ҒОРАТИ РӮИРОСТИ ТЕРМИНАЛҲО ва ё чӣ тавр терминалҳои пардохтӣ давлат ва мардумро гул мезананд?

Иқтисод 24.05.2010 16:54

ТЕРМИНАЛҲО ЧЕК НАМЕДИҲАНД

Тибқи таҳлилҳои коршиносон давлатҳое, ки имрӯз ба абарқудратони ҷаҳонӣ табдил ёфтаанд, аслан мавқеи худро дар ҷаҳон аз ҳисоби ҷамъоварии молиёт аз андоз мустаҳкам намудаанд. Дар Амрикову Бритониё, Фаронсаву Олмон, Руссияву Ҷопон ва соири кишварҳои пешрафта пардохтҳои молиётӣ як рукни муқаддас ва миллӣ дониста мешавад, ки аз ашхоси ҳуқуқӣ, инфиродӣ ва муассисаву корхонаҳои давлативу шахсӣ, ки аз ҳисоби истеҳсолоту фурӯши колоҳҳо фоида ба даст меоранд, бидуни чуну чаро қавонини андозро риоя ва ҳаққи онро пардохт менамоянд.

Ин аст, ки ин кишварҳо рушду тараққӣ ёфта, дар ба даст овардани дастовардҳои бузурги илмиву фаннӣ мақому мартабаи махсусеро касб кардаанд. Иттифоқо, рӯзе аз паҳлӯи автомати терминали пардохтҳо (каcсае, ки дар бозору дӯконҳо ва супермаркетҳо ҷиҳати интиқол додани маблағ гузошта мешавад) мегузаштам ва ба ёдам омад, ки бояд ба сурат ҳисоби телефони мобилиам маблағ гузаронам. Ба ҳамин хотир 20 сомонӣ тавассути терминали пардохтҳо интиқол додам ва мунтазир будам, ки автомат бароям расид (чек) медиҳад. Мутаассифона, бар хилофи чашмдошти ман аз санг садо буду аз терминал не. Нафаре, ки дар паҳлӯям қарор дошт ва ӯ ҳам маблағ гузаронида буд, гуфт, ки боре иттифоқ науфтодааст, ки ин терминал ба касе расид дода бошад, вале маблағи Шумо ба нишонии зарурӣ интиқол меёбад, мутмаин бошед.

Ростӣ ба ҳайси як шаҳрванди кишвар аз ин амал хеле нороҳат шудам ва чунин як "хизматрасонӣ"-ро кирдори ғоратгаронае беш натавонистам тасаввур намоям. Аз ин рӯ, ҳисси кунҷковиам боло гирифт ва аз чандин терминалҳои мухталифи дар шаҳр насб гардида дидан кардам ва мутмаин гаштам, ки иддаи каме аз ин терминалҳо ба муштариён расид медиҳад. Ба ин хотир, итминон ҳосил намудам, ки шахсони мутасаддӣ ва ширкатҳои молики терминалҳо рӯйрост даромадҳои худро аз андоз рупӯш менамоянд.

Бартарияти истифодаи терминалҳои пардохтӣ дар он аст, ки онҳо бо системаи автоматии назорати пардохтҳо муҷаҳҳаз гардидаанд. Ин имкон медиҳад, ки соҳиби терминал аз соири воситаҳои изофӣ сарфи назар намояд, зеро дар истифодаи терминал муҳим нест шахсони масъул вазифадор бошанд. Фаъолияти терминалҳои пардохтӣ тавассути интернет ба таври хеле осон назорат карда мешавад ва шарт нест, ки онҳо дар хадамоти марбутаи молиётӣ сабт шаванд Барои фаъолияти терминалҳо литсензия дода намешавад ва насбу ҷо ба ҷо намудани онҳо хароҷотҳои калонро талаб намекунад. Кофист, ки ин мошинҳо дар масофаи 1 метри мураббаъ ҷо ба ҷо шуда ба шабакаи барқ васл карда шаванд.

Навъҳои мухталифи терминалҳои пардохтӣ мавҷуд аст. Терминалҳое, ки дар девор насб мегарданд ва ё дар кӯчаву дохили мағозаву дӯконҳо гузошта мешаванд, дар байни муштариён маъруфияти зиёде доранд. Онҳо бо зиреҳҳои зиддитахриботӣ ва қабатҳои махсуси муҳофизатӣ аз боду борону дигар ҳодисаҳои табиӣ мукаммал ва муҷаҳҳаз гардида ба ҳама гуна фишорҳои атмосферӣ ва ҳарорати ҳаво тобовар мебошанд.

Маҳалли муфиди ҷо ба ҷосозии автоматҳои пардохтӣ асосан суперморектҳо, вокзал, фурӯдгоҳҳо, муассисоти таълимотӣ, марказҳои истироҳатӣ ва фароғатӣ ва умуман он ҷойҳое мебошанд, ки дар он ҷо маҷмӯи мардум зиёд аст. Терминалҳо метавонанд вазифаҳои таблиғотӣ, иттилоотӣ, тиҷоратӣ, хидматрасонӣ, пахш намудани мусиқӣ ва ғайраҳоро дошта бошанд. Терминалҳои пардохтӣ аз тана, экрани дорои кристали моеъ, компутар, клавиатура, маблағқабулкунак, принтер, дастгоҳҳои муҳосибавии пардохтҳо, сканери дорои штрих-код ва дигар қисмҳо иборат мебошанд.

22 ШИРКАТ, АММО ФАЪОЛИЯТИ АКСАРИЯТ ҒАЙРИҚОНУНӢ

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки насб ва истифодаи терминалҳо ба ширкатҳо ва шахсони воқеӣ хеле манфиатоваранд. То имрӯз 22 ширкат дар Тоҷикистон дар ин самт кору фаъолият менамоянд. Бузургтарини онҳо ТЭК Babilon аст, ки Абдуқаҳҳор Солиев раиси кули ин ширкат аст. Онҳо дар навбати худ ба чор гурӯҳ тақсим шудаанд. ООО МДО "Киропол экспресс", Экспресс Пей ва дигарон қисмати аъзами ворид ва насб намудани терминалҳои пардохтиро ба дӯш доранд.

Барои касби маълумоти бештар мо ба Маркази хизматрасонии техникии "Марказ", ки сарварии онро мутахассиси соҳа З.Ш.Губайдуллин ба ӯҳда дорад, муроҷиат намудем. Ногуфта намонад, ки Маркази мазкур таъмир ва сабти фаъолияти Мошинҳои назорати хазинавиро (МНХ-Контрольно кассовые машины ККМ), ки ширкатҳои мазкур ба ҷумҳурӣ ворид менамоянд, ба ӯҳда дорад. Зимни сӯҳбати на чандон тӯлонӣ рушан гардид, ки дар воқеъ фаъолияти аксари ширкатҳои воридкунандаи терминалҳои пардохтӣ ва истифодабарандагони онҳо ғайриқонунианд ва аксаран аз пардохтҳои молиётӣ канораҷӯӣ менамоянд. Кумитаи андози ҷумҳурӣ тибқи конунҳои ба тасвиб расида бояд фаъолияти ин ширкатҳоро таҳти назорати ҷиддӣ қарор диҳад.

Дар мактубе, ки аз тарафи Маркази хизматрасонии техникии "Марказ" унвонии Сардори раёсати андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе тахти № 29 аз 12 апрели соли ҷорӣ ирсол гардидааст, оид ба таъмин намудани ҳуҷҷатнигории техникӣ ба мошинҳои назоратию хазинавӣ дар терминалҳои пардохти маблағгузорӣ, сертификат ва дастуруламал доир ба барномарезӣ ва хизматрасонии ширкатҳо изҳори нигаронӣ шудааст. Ҳамзамон хоҳиш шудааст, ки масъалаи қатъ намудани терминалҳои пардохти маблағғузории ООО МДО "Кирополь-Экспресс" дида баромада шавад, зеро муассисаи мазкур талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №310 "Дар бораи тасдиқ намудани Қоидаҳои истифодаи мошинҳои назоративу хазинавии дорои хотираи фискалӣ ва Қарори раиси шаҳри Душанбе № 154 аз 10.11 соли 1998 "Дар бораи истифодаи мошинҳои назоративу кассавӣ ҳангоми ҳисобу китоби пул ба аҳолӣ"-ро дидаву дониста поймол мекунад. Ҳамзамон хотиррасон гардидааст, ки чунин "ширкатҳо"-и дастнорас танҳо нестанд.

ХОТИРАИ ФИСКАЛӢ Ё "ФАЛСИФИКАТСИОНӢ"?

Хотираи фискалӣ чист? Ин системаест, ки дар дохили терминалҳои пардохтӣ насб мегардад ва тамоми амалиётҳои пардохтӣ ва интиқоли маблағ ва дигар амалҳои иҷрошударо дар хотираи худ абадӣ сабт менамояд ва ҳангоми тафтиш нозирин маҳз дар асоси ҳамин система метавонанд ҳаҷми маблағҳои пардохтшавандаи андозро муайян намоянд

Тибқи иттилои коршиносон, бадбахтӣ ин аст, ки дар насб намудани фаъолияти чунин дастгоҳҳо мутахассисини касбӣ хеле каманд ва ширкатҳои машғул ба ин амалиётҳо дидаву дониста мақомоти зидахлро фиреб дода, ба ҳар роҳу восита даромадҳои худро пинҳон медоранд. Барои мисол ҶДММ Маркази таъминоти техникии "Шарқ", воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, ки сарварии онро Ф.Низомов ба ӯҳда дорад, таи мактуби № 6 аз 17 феврали соли 2010 ба Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Давлатов Н. М.муроҷиат намуда ҳоҳиш намудааст, ки ба феҳрасти давлатии мошинҳои назоратӣ-хазинавии дорои хотираи фискалӣ се номгӯи навъҳои нави МНХ "WISE-158TT", "PAX-90" ва модули фискалии навъи "МТ-532" -ро ворид намояд. Маҳз гап сари он аст, ки модули фискалии навъи "МТ-532" бояд дар худ системаи хотиравии қавӣ дошта бошад. Мутаассифона ин модул дорои хотира набуда, дар Ҷумҳурии Чин истеҳсол гардида ҷавобгӯи талаботҳои стандартӣ нест ва маълумотҳоро наметавонад дар худ ҳифз намояд. Сарвари Маркази хизматрасонии техникии "Марказ" З.Ш.Губайдуллин мушахассоти ин се намуд мошинҳои назоратӣ-хазинавии дорои хотираи фискалиро таҳлил намуда иброз доштанд, ки онҳо дорои ягон навъ хотираи фискалӣ нестанд ва ин як хокпошие ба чашми мардуму давлат беш аст. Суоли матраҳ ин аст, ки оё ҶДММ Маркази таъминоти техникии "Шарқ" дар қайди назорати андоз ҳаст ё не ва агар бошад аз кай?

АМАЛИЁТИ ТЕРМИНАЛҲО ДАР ЯК ШАБОРӮЗ-12000000 СОМОНӢ

Тавре аз сарчашмаҳои боварибахш ба мо иттилоъ доданд, имрӯз дар дохили кишвар беш аз 6000 адад терминалҳои пардохтӣ аз тарафи ширкатҳои алоҳида ворид гардида, фаъолият менамоянд. Тибқи мушоҳидаҳо ва муҳосибаҳои коршиносон ҳар як аз ин терминалҳо дар як шабонарӯз маблағи на камтар аз 2000 сомонӣ қабул менамоянд, ки дар маҷмӯъ дар як шабонарӯз 12 миллион сомониро ташкил медиҳад. Бо ин ҳолу амал, ки дар кори беназмонаи терминалҳои пардохтӣ маълум аст, ба гумон аст, ки ҳаққи андоз аз даромадҳоро соҳибмулкони терминалҳои пардохтӣ ба хазинаи давлат ворид намоянд. Ин мавзӯи дигар аст, ки таҳқиқоти ҳамаҷониба ва шаффофро тақозо дорад ва мо ҳамроҳ бо мутахассисони касбӣ ва ҷалби масъулони соҳа сари ин масъала ҳатман бармегардем ва он чиро, ки мо ба гунаи мисол овардаем, муште аз хирман аст. Мехостем бифаҳмем, ки амалиётҳои пулии анҷом додаи ширкатҳои мазкурро Кумитаи андози ҷумҳурӣ бо кадом васила назорат мекарда бошад? Танҳо ҳаминро хотирнишон месозем, ки саркашӣ аз пардохти андоз ҷиноят аст.

ҚОНУН ЧӢ МЕГӮЯД?

Дар Кодекси Андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи 59 омадааст: "Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоббаро-баркуниҳои пулӣ бо истеъмолкунандагон ҳангоми фурӯши мол ё хизматрасониҳо тавассути пули нақд, кортҳои маблағсупории бонкӣ, чекҳо бо истифодаи ҳатмии мошинҳои назоратию хазинавии дорои хотираи фискалӣ ва супоридани чеки назоратӣ ба истеъмолкунанда анҷом дода мешавад". Дар банди 3 ҳамин модда омадааст: "Мошинҳои назоратию хазинавии дорои хотираи фискалӣ - ин таҷҳизоти электронӣ ба блоки хотираи фискалӣ ва ё силсилаи компютерҳои бонкӣ барои сабти ҳисоббаробаркуниҳои пулӣ бо истеъмолкунандагон ҳангоми фурӯши мол ва хизматрасонӣ мебошанд, ки қайди тасҳеҳнашавандаи ҳарсменагӣ ва нигоҳдории дарозмуддати маълумотро новобаста аз мавҷудияти қувваи барқ таъмин менамоянд. Мақоми ваколатдори давлатӣ бо мувофиқаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон феҳристи давлатии мошинҳои назоратию хазинавии дорои хотираи фискалиро, ки барои истифода дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шудааст, тасдиқ менамояд".

НИМКОСАҲОИ ЗЕРИ КОСА

Вақте сухан дар бораи қалбакӣ будани мошинҳои назоратию хазинавии дорои хотираи фискалӣ меравад, хонанда ва умуман ҳар шаҳрванди асили кишвар пай мебарад, ки "зери коса нимкосае" аст. Маҳз ҳамин пардохтҳои молиётиву андозҳост, ки пояҳои бунёдии кишвар устувор мегардад ва бо доштани имконоти моливу пулӣ давлат имкон пайдо мекунад, ки тамоми кормандони маорифу тандурустӣ, хидматчиёни ҳарбӣ ва давлатиро маош диҳад, бознишастагонро бо нафақа ва донишҷӯёнро бо идрорпулӣ таъмин намояд. Натиҷаи ҳамин пинҳонкориҳост, ки ширкатҳо, тоҷирон ва бозорҳои кишвар, ки теъдодашон хеле зиёд аст, дар муқобили ҳама гуна фақру тангдастии шаҳрвандон рӯз ба рӯз мустаманду сарватманд мегарданд, вале маоши кормандони буҷавӣ, бознишастагон ва махсусан низомиён, ки таъмини амнияти моро шабу рӯз ба душ доранд, ҳеҷ нест, ки зиёд шавад. Мақоли "Гӯр сӯзаду дег ҷушад"-ро ин оқоён хуб фаҳмидаанд ва манфиатҳои шахсиашонро болотар аз ҳама мукаддасоту манофеи миллӣ медонанд.

Хотирнишон бояд сохт, ки истифодабарии терминалҳои пардохтӣ имрӯз яке аз серистифодатарин дастовардҳои компутарии муосир аст, ки дар саросари дунё аз он истифода мегардад. Махсусан дар Руссия, ки қариб мо ҳама навовариҳои техникиро аз он ҷо касб менамоем, терминалҳои пардохтӣ ба системаи воҳиди интернетӣ пайваст гардида мошинҳо бо системаҳои хотираи фискалӣ дошта муҷаҳҳаз мебошанд. Аз ин ҷо ҳар амалиёти пардохтӣ аз маркази ягона назорат мегардад ва тамоми фаъолиятҳо шаффоф аст, ки дар пардохти молиёту андоз саркашии ширкатҳо ва шахсони инфиродии ба тиҷорат машғул буда ба назар намерасад.

Барои намуна мутасаддиёни масъул расидеро (чек) аз ҳамин терминалҳо гирифта онро дақиқан баррасӣ намоянд ва худ шоҳид мешаванд, ки дар он нишонии НДС вуҷуд дорад ё на. Тибқи маълумотҳои ба даст омада Вазорати молияи кишвар чунин як аснодеро аз ин қабил тасдиқ нанамудааст. Маблағҳои ҷамъоваришуда дар ҳеҷ ҷое сабт намегардад ва агар онҳо сабт мегардиданд, мехостем дар ин масъала масъулини ширкатҳо рӯшанӣ меандохтанд.

Бо овардани матолиби фавқ умед дорем сари ин масъала Вазорату идора ва кумитаҳои дахлдор назари худро хоҳанд гуфт. Мехоҳем бидонем, ки терминалҳо ва соири мошинҳои назоративу хазинавӣ ба ҷумҳурӣ ба сурати қонунӣ ворид мегарданд ё на? Дар шароите, ки саросари ҷаҳонро бӯҳрони молиявӣ фаро гирифтааст ва таъсири он ба ҷумҳурии мо хеле назаррас аст, Кумитаи гумрук, Оҷонсии Тоҷикстандарт ва Кумитаи андоз фаъолияти ширкатҳои мазкур ва амволи ворид намудаи онҳоро назорат мекарда бошанд? Зеро, ин оғози кор аст ва набояд фаъолияту кори ширкатҳои мазкур, ки масъули ворид намудани терминалҳои пардохтӣ мебошанд, имрӯз побанди фасод гашта аз пардохтҳои ҳатмии муайянгардидаи андоз саркашӣ намоянд.


Ибодуллоҳи ОҚИЛПУР
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97