Олимони донишгоҳи Эксетер ва академияи коллеҷи Лондон бо таҳқиқ рӯйи 19 ҳазор нафар дарёфтанд, ки ҳали ҷадвали (кроссворд) калимот ва ҷадвали ададҳо, амалкарди мағзро дар солмандон беҳбуд мебахшад.
Ин муҳаққиқон дар ин мутолиаи илмӣ дарёфтанд, ки амалкарди мағзи солмандоне, ки ба таври пайваста ҷадвал ҳал мекунанд, аз ҳамсолони онҳо беҳтар аст.
Ба иттилои Евронюз баррасии озмоишҳои шинохти амалкарди мағз нишон дод, ки мағзи ин афрод дар ҳавзаҳои истидлол ва таваҷҷуҳ, ҳудуди 10 сол ҷавонтар аст. Ҳамчунин амалкарди мағзи онҳо дар ҳавзаи ҳофиза низ 8 сол ҷавонтар аз ҳамсолони онҳо буд.
Сарпарасти ин мутолиа ба хабарнигорон гуфтааст, ки мутаваҷҷеҳ шудем, ки амалкарди мағзи афроде, ки ба таври мураттаб машғули ҳал кардани ҷадвали ададӣ ва калимот ҳастанд бисёр хуб аст ва амалкарди мағзи онҳоро беҳбуд мебахшад
Ин олимон ҳанӯз мутмаин нестанд, ки ҳали ҷадвал битавонад заволи ақл ва алзоимреро коҳиш диҳад, аммо натоиҷи ин таҳқиқ ва таҳқиқоти монанд нишон медиҳад, ки истифодаи муназзам аз мағз барои анҷом додани корҳои фикрӣ, аз ҷумла ҳали ҷадвал, кумак мекунад то мағзи инсон барои муддати тӯлонитаре беҳтар кор кунад.
Натоиҷи ин таҳқиқот дар нашрияи илмии равонпзишкии солмандон мунташир шудааст.