Назарсанҷӣ

Дар кадом мактаб мехоҳед фарзандатон таҳсил кунад?

Меҳрубон медали тилои озмуни нанотехнологҳоро ба Тоҷикистон овард

Илм ва фановарӣ 23.01.2015 15:08

Ҳама мунтазири президент. Кӣ ба Меҳрубон хона, мошин ё маош ваъда медиҳад?

Mehrubon TuraevМоҳи январ моҳи гарми хабарсоз аст. Саргарми хабарҳои тоза ба тозаи нишастҳои хабарӣ ва таҳдидҳои нав ба нави ҷаҳонӣ шудаву аз ба Ватан омадани Меҳрубон як рӯз пас огаҳ шудем. Шогирдони гимназия -интернати Тоҷикистону Русия- "Ҳотам ва ПВ" хушхабар оварданд, ки Меҳрубон Тӯраев, хонандаи синфи 11 дар озмуни нанотехнологҳо сазовори медали тило шуд.

Меҳрубон Тӯраев, ки дар ду соли пайи ҳам дар Олимпиадаи байналмилалии фанҳои дақиқ дар Қазоқистон медалҳои биринҷӣ ва нуқраро ба даст оварда буд, ин навбат низ дар бахши нанотехнология вориди мусобиқа шуд ва медали тилоро сазовор гардид.

Бо ин ӯ ягона барандаи медали тило аз ҷумлаи 35 нафар аз довталабони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалӣ дар Алмаато, ки рӯзҳои 11 январ то 17 январи соли 2015 доир шуд, гардид.

Дар ин Мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон аз 16 кишвари собиқ шӯравӣ, ҳудуди 400 нафар донишомӯзи макотиби миёна ширкат доштанд ва сабқати дониш карданд. Дар ин миён 9 нафар аз онҳо дар нанотехнология соҳиби медали тило гардиданд, ки Меҳрубони мо низ аз ҷумлаи онҳост.

Mehrubon Turaev 1Меҳрубон агарчӣ ягона барандаи медали тило дар имсол ва ин ҳайъати донишомӯзон аст, аммо дар панҷ соли пеш Беҳрӯз Афзалӣ собиқ донишомӯзи гимназияи мазкур низ медали тилои ин озмунро ба даст оварда буд.

Аммо шояд кам касоне дар ин бора хабар доранд. Дар ҳоле ки барои баранда шудани як варзишгар дар мусобиқоте солҳо дойира мезанему аз якдигар қафо намонем гуфта, ҷойизаву туҳфаҳои гаронбаҳоро намоишкорона ҳадя мекунем. Албатта дастгирии варзиш ва варзишгарон хуб аст, аммо қадри илму дониш ва донишманду ҳунарманд муҳимтар аст.

Ҳоло мӯд шудааст, ки ҳар соҳибкору тоҷиру раису мансабдораке кӯдаконро қатор кардаву ҷашни хатнасӯр барпо мекунанд ва дӯст Mehrubon Turaev 2доранд, ки онро тариқи телевизион ба намоиш бигузоранд. Боке нест, ки бархе аз кӯдакони бечораро ду -се бор ҳам хатнасур карда бошанд. Дигар кифоят аст, шояд дигар касе намонда, ки хатна нашуда бошад. Беҳтар аст, ки акнун хайри худро дар роҳи расидан ба илму фановарӣ сарф бикунед. Расонаҳои мо аввалин шуда, омодаи довталабона ва ройгон инъикос кардани ин гуна амалҳои хайр хоҳад буд.

Лутфан, як бор қабл аз ин ки президент бигӯяд, амал кунед. Ин ҳадяи Шумо ба Президент, Миллат ва Ватан хоҳад буд.

Меҳрубон Тӯраев, ки ливои тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ барафрохт, ифтихори мост! Мо ӯро дастгирӣ хоҳем кард!

Шумо чӣ?!

"Миллат"

©2008 - 2018 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97