Иқтисод

1 миллиону 115 ҳазор тонна картошкаатон куҷо шуд, ҷаноби вазир? 04.04.2014 15:19 1 миллиону 115 ҳазор тонна картошкаатон куҷо шуд, ҷаноби вазир?
Дар ҳоле ки агар талаботи солонаи Тоҷикистон 800 ҳазор тона бошад. Агар як миллион тонна картошка дар захирагоҳҳо боқист, вориди бозор кунед, то нархи бозор пойин биравад. Агар надоред, лутфан тавҷеҳ бидиҳед, чаро ....

"Оё мактуби №1-1263 мухолифи принсипи сиёсати давлат нест"? 25.12.2013 21:07
  Ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,   Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон,   Шӯро оид ба технологияҳои иттилоотию   коммуникатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,   Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи   амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,   Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,   Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон,   Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,   Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон,   Агентии зидди инҳисории назди   Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,   Сардори Хадамоти алоқаи назди   Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муҳтарам ....
Идомаи гуфтушунидҳои Тоҷикистону Ирон оид ба анҷоми сохтмони нақби «Истиқлол» 06.09.2013 19:07
Ахири ҳафтаи гузашта дар Вазорати нақлиёт, мулоқоти навбатии намояндагони Тоҷикистон бо намояндагони Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба масъалаҳои вазъи кунунии нақби Истиқлол, интиқоли маблағҳои саҳми  ҷониби эронӣ ба суратҳисоби муштарак, мушкилиҳо ва таъхирёбии иҷроиши корҳо дар нақб, таҳияи нақшаи корӣ ва мушаххас намудани фаъолияти минбаъда дар ин самт доир гардид.
Қирғизистон дар соли 2014 ба саршумории палангҳои барфӣ шурӯъ мекунад 04.09.2013 14:35
Хабаргузории Кир таг. Дар соли оянда маракаи васеъи  назорати  шумораи палангҳои барфӣ дар Қирғизистон оғоз мегардад.Ҳамон тавре ки аз дафтари Стротежи миллӣ барои ҳифозат ва афзоиши палангони барфӣ иттилоъ доданд дар соли 2017 "ба рӯихатгирӣ" ба анҷом расонида мешавад ва  Қирғизистон имкон пайдо мекунад,ки  аниқу дақиқ бидонад; дар кӯҳсори кишвар ....
Об ҷойгузин надорад, 28.08.2013 09:01
пас барои чӣ арзиш надошта бошад? Солҳои донишҷӯӣ барои хабаргирии амакам ба яке аз деҳаҳои қисми куҳистонии ноҳияи Ғончӣ рафта будам. Деҳае, ки амак зиндагӣ мекунад, дар канори рӯдхонаи Оқсу ҷой гирифта аст ва аҳли деҳа обро барои сарфи рӯзгори худ аз ин рӯдхона ба воситаҳои мухта-лифи барояшон даст-рас мекашониданд.
Forbes: Аз талошҳои Тоҷикистон барои бунёди Роғун пуштибонӣ кунед 18.08.2013 14:37
Ду ҳафта қабл аз баргузории конфаронси байналмилалии об дар Душанбе "Forbes", маҷаллаи амрикоӣ дар мақолае бар зарурати бунёди садди "Роғун" дар Тоҷикистон ва таъсири ҷомеъаи ҷаҳонӣ дар ҳалли баҳсҳои марбут ба ин тарҳ таъкид кардааст. Муаллифи ин мақола иддаъо карда, ки ҳуқуқи байналмиллалии об дар Осиёи Миёна дар миёни муносибатҳои ....
Раиси «Шоҳмансур» ҳам бекор монд, аммо нарх арзон намешавад 30.07.2013 08:50
Зеро бозорро мардум хуб бояд тазмин кунад Бозор низ фарҳанги худро дорад Одатан  нарху навои бозор ва обу ҳаво ҳамеша мавзуъи суҳбати мардум аст. Болоравии доимии нархҳо ба хусус дар арафаи идҳо ва моҳи мубораки Рамазон сокинони пойтахти кишварро хеле нороҳат мегардонад ва онҳо бештар сари ин мавзуъ бо шикояту гилаи зиёде аз ....
Роҳҳои валангори Куҳистони Масчоҳ монеъи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ 14.07.2013 13:03
Табиат бо кумаки ашхоси масъулиятношинос Куҳистони Мастчоҳро зери таҳрими иқтисодӣ мегирад. Дар баробари абарқудратҳо табиат низ метавониста аст, бо ҳодисаҳои мухталифи худ, аз қабили заминҷунбӣ, боришоти дурудароз ва пуршиддати барфу борон, лағжиши куҳ ва ғайра, кишварҳо ва минтақаҳои хурду  бузурги онҳоро зери таҳрим бигирад.
"Диёри Душанбе" диёри кӣ хоҳад буд? 10.07.2013 19:39
Ширкати қатарии Diar Real Estate Inve-stment рӯзи 2 июл намунаи хонаҳоеро, ки дар канори кӯли Ҷавонон (Комсомоли собиқ)-и собиқи Душанбе месозад, муаррифӣ кард. Дар расми муаррифии маҷмаъаи «Диёри Душанбе» Муродалӣ Алимардон, муовини сарвазир, Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири хориҷии Тоҷикистон, Давлаталӣ Саидов, раиси кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ ва намояндагони расона-ҳои хабарӣ ширкат ....
Оё боздошти соҳибкорон сармоягузоронро мегурезонад? 11.06.2013 11:18
Қаҳрамон Бақозода, раиси маркази тадқиқотии "Зеркало": - Асосан не. Сармоягузороне, ки дар айни ҳол дар Тоҷикистон фаъолият доранд, аз вазъи фазои соҳибкорӣ, муносибатҳои ҷойдошта нисбат ба тиҷорат ва тоҷирон, хатарҳои имконпазир барои тиҷораташон хуб огоҳ ҳастанд. Албатта то як дараҷа эҳтиёткориро зиёд мекунанд, шояд як-ду нафар фаъолияташро барҳам диҳад. Лекин қисми ....
Таҳрим аллайҳи Kont Investment Bank 15.05.2013 12:12
Ҷуброни зарарҳои Амрикоро кӣ мепардозад?! Бо дастури през-иденти ИМА, Раё-сати назорат ба сармояхои хориҷии Вазорати молияи Амрико дороиҳои шаш ширкат ва як шахсро аз гардиш нигаҳ дошт. Ин хабар рӯзи 1-май дар гузорише аз тарафи Реестри федеролии ИМА (The Federal Regi-ster) нашр шуд. Мувофиқи ин дас-тур ширкатҳое, ки дар сохтани си-лоҳи ....
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97