Назарсанҷӣ

Шумо аз хидматрасонии кадом ширкати мухобиротӣ қаноатманд мебошед?

МегаФон Тоҷикистон - 14.4%
Вавилон мобайл - 65.4%
Тселл - 14.7%
Билайн - 3.7%
ТК мобайл - 0.6%
Тоҷиктелеком - 1.2%

НАҲАНГИ ХУФТА БЕДОР МЕШАВАД

Иқтисод 31.08.2009 13:34

Сафири Қазоқистон дар Душанбе рӯзи 25 август дар як нишасти хабарӣ эълом кард, ки Бунёди сармоягузории Қазоқистон ва Тоҷикистон, ки нав таъсис шудааст, ширкат дар иҷрои тарҳҳои энержиро дар авлавияти кори худ қарор додааст. Абдулатип Ахметов, сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон гуфт, ки тамоми санадҳои ҳуқуқӣ барои оғози фаъолияти ин бунёд, ки қарор аст, мақараш дар шаҳри Душанбе бошад, омода шудааст. Вай гуфт: "Аллакай нафароне, ки раҳбарии ин бунёдро ҳам аз тарафи Тоҷикистон ва ҳам аз тарафи Қазоқистон ба ӯҳда хоҳанд гирифт, таъйин шудаанд."

Ба гуфтаи сафири қазоқ, саҳми аввалияи ин бунёд 100 миллион долларро ташкил медиҳад, ки 80 миллиони онро Қазоқистон ва 20 миллиони дигарро Тоҷикистон ба ин бунёд гузоштаанд.

Аз ин рӯ-гуфт сафир, - раҳбарии Бунёди муштараки сармоягузориро як нафар аз ҷониби Қазоқистон ба ӯҳда гирифта ва намояндаи Тоҷикистон муовини ӯ хоҳад буд.

Зимнан, мувофиқатнома дар бораи таъсиси ин муассисаи молӣ дар ҷараёни дидори Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳурии Қазоқистон аз Тоҷикистон дар тирамоҳи соли 2007 имзо шуда буд.

Ин дипломати қазоқ мегӯяд, интизор меравад, муассисаи мазкур асосан аз тарҳҳои марбут ба бахши энержӣ ҳимоят кунад. Ба гуфтаи ӯ, барои оғози фаъолияти бунёди муштарак дар ин замина бояд музокирот дар робита бо тарҳҳои энержии Тоҷикистон анҷом шавад.

Ин дар ҳолест ки ду моҳ қабл сарони кишварҳои узви созмони Уруосиё, яъне Русия, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон дар ҷаласае дар Маскав мувофиқатномаеро дар бораи таъсиси Бунёди зиддибӯҳронии УруОсиё имзо карданд.

Он замон эълом шуд, ки ҳадаф аз таъсиси ин бунёд иҷрои тарҳҳои муштараки сармоягузории байнидавлатӣ буда ва он дар моҳи сентябри соли ҷорӣ фаъол хоҳад шуд. Дар ҳамон ҷаласа тарҳи таъруфаҳои ягонаи гумрукӣ дар кишварҳои узви Анҷумани Иқтисодии УруОсиё низ қабул шуд ва эълом шуд, ки муфодди ин тарҳ аз моҳи январи соли оянда дар гумрукҳои ин кишварҳо ба иҷро хоҳад даромад.

Абдулатип Ахметов, сафири Қазоқистон дар Душанбе гуфт, ки кишвараш ахиран ба таври расмӣ эълом кардааст, ки аз бӯҳрони иқтисодӣ берун рафта ва интизор меравад то ним соли оянда рушди иқтисодии кишвараш ба ду дарсад афзоиш ёбад. Сафири Қазоқистон ҳамчунин гуфт, ки кишвараш алоқаманд аст на танҳо дар тарҳҳои энрежӣ, балки арсаҳои мухталифи иқтисоди Тоҷикистон, сармоягузорӣ кунад. Вай дар ин замина бахусус ба бахши истихроҷи маъдан ишора кард.

Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон ҳудуди 50 ширкати муштарак бо Қазоқистон фаъол ҳаст, ки Кони Адрасмон ва ширкати "Оби Зулол" аз маъруфтарини ин ширкатҳост.

Гардиши мол миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ним соли ҷорӣ ба далели бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ 1,6 дарсад коҳиш ёфта ва 140 миллион долларро ташкил додааст. Қаблан раҳбарони ду кишвар эълом карда буданд, ки дар панҷ соли оянда ин рақамро ба 500 миллион доллар хоҳанд расонд.

Абдулатип Ахмедов дар нишасти мазкур таъкид кард, ки барои он ки Бунёд муназзам фаъолият кунад, Тоҷикистон бояд тарҳҳоеро пешниҳод кунад, ки фоидаовар бошанд. Ӯ афзуд, ҷониби Қазоқистон умедвор аст, ки Тоҷикистон ҳарчӣ бештар тарҳҳояшро пешниҳод мекунад ва фаъолияти Бунёд ҳарчи зудтар шурӯъ мешавад.

Дар ҳамин ҳол соҳибназарон мегӯянд, Қазоқистон як кишвари қудратманд дар кишвар маҳсуб меёбад, ки дар қиёс бо дағдағаҳои Узбакистон, ки даъвои аз тавонаш бештарро мекунад, шонси бештари матраҳ шудан дар минтақаро дорад. Аз як сӯ Қазоқистон кишварест, ки дар қиёс бо дигар кишварҳои минтақа, аз ҷумла Узбакистон ба мушкилоти сиёсӣ ва иқтисодӣ дар дохили кишвар мувоҷеҳ нест. Ба хусус вазъи иҷтимоии мардумонаш беҳтар аст ва ҳатто дар қиёс бо Узбакистони ҳамсояаш, ки аксарияти аҳолиаш дар бозори муҳоҷират корҷӯ ҳастанд, муҳоҷирони кории дигар кишварҳои минтақаро мепазирад. Аз сӯи дигар Қазоқистон баръакси Узбакистон дар фазои дӯстӣ бо ҳамсоякишварҳояш ҳамкорӣ дорад ва шонси бештари қудрати минтақа шинохта шуданро дорад. Ҳамчунин бартарии дигари Қазоқистон ҷиҳати шарикӣ ва ҳамкории танготанг бо ҳамсояҳо он аст, ки муҳоҷирони корӣ дар ин кишвар, амсоли дигар кишварҳо, ба хусус Русия камтар мавриди таъқиб қарор мегиранд. Аммо мулоҳизакории Қазоқистон барои қадами бузургтар гузоштан дар ҷодаи касби мавқеи бештар дар минтақа боис шудааст, ки кишварҳои даъвогар ва танҳо судҷӯ ҷойи пойи бештаре дар минтақа пайдо кунанд.


Маҳҷуби КИФТОН
©2008 - 2017 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97