Назарсанҷӣ

Шумо аз хидматрасонии кадом ширкати мухобиротӣ қаноатманд мебошед?

МегаФон Тоҷикистон - 14.4%
Вавилон мобайл - 65.4%
Тселл - 14.7%
Билайн - 3.7%
ТК мобайл - 0.6%
Тоҷиктелеком - 1.2%

САБТИ НОМИ ШИРКАТҲОИ ХУСУСӢ ОСОН ШУД

Иқтисод 02.07.2009 16:18

Аз якуми июл дар шӯъбаҳои Кумитаи андозиТоҷикистон дар тамоми навоҳии кишвар тоҷирон ва бозаргонон метавонанд дар зарфи панҷ рӯз ширкатҳои худро сабти ном кунанд. Муовини раиси Кумитаи амвол ва сармоягузории Тоҷикистон Шӯҳрат Раҳматбоев гуфтааст, ки бозаргонон дигар ба ҷамъоварии асноди зиёде аз ниҳодҳои мухталифи давлатӣ ниёзе надоранд. Аз ин пас бозаргонон бояд асноди худро ба бахшҳои андози ноҳияи зисти худ пешниҳод кунанд ва дар зарфи панҷ рӯз мунтазири дарёфти иҷозаи фаъолияти ширкати худ бимонанд. Ба гуфти Шӯҳрат Раҳматбоев дар гузашта дарёфти иҷозаи фаъолият то ба якуним моҳ тӯл мекашид.

Гузашта аз ин, бозаргонон ҳудуди ҳашт ҳазор сомониро ба унвони "маблағи ойинномавӣ" пардохт мекарданд. Ҳоло ин маблағ то ба як ҳазор сомонӣ коҳиш ёфтааст.

Ҳамчунин, аз рӯзи чаҳоршанбе барои дарёфти иҷозаи корҳои сохтмонӣ низ низоми нав роҳандозӣ шудааст. Дар гузашта бозаргонон ё нафароне, ки мехостанд биное бисозанд, барои дарёфти иҷоза то якуним сол вақти худро сарф мекарданд.

Ҳоло ҳукумати маҳалл, ки судури иҷозаи сохтмон ба дӯши он вогузор шудааст, вазифадор аст ин амрро дар мӯҳлати 90 рӯз анҷом диҳад. Шӯҳрат Раҳматбоев афзуд, ки роҳандозии "равзанаи воҳид" ҷузъест аз барномаи мавсум ба "200 рӯзи ислоҳот", ки 30 июн аз сӯйи ҳукумати Тоҷикистон тасвиб шудааст. Аз байн бурдани монеъаҳои сунъӣ дар роҳи тавсеъаи бахши хусусӣ дар Тоҷикистон ҳадафи аслии ин санад аст ва дар ҷараёни таҳияи ин санад коршиносони хориҷӣ ҷалб шудаанд ва аз таҷрибаи кишварҳои пешрафта истифода шудааст.

Ин барнома ба манзури сода кардани шароити фаъолияти тоҷирон ва бозаргонон таҳия ва мӯҳлати иҷрои он то охири соли ҷорӣ муқаррар шудааст. Ба ҷуз аз таъсиси "равзанаи воҳид" барои дарёфти иҷозаи фаъолият ва сохтмон ҳамчунин таъсиси низоми монанд дар фаъолиятҳои иқтисодии хориҷӣ низ дар назар аст.

Роҳандозии ин санад дар ҳолест ки дар чанд соли ахир созмонҳои байналмилалии молӣ аз вазъи озодии тиҷорат дар Тоҷикистон ҳамвора интиқод мекарданд.

Аз ҷумла, тибқи пажӯҳиши ахири маҷаллаи "Форбз" (For¬bes), Тоҷикистон дар заминаи озодии тиҷорат дар миёни 127 кишвари ҷаҳон ҷойгоҳи 123-ро ба худ ихтисос додааст. Ин пажӯҳиш ҳокӣ буд, ки шароити анҷоми тиҷорат дар Тоҷикистон бағоят душвор буда ва давлат дар ин замина маҳдудиятҳои зиёде эҷод кардааст.

Бар асоси арзёбии Бонки Ҷаҳонӣ, дар Тоҷикистон шароити сабти номи ширкатҳо ва моликият душвор буда, мизони болои молиёт ва шароити печидаи воридот ва содирот, дарёфти иҷоза барои анҷоми корҳои сохтмонӣ ва набуди амнияти сармоя аз рушди бахши хусусӣ монеъ шудааст.

Тибқи омори расмӣ, ҳоло дар Тоҷикистон беш аз 135 ҳазор бозаргон ва тиҷори "инфиродӣ" ва беш аз ёздаҳ ҳазор ширкатҳои хусусӣ сабти ном шудаанд.

Соҳибназарон зимни истиқбол аз роҳандозии низоми "равзанаи воҳид" мегӯянд ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки фасоди густарда дар фаъолияти бахше аз ниҳодҳои давлатӣ метавонад аз иҷрои муассири ин иқдом монеъ шавад.


©2008 - 2017 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97