ва болообро шиддат бахшида, мумкин аст ба бад шудани равобити Покистон бо кишварҳои поёноби Осиёи Миёна - Узбакистон, Туркманистон ва Қазоқистон оварда расонад. Тоҷикистон дар навбати худ аз тамоми минбарҳо эълом медорад, ки сохтмони Роғун ба маънои адами эҳтироми ҳаққи ҳамсоякишварҳо ва аз об маҳрум кардани онҳо ҳаргиз нест. Дигар омил ин албатта Русия ҳаст. Пайдост, ки дар ду соли ахир Покистон бо Русия робитааш беҳтар шуд ва мулоқоти чоргонаи раисҷумҳурони Тоҷикистону Русия, Афғонистону Покистон дар Душанбе ва Сочӣ далели ин гуфтаҳост. Зоҳиран Покистон бо дарки ҳассосиятҳои равобити Душанбеву Маскав ва мавзеъи ягона ва ё шибҳи ягонаи Русияву Узбакистон дар тарҳҳои энержии Тоҷикистон низ боис мешаванд, Покистон бо лаҳни эҳтиёткорона дар бораи Роғун ва воридоти барқи Тоҷикистону Қирғизистон барои рафъи мушкили энержии худ ҳарф бизанад.

Иштибоҳ дар маълумот ва роҳгумии таҳлилгарон

Ба назар мерасад, ки пуркортарин ва муваффақтарин сафири тоҷик дар кишварҳои берунӣ ин ҷаноби Зубайдулло Зубайдов, намояндаи Тоҷикистон дар Исломобод аст, ки аз бози сафир шуданаш то ба ҳол равобити Тоҷикистону Покистон шоҳиди таҳаввулоти наве шуда, сафҳаҳоти тозае дар муносиботи ин ду кишвар боз шудааст. Аммо бо баррасии матолиби таҳлилгарони Покистону Ҳинд ба назар мерасад, ки дар он сарзамин, мушкили маълумоти дақиқ ва шинохти дуруст аз масъалаи Роғуну тарҳҳои энержии Тоҷикистон ҷой дорад. Масъалан, рӯзномаи бонуфузи покистонӣ бо номи "Times of Pakistan" ҳангоми пахши хабари сафари ҳайати тоҷирони Покистон ба Душанбе дар идомаи хабар ба ҷойи Тоҷикистон Қазоқистон менависад ва бадтар аз ин, таҳлилгари барҷастаи ҳиндӣ Маладӣ Рама Рао дар таҳлилҳои худ менависад, ки "Роғун бар фарози рӯди Ому сохта мешавад", дар ҳоле ки ҳама медонем, ки Роғун бар фарози дарёи фаромарзӣ сохта намешавад, балки он дар болои дарёи Вахш сохта мешавад, ки он як рӯди дохилист на фаромарзӣ.
Табиъист, ки вақте таҳлилу пешниҳодҳо бар мабнои факту рақамҳои барғалат бунёд мешаванд, таъсири онро дар тасмимҳои нохушоянди мақомоти кишварҳои бонуфузе чун Покистон метавон мушоҳида намуд. Пас сафоратхонаҳои Тоҷикистонро дар Покистону Ҳиндустон лозим аст, ки бо расонаҳои ин кишварҳо ҳамкории бештаре ба роҳ монда, мувозиби ин бошанд, ки маълумоти барғалату пур аз иштибоҳ таҳлилгарону тасмимгирандагонро ба роҳгумӣ набарад. Ба назар мерасад, ки Тоҷикистон бояд дар ин кишварҳо хабаргузорӣ боз кунад ва Покистону Ҳиндустон низ хабаргузориҳои худро дар кишвари мо дошта бошанд.

Чаро Покистону Ҳиндустон муштарии муҳимманд?

Шабакаҳои телевизиёнии Тоҷикистон бештарин гузоришҳо аз лоиҳаву тарҳҳои ободкориву созандагиро аз Роғуну Сангтуда ва дигар обектҳои муҳим пахш мекунанд. Аксари ин гузоришҳо хабарҳои хушеро ба мо мерасонанд ва ҳар як гузориш аз қадамҳои ба сӯйи ободонӣ дар корҳои барқароркунӣ бардошташуда ривоят мекунанд. Албатта хеле муҳим аст, ки дар Роғун корҳои барқароркунӣ ба итмом расида, рӯзе Роғун сохта шавад ва мо ба истиқлоли энергетикӣ бирасем. Аммо набояд фаромӯш кард, ки Роғун як лоиҳаи дорои хусусиятҳои тиҷоратӣ бар иловаи таъмини дохилии барқ низ ҳаст. Пас агар як рӯзи саиде Роғун бунёд шавад, муҳимтарин масъала баъди таъмини худӣ бо барқи худӣ ин бозорёбӣ барои фурӯши барқи Роғун аст. Дар ҳоли ҳозир сӯҳбат аз фурӯши 2000 MW барқи изофӣ ба бозори берунӣ матраҳ аст.

Ин бозор Покистон аст

Зоҳиран мо бозори фурӯши беҳтар аз Покистон барои барқи худ надорем. Чаро? Чун дар болои сари мо Қирғизистон аст, ки бо сохта шудани нирӯгоҳҳои барқи обии худ дар ғами фурӯши он мешавад. Ҳамсояи дигари мо Узбакистон шояд шамъ даргирондан дар торикиро бар хариди барқи Роғун тарҷеҳ бидиҳад. Бо Чин мо пайвасти хатти барқ надорем. Пас танҳо интихоби мушкили мо рӯйи ҳамсояи бо оғӯши боз, яъне Афғонистон ва аз тариқи он ба Покистон аст. Афғонистони ҷангзадаву ноором бештар аз ворид намудани барқи мо барои рӯшан намудани хонаву кошонааш истифода мебарад ва маълум аст, ки ин ҳамсояи мо кишвари саноатӣ нест. Табиъист, ки дигар ҳамсояҳое, ки Афғонистон моро бо он мепайвандад, яъне Туркманистону Ирон кишварҳои аз лиҳози захоири энержӣ сарватманд буда, эҳтиёҷ ба хариди барқи моро надоранд. Пас аз тариқи Афғонистон танҳо интихоби мо боз рӯйи Покистон ва эҳтимолан Ҳиндустон аст. Яъне КАСА - CASA, ки ба тоҷикӣ Осиёи миёна ва Осиёи ҷанубӣ ном дорад ва тарҷумаи кӯтоҳкардаи тоҷикияш ОМОҶ - 1000 мешавад. Яъне қарор аст, мо барқи Осиёи Миёнаро ба бозори энержии Осиёи Ҷанубӣ барорем. Яъне ба Покистон ва аз тариқи Покистон ба Ҳинд.

Покистон ва дарди энержӣ

Покистон ба унвони як абарқудрати минтақаӣ дарди ҷонкоҳи энержӣ дорад ва ба назари ман ба ҳеҷ ваҷҳ аз хариди барқи арзони Тоҷикистон - "5 сент барои як воҳид" сарпечӣ нахоҳад кард. Аммо бо дарназардошти равобиту ҳамкориҳои минтақаӣ акнун ин кишвари ба мо наздик аз эҳтиёти бештаре кор мегирад. Чун равобити иқтисодии минтақаӣ ҷоддаи яктарафа нест, вале ин масъала дақиқ аст, ки Покистон ҳатман барқи Роғунро ворид мекунад, гарчанде ҳанӯз хеле зуд аст сари фурӯшу воридоту содироташ баҳс намуд. Норасоии барқи Покистон дар ҳоли ҳозир мутобиқи гузориши Институти сиёсати рушди устувори Покистон 6000 MW буда, рӯ ба афзоиш дорад. Дар ду соли оянда ин камбуд ба 10 000 MW мерасад. Мутобиқи гузориши институти мазкур дар 10 соли оянда камбуди барқ дар

Покистон ба 42 000 MW мерасад.

Пас возеҳ аст, ки талошҳои ҳамсоякишвари мо барои сохтани нирӯгоҳҳо дар Покистон низ дарди энержии Покистонро наметавонад даво кунад, чун се лоиҳаи нирӯгоҳеро, ки Узбакистон пешниҳод намудааст бо иқтидори 1315 MW аст, вале эҳтиёҷи Покистон дар даҳсолаи наздик ба 42 000 MW баровард шудааст. Ин ҳам агар мухолифати мардуми Свотро ба сохта шудани нирӯгоҳ ба назар нагирем. Мухолифати мардум ба ин тарҳ ба маънои 99 фоиз амалӣ нашуданаш ҳаст, зеро аҳолии Свот мардуме ҳастанд, ки бо истифода аз унсурҳои ифротӣ метавонанд сохтмони лоиҳаи мазкурро хунсо кунанд. Ногуфта нагзарем, ки дар миёнаи моҳи майи соли равон Президенти Узбакистон Ислом Каримов дар мулоқоташ бо Сарвазири Покистон Юсуф Ризо Гелонӣ ҳангоми боздидаш аз Тошканд пешниҳод намуд, ки кишвараш ҳозир аст ба Покистон 1000 MW нирӯи барқ содир кунад бо дар назардошти ин нукта, ки дар ҳоли ҳозир Узбакистон 300 MW нирӯи барқро ба Кобул интиқол медиҳад ва аз Кобул то Пишовар идома додани хатҳои баландшиддат кори душворе нест. Ҷониби Покистон изҳор доштааст, ки мехоҳад ба Тошканд ҷиҳати баррасии сатҳи техникии ин пешниҳод як ҳайатро эъзом бидорад, аммо то ба ҳол ҳайати Покистон ба Тошканд нарафтааст ва имконпазир будани ин пешниҳоди Узбакистон аз лиҳози техникӣ аз тарафи мутахассисони покистонӣ омӯхта нашудааст. Вале зоҳиран ин пешниҳод ҷанбаи воқеӣ камтар дорад, чун барои интиқоли 1000 MW нирӯи барқ хатҳои интиқолии 500 kV зарур аст. Дар ҳоли ҳозир интиқоли нирӯи барқ аз Узбакистон ба Кобул тавассути хатҳои 220 kV сурат мегирад.

Равобити Тоҷикистону Покистон

Равобити Тоҷикистону Покистонро метавон дар се компонент хулоса намуд. Якум коммуникатсия. Ду кишвар дар талоши онанд, ки бар иловаи шоҳроҳи марказии Афғонистон тавассути долони Вахон роҳи тиҷоратии наве боз кунанд. Ин роҳ метавонад барои вуруди Покистон ба Осиёи Миёна аз тариқи роҳҳои Тоҷикистон ва дастрасии Тоҷикистонро ба бандарҳои обҳои ҷаҳонӣ аз тариқи роҳҳои Покистон таъмин намояд. Дуввум компоненти муҳим, ин рушди савдову тиҷорат ва саноат аст, ки дар оғози матлаб дар борааш гуфтем. Имрӯз Тоҷикистон маводи ғизоӣ умдатан меваву дигар маводи хӯрданӣ ва колову сементро асосан аз Покистон ворид мекунад ва ба Покистон алюмину ангишт ва меваи хушк содир мекунад. Компоненти сеюм, ва аз ҳама муҳимтаринаш ин ҳамкориҳо дар соҳаи энержӣ ва ворид намудани барқи арзони Тоҷикистон ва аз тариқи Тоҷикистон барқи Қиргизистон ба Покистон аст. Тарҳҳои энержии Тоҷикистон мухолифи сарсахте чун Узбакистон доранд ва чолиши дигаре бо номи Афғонистон. То ба ҳол дипломатҳои тоҷик ба ҳар роҳе муваффақ шудаанд, ба монеатарошиҳои Узбакистон роҳи ҳал пайдо намоянд, аммо мушкили Афғонистон аз ҷиҳатҳову қудратҳои гуногуне вобаста аст, ки ба ҳар ҳол умедворем ба наздикӣ аз дард ба даво табдил ёбад.

Саъдии ЮСУФ
Ӣ,
таҳлилгари масоили сиёсӣ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97