Wikileaks ҳам дар Хатлон раҳгум мезанад

Иқтисод 07.01.2011 11:16

ё сирри қафомонии мо дар чист?

image001 

«Барои коллективҳои меҳнатӣ, тамоми сокинони вилояти Хатлон соли  2010 аз бисёр ҷиҳат соли махсус ва хотирмон буд...

 

Дар давоми сол дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии вилоят пешрафту таҳаввулоти зиёд ба амал омаданд…» Ин суханҳо дар иҷлосияи охири соли 2010-уми вакилони халқи Хатлон дар толори мақомоти маҳаллии ин вилоят садо дода буд. 

Аммо соате қабл аз оғози иҷлосияи мазкур дар дохили «Тангем»-и мусофирбар шоҳиди гуфтугузори одамони оддӣ будем, ки ҷавонмарде дар сӯҳбати телефонӣ ба хонуми русаш мегуфт: «Азизакам, каме дигар мунтазир мешавию ман боз ба хона бармегардам. Бале, ман ваъда дода будам, ки барвақттар бармегардам. Аммо медонӣ- ку одам пир шуд «капризный» мешавад. Падару модарам шарт гузоштаанд, ки заминҳоро кишт карда, баъд ба Русия меравӣ. Ҷонакам, зиқ нашав, ман ба наздикӣ меоям… (тарҷума аз русӣ-Ҷ.У.)

- Ё Аллоҳ,- мӯйсафеде гиребонашро гирифта, тавба мекард,- дар замони мо ҷавонон вақти адои хидмати ҳарбӣ ҳамин хел бо шавқ «Скоро уеду домой» мегуфтанд. Имрӯз баръакс, аз Ватан рафтанро ин қадар ширин «Скоро приеду» мегӯянд. Акнун падару модар барои онҳо «капризный» шудаасту Русия Ватан.

Мутаассифона барои баъзе ҷавонмардони мо воқеан ҳам чунин аст, ки солҳо боз ба Тоҷикистон бо мақсади дидорбинӣ меоянду боқӣ зиндагии худро бе Русия тасаввур карда наметавонанд. Барои ин мо онҳоро гунаҳкор намеҳисобем.

Ҳамин тавр, фикру андешаҳои шаҳрвандон аз ҳисоботу дастовардҳои ҳукуматдорон ба куллӣ фарқ мекунад. Аммо афкори умум ин аст, ки аз ин пас баҳонаи мушкилоти иқтисодӣ - иҷтимоии ҷомеаи мо ҷанги шаҳрвандии 19 сол қабл дигар шуда наметавонад. Зеро мо мӯҳлати барқарорсозиро 5 сол қабл паси сар карда будем. Акнун сабабгори мушкилоти иҷтимоии хеш ҳамаи моем. Яке ба фасоду найрангу фиреб дода шуда, дигаре ба вазифаи давлатӣ, ки аз иҷрои он ба хубӣ баромада наметавонад, мисли мероси бобоӣ меҳр баста, ҷон доданро осонтар медонад, аз он ки вазифаашро бигиранд. Саввумӣ ҳукуматро аз давлату давлатро аз Ватан фарқ карда натавонад ҳам, то рӯзи соҳиби вазифа будан, худро фарзанди содиқи Ватан ҳис карда, чӣ даъвоҳое надоранд. Боқӣ сабру таҳаммулро авло дониста, хомӯширо ихтиёр кардаанд. Ҳамин тавр ҳар фарди ҷомеа бо кирдору рафторе дар вазъи ба амал омадаи ҷомеа ва кишвари худ «саҳмгузор» аст.

ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Гарчанде сатҳи истеҳсолот дар корхонаҳои саноатӣ назар ба як соли пешин рӯ ба афзоиш арзёбӣ мегардад. Аммо нишондодҳои дигаре мисли афзоиши теъдоди муҳоҷиронии меҳнатӣ ба хориҷи кишвар ва дер боз набаромадани дуд аз лӯлаҳои дудбарои калонтарин корхонаҳои вилоят шаҳодат аз он медиҳанд, ки алъон мо дар бунбасти иқтисодӣ қарор дорем.

Тибқи иттилои расмӣ теъдоди корхонаҳои аз кор монда дар нисбати корхонаҳои нав ба фаъолият шурӯъ карда, зиёд аст. Аммо дар ҳисоботҳои мақомоти маҳаллӣ дарҷ гардидааст, ки соли 2010-ум дар вилояти Хатлон беш аз 40 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода шудаанд. Дар боби афзоиш ё коҳиш ёфтани ҷойҳои нави корӣ дар соҳаи саноати вилоят ҳамин мисоли аз кор мондани Корхонаи муштараки «Тоҷик Азот», ки ҳудуди 3 ҳазор нафар коргар дошт, кофӣ аст. Албатта дар ин муддат якчанд корхонаҳои коркарди пахта ба фаъолият оғоз кардаанд, вале мутаассифона кор дар ин коргоҳҳо мавсимӣ аст.

Воқеан аз иҷрои супориши Президенти кишвар дар мавриди хубтар роҳандозии коркарди пахта, ширу гӯшт ва меваю сабзавот масъулини вилоят низ қаноатманд нестанд. Раиси Хатлон ғайбулло Авзалов низ роҳи асосии рушди соҳаи саноатро дар ҷалби бештари соҳибкорон барои бунёди корхонаҳои хурд мебинад. Аммо чаро соҳибкорони маҳаллӣ барои бунёди корхонаҳои коркарди пашму пуст, меваю сабзавот ва ё истеҳсоли сару либос тарҳеро рӯи даст надоранд? Ё доранду мушкилиҳои дигаре сади роҳи онҳо мешавад. Имрӯзҳо аз пашму пусти хоми хушсифат то нахлу гиёҳҳои вилоятро кӯшиши ба кишварҳои шарқ интиқол додан доранд. Ҳол он ки барои коркарди онҳо дар вилоят корхонаҳои нимкораю фаъол ҳасту ҳам дар ҳоли таъсис ёфтан мебошанд. Мо дарди бедаво - «Фурӯшандагӣ» дорем, ки моро бенаво карда истодааст.

ТО КАЙ ПАСМОНДАИ ДИГАРОНРО ИСТЕХМОЛ МЕКУНЕМ?

Маҳсулоти дохилиро хому арзон ба хориҷа интиқол медиҳему аз он ҷо маҳсулоти бесифатро ба кишвар ворид карда, онро гарон ба халқи худ мефурӯшем. Аз ин фоидаҳо осон ба даст омада то ҳол касе баракат наёфтааст. Вале нафароне, ки дасти дароз доранд, андешаи корсоз надоранд. Иддае, ки истеъдоди рушду инкишоф додани истеҳсолоти Ватаниро доранд, дасти кӯтоҳ доранд. Донишманде гуфт: «Бадбахтии мо тоҷикон дар ҳамин аст, ки неруҳои зеҳнии мо харидори худро дар дохили кишвар надоранд. Вагарна дар ин 15 соли охир шояд ҳаҷми истеҳсолоти Ватанӣ даҳҳо баробар зиёд мешуд».

Чанде пеш дар як сӯҳбат атрофи воридоти бесобиқаи 22 намуди маводи зарурии рӯзгор аз хориҷи кишвар масъулини як ширкати вилоят ваъда дода буданд, ки тасмим доранд, дар даҳсолаи наздик дар назди корхонаҳои орду равған бунёди сехҳои истеҳсоли беш аз 50 намуди маҳсулоти муҳимро ба роҳ хоҳанд монд. Аммо то кунун барои беш аз 2 миллиону 600 ҳазор нафар аҳолии вилоят шурӯъ аз кулчақанду макарон то тамоми маҳсулоти шустушӯӣ ва дигар майда чуйдаи рӯзгор аз хориҷи кишвар ворид мешавад. То кай мо мунтазири он мешавем, ки кишварҳои рӯ ба тараққӣ аз анборҳои худ маҳсулоти аз эҳтиёҷоти мардуми худ боқимондаро барои мо содир мекунанду дар  мағозаҳои мо болоравии арзиши орду қанд, пешгирӣ мешавад. Боз ҳам арзиши як маҳсулот нисбат ба макони истеҳсолаш дар кишвари мо чандин баробар гарон мешавад. Ё, не?

Бори аввал нест, ки раиси вилояти Хатлон ғайбулло Авзалов аз минбари боло эрод мегирад. «Соҳибкорони мӯҳтарам, бас будагист мағозаю заправка сохтан! Бо ин роҳ мо танҳо ҳаҷми воридоти маҳсулоти хориҷиро ба кишвар афзоиш медиҳему иқтисодиёти кишварро ба қафо мебарем». Вале боз ҳам дар вилоят бунёди мағозаю нуқтаҳои бензинфурӯши бо суръат идома дорад. Боиси шармандагӣ аст, ки оддитарин маҳсулоти ғизоӣ «маска», либосворӣ- ҷуробу таҳпӯш ва дигар маҳсулотҳо аз қабили гугирду сузан, собуну ҳатто чӯби дандонкобро аз хориҷи кишвар ворид мекунем. Боз мегӯем, ки чаро иқтисодиёти мо пешрав нест.

Дар ҳоле ки бештар аз корхонаю иншооти гуногуни давлатии хусусигардонидашуда аз ҳоли пештараашон бадтар шудаанд, боз ҳам дар ҳудуди вилоят иҷрои барномаи хусусигардонии амволи давлатӣ бо муваффақият идома дорад. Тибқи маълумотҳои ҳукумати вилоят дар соли гузашта 85 адад  иншоот ғайридавлатӣ гардонда шуда,  иҷрои  барномаи  пешбинишуда 177 фоизро ташкил намудааст.

Бинобар маълумоти Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар 11 моҳи соли 2010-ум беш аз 278 адад биною иншоотҳои давлатӣ ба маблағи 239,3 ҳазор сомонӣ ба иҷора дода шудаанд. Аммо аз таҳлилҳои мақомоти маҳаллӣ бармеояд, ки иншоотҳои давлатиро бо маблағҳои ночиз ба иҷора медиҳанд. Маблағи умумии аз ҳисоби иҷораи иншоотҳои давлатӣ ба буҷаи маҳал дохил шуда ба ҳар як иншооти ба иҷора дода шуда, дар як  моҳ ба 72 сомонӣ рост меояд. Масъалаи доғи ин сохтор боз он аст, ки Раёсати сармоягузорӣ ном дораду то ҳол барои рушди соҳаи соҳибкорӣ дар вилоят таҷрибаи сармоягузорӣ надорад.

МАХЛУМОТХОИ АНДОЗ ОИНАИ ИКТИСОД    

Дар ҳисоботе, ки барои вакилони халқи вилояти Хатлон ироа шуд, омадааст, ки дар ёздаҳ моҳи соли гузашта иҷроиши нақшаи қисми даромади буҷет 101,8% иҷро шуда, нисбат ба соли гузашта ба буҷаи вилоят 54 миллион сомонӣ зиёд маблағ ворид шудааст. Аммо  қарзи субъектҳои хоҷагидор рӯ ба афзоиш дошта, ба 1-уми декабри соли 2010-ум қарзи андозсупорандагони вилояти Хатлон ба 131,6 миллион сомонӣ баробар шудааст. Ҳатто дар навоҳии  Панҷу Ёвон ва ноҳияи овозадори Данғара муҳимтарин нишондоди кори раисони ноҳия-нақшаи андоз иҷро нашудааст. Алъон танҳо оид ба пурра маблағгузорӣ нашудани муасисаҳои буҷетии ноҳияи Панҷ эродҳо ба гӯш мерасанду халос.

Дар шаҳру навоҳии Сарбанд, Ҳамадонӣ, Қубодиён, Данғара  бошад бақияпулиҳои андоз зиёд шудааст. Андози иҷтимоӣ дар вилоят иҷро шуда бошад ҳам валле нақшаи ин намуди андозро  шаҳру ноҳияҳои Қӯрғонтеппа, Бохтар, Вахш, Хуросон, ҷиликӯл, Панҷ, Шаҳритус, Ёвон, Восеъ ва Фархор таъмин карда натавониста, ба пардохти саривақтии нафақапулиҳо таъсири манфии худро расонидаанд.

Яке аз сабабҳои асосии рӯ ба Русия овардани ҷавонмардони мо ҳамин қатъ шудани фаъолият дар коргоҳҳо ва ё ба таъхир афтодани музди меҳнат (он ҳам нокифоя аст) мебошад. Алъон дар ҳисоботҳои расмӣ афзоиши қарз аз музди меҳнат дар 11 моҳи соли гузашта 6,2 миллион сомониро ташкил дода аст. Дар нисбати як сол пеш қарз аз музди меҳнат 3 миллиону 200 ҳазор сомонӣ зиёд шудааст.

Масъулин иброз медоранд, ки равобити иқтисодии хориҷии вилоят со то сол васеъ шуда, Хатлон бо 34 давлатҳои дуру наздик ҳамкориҳои тиҷоратӣ дорад. Аммо истеҳсолоти пешрафта, ки надорем маҳсулоти тайёрро ба вилоят ворид мекунему аз вилоят бештар маҳсулоти хом содир мешавад.

Чаро соҳаи саноати вилояти Хатлон ба хусус саноати сабук рушду инкишоф намеёбад? Чаро соҳибкории хурду миёна ин қадр суст инкишоф меёбад? Чаро соҳибкорони тоҷике, ки дар Руссия дар тиҷорат муваффақ шудаанд, барои бунёди корхонаҳои хурд дар диёри худ даст намезананд? Барои ҷавоб гуфтан ба ин суолҳо мо дар Хатлон коршиносони соҳавӣ дорем. Аммо бештари онҳо аз ибрози андеша худдорӣ мекунанд. Ба гуфтае ҳамааш вақту соати худро дорад.

Ч,амолиддини Усмониён
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97