Иқтисод

Барои эҷоди ҷойи кор дар Тоҷикистон чӣ халал мерасонад? 08.12.2011 11:19 Барои эҷоди ҷойи кор дар Тоҷикистон чӣ халал мерасонад?
Ҷамшеди Қувват, таҳлилгар: Аз баҳри тафаккур ва мактаби «куҳна» бигзаред! Барои ташкил ва эҷод намудани ҷойи кор пеш аз ҳама сиёсати дурусти иқтисодӣ ва механизми дурусти онро бояд фикр намуд. Иқтисоди имрӯзи ҷаҳон бо ....

Бозорёбӣ: Покистон ва Роғун 12.08.2011 10:30
Оё Покистон Роғунро намехоҳад? Оё ин ҷумҳурии исломии ба мо наздик аз хариди барқи Роғун дар оянда сарпечӣ мекунад? Оё Тоҷикистон харидори муҳимтарини барқи Роғунро аз даст додааст? Оё Покистон дар таниши обу барқи Тоҷикистону Узбакистон аз мавзеъгирии Тошканд ҳимоят мекунад? Оё мақомоти Исломобод зери таъсири дипломатсияи Узбакистон қарор гирифтаанд? ....
Чанд бор ҷастӣ малахак… 27.04.2011 09:17
Малах кишоварзонро хаста кардааст Мавсими шашуми баҳор аст, ки қаламрави кӯҳистони вилояти Хатлон гирифтори ҳуҷуми малах мегардад. Дар солҳои нахустини пайдоиши малахи марокашӣ манбаи хуруҷи он доманакӯҳҳои навоҳии сарҳадии кишвар аз қабили Панҷу Хуросон ва Қумсангиру Фархор арзёбӣ мегардид. Азбаски масъулин дар мубориза бар зидди малах даст наёфтанд, дар мавсимҳои минбаъдаи ....
Узбакистон пешрафт мекунад, Тоҷикистон ақиб мемонад…Чаро? 08.03.2011 09:37
Охири  моҳи марти соли 2010 ҷаласаи сеюми Комиссияи муштараки байналмилалии Тоҷикистон ва Афғонистон баргузор гардид, ки дар протоколи Созишномаи он оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт аз ҷумла бандҳои зер ба тасвиб расида буд;
Иқтисоди пуштипардагӣ ва бесаводӣ моро фақир кард 08.02.2011 10:13
Истиқлол барои ҳар ҷомеъа бузургтарин неъмат – озодиро тақдим медорад, аммо дар ивази он аз ҷомеъа низ  шарту шароити хосро тақозо мекунад.
Wikileaks ҳам дар Хатлон раҳгум мезанад 07.01.2011 11:16
ё сирри қафомонии мо дар чист?   «Барои коллективҳои меҳнатӣ, тамоми сокинони вилояти Хатлон соли  2010 аз бисёр ҷиҳат соли махсус ва хотирмон буд...
ҒОРАТИ РӮИРОСТИ ТЕРМИНАЛҲО ва ё чӣ тавр терминалҳои пардохтӣ давлат ва мардумро гул мезананд? 24.05.2010 16:54
ТЕРМИНАЛҲО ЧЕК НАМЕДИҲАНД Тибқи таҳлилҳои коршиносон давлатҳое, ки имрӯз ба абарқудратони ҷаҳонӣ табдил ёфтаанд, аслан мавқеи худро дар ҷаҳон аз ҳисоби ҷамъоварии молиёт аз андоз мустаҳкам намудаанд. Дар Амрикову Бритониё, Фаронсаву Олмон, Руссияву Ҷопон ва соири кишварҳои пешрафта пардохтҳои молиётӣ як рукни муқаддас ва миллӣ дониста мешавад, ки аз ашхоси ....
КОР НАКАРДАНИ "ТОҶИК АЗОТ" БА МАНФИАТИ КИСТ ё ки Эмомалӣ Раҳмонро "ҳалуки" иқтисодӣ меандозанд?! 08.12.2009 14:35
Шабакаҳои телевизионии кишвар баъзан вақти тамошои бинандаро бо маросимҳои ба кор таъминкунии се чор нафар шаҳрванд ё худ "лента"-буриҳои ягон дукони навташкил ҳам сарф мекунанд. Аммо аз бекор мондани беш аз 600 нафар коргарони корхонаи "Тоҷик Азот"-и шаҳри Сарбанд расонаҳои ҳукуматӣ, бахусус телевизион хомӯширо авло донистаанд. Чаро? Акнун мардум ....
ИНҚИЛОБИ БЕРАНГИ ҲУКУМАТ 19.10.2009 15:45
Ё оё масъулини соҳаи кишоварзӣ ва меҳнаткашони рустои Тоҷикистон ба ислоҳоти навбатии соҳаи кишоварзӣ омода ҳастанд? КОЛХОЗВАЙРОНКУНӢ - ИШТИБОҲИ СОБИҚ ВАЗИРИ КИШОВАРЗӢ Ташкили ноодилонаи хоҷагиҳои деҳқонӣ, ки аз ҳисоби саҳмияи мардум буду нафъи он ба нафарони ҷудогона мерасид, дар марҳилаи аввал деҳқонро ноумеду заминҳоро зери қарз ғуттавар сохт. Баъдан эътирозҳои ....
ҲАЛҚАҲОИ "ЗАНҶИРАИ ИҚТИСОДӢ" ТАВАҚҚУФ МЕКУНАНД 25.09.2009 14:47
Ё чаро "арконҳои миллӣ" хомӯшанд?! Дар ҳоле ки бузургтарин ширкату корхонаҳои ҷаҳонӣ аз таъсири бӯҳрони молӣ садо баланд мекунанд, аммо дар Тоҷикистони аҷоиби мо соҳибкорону олигархҳои ватанӣ гӯиё, ки вазъи иқтисодиашон хеле олӣ бошад, ёде ҳам аз бӯҳрони молӣ намекунанд. Ин дар ҳолест, ки қарзҳои нӯҳрақамаи андозсупорандагони вилояти Хатлон дар ....
ЗАХИРАИ ГАНДУМ ЗЕРИ ТАЪСИРИ ФИЛМИ «ҲАЗРАТИ ЮСУФ» 14.09.2009 16:30
ё муроҷиати Президент мардумро ба ёди қаҳтии замони Юсуф бурд САДҚАИ ҶАНОБИ ОЛӢ ШАВАМ… Баъд аз муроҷиати Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишварамон ба мардуми Тоҷикистон барои ду соли оянда захира кардани гандум, мардуми деҳот ба таҳлука афтоданд. Онҳоро воҳима гирифта, ки соли оянда онҳоро чӣ рӯзҳои сахте интизор хоҳад буд, зеро ....
©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97