Ба гуфти масъулини Вазорати маорифи Тоҷикистон мактабҳои олии кишвар дар соли 2015 пурра ба системаи таълими кредитӣ хоҳанд гузашт ва ба қавли эшон, ин таҷриба нишон додааст, ки агар ин система дар мактабҳои миёна низ ҷорӣ шавад, ба манфиати соҳаи таълиму парвариши кишвар хоҳад шуд. Инчунин андеша доранд, ки ин ситемаи таълим масъулияти муаллимро бештар мекунад. Ҳамчунин ин система водор мекунад, ки муаллим аз пайи манбаъҳои иловагии таълим ва васоити аёнӣ барои ҳалли мавзӯъҳо шавад.
Яку якбора гузаштан ба низоми нави байналмиллалии таҳсилот, яъне низоми кредитӣ дар донишгоҳҳои кишвар ба вижа дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб монеаҳои зиёде барои омӯзгорону донишҷӯён ба бор овард. Камбуди асосӣ ин аст, ки технологияи муосир барои донишҷӯёну омӯзгорон дастрас нест. Ба иттилои яке аз манбаҳои наздик ба маъмурияти донишгоҳ 70%-и муаллимони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб аз технологияи муосир хабаре надоранд. Фикр мекунем барои гузаштан аз як сохтор ба сохтори дигар сараввал корҳои фаҳмондадиҳӣ атрофи он бояд сурат гирад, то масъулини соҳа чӣ гуна ҷараён гирифтани онро фаҳманд. Масъалаи дигар ин ки бояд, шароити хуби корӣ фароҳам оварда шавад, то ин ки мушкилӣ барои омӯзгорону донишҷӯён эҷод нашавад. Аммо ин система дар ҳоле қабул шудааст, ки донишҷӯи бечора мушаки компютерро намедонад чӣ хел истифода барад. Акнун чӣ гила аз тахтаи электрониву компютерҳои дастии омӯзгорон. Перомуни мушкилоти зукршуда сару садоҳои норозиёна зиёданд. Хостем атрофи ин мавзӯъ бо чанде аз омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб сӯҳбат бикунем.
Қаюм Сангов дотсент ва методисти шинохтаи Ҷумҳурӣ аз низоми нави таҳсилот изҳори нигаронӣ намуда, чунин гуфт: "Низоми нави кредитие, ки меҳвари асосиаш истифодаи тест ба шумор меравад, на танҳо дар ҳамин шабу рӯз, балки дар оянда ҳам ғайр аз зарар ягон манфиате намеорад. Барои ҳамин, ҳозир ҳам вақт аст, ки аз баҳри ҳамин системаи таълим тамоман даст кашем. Модоме, ки имсол дар донишгоҳи мо роиҷ гардидааст, аз ночориву ноилоҷӣ бигузор равад, аммо аз соли оянда тамоман бардоранд беҳтар мешавад. Ҳамон системаи таълиму тарбияи мактаби Шӯравӣ, ки 70 сол арзи вуҷуд дошт, беҳтарин система дар миқёси ҷаҳон аст. Тамоми ҷаҳониён истифода мебурданд. Баъзе давлатҳои империалистӣ истифода мебурданду махфӣ нигоҳ медоштанд инро. Акнун ин низоми беҳтарини моро интихоб намуданду системаи фачи бемаънию нодаркор ва зарарноки худро ба гардани мардуми мо ҳавола карданд.
Маҳадма Гандӣ пешвои ҳундуҳо сухани хубе гуфта буд: Ман муқобил нестам, дар хонаи ман шамоли беруна гардиш кунад, лекин намегузорам, ки ин шамол маро аз пой афтонад. Бигузор таъсири маданияти Ғарб ва ё Амрико аст, ба мо асар кунад, аммо эҳтиёт кардан даркор. Арзишҳои миллии худро эҳтиёт кунем. Чизе ки пеш омаду хуш омад гуфта, бояд онро қабул кунем? Аз нигоҳи танқидӣ назар кунем, ин ба шароити имрӯзаи мо мувофиқ аст ё не? Ягон кас аз мамолики хориҷ дар мактабҳои мо омада озмоиш (эксперимент) гузаронидааст, ки ин низом ба манфиати мост, албатта не. Умуман чизи нодаркор аст.
Дар ин маврид омӯзгори дигари донишгоҳ, ки нахост номаш ифшо шавад, чунин гуфт: "Ростӣ, андешаронӣ дар ин мавзӯъ фикр мекунам барои ҳар як зиёӣ ҳам қарз ҳасту ҳам фарз. Зеро ин низом мушкилоти зиёдеро дар пай дорад. Бояд мардонавор иқрор шуд, ки сатҳи дониши донишҷӯёни мо ба дараҷае нарасидааст, ки чунин низомро қабул доранд. Фарқи ин низом аз низоми пешин аз замин то ба осмон аст. Агар дар низоми анъанавӣ муаллим дар як сол ду маротиба аёми пулҷамкунӣ дошта бошад, аммо дар ин низом ин адад ба 6 мубадал мегардад. Яъне заҳмати сесолаи низоми пешинро дар ин низом дар як сол меғундорад. Вой бар ҳоли донишҷӯву волидайни эшон. Вой бар ҳоли ҷомеае, ки ба ришвагириву ришваситонӣ даст дорад".
Инчунин дар ҳошияи гуфтаҳои боло Зайналбӣ Холиқова як тан аз муаллимаҳои донишгоҳ, ки эшон дар низоми кредитӣ дарс мегӯяд, чунин ибрози назар кард: "Умуман ягон муаллим барои дарс додан дар низоми нави таҳсилот дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб тайёр нест. Аз ҳама нигаронкунанда барои мо омӯзгорон ин вақти ҷудошуда 50 дақиқа мебошад. Шахсан ман дарсамро дар 50 дақиқа баён карда наметавонам. Гуфтаниям, ки беҳтараш аз ин низом ҳоло ҳам сари вақт аст, даст кашем ба фоидаи кор хоҳад шуд. Чизи дигар ин ки ин низом дар донишгоҳҳои шаҳри Душанбе бисёранд, аммо дар факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи миллӣ ин низомро қабул накардаанд. Фикри ман ҳамин ки ин низоми таҳсилот ба мо лозим набуд, нест ва намешавад"…
Инчунин Боймуҳаммад Табаров, донишҷӯи курси 5-уми донишгоҳи мазкур бар ин назар аст, ки шароити донишҷӯён хуб нест, ки ин низомро қабул доранд. "Агар ба гузаштаи дилхоҳ давлат ва ё ҷомеаи пешрафта назар кунем, пеш аз он ки ба як сохтори муайяан ворид шаванд, бояд шароитҳои мувофиқ фароҳам оварда шавад. Дар мо мақоли хубе ҳаст, ки "Буз пеш аз оне, ки хоб равад, ҷойи хобашро тоза мекунад". Ман сари он андеша дорам, ки низоми кредитие, ки зимоми аксари донишгоҳҳои олӣ ба хусус Донишгоҳи давлатии Кӯлобро бар даст дорад, қобили қабул нест. Яъне талаби асосии ин низом дар он аст, ки бояд ҳар як омӯзгор ва донишҷӯ бо компютер ва шабакаи ҷаҳонии интернет муҷаҳаз бошад. Зеро бе надоштани ин омилҳо таҳсил дар ин низом ғайри имкон аст. Муносибати ин низом ва донишҷӯ манзараеро мемонад, ки саг соҳибашро ғавҷида истодааст".
Дар ҳоле ки масъулини вазорати маориф идао доранд, ки, феълан дар донишгоҳҳо, ба ҳар 5 донишҷӯ 1 компютер рост меояд ва заминаи техникии мактабҳои олӣ ба гуфтаи эшон барои гузариш ба низоми нави тадрис 80 дар сад омода аст, чаро мушкилот ва фасодкорӣ дар авҷ аст? Агар ин иддао воқеият дорад, лоақал 50%-и донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб аз уҳдаи кор бо технологияи муосир мебаромаданд. Ё 2 + 2 = 2 ё дуруғ аст?
Ҷаҳонгири Рустам, Эраҷ Давлатов, ассистентони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб